quranm◉

Мавзӯъҳо · tg

73 Оят · Мавзӯъҳо · tg

Al-Baqarah 2:43

وَأَقِيمُواْ ٱلصَّلَوٰةَ وَءَاتُواْ ٱلزَّكَوٰةَ وَٱرۡكَعُواْ مَعَ ٱلرَّـٰكِعِينَ ﴿٤٣﴾

(Ва дар дини ислом дохил шавед) ва намозро (ба тариқе, ки Расули Аллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам гузоштааст), барпой доред ва закоти фарзиро бидиҳед ва бо рукуъкунандагон, (ки аз уммати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам мебошанд,) рукӯъ кунед!

Al-Baqarah 2:110

وَأَقِيمُواْ ٱلصَّلَوٰةَ وَءَاتُواْ ٱلزَّكَوٰةَۚ وَمَا تُقَدِّمُواْ لِأَنفُسِكُم مِّنۡ خَيۡرٖ تَجِدُوهُ عِندَ ٱللَّهِۗ إِنَّ ٱللَّهَ بِمَا تَعۡمَلُونَ بَصِيرٞ ﴿١١٠﴾

Эй мӯъминон, намозро барпо доред ба тариқи саҳеҳ ва закоти фарзшударо адо намоед! Ба бидонед, ҳар некиеро, ки пешопеш барои худ мефиристед, подоши онро назди Аллоҳ хоҳед ёфт. Албатта Аллоҳ ба корҳое, ки мекунед, биност.

Al-Baqarah 2:215

يَسۡـَٔلُونَكَ مَاذَا يُنفِقُونَۖ قُلۡ مَآ أَنفَقۡتُم مِّنۡ خَيۡرٖ فَلِلۡوَٰلِدَيۡنِ وَٱلۡأَقۡرَبِينَ وَٱلۡيَتَٰمَىٰ وَٱلۡمَسَٰكِينِ وَٱبۡنِ ٱلسَّبِيلِۗ وَمَا تَفۡعَلُواْ مِنۡ خَيۡرٖ فَإِنَّ ٱللَّهَ بِهِۦ عَلِيمٞ ﴿٢١٥﴾

Эй Муҳаммад, саҳобагон аз ту мепурсанд, ки аз кадом навъи молҳояшон нафақа кунанд? Ба онҳо бигӯ: Нафақа кунед аз моли поки ҳалоли худ. Аввал нафақаи худ барои падару модар ва хешовандону ятимон ва мискинону мусофирон бошад ва ҳар кори неке, ки кунед, Аллоҳ ба он огоҳ аст».

Al-Baqarah 2:261

مَّثَلُ ٱلَّذِينَ يُنفِقُونَ أَمۡوَٰلَهُمۡ فِي سَبِيلِ ٱللَّهِ كَمَثَلِ حَبَّةٍ أَنۢبَتَتۡ سَبۡعَ سَنَابِلَ فِي كُلِّ سُنۢبُلَةٖ مِّاْئَةُ حَبَّةٖۗ وَٱللَّهُ يُضَٰعِفُ لِمَن يَشَآءُۚ وَٱللَّهُ وَٰسِعٌ عَلِيمٌ ﴿٢٦١﴾

Мисоли мӯъминоне, ки молҳояшонро дар роҳи Аллоҳ сарф мекунанд, мисли донаест, дар замини пок кошта шуда ки ҳафт хӯша мерӯёнад ва дар ҳар хӯша сад дона аст ва Аллоҳ барои ҳар кас, ки бихоҳад савоби онро чанд баробар менамояд. Ва ин бар ҳасби имон ва ихлоси комил аст, ки дар қалби нафақакунанда қарор дорад ва Аллоҳ фарохнеъмат аст ва аз нияти бандагонаш бохабар аст.

Al-Baqarah 2:262

ٱلَّذِينَ يُنفِقُونَ أَمۡوَٰلَهُمۡ فِي سَبِيلِ ٱللَّهِ ثُمَّ لَا يُتۡبِعُونَ مَآ أَنفَقُواْ مَنّٗا وَلَآ أَذٗى لَّهُمۡ أَجۡرُهُمۡ عِندَ رَبِّهِمۡ وَلَا خَوۡفٌ عَلَيۡهِمۡ وَلَا هُمۡ يَحۡزَنُونَ ﴿٢٦٢﴾

Онҳое, ки молҳои худро дар роҳи Аллоҳ ва дар дигар навъҳои хайр сарф мекунанд, пас аз хайри кардаашон бар касе миннат намекунанд ва неъматҳоро барнамешуморанд ва касеро бо забон ва кирдор озор намедиҳанд. Дар назди Парвардигорашон барояшон савоби бузургест. Ва дар охират бар онҳо тарс нест ва он чӣ аз дунё фавташон шуд, ғам нахоҳанд хӯрд.

Al-Baqarah 2:271

إِن تُبۡدُواْ ٱلصَّدَقَٰتِ فَنِعِمَّا هِيَۖ وَإِن تُخۡفُوهَا وَتُؤۡتُوهَا ٱلۡفُقَرَآءَ فَهُوَ خَيۡرٞ لَّكُمۡۚ وَيُكَفِّرُ عَنكُم مِّن سَيِّـَٔاتِكُمۡۗ وَٱللَّهُ بِمَا تَعۡمَلُونَ خَبِيرٞ ﴿٢٧١﴾

Агар садақаҳоро ошкор кунед, кори хубе аст ва агар онҳоро пинҳон намоед ва ба ниёзмандон (бенавоён, мискинон) бидиҳед, бароятон беҳтараст, зеро садақа ба сурати пинҳонӣ бар қуввати ихлос далолат менамояд ва Аллоҳ гуноҳонатонро мепӯшонад ва Аллоҳ ба он чи ки мекунед огоҳ аст ва аз аҳволи шумо чизе бар Ӯ пинҳон намемонад ва ҳар якро мувофиқ ба амалаш ҷазое хоҳад дод.

Al-Baqarah 2:273

لِلۡفُقَرَآءِ ٱلَّذِينَ أُحۡصِرُواْ فِي سَبِيلِ ٱللَّهِ لَا يَسۡتَطِيعُونَ ضَرۡبٗا فِي ٱلۡأَرۡضِ يَحۡسَبُهُمُ ٱلۡجَاهِلُ أَغۡنِيَآءَ مِنَ ٱلتَّعَفُّفِ تَعۡرِفُهُم بِسِيمَٰهُمۡ لَا يَسۡـَٔلُونَ ٱلنَّاسَ إِلۡحَافٗاۗ وَمَا تُنفِقُواْ مِنۡ خَيۡرٖ فَإِنَّ ٱللَّهَ بِهِۦ عَلِيمٌ ﴿٢٧٣﴾

(Ин садақот) барои камбағалони мусалмон аст, ки дар роҳи Аллоҳ бозмонданд ва наметавонанд дар замин сафар кунанд ва шахси нодон онҳоро ба сабаби тамаъ накарданашон тавонгар мепиндорад, Онҳоро аз симояшон мешиносӣ, бо исрор (бардавом) аз мардум чизе намехоҳанд. Агар дар пурсидан маҷбур шаванд, бисёр тавалло намекунанд. Ва ҳар чи дар роҳи Аллоҳ аз хубӣ нафақа кунед, Аллоҳ ба он доно аст ва рӯзи қиёмат мукофотатонро пурра хоҳед гирифт.

Al-Baqarah 2:274

ٱلَّذِينَ يُنفِقُونَ أَمۡوَٰلَهُم بِٱلَّيۡلِ وَٱلنَّهَارِ سِرّٗا وَعَلَانِيَةٗ فَلَهُمۡ أَجۡرُهُمۡ عِندَ رَبِّهِمۡ وَلَا خَوۡفٌ عَلَيۡهِمۡ وَلَا هُمۡ يَحۡزَنُونَ ﴿٢٧٤﴾

Касоне, ки шабу рӯз пинҳон ва ошкоро моли худро барои ризоияти Аллоҳ нафақа мекунанд, подошашон назди Парвардигорашон аст ва на тарсе дар охират бар онҳост ва дар дунё, аз он чи ки аз онҳо фавт шуд, андӯҳгин намешаванд. Дар нафақа кардан бар камбағалон каромат ва иззат аст ва покии моли сарватмандон аст ва бо якдигар мадад кардан ба некӯи ва тақво аст. Ин гуна фазлу бузургиро банда дар ризоияти Аллоҳ метавонад ёфт, на дар садақа кардан ба қаҳр ё маҷбурӣ.

Al-Baqarah 2:276

يَمۡحَقُ ٱللَّهُ ٱلرِّبَوٰاْ وَيُرۡبِي ٱلصَّدَقَٰتِۗ وَٱللَّهُ لَا يُحِبُّ كُلَّ كَفَّارٍ أَثِيمٍ ﴿٢٧٦﴾

Аллоҳ баракати риборо нобуд месозад ва садақотро афзоиш медиҳад ва савоби садақакунандагонро дучанд мегардонад ва дар молҳояшон баракат ато мефармояд. Аллоҳ ҳалолшуморандаи хӯрдани рибо ва ҳар носипоси гунаҳкорро дӯст надорад.

Al-Baqarah 2:277

إِنَّ ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ وَعَمِلُواْ ٱلصَّـٰلِحَٰتِ وَأَقَامُواْ ٱلصَّلَوٰةَ وَءَاتَوُاْ ٱلزَّكَوٰةَ لَهُمۡ أَجۡرُهُمۡ عِندَ رَبِّهِمۡ وَلَا خَوۡفٌ عَلَيۡهِمۡ وَلَا هُمۡ يَحۡزَنُونَ ﴿٢٧٧﴾

Онон, ки имон овардаанд, ва корҳои некӯ кардаанд ва намозро, чунон ки Аллоҳ ва Расул фармудаанд, барпо доштаанд ва закоти молашонро додаанд, барояшон савоби бузургест дар назди Парвардигорашон. Ва онҳо дар охират бим надоранд ва дар дунё бар он чизе аз насибаи дунёии онҳо фавт шуд, ғамгин намешаванд!

Al-Baqarah 2:280

وَإِن كَانَ ذُو عُسۡرَةٖ فَنَظِرَةٌ إِلَىٰ مَيۡسَرَةٖۚ وَأَن تَصَدَّقُواْ خَيۡرٞ لَّكُمۡ إِن كُنتُمۡ تَعۡلَمُونَ ﴿٢٨٠﴾

Ва агар қарздор, ки тангдаст буд ва наметавонист талабро бипардозад бар талабгор воҷиб аст, ки ӯро то замони ҳусули фарохӣ муҳлат бидиҳад ва бар қарздор воҷиб аст, ҳар гоҳ тавонист, қарзро бипардозад ва агар талабгор тамоми қарз ё қисми онро ба шахси қарздор бубахшад, барояшон беҳтараст, агар бузургии инро медонистанд.

Al-Baqarah 2:245

مَّن ذَا ٱلَّذِي يُقۡرِضُ ٱللَّهَ قَرۡضًا حَسَنٗا فَيُضَٰعِفَهُۥ لَهُۥٓ أَضۡعَافٗا كَثِيرَةٗۚ وَٱللَّهُ يَقۡبِضُ وَيَبۡصُۜطُ وَإِلَيۡهِ تُرۡجَعُونَ ﴿٢٤٥﴾

Кист ба Аллоҳ қарзи некӯ диҳад. Ва Аллоҳ ба ӯ ваъда додааст, ки подоши ӯро чандин баробар намояд!? Аллоҳ ризқи ҳар касро, ки бихоҳад зиёд, ё кам мекунад. Пас тарс аз фақр набояд монеъи нафақа шавад ва одамӣ набояд гумон барад, ки амволеро, ки нафақа намуда зоеъ гардондааст, балки бозгашти ҳамаи бандагон ба сӯи Аллоҳ аст. Ва нафақакунандагон ва амалкунандагон муздашонро назди Аллоҳ меёбанд.

Ali 'Imran 3:17

ٱلصَّـٰبِرِينَ وَٱلصَّـٰدِقِينَ وَٱلۡقَٰنِتِينَ وَٱلۡمُنفِقِينَ وَٱلۡمُسۡتَغۡفِرِينَ بِٱلۡأَسۡحَارِ ﴿١٧﴾

Онҳое, ки дар тоъату мусибатҳо сабр мекунанд ва дар сухану корҳояшон содиқ ҳастанд ва дар тоъат бардавоманд ва дар пинҳону ошкоро нафақа мекунанд ва дар саҳаргоҳон аз гуноҳҳо омӯрзиш мехоҳанд. Ба дурустӣ, ки ин вақт, вақти қабули дуъо аст.

An-Nisa 4:36

۞وَٱعۡبُدُواْ ٱللَّهَ وَلَا تُشۡرِكُواْ بِهِۦ شَيۡـٔٗاۖ وَبِٱلۡوَٰلِدَيۡنِ إِحۡسَٰنٗا وَبِذِي ٱلۡقُرۡبَىٰ وَٱلۡيَتَٰمَىٰ وَٱلۡمَسَٰكِينِ وَٱلۡجَارِ ذِي ٱلۡقُرۡبَىٰ وَٱلۡجَارِ ٱلۡجُنُبِ وَٱلصَّاحِبِ بِٱلۡجَنۢبِ وَٱبۡنِ ٱلسَّبِيلِ وَمَا مَلَكَتۡ أَيۡمَٰنُكُمۡۗ إِنَّ ٱللَّهَ لَا يُحِبُّ مَن كَانَ مُخۡتَالٗا فَخُورًا ﴿٣٦﴾

Ва Аллоҳро ибодат кунед. Ва дар офариниш ва ибодаташ чизеро бо Ӯ шарик қарор надиҳед. (Зеро Парвардигор на ширки хурд ва на ширки бузургро намепазирад. Ва набояд малоика ва паёмбар ва касе дигар аз офаридагонро, ки наметавонанд барои худ фоида ё зиёне биёваранд, бо ӯ шарик қарор дод,) ва бо падар ва модар бо сухан, рафтору кирдор ва иззату эҳтиром ва бо мол некӣ намоед ва ҳуқуқашонро адо намоед. Ва бо хешовандон ва ятимон ва бечорагон ва ҳамсояи хеш ва ҳамсояи бегона ва ҳамнишини наздик ва мусофир ва канизон ва ғуломон низ некӣ кунед, ҳамоно Аллоҳ касеро, ки худписанд ва худсито бошад, дӯст надорад.

An-Nisa 4:114

۞لَّا خَيۡرَ فِي كَثِيرٖ مِّن نَّجۡوَىٰهُمۡ إِلَّا مَنۡ أَمَرَ بِصَدَقَةٍ أَوۡ مَعۡرُوفٍ أَوۡ إِصۡلَٰحِۭ بَيۡنَ ٱلنَّاسِۚ وَمَن يَفۡعَلۡ ذَٰلِكَ ٱبۡتِغَآءَ مَرۡضَاتِ ٱللَّهِ فَسَوۡفَ نُؤۡتِيهِ أَجۡرًا عَظِيمٗا ﴿١١٤﴾

Дар бисёре аз машваратҳои пинҳониашон фоидае нест, магар дар сухани онон, ки ба садақа додан ё ба кори писандида ва ё ба оштиҷӯӣ миёни мардум фармон медиҳанд. Ва ҳар касе, ки барои хушнудии Аллоҳ чунин кунад, барои ӯ музди бузурге хоҳем дод.

Al-Ma'idah 5:12

۞وَلَقَدۡ أَخَذَ ٱللَّهُ مِيثَٰقَ بَنِيٓ إِسۡرَـٰٓءِيلَ وَبَعَثۡنَا مِنۡهُمُ ٱثۡنَيۡ عَشَرَ نَقِيبٗاۖ وَقَالَ ٱللَّهُ إِنِّي مَعَكُمۡۖ لَئِنۡ أَقَمۡتُمُ ٱلصَّلَوٰةَ وَءَاتَيۡتُمُ ٱلزَّكَوٰةَ وَءَامَنتُم بِرُسُلِي وَعَزَّرۡتُمُوهُمۡ وَأَقۡرَضۡتُمُ ٱللَّهَ قَرۡضًا حَسَنٗا لَّأُكَفِّرَنَّ عَنكُمۡ سَيِّـَٔاتِكُمۡ وَلَأُدۡخِلَنَّكُمۡ جَنَّـٰتٖ تَجۡرِي مِن تَحۡتِهَا ٱلۡأَنۡهَٰرُۚ فَمَن كَفَرَ بَعۡدَ ذَٰلِكَ مِنكُمۡ فَقَدۡ ضَلَّ سَوَآءَ ٱلسَّبِيلِ ﴿١٢﴾

Ва ба дурустӣ Парвардигор аз бани Исроил паймон гирифт ва аз миёни онон дувоздаҳ сардор таъин кард. Ва Аллоҳ гуфт: «Агар намоз бихонед ва закоти молатонро ба муҳтоҷон бидиҳед ва ба паёмбарони ман имон биёваред ва ёриашон кунед ва ба Аллоҳ қарзи нек бидиҳед, ман бо шумоям (яъне, шуморо ёрӣ ва кӯмак мекунам). Бадиҳоятонро дур мекунам ва шуморо ба биҳиштҳое дохил мекунам, ки дар он ҷӯйборҳо равон бошад. Ва ҳар кас аз шумо, ки аз он пас кофир шавад, роҳи ростро гум кардааст».

Al-Ma'idah 5:55

إِنَّمَا وَلِيُّكُمُ ٱللَّهُ وَرَسُولُهُۥ وَٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ ٱلَّذِينَ يُقِيمُونَ ٱلصَّلَوٰةَ وَيُؤۡتُونَ ٱلزَّكَوٰةَ وَهُمۡ رَٰكِعُونَ ﴿٥٥﴾

Танҳо Аллоҳ ва паёмбари Ӯ ва мӯъминон дӯсти шумо ҳастанд, касоне, ки намозро бо хушӯъ барпо медоранд ва закоти фарзиро адо менамоянд ва дар баробари Аллоҳ фурӯтан ҳастанд.

At-Tawbah 9:18

إِنَّمَا يَعۡمُرُ مَسَٰجِدَ ٱللَّهِ مَنۡ ءَامَنَ بِٱللَّهِ وَٱلۡيَوۡمِ ٱلۡأٓخِرِ وَأَقَامَ ٱلصَّلَوٰةَ وَءَاتَى ٱلزَّكَوٰةَ وَلَمۡ يَخۡشَ إِلَّا ٱللَّهَۖ فَعَسَىٰٓ أُوْلَـٰٓئِكَ أَن يَكُونُواْ مِنَ ٱلۡمُهۡتَدِينَ ﴿١٨﴾

Масҷидҳои Аллоҳро касоне обод мекунанд, ки ба Аллоҳ ва рӯзи қиёмат имон овардаанд ва намоз мегузоранд ва закот медиҳанд ва ҷуз аз Аллоҳ наметарсанд. Умед аст, ки инҳо аз ҳидоятёфтагон бошанд!

At-Tawbah 9:20

ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ وَهَاجَرُواْ وَجَٰهَدُواْ فِي سَبِيلِ ٱللَّهِ بِأَمۡوَٰلِهِمۡ وَأَنفُسِهِمۡ أَعۡظَمُ دَرَجَةً عِندَ ٱللَّهِۚ وَأُوْلَـٰٓئِكَ هُمُ ٱلۡفَآئِزُونَ ﴿٢٠﴾

Онон, ки имон оварданд ва ҳиҷрат карданд ва дар роҳи Аллоҳ бо молу ҷони хеш ҷиҳод карданд, бузургтаранд дар мартаба назди Аллоҳ ва инҳоянд ба матлаб расидаву комёбшаванда.

At-Tawbah 9:41

ٱنفِرُواْ خِفَافٗا وَثِقَالٗا وَجَٰهِدُواْ بِأَمۡوَٰلِكُمۡ وَأَنفُسِكُمۡ فِي سَبِيلِ ٱللَّهِۚ ذَٰلِكُمۡ خَيۡرٞ لَّكُمۡ إِن كُنتُمۡ تَعۡلَمُونَ ﴿٤١﴾

(Эй мӯъминон), ба ҷанг шитобон биравед дар роҳи Аллоҳ хоҳ бар шумо осон бошад, хоҳ душвор ва бо молу ҷони хеш дар роҳи Аллоҳ ҷиҳод кунед. Ин ҷиҳод беҳтар аст шуморо, агар медонистед.

At-Tawbah 9:58

وَمِنۡهُم مَّن يَلۡمِزُكَ فِي ٱلصَّدَقَٰتِ فَإِنۡ أُعۡطُواْ مِنۡهَا رَضُواْ وَإِن لَّمۡ يُعۡطَوۡاْ مِنۡهَآ إِذَا هُمۡ يَسۡخَطُونَ ﴿٥٨﴾

Баъзе аз мунофиқон туро дар тақсими садақот ба зулм муттаҳам мекунанд, агар аз он садақот ба онҳо бисёр диҳанд, хушнуд мешаванд ва агар бисёр надиҳанд, хашм мегиранд.

At-Tawbah 9:60

۞إِنَّمَا ٱلصَّدَقَٰتُ لِلۡفُقَرَآءِ وَٱلۡمَسَٰكِينِ وَٱلۡعَٰمِلِينَ عَلَيۡهَا وَٱلۡمُؤَلَّفَةِ قُلُوبُهُمۡ وَفِي ٱلرِّقَابِ وَٱلۡغَٰرِمِينَ وَفِي سَبِيلِ ٱللَّهِ وَٱبۡنِ ٱلسَّبِيلِۖ فَرِيضَةٗ مِّنَ ٱللَّهِۗ وَٱللَّهُ عَلِيمٌ حَكِيمٞ ﴿٦٠﴾

Садақот (закоти фарзӣ) барои фақироне, ки чизеро аз мулк соҳиб нестанд ва барои мискиноне, ки дар зиндагӣ эҳтиёҷманданд ва барои коргузорони ҷамъоварии закот аст. Ва низ барои онҳое, ки дилҳояшон моил карда мешавад ба Ислом ва барои озод кардани ғуломону қарздорон ва харҷ дар роҳи Аллоҳ (яъне, ҷиҳод) ва мусофирони мӯҳтоҷ ва он ҳукм фаризаест аз ҷониби Аллоҳ. Ва Аллоҳ ба маслиҳати бандагонаш доно ва дар таъин кардани фаризаи закот ҳаким аст!

At-Tawbah 9:71

وَٱلۡمُؤۡمِنُونَ وَٱلۡمُؤۡمِنَٰتُ بَعۡضُهُمۡ أَوۡلِيَآءُ بَعۡضٖۚ يَأۡمُرُونَ بِٱلۡمَعۡرُوفِ وَيَنۡهَوۡنَ عَنِ ٱلۡمُنكَرِ وَيُقِيمُونَ ٱلصَّلَوٰةَ وَيُؤۡتُونَ ٱلزَّكَوٰةَ وَيُطِيعُونَ ٱللَّهَ وَرَسُولَهُۥٓۚ أُوْلَـٰٓئِكَ سَيَرۡحَمُهُمُ ٱللَّهُۗ إِنَّ ٱللَّهَ عَزِيزٌ حَكِيمٞ ﴿٧١﴾

Мардони мӯъмин ва занони мӯъмин дӯстони якдигаранд дар дин. Ба некӣ фармон медиҳанд ва аз ношоистагӣ бозмедоранд ва намоз мегузоранд ва закот медиҳанд ва аз Аллоҳу паёмбараш фармонбардорӣ мекунанд. Аллоҳ инҳоро раҳмат хоҳад кард ва аз азобаш онҳоро наҷот хоҳад дод ва дохили биҳишташон хоҳад кард. Аллоҳ дар мулки худ пирӯзманд ва дар аҳкому шариаташ ҳаким аст!

At-Tawbah 9:75

۞وَمِنۡهُم مَّنۡ عَٰهَدَ ٱللَّهَ لَئِنۡ ءَاتَىٰنَا مِن فَضۡلِهِۦ لَنَصَّدَّقَنَّ وَلَنَكُونَنَّ مِنَ ٱلصَّـٰلِحِينَ ﴿٧٥﴾

Баъзе аз мунофиқони камбағал бо Аллоҳ паймон бастанд, ки агар аз фазли худ моле насибамон кунад, закот медиҳем ва дар зумраи солеҳон медароем.

At-Tawbah 9:79

ٱلَّذِينَ يَلۡمِزُونَ ٱلۡمُطَّوِّعِينَ مِنَ ٱلۡمُؤۡمِنِينَ فِي ٱلصَّدَقَٰتِ وَٱلَّذِينَ لَا يَجِدُونَ إِلَّا جُهۡدَهُمۡ فَيَسۡخَرُونَ مِنۡهُمۡ سَخِرَ ٱللَّهُ مِنۡهُمۡ وَلَهُمۡ عَذَابٌ أَلِيمٌ ﴿٧٩﴾

Аллоҳ мунофиқонеро мавриди масхара қарор медиҳад, ки бар мӯъминони ба рағбат садақа диҳанда ва беш аз тавоноии хеш чизе наёбанда, айб мегиранд ва масхараашон мекунанд (яъне, агар аз мӯъминон касе бисёр садақа кард, мунофиқон мегӯянд, ки ӯ дар садақа додан худнамоӣ мекунад ва агар касе кам диҳад, мегӯянд, ки Аллоҳ ба ин гуна садақаи ночиз мӯҳтоҷ нест). Ба мунофиқонро азоби дардовар аст.

At-Tawbah 9:88

لَٰكِنِ ٱلرَّسُولُ وَٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ مَعَهُۥ جَٰهَدُواْ بِأَمۡوَٰلِهِمۡ وَأَنفُسِهِمۡۚ وَأُوْلَـٰٓئِكَ لَهُمُ ٱلۡخَيۡرَٰتُۖ وَأُوْلَـٰٓئِكَ هُمُ ٱلۡمُفۡلِحُونَ ﴿٨٨﴾

Вале Паёмбар ва касоне, ки бо ӯ имон овардаанд, бо молу ҷони худ дар роҳи Аллоҳ ҷиҳод карданд. Некиҳо аз они онҳост ва онҳоянд, наҷотёфтагон!

At-Tawbah 9:103

خُذۡ مِنۡ أَمۡوَٰلِهِمۡ صَدَقَةٗ تُطَهِّرُهُمۡ وَتُزَكِّيهِم بِهَا وَصَلِّ عَلَيۡهِمۡۖ إِنَّ صَلَوٰتَكَ سَكَنٞ لَّهُمۡۗ وَٱللَّهُ سَمِيعٌ عَلِيمٌ ﴿١٠٣﴾

Аз молҳои тавбакунандагоне, ки аъмоли некӯро бо корҳои зишт омехтаанд, садақа (закот) биситон, то ононро поку муназзаҳ созӣ ва барояшон дуо кун, зеро дуои ту мояи оромиши онҳост ва Аллоҳ ба ҳар дуо шунаво ва ба аҳволи бандагон ва ниятҳояшон доност!

At-Tawbah 9:104

أَلَمۡ يَعۡلَمُوٓاْ أَنَّ ٱللَّهَ هُوَ يَقۡبَلُ ٱلتَّوۡبَةَ عَنۡ عِبَادِهِۦ وَيَأۡخُذُ ٱلصَّدَقَٰتِ وَأَنَّ ٱللَّهَ هُوَ ٱلتَّوَّابُ ٱلرَّحِيمُ ﴿١٠٤﴾

Оё ҳанӯз (инҳо ақибнишинандагон аз ҷиҳод ва дигарон) надонистаанд, ки Аллоҳ аст, ки тавбаи бандагонашро мепазирад, чун ба тоати Аллоҳ баргарданд ва садақотро қабул мекунад ва Аллоҳ аст, ки тавбапазиру меҳрубон.

Yusuf 12:88

فَلَمَّا دَخَلُواْ عَلَيۡهِ قَالُواْ يَـٰٓأَيُّهَا ٱلۡعَزِيزُ مَسَّنَا وَأَهۡلَنَا ٱلضُّرُّ وَجِئۡنَا بِبِضَٰعَةٖ مُّزۡجَىٰةٖ فَأَوۡفِ لَنَا ٱلۡكَيۡلَ وَتَصَدَّقۡ عَلَيۡنَآۖ إِنَّ ٱللَّهَ يَجۡزِي ٱلۡمُتَصَدِّقِينَ ﴿٨٨﴾

Чун ба Миср рафтанд ва ба назди Юсуф дохил шуданд, гуфтанд: «Эй азиз, мову хонаводаамон ба гуруснагӣ афтодаем ва бо сармояи андак омадаем, паймонаи моро комил адо кун ва бар мо садақа бидеҳ, ҳамоно Аллоҳ садақадиҳандагонро дӯст дорад!»

Al-Isra 17:26

وَءَاتِ ذَا ٱلۡقُرۡبَىٰ حَقَّهُۥ وَٱلۡمِسۡكِينَ وَٱبۡنَ ٱلسَّبِيلِ وَلَا تُبَذِّرۡ تَبۡذِيرًا ﴿٢٦﴾

Ҳаққи хешованду мискин ва дар роҳмондаро адо кун ва ҳаргиз исрофкорӣ макун дар нафақа кардан, балки миёна бош!

Maryam 19:31

وَجَعَلَنِي مُبَارَكًا أَيۡنَ مَا كُنتُ وَأَوۡصَٰنِي بِٱلصَّلَوٰةِ وَٱلزَّكَوٰةِ مَا دُمۡتُ حَيّٗا ﴿٣١﴾

Ва ҳар ҷо ки бошам, маро баракат ва хубӣ додааст ва маро ба хондани намоз ва додани закот, то вақте ки зинда бошам, супориш кардааст.

Maryam 19:55

وَكَانَ يَأۡمُرُ أَهۡلَهُۥ بِٱلصَّلَوٰةِ وَٱلزَّكَوٰةِ وَكَانَ عِندَ رَبِّهِۦ مَرۡضِيّٗا ﴿٥٥﴾

Ва хонадони худро ба намозу закот амр мекард ва назди Парвардигораш шоиставу писандида буд.

Al-Anbya 21:73

وَجَعَلۡنَٰهُمۡ أَئِمَّةٗ يَهۡدُونَ بِأَمۡرِنَا وَأَوۡحَيۡنَآ إِلَيۡهِمۡ فِعۡلَ ٱلۡخَيۡرَٰتِ وَإِقَامَ ٱلصَّلَوٰةِ وَإِيتَآءَ ٱلزَّكَوٰةِۖ وَكَانُواْ لَنَا عَٰبِدِينَ ﴿٧٣﴾

Ва ҳама Иброҳиму Исҳоқ ва Яъқубро пешвоёне сохтем, ки ба амри Мо ҳидоят мекарданд. Ва анҷом додани корҳои нек ва барпой доштани намоз ва додани закотро ба онҳо ваҳй кардем ва ҳама парастандаи Мо буданд.

Al-Hajj 22:28

لِّيَشۡهَدُواْ مَنَٰفِعَ لَهُمۡ وَيَذۡكُرُواْ ٱسۡمَ ٱللَّهِ فِيٓ أَيَّامٖ مَّعۡلُومَٰتٍ عَلَىٰ مَا رَزَقَهُم مِّنۢ بَهِيمَةِ ٱلۡأَنۡعَٰمِۖ فَكُلُواْ مِنۡهَا وَأَطۡعِمُواْ ٱلۡبَآئِسَ ٱلۡفَقِيرَ ﴿٢٨﴾

То шоҳиди манфиатҳои худ бошанд, аз омурзиши гуноҳҳояшон ва савобҳои қурбониашон ва тоаташон ва савдоҳояшон ва номи Аллоҳро дар рӯзҳое муайян (даҳаи аввали зулҳиҷҷа ва серӯзи пас аз он) ба ҳангоми забҳи чорпоён; (аз шутур, гов ва гӯсфандон), ки Аллоҳ ризқи рӯзии онҳо сохтааст, ёд кунанд. Пас аз онҳо бихӯреду бенавоёни фақирро низ таом диҳед.

Al-Hajj 22:41

ٱلَّذِينَ إِن مَّكَّنَّـٰهُمۡ فِي ٱلۡأَرۡضِ أَقَامُواْ ٱلصَّلَوٰةَ وَءَاتَوُاْ ٱلزَّكَوٰةَ وَأَمَرُواْ بِٱلۡمَعۡرُوفِ وَنَهَوۡاْ عَنِ ٱلۡمُنكَرِۗ وَلِلَّهِ عَٰقِبَةُ ٱلۡأُمُورِ ﴿٤١﴾

Ҳамон касоне, ки агар дар замин ба онҳо қудрат диҳем, намозро дар вақташ мегузоранд ва закоти молро бар мустаҳиқаш медиҳанд ва амр ба маъруфу наҳй аз мункар мекунанд. Ва саранҷоми ҳамаи корҳо аз они Аллоҳ аст!

Al-Mu'minun 23:4

وَٱلَّذِينَ هُمۡ لِلزَّكَوٰةِ فَٰعِلُونَ ﴿٤﴾

ва касоне, ки закоти ҳамаи молашонро мепардозанд

An-Nur 24:37

رِجَالٞ لَّا تُلۡهِيهِمۡ تِجَٰرَةٞ وَلَا بَيۡعٌ عَن ذِكۡرِ ٱللَّهِ وَإِقَامِ ٱلصَّلَوٰةِ وَإِيتَآءِ ٱلزَّكَوٰةِ يَخَافُونَ يَوۡمٗا تَتَقَلَّبُ فِيهِ ٱلۡقُلُوبُ وَٱلۡأَبۡصَٰرُ ﴿٣٧﴾

Мардоне, ки ҳеҷ тиҷорат ва хариду фурӯше аз ёди Аллоҳ ва намоз гузоридану закот додан бозашон надорад, аз рӯзи қиёмат, ки дилҳову дидагон аз тарс дигаргун мешаванд, метарсанд.

An-Nur 24:56

وَأَقِيمُواْ ٱلصَّلَوٰةَ وَءَاتُواْ ٱلزَّكَوٰةَ وَأَطِيعُواْ ٱلرَّسُولَ لَعَلَّكُمۡ تُرۡحَمُونَ ﴿٥٦﴾

Ва намоз бигузоред ва закот бидиҳед ва ба паёмбар итоат кунед, шояд ки бар шумо раҳм карда шавад!

Ar-Rum 30:38

فَـَٔاتِ ذَا ٱلۡقُرۡبَىٰ حَقَّهُۥ وَٱلۡمِسۡكِينَ وَٱبۡنَ ٱلسَّبِيلِۚ ذَٰلِكَ خَيۡرٞ لِّلَّذِينَ يُرِيدُونَ وَجۡهَ ٱللَّهِۖ وَأُوْلَـٰٓئِكَ هُمُ ٱلۡمُفۡلِحُونَ ﴿٣٨﴾

Пас эй мӯъмин, ҳаққи хешовандон, мискин ва дар роҳ мондаро адо кун. Ин беҳтар аст барои касоне, ки хушнудии Аллоҳро меҷӯянд ва инҳоанд, ки аз азоб наҷотёфтагонанд.

Ar-Rum 30:39

وَمَآ ءَاتَيۡتُم مِّن رِّبٗا لِّيَرۡبُوَاْ فِيٓ أَمۡوَٰلِ ٱلنَّاسِ فَلَا يَرۡبُواْ عِندَ ٱللَّهِۖ وَمَآ ءَاتَيۡتُم مِّن زَكَوٰةٖ تُرِيدُونَ وَجۡهَ ٱللَّهِ فَأُوْلَـٰٓئِكَ هُمُ ٱلۡمُضۡعِفُونَ ﴿٣٩﴾

Ва он моле, ки ба қасди рибо медиҳед, то фоидаи шумо аз моли мардум биафзояд, пас назди Аллоҳ ҳеҷ наафзояд ва моле, ки барои хушнудии Аллоҳ аз боби закоту садақа медиҳед, баракати он биафзояд. Касоне, ки чунин кунанд, пас инҳо, подоши дучанд доранд.

Al-Ahzab 33:33

وَقَرۡنَ فِي بُيُوتِكُنَّ وَلَا تَبَرَّجۡنَ تَبَرُّجَ ٱلۡجَٰهِلِيَّةِ ٱلۡأُولَىٰۖ وَأَقِمۡنَ ٱلصَّلَوٰةَ وَءَاتِينَ ٱلزَّكَوٰةَ وَأَطِعۡنَ ٱللَّهَ وَرَسُولَهُۥٓۚ إِنَّمَا يُرِيدُ ٱللَّهُ لِيُذۡهِبَ عَنكُمُ ٱلرِّجۡسَ أَهۡلَ ٱلۡبَيۡتِ وَيُطَهِّرَكُمۡ تَطۡهِيرٗا ﴿٣٣﴾

Ва дар хонаҳои худ бимонед, ба ҷуз барои ҳоҷати хеш берун наоед. Ва чун дар ҷоҳилият (дар даврони пеш аз ислом) зинатҳои худро ошкор макунед. Ва намозро пурра дар вақташ бигузоред ва закоти муқаррар кардаи шариатро бидиҳед ва аз Аллоҳу паёмбараш итоат кунед. Эй аҳли байт, ба таҳқиқ Аллоҳ мехоҳад палидию нопокиҳоро аз шумо дур кунад ва шуморо аз бадиҳо пок нигоҳ дорад.

Al-Ahzab 33:35

إِنَّ ٱلۡمُسۡلِمِينَ وَٱلۡمُسۡلِمَٰتِ وَٱلۡمُؤۡمِنِينَ وَٱلۡمُؤۡمِنَٰتِ وَٱلۡقَٰنِتِينَ وَٱلۡقَٰنِتَٰتِ وَٱلصَّـٰدِقِينَ وَٱلصَّـٰدِقَٰتِ وَٱلصَّـٰبِرِينَ وَٱلصَّـٰبِرَٰتِ وَٱلۡخَٰشِعِينَ وَٱلۡخَٰشِعَٰتِ وَٱلۡمُتَصَدِّقِينَ وَٱلۡمُتَصَدِّقَٰتِ وَٱلصَّـٰٓئِمِينَ وَٱلصَّـٰٓئِمَٰتِ وَٱلۡحَٰفِظِينَ فُرُوجَهُمۡ وَٱلۡحَٰفِظَٰتِ وَٱلذَّـٰكِرِينَ ٱللَّهَ كَثِيرٗا وَٱلذَّـٰكِرَٰتِ أَعَدَّ ٱللَّهُ لَهُم مَّغۡفِرَةٗ وَأَجۡرًا عَظِيمٗا ﴿٣٥﴾

Албатта, Аллоҳ барои мардони мусалмон ва занони мусалмон ва мардони мӯъмину занони мӯъмин ва мардони аҳли тоату занони аҳли тоат ва мардони ростгӯву занони роспӯй ва мардони босабру занони босабр ва мардони худотарсу занони худотарс ва мардони садақадиҳандаву занони садақадиҳанда ва мардони рӯзадору занони рӯзадор ва мардоне, ки шармгоҳи худ ҳифз мекунанд ва заноне, ки шармгоҳи худ ҳифз мекунанд ва мардоне, ки Аллоҳро бисёр ёд мекунанд ва заноне, ки Аллоҳро бисёр ёд мекунанд, омурзиши гуноҳ ва музди бузурге омода кардааст ва он ҷаннат аст!

Muhammad 47:38

هَـٰٓأَنتُمۡ هَـٰٓؤُلَآءِ تُدۡعَوۡنَ لِتُنفِقُواْ فِي سَبِيلِ ٱللَّهِ فَمِنكُم مَّن يَبۡخَلُۖ وَمَن يَبۡخَلۡ فَإِنَّمَا يَبۡخَلُ عَن نَّفۡسِهِۦۚ وَٱللَّهُ ٱلۡغَنِيُّ وَأَنتُمُ ٱلۡفُقَرَآءُۚ وَإِن تَتَوَلَّوۡاْ يَسۡتَبۡدِلۡ قَوۡمًا غَيۡرَكُمۡ ثُمَّ لَا يَكُونُوٓاْ أَمۡثَٰلَكُم ﴿٣٨﴾

Огоҳ бошед, эй мӯъминон, ки шуморо ба хайр кардан дар роҳи ҷиҳод даъват мекунанд, то дар роҳи Аллоҳ нафақа кунед. Баъзе аз шумо бухл меварзанд ва ҳар кас, ки бухл варзад, дар ҳаққи худ бухл варзидааст. Зеро Аллоҳ аз шумо бениёз аст ва шумо ба Ӯ ниёзмандед. Ва агар аз имон овардан ба Аллоҳ рӯй бартобед, ба ҷойи шумо мардуме дигар орад, ки ҳаргиз монанди шумо набошанд. Балки фармони Ӯ ва фармони расулашро ба ҷо меоранд ва дар роҳи Ӯ бо тану молашон ҷиҳод мекунанд.

Al-Hujurat 49:15

إِنَّمَا ٱلۡمُؤۡمِنُونَ ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ بِٱللَّهِ وَرَسُولِهِۦ ثُمَّ لَمۡ يَرۡتَابُواْ وَجَٰهَدُواْ بِأَمۡوَٰلِهِمۡ وَأَنفُسِهِمۡ فِي سَبِيلِ ٱللَّهِۚ أُوْلَـٰٓئِكَ هُمُ ٱلصَّـٰدِقُونَ ﴿١٥﴾

Ҳароина, мӯъминони комил касоне ҳастанд, ки ба Аллоҳу паёмбари ӯ имон овардаанд ва ба шариъати ӯ амал намуданд ва дар имонашон дигар шак накардаанд ва бо молу ҷони хеш дар роҳи Аллоҳ ҷиҳод карданд. Инҳо дар имонашон росткирдоранд.

Adh-Dhariyat 51:19

وَفِيٓ أَمۡوَٰلِهِمۡ حَقّٞ لِّلسَّآئِلِ وَٱلۡمَحۡرُومِ ﴿١٩﴾

ва дар амволашон барои муҳтоҷон аз пурсандаву маҳрум; (он ки аз рӯи ҳаё намепурсад), ҳаққе буд.

Al-Hadid 57:11

مَّن ذَا ٱلَّذِي يُقۡرِضُ ٱللَّهَ قَرۡضًا حَسَنٗا فَيُضَٰعِفَهُۥ لَهُۥ وَلَهُۥٓ أَجۡرٞ كَرِيمٞ ﴿١١﴾

Кист, ки Аллоҳро қарзи некӯ (яъне, дар роҳи Аллоҳ садақаи бе миннат) диҳад, ба он умед, ки то аҷру савоби онро барояш чандон баробар зиёд кунад ва ӯро подоши некӯ бошад ва он ҷаннат аст?

Al-Mujadila 58:4

فَمَن لَّمۡ يَجِدۡ فَصِيَامُ شَهۡرَيۡنِ مُتَتَابِعَيۡنِ مِن قَبۡلِ أَن يَتَمَآسَّاۖ فَمَن لَّمۡ يَسۡتَطِعۡ فَإِطۡعَامُ سِتِّينَ مِسۡكِينٗاۚ ذَٰلِكَ لِتُؤۡمِنُواْ بِٱللَّهِ وَرَسُولِهِۦۚ وَتِلۡكَ حُدُودُ ٱللَّهِۗ وَلِلۡكَٰفِرِينَ عَذَابٌ أَلِيمٌ ﴿٤﴾

Пас ҳар касе, ки ғуломеро барои озод кардан наёбад, воҷиб аст бар вай ду моҳ пай дар пай (бе фосила) пеш аз ҳамхобӣ, рӯза бидорад, пас ҳар кӣ рӯза доштанро ба узри шаръӣ, натавонад, пас бояд шаст мискинро ба серӣ таъом диҳад. Ин ҳукмҳои зиҳоре, ки барои шумо баён кардем ба он сабаб аст, ки ба Аллоҳу паёмбараш имон биёваред ва корҳои давраи ҷоҳилиятро тарк намоед. Ва ин аҳкоми баёншуда ҳадди қонуни муқарраркардаи Аллоҳ аст, пас онро таҷовуз накунед. Ва барои мункирони ин ҳукм азоби дарднок аст!

Al-Mujadila 58:12

يَـٰٓأَيُّهَا ٱلَّذِينَ ءَامَنُوٓاْ إِذَا نَٰجَيۡتُمُ ٱلرَّسُولَ فَقَدِّمُواْ بَيۡنَ يَدَيۡ نَجۡوَىٰكُمۡ صَدَقَةٗۚ ذَٰلِكَ خَيۡرٞ لَّكُمۡ وَأَطۡهَرُۚ فَإِن لَّمۡ تَجِدُواْ فَإِنَّ ٱللَّهَ غَفُورٞ رَّحِيمٌ ﴿١٢﴾

Эй касоне, ки ба Аллоҳу Расулаш имон овардаед, чун бихоҳед, ки бо паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) наҷво кунед (пинҳонӣ сухан гӯед), пеш аз наҷво карданатон садақа бидиҳед ба ҳоҷатмандон. Ин барои шумо аз ҷиҳати савоб беҳтар ва бар дилҳоятон покизатар аст. Ва агар барои садақа чизе наёфтед боке нест, пас ҳамоно Аллоҳ омӯрзандаву меҳрубон аст!

Al-Munafiqun 63:10

وَأَنفِقُواْ مِن مَّا رَزَقۡنَٰكُم مِّن قَبۡلِ أَن يَأۡتِيَ أَحَدَكُمُ ٱلۡمَوۡتُ فَيَقُولَ رَبِّ لَوۡلَآ أَخَّرۡتَنِيٓ إِلَىٰٓ أَجَلٖ قَرِيبٖ فَأَصَّدَّقَ وَأَكُن مِّنَ ٱلصَّـٰلِحِينَ ﴿١٠﴾

Аз он чӣ (ризқу) рӯзиятон додем, (эй мӯъминон) дар роҳи Аллоҳ садақа кунед, пеш аз он ки яке аз шуморо марг фаро расад (ва нишонаҳои онро мушоҳида кунад) ва (бо пушаймонӣ) бигӯяд: «Эй Парвардигори ман, чаро марги маро андаке ба дертар наяндохтӣ, то садақа диҳам аз моли худ ва аз зумраи шоистагони тақводор бошам?»

At-Taghabun 64:17

إِن تُقۡرِضُواْ ٱللَّهَ قَرۡضًا حَسَنٗا يُضَٰعِفۡهُ لَكُمۡ وَيَغۡفِرۡ لَكُمۡۚ وَٱللَّهُ شَكُورٌ حَلِيمٌ ﴿١٧﴾

Агар ба нияти холис ба Аллоҳ қарзи некӯ садақа диҳед, бароятон савоби онро дучанд мегардонад. Ва шуморо меомӯрзад, ки Ӯ шукркунанда қадршинос аз хайри кам ва савоби бисёр медиҳад ва бурдбор аст осиёнро зуд ба азобаш намегирад.

Мавзӯъҳо