quranm◉

Сура Al-Layl الليل

#
92
↓
M
Оят
21
Тарҷума
Khawaja Mirof & Khawaja Mir

◉

بِسۡمِ ٱللَّهِ ٱلرَّحۡمَٰنِ ٱلرَّحِيمِ

92:1

وَٱلَّيۡلِ إِذَا يَغۡشَىٰ ﴿١﴾

Аллоҳ савганд ёд мекунад, ба шаб, ҳангоме ки торикии он ҳама ҷоро мепӯшад

92:2

وَٱلنَّهَارِ إِذَا تَجَلَّىٰ ﴿٢﴾

ва савганд, ба рӯз, он гоҳ, ки равшан шавад

92:3

وَمَا خَلَقَ ٱلذَّكَرَ وَٱلۡأُنثَىٰٓ ﴿٣﴾

ва савганд, ба он ки нару модаро биёфарид,

92:4

إِنَّ سَعۡيَكُمۡ لَشَتَّىٰ ﴿٤﴾

бегумон кӯшишу амалҳои шумо гуногун аст.

92:5

فَأَمَّا مَنۡ أَعۡطَىٰ وَٱتَّقَىٰ ﴿٥﴾

Аммо касе, ки аз молаш бахшид ва парҳезгорӣ кард

92:6

وَصَدَّقَ بِٱلۡحُسۡنَىٰ ﴿٦﴾

ва оини некро (калимаи тайибаро) тасдиқ кард,

92:7

فَسَنُيَسِّرُهُۥ لِلۡيُسۡرَىٰ ﴿٧﴾

пас ба зудӣ роҳи расидан ба осоишро барояш осон мегардонем.

92:8

وَأَمَّا مَنۢ بَخِلَ وَٱسۡتَغۡنَىٰ ﴿٨﴾

Аммо он касе, ки бахиливу беэҳтиёҷӣ кард

92:9

وَكَذَّبَ بِٱلۡحُسۡنَىٰ ﴿٩﴾

ва ба калимаи тайиба имон наёвард,

92:10

فَسَنُيَسِّرُهُۥ لِلۡعُسۡرَىٰ ﴿١٠﴾

пас ба зудӣ роҳашро ба сӯи бадӣ ва душворӣ осон мегардонем, (яъне, барои дӯзах омода месозем.)

92:11

وَمَا يُغۡنِي عَنۡهُ مَالُهُۥٓ إِذَا تَرَدَّىٰٓ ﴿١١﴾

Ва чун ҳалок гардад ва дар ҷаҳаннам фурӯ афтад, дороияш ба ҳолаш фоида набахшад.

92:12

إِنَّ عَلَيۡنَا لَلۡهُدَىٰ ﴿١٢﴾

Ва бегумон нишон додани роҳ ба сӯи Аллоҳ ва ҷаннати Ӯ бар дӯши мост.

92:13

وَإِنَّ لَنَا لَلۡأٓخِرَةَ وَٱلۡأُولَىٰ ﴿١٣﴾

Ва аз они Мост ҳама мулки он ҷаҳону ин чаҳон.

92:14

فَأَنذَرۡتُكُمۡ نَارٗا تَلَظَّىٰ ﴿١٤﴾

Пас шуморо эй одамон аз оташе, ки забона мезанад, бим додем,

92:15

لَا يَصۡلَىٰهَآ إِلَّا ٱلۡأَشۡقَى ﴿١٥﴾

Ба он дохил намешавад ва намесӯзад, магар бадбахттарин инсон.

92:16

ٱلَّذِي كَذَّبَ وَتَوَلَّىٰ ﴿١٦﴾

Ҳамон ки Паёмбари Аллоҳ Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва салламро дурӯғ баровард ва аз имон овардан рӯй гардонид.

92:17

وَسَيُجَنَّبُهَا ٱلۡأَتۡقَى ﴿١٧﴾

Ва парҳезгортарин мардум аз он оташе, ки шӯъла мезанад дур дошта хоҳад шуд,

92:18

ٱلَّذِي يُؤۡتِي مَالَهُۥ يَتَزَكَّىٰ ﴿١٨﴾

касе, ки моли худро медиҳад, то хештанро покиза бидорад.

92:19

وَمَا لِأَحَدٍ عِندَهُۥ مِن نِّعۡمَةٖ تُجۡزَىٰٓ ﴿١٩﴾

Ва ҳеҷ касро назди ӯ ҳаққи неъмате нест, то бихоҳад ба ин васила ба ӯ ҷазо дода шавад.

92:20

إِلَّا ٱبۡتِغَآءَ وَجۡهِ رَبِّهِ ٱلۡأَعۡلَىٰ ﴿٢٠﴾

Ғайри ҷӯстани хушнудии Парвардигори баландмартабаи худ.

92:21

وَلَسَوۡفَ يَرۡضَىٰ ﴿٢١﴾

Ва ба зудӣ дар ҷаннат хушнуд хоҳад шуд.