quranm◉

Мавзӯъҳо · tg

240 Оят · Мавзӯъҳо · tg

Al-Baqarah 2:31

وَعَلَّمَ ءَادَمَ ٱلۡأَسۡمَآءَ كُلَّهَا ثُمَّ عَرَضَهُمۡ عَلَى ٱلۡمَلَـٰٓئِكَةِ فَقَالَ أَنۢبِـُٔونِي بِأَسۡمَآءِ هَـٰٓؤُلَآءِ إِن كُنتُمۡ صَٰدِقِينَ ﴿٣١﴾

Ва омӯзонид ба Одам ҳамаи номҳоро. Сипас онҳоро ба фариштагон арза кард. Ва гуфт: «Агар рост мегӯед, Манро ба номҳои инҳо хабар Диҳед».

Al-Baqarah 2:32

قَالُواْ سُبۡحَٰنَكَ لَا عِلۡمَ لَنَآ إِلَّا مَا عَلَّمۡتَنَآۖ إِنَّكَ أَنتَ ٱلۡعَلِيمُ ٱلۡحَكِيمُ ﴿٣٢﴾

Фариштагон гуфтанд: «Туро ба покӣ ёд мекунем. Моро ҳеҷ дониш нест, магар он чи Ту ба мо омӯзонидаӣ. Ба дурустӣ, ки Ту доно ва бо ҳикмат ҳастӣ! »

Al-Baqarah 2:75

۞أَفَتَطۡمَعُونَ أَن يُؤۡمِنُواْ لَكُمۡ وَقَدۡ كَانَ فَرِيقٞ مِّنۡهُمۡ يَسۡمَعُونَ كَلَٰمَ ٱللَّهِ ثُمَّ يُحَرِّفُونَهُۥ مِنۢ بَعۡدِ مَا عَقَلُوهُ وَهُمۡ يَعۡلَمُونَ ﴿٧٥﴾

Эй мусалмонон, оё рафтори бани Исроилро фаромӯш кардед ва умедвор ҳастед, ки яҳудиён ба дини шумо имон биёваранд, ҳол он ки гурӯҳе аз олимонашон каломи Аллоҳ Тавротро мешуниданд ва бо он ки ҳақиқати онро меёфтанд ва қасдан онро дар маъно ё лафз тағйир медоданд ва аз кори хеш огоҳ буданд?

Al-Baqarah 2:78

وَمِنۡهُمۡ أُمِّيُّونَ لَا يَعۡلَمُونَ ٱلۡكِتَٰبَ إِلَّآ أَمَانِيَّ وَإِنۡ هُمۡ إِلَّا يَظُنُّونَ ﴿٧٨﴾

Баъзе аз яҳудиён бесаводоне ҳастанд, ки намедонанд Тавротро ва он чӣ дар он аз сифоти Паёмбари Аллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) - ро, ҷуз орзуҳои дурӯғ, ки шунидаанд. Инҳо танҳо пойбанди гумонҳои худ ҳастанд.

Al-Baqarah 2:114

وَمَنۡ أَظۡلَمُ مِمَّن مَّنَعَ مَسَٰجِدَ ٱللَّهِ أَن يُذۡكَرَ فِيهَا ٱسۡمُهُۥ وَسَعَىٰ فِي خَرَابِهَآۚ أُوْلَـٰٓئِكَ مَا كَانَ لَهُمۡ أَن يَدۡخُلُوهَآ إِلَّا خَآئِفِينَۚ لَهُمۡ فِي ٱلدُّنۡيَا خِزۡيٞ وَلَهُمۡ فِي ٱلۡأٓخِرَةِ عَذَابٌ عَظِيمٞ ﴿١١٤﴾

Ва нест касе золимтар аз онон, ки ёд кардани номи Аллоҳро дар масҷидҳо аз барпо доштани намоз ва тиловати Қуръон ва монанди он манъ мекунанд ва дар вайронии онҳо мекӯшанд. Ин гурӯҳ золимонро сазовор аст, ки ҳаросону тарсон ба масҷидҳо дароянд. Онҳоро дар дунё хорӣ ва дар охират азоби бузургест.

Al-Baqarah 2:121

ٱلَّذِينَ ءَاتَيۡنَٰهُمُ ٱلۡكِتَٰبَ يَتۡلُونَهُۥ حَقَّ تِلَاوَتِهِۦٓ أُوْلَـٰٓئِكَ يُؤۡمِنُونَ بِهِۦۗ وَمَن يَكۡفُرۡ بِهِۦ فَأُوْلَـٰٓئِكَ هُمُ ٱلۡخَٰسِرُونَ ﴿١٢١﴾

Касоне, ки аз яҳудиён ва насрониён ба онон китоби Тавротро додаем ва ончунон, ки лоиқ аст, онро мехонанд ва ба тамоми фармудаи он пайравӣ мекунанд ва ба ҷамиъи паёмбарон имон меоранд ва хусусан ба паёмбари охир замон Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ва ба он чи ба ӯ фуруд оварда шудааст, имон меоранд. Аммо онон, ки баъзе китобро тағйиру табдил доданд ва баъзе аз оёташро пинҳон карданд. Ин касон ба Паёмбар Муҳаммад (саллаллоху алайҳи ва саллам) ва ба он чи ба ӯ фуруд оварда шудааст, кофир ҳастанд. Онҳо дар назди Аллоҳ аз сахттарин зиёнкорон ҳастанд.

Al-Baqarah 2:129

رَبَّنَا وَٱبۡعَثۡ فِيهِمۡ رَسُولٗا مِّنۡهُمۡ يَتۡلُواْ عَلَيۡهِمۡ ءَايَٰتِكَ وَيُعَلِّمُهُمُ ٱلۡكِتَٰبَ وَٱلۡحِكۡمَةَ وَيُزَكِّيهِمۡۖ إِنَّكَ أَنتَ ٱلۡعَزِيزُ ٱلۡحَكِيمُ ﴿١٢٩﴾

Эй Парвардигори мо, дар ин уммат (аз зурриёти Исмоил) паёмбаре бар онҳо бифирист, то оёти туро бар онҳо бихонад ва ба онҳо китобу ҳикмат биёмӯзонад ва онҳоро аз ширку бадахлоқӣ покиза созад ва Ту азизӣ, чизе монеъи Ту шуда наметавонад ва ҳаким ҳастӣ, ҳама чизро дар мавзеъи худаш мегузорӣ!

Al-Baqarah 2:151

كَمَآ أَرۡسَلۡنَا فِيكُمۡ رَسُولٗا مِّنكُمۡ يَتۡلُواْ عَلَيۡكُمۡ ءَايَٰتِنَا وَيُزَكِّيكُمۡ وَيُعَلِّمُكُمُ ٱلۡكِتَٰبَ وَٱلۡحِكۡمَةَ وَيُعَلِّمُكُم مَّا لَمۡ تَكُونُواْ تَعۡلَمُونَ ﴿١٥١﴾

Ҳамчунон, ки неъматҳоямонро ба шумо арзонӣ намудем, (яъне, рӯй ба ҷониби Каъба кардан) низ дар миёни шумо паёмбаре аз қавми шумо фиристодем, то оятҳои Моро бароятон бихонад ва шуморо аз ширк ва бадахлоқӣ покиза гардонад ва китобу ҳикмат ва аҳкоми шаръиат биёмӯзад ва аз ахбор ва қиссаҳои паёмбарони гузашта он чиро, ки намедонистед, ба шумо ёд диҳад.

Al-Baqarah 2:247

وَقَالَ لَهُمۡ نَبِيُّهُمۡ إِنَّ ٱللَّهَ قَدۡ بَعَثَ لَكُمۡ طَالُوتَ مَلِكٗاۚ قَالُوٓاْ أَنَّىٰ يَكُونُ لَهُ ٱلۡمُلۡكُ عَلَيۡنَا وَنَحۡنُ أَحَقُّ بِٱلۡمُلۡكِ مِنۡهُ وَلَمۡ يُؤۡتَ سَعَةٗ مِّنَ ٱلۡمَالِۚ قَالَ إِنَّ ٱللَّهَ ٱصۡطَفَىٰهُ عَلَيۡكُمۡ وَزَادَهُۥ بَسۡطَةٗ فِي ٱلۡعِلۡمِ وَٱلۡجِسۡمِۖ وَٱللَّهُ يُؤۡتِي مُلۡكَهُۥ مَن يَشَآءُۚ وَٱللَّهُ وَٰسِعٌ عَلِيمٞ ﴿٢٤٧﴾

Ва паёмбарашон ба онҳо гуфт: "Ҳамоно Аллоҳ бинобар дархостатон Толутро ба подшоҳии шумо фиристодааст, то дар ҷанг шуморо дар муқобили душманатон роҳнамоӣ кунад". Гуфтанд: "Чи гуна ӯ фармонравоии мо бошад, дар ҳоле ки мо аз ӯ ба подшоҳӣ сазовортарем ва ба ӯ моли фаровоне дода нашудааст?". Паёмбарашон гуфт: "Ҳамон Аллоҳ ӯро бар шумо бартарӣ дода ва дар ҷисму дониш бар шумо бартарӣ бахшидааст ва Ӯ дар корҳои бандагонаш доност ва подшоҳии худро ба ҳар кас, ки бихоҳад медиҳад ва Аллоҳ соҳиби фазлу неъмат ва ба ҳамаи корҳо доност ва аз Ӯ чизе пинҳон намемонад".

Al-Baqarah 2:251

فَهَزَمُوهُم بِإِذۡنِ ٱللَّهِ وَقَتَلَ دَاوُۥدُ جَالُوتَ وَءَاتَىٰهُ ٱللَّهُ ٱلۡمُلۡكَ وَٱلۡحِكۡمَةَ وَعَلَّمَهُۥ مِمَّا يَشَآءُۗ وَلَوۡلَا دَفۡعُ ٱللَّهِ ٱلنَّاسَ بَعۡضَهُم بِبَعۡضٖ لَّفَسَدَتِ ٱلۡأَرۡضُ وَلَٰكِنَّ ٱللَّهَ ذُو فَضۡلٍ عَلَى ٱلۡعَٰلَمِينَ ﴿٢٥١﴾

Пас ба хости Аллоҳ онҳоро шикаст доданд ва Довуд (алайҳиссалом) Ҷолут сарвари золимонро бикушт ва Аллоҳ ба Довуд (алайҳиссалом) подшоҳиву ҳикмат дод ва он чӣ мехост, ба ӯ биёмухт. Ва агар Аллоҳ баъзе аз мардум яъне, ахди маъсият ва ширкро ба сабаби баъзе дигар яъне, аҳли тоъат ва имон дафъ намекард, замин фасод мешуд, вале Аллоҳ бар муъминон лутф намуда ва бар асоси дину шариъате, ки барои онон таъин кардааст, аз онҳо ва аз динашон дифоъ менамояд.

Al-Baqarah 2:269

يُؤۡتِي ٱلۡحِكۡمَةَ مَن يَشَآءُۚ وَمَن يُؤۡتَ ٱلۡحِكۡمَةَ فَقَدۡ أُوتِيَ خَيۡرٗا كَثِيرٗاۗ وَمَا يَذَّكَّرُ إِلَّآ أُوْلُواْ ٱلۡأَلۡبَٰبِ ﴿٢٦٩﴾

Ҳикматро ба касе, ки хоҳад, мебахшад ва ҳар кас, ки ҳикмат ба ӯ дода шавад, ба ростӣ, ки хайри бисёре ба ӯ дода шудааст. Ва ҳеҷ коре ҷуз бо ҳикмат анҷом намеёбад. Ва ҷуз хирадмандон касе панд намегиранд.

Al-Baqarah 2:282

يَـٰٓأَيُّهَا ٱلَّذِينَ ءَامَنُوٓاْ إِذَا تَدَايَنتُم بِدَيۡنٍ إِلَىٰٓ أَجَلٖ مُّسَمّٗى فَٱكۡتُبُوهُۚ وَلۡيَكۡتُب بَّيۡنَكُمۡ كَاتِبُۢ بِٱلۡعَدۡلِۚ وَلَا يَأۡبَ كَاتِبٌ أَن يَكۡتُبَ كَمَا عَلَّمَهُ ٱللَّهُۚ فَلۡيَكۡتُبۡ وَلۡيُمۡلِلِ ٱلَّذِي عَلَيۡهِ ٱلۡحَقُّ وَلۡيَتَّقِ ٱللَّهَ رَبَّهُۥ وَلَا يَبۡخَسۡ مِنۡهُ شَيۡـٔٗاۚ فَإِن كَانَ ٱلَّذِي عَلَيۡهِ ٱلۡحَقُّ سَفِيهًا أَوۡ ضَعِيفًا أَوۡ لَا يَسۡتَطِيعُ أَن يُمِلَّ هُوَ فَلۡيُمۡلِلۡ وَلِيُّهُۥ بِٱلۡعَدۡلِۚ وَٱسۡتَشۡهِدُواْ شَهِيدَيۡنِ مِن رِّجَالِكُمۡۖ فَإِن لَّمۡ يَكُونَا رَجُلَيۡنِ فَرَجُلٞ وَٱمۡرَأَتَانِ مِمَّن تَرۡضَوۡنَ مِنَ ٱلشُّهَدَآءِ أَن تَضِلَّ إِحۡدَىٰهُمَا فَتُذَكِّرَ إِحۡدَىٰهُمَا ٱلۡأُخۡرَىٰۚ وَلَا يَأۡبَ ٱلشُّهَدَآءُ إِذَا مَا دُعُواْۚ وَلَا تَسۡـَٔمُوٓاْ أَن تَكۡتُبُوهُ صَغِيرًا أَوۡ كَبِيرًا إِلَىٰٓ أَجَلِهِۦۚ ذَٰلِكُمۡ أَقۡسَطُ عِندَ ٱللَّهِ وَأَقۡوَمُ لِلشَّهَٰدَةِ وَأَدۡنَىٰٓ أَلَّا تَرۡتَابُوٓاْ إِلَّآ أَن تَكُونَ تِجَٰرَةً حَاضِرَةٗ تُدِيرُونَهَا بَيۡنَكُمۡ فَلَيۡسَ عَلَيۡكُمۡ جُنَاحٌ أَلَّا تَكۡتُبُوهَاۗ وَأَشۡهِدُوٓاْ إِذَا تَبَايَعۡتُمۡۚ وَلَا يُضَآرَّ كَاتِبٞ وَلَا شَهِيدٞۚ وَإِن تَفۡعَلُواْ فَإِنَّهُۥ فُسُوقُۢ بِكُمۡۗ وَٱتَّقُواْ ٱللَّهَۖ وَيُعَلِّمُكُمُ ٱللَّهُۗ وَٱللَّهُ بِكُلِّ شَيۡءٍ عَلِيمٞ ﴿٢٨٢﴾

Эй он касоне, ки имон овардаед! Агар ба ҳамдигар то муддати муайяне қарзе додед, онро бинависед (барои ҳифзи мол ва дафъи низоъ) ва бояд, ки онро нависандаи боинсоф бинависад. Ва ҳеҷ нависандае набояд ба хотири хешовандӣ ё ба хотири душманӣ аз навиштани он, он гуна ки Аллоҳ ба ӯ омӯхтааст, даст кашад, пас бояд бинависад ва касе, ки ҳақ бар ӯст (яъне қарзгиранда) имло кунад ва котиб аз Парвардигораш битарсад ва чизе аз он кам накунад, пас агар қарзгиранда шахси беақл ва нодон ё нотавон буд ё наметавонист имло кунад, бояд сарпарасти ӯ ба адлу инсоф имло кунад ва ду гувоҳ аз мардони мусалмони болиғу оқил аз аҳли адолат бигиред ва агар ду мард набуд, пас як мард ва ду зан аз гувоҳоне, ки меписандед, (сабабаш ин аст, ки) то агар яке аз он ду зан фаромӯш кард дигаре бо ӯ ёдоварӣ кунад. Ва ҳар гоҳе гувоҳон барои гувоҳӣ додан даъват шаванд, набояд рад кунанд ва аз навиштани қарз тибқи ваъдааш хоҳ кам бошад, ё зиёд хаста нашавед. Ин навиштан боинсофтарин ҳукм аст назди Аллоҳ ва дурусттарин роҳ барои гувоҳӣ додан ва қарибтар аз он аст, ки дучори шак нашавед, магар ин ки савдои нақдӣ бошад, ки дар миёни худ даст ба даст мекунед, пас дар ин сурат бар шумо гуноҳе нест, ки онро нанависед. Ва чун хариду фурӯш кардед, бояд гувоҳ бигиред барои дафъи низоъ ва набояд нависанда ва шоҳид зиён бубинанд ва агар чунин коре кунед, аз фармони Аллоҳ сарпечӣ кардааед. Ва аз Аллоҳ битарсед ва Аллоҳ некии дунё ва охиратро ба шумо меомӯзад ва Аллоҳ бар ҳар чизе доност.

Ali 'Imran 3:7

هُوَ ٱلَّذِيٓ أَنزَلَ عَلَيۡكَ ٱلۡكِتَٰبَ مِنۡهُ ءَايَٰتٞ مُّحۡكَمَٰتٌ هُنَّ أُمُّ ٱلۡكِتَٰبِ وَأُخَرُ مُتَشَٰبِهَٰتٞۖ فَأَمَّا ٱلَّذِينَ فِي قُلُوبِهِمۡ زَيۡغٞ فَيَتَّبِعُونَ مَا تَشَٰبَهَ مِنۡهُ ٱبۡتِغَآءَ ٱلۡفِتۡنَةِ وَٱبۡتِغَآءَ تَأۡوِيلِهِۦۖ وَمَا يَعۡلَمُ تَأۡوِيلَهُۥٓ إِلَّا ٱللَّهُۗ وَٱلرَّـٰسِخُونَ فِي ٱلۡعِلۡمِ يَقُولُونَ ءَامَنَّا بِهِۦ كُلّٞ مِّنۡ عِندِ رَبِّنَاۗ وَمَا يَذَّكَّرُ إِلَّآ أُوْلُواْ ٱلۡأَلۡبَٰبِ ﴿٧﴾

Ӯ зотест, ки китобро бар ту нозил кард ва баъзе аз он оёт муҳкам ҳастанд, ки маъонии он возеҳ ва равшан аст ва онҳо асли китоб ҳастанд. Ва баъзе аз он муташобиҳот ҳастанд, ки эҳтимолан маъонии дигар ҳам доранд. Ва аммо касоне, ки дар дилҳояшон майл ба суи ботил аст, барои фитнаангезӣ ва таъвили нодурусти он, аз паси муташобиҳот мераванд ва таъвили онро ҷуз Аллоҳ касе намедонад. Ва собитқадамон дар илм мегуянд: "Ба ҳама оёти Қуръон имон овардем, ҳама аз ҷониби Парвардигори мост" ва ҷуз хирадмандон панд намепазиранд.

Ali 'Imran 3:18

شَهِدَ ٱللَّهُ أَنَّهُۥ لَآ إِلَٰهَ إِلَّا هُوَ وَٱلۡمَلَـٰٓئِكَةُ وَأُوْلُواْ ٱلۡعِلۡمِ قَآئِمَۢا بِٱلۡقِسۡطِۚ لَآ إِلَٰهَ إِلَّا هُوَ ٱلۡعَزِيزُ ٱلۡحَكِيمُ ﴿١٨﴾

Аллоҳ гувоҳӣ медиҳад, ки ҳеҷ маъбуди барҳаққе ҷуз Ӯ нест ва фариштагон ва аҳли илм низ гувоҳӣ медиҳанд, ки ҳеҷ маъбуди барҳаққе ҷуз Ӯ нест ва Ӯ азиз аст, хости Ӯро чизе монеъ шуда наметавонад ва дар гуфтору корҳояш бо ҳикмат аст.

Ali 'Imran 3:79

مَا كَانَ لِبَشَرٍ أَن يُؤۡتِيَهُ ٱللَّهُ ٱلۡكِتَٰبَ وَٱلۡحُكۡمَ وَٱلنُّبُوَّةَ ثُمَّ يَقُولَ لِلنَّاسِ كُونُواْ عِبَادٗا لِّي مِن دُونِ ٱللَّهِ وَلَٰكِن كُونُواْ رَبَّـٰنِيِّـۧنَ بِمَا كُنتُمۡ تُعَلِّمُونَ ٱلۡكِتَٰبَ وَبِمَا كُنتُمۡ تَدۡرُسُونَ ﴿٧٩﴾

Барои ҳеҷ инсоне сазовор нест, ки Аллоҳ ба ӯ китоб ва ҳукм ва паёмбарӣ диҳад, сипас ба мардум бигуяд: "Ба ҷои Аллоҳ бандагони ман бошед", балки сазовори паёмбарон ин аст, ки бигӯянд: "Ба сабаби он чи таълим медодед ва дарс мехондед, бандагони Аллоҳ бошед". (Модоме, ки ин ибодат кардан ба паёмбар лоиқ набошад, пас ба ҳеҷ мардум ба тариқи авло шоиста нест.)

Ali 'Imran 3:113

۞لَيۡسُواْ سَوَآءٗۗ مِّنۡ أَهۡلِ ٱلۡكِتَٰبِ أُمَّةٞ قَآئِمَةٞ يَتۡلُونَ ءَايَٰتِ ٱللَّهِ ءَانَآءَ ٱلَّيۡلِ وَهُمۡ يَسۡجُدُونَ ﴿١١٣﴾

Аҳли китоб ҳама баробар нестанд. Гурӯҳе ба тоъати Аллоҳ барпоанд (ва ба Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам имон оварданд.) Оёти Аллоҳро нисфи шаб тиловат карда ва ба Аллоҳ муноҷот мекунанд ва саҷда ба ҷой меоваранд.

Ali 'Imran 3:164

لَقَدۡ مَنَّ ٱللَّهُ عَلَى ٱلۡمُؤۡمِنِينَ إِذۡ بَعَثَ فِيهِمۡ رَسُولٗا مِّنۡ أَنفُسِهِمۡ يَتۡلُواْ عَلَيۡهِمۡ ءَايَٰتِهِۦ وَيُزَكِّيهِمۡ وَيُعَلِّمُهُمُ ٱلۡكِتَٰبَ وَٱلۡحِكۡمَةَ وَإِن كَانُواْ مِن قَبۡلُ لَفِي ضَلَٰلٖ مُّبِينٍ ﴿١٦٤﴾

Аллоҳ бар муъминон он гоҳ неъмате ато фармуд, ки аз худашон ба сӯи худашон Паёмбаре равон кард, то оёти Қуръонашро бар онҳо бихонад ва аз ширк онҳоро пок созад ва китобу суннатро биёмӯзад, ҳарчанд онон пеш аз омадани ин Расул дар гумроҳии ошкоре буданд.

Ali 'Imran 3:191

ٱلَّذِينَ يَذۡكُرُونَ ٱللَّهَ قِيَٰمٗا وَقُعُودٗا وَعَلَىٰ جُنُوبِهِمۡ وَيَتَفَكَّرُونَ فِي خَلۡقِ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضِ رَبَّنَا مَا خَلَقۡتَ هَٰذَا بَٰطِلٗا سُبۡحَٰنَكَ فَقِنَا عَذَابَ ٱلنَّارِ ﴿١٩١﴾

Он касоне, ки истода ва нишаста ва бар паҳлӯҳояшон афтода Аллоҳро ёд мекунанд ва дар офариниши осмонҳо ва замин меандешанд. Пас мегуянд: Парвардигоро! Инро беҳуда наёфаридаӣ, пас моро аз азоби оташ наҷот бидеҳ.

An-Nisa 4:54

أَمۡ يَحۡسُدُونَ ٱلنَّاسَ عَلَىٰ مَآ ءَاتَىٰهُمُ ٱللَّهُ مِن فَضۡلِهِۦۖ فَقَدۡ ءَاتَيۡنَآ ءَالَ إِبۡرَٰهِيمَ ٱلۡكِتَٰبَ وَٱلۡحِكۡمَةَ وَءَاتَيۡنَٰهُم مُّلۡكًا عَظِيمٗا ﴿٥٤﴾

Оё фаҳмиши суханашон ин аст, ки онҳо шарики Аллоҳ ҳастанд ва ҳар касро ки бихоҳанд ба ӯ бузургӣ медиҳанд ва фазл ва аторо ба ӯ мебахшанд? Ё ҳасад варзиданд ба Паёмбар ва мӯъминон бар он чи ки Аллоҳ аз фазли худ ба онон додааст? Ва он неъматҳое аз қабили паёмбарӣ ва китоб аст, ки Аллоҳ бар Иброҳим ва фарзандонаш арзонӣ дошт ва мулк ва подшоҳие аст, ки ба баъзе аз паёмбаронаш (монанди Довуд ва Сулаймон) бахшид. (Пас онҳо чи гуна неъматеро, ки Аллоҳ аз паёмбарӣ ва пирӯзӣ ба Муҳаммад додааст, инкор мекунанд?!)

An-Nisa 4:83

وَإِذَا جَآءَهُمۡ أَمۡرٞ مِّنَ ٱلۡأَمۡنِ أَوِ ٱلۡخَوۡفِ أَذَاعُواْ بِهِۦۖ وَلَوۡ رَدُّوهُ إِلَى ٱلرَّسُولِ وَإِلَىٰٓ أُوْلِي ٱلۡأَمۡرِ مِنۡهُمۡ لَعَلِمَهُ ٱلَّذِينَ يَسۡتَنۢبِطُونَهُۥ مِنۡهُمۡۗ وَلَوۡلَا فَضۡلُ ٱللَّهِ عَلَيۡكُمۡ وَرَحۡمَتُهُۥ لَٱتَّبَعۡتُمُ ٱلشَّيۡطَٰنَ إِلَّا قَلِيلٗا ﴿٨٣﴾

Вақте кори муҳим ё манфиъати умумӣ, ки амният ва некии мӯъминонро дар худ дорад, ё тарсе, ки мусибатро бар онҳо ҳамроҳ дорад, пеш ояд, устувор бошанд. Ва дар паҳн кардани ин хабар шитоб наварзанд. Балки онро ба паёмбар ва улуламри худ гардонанд, ҳамоно касоне дар миёни онҳо вуҷуд доштанд, ки метавонистанд дуруст ё ғалат будани онро дарёбанд. Ва агар фазл ва раҳмати Аллоҳ бар шумо намебуд, ба ҷуз андаке ҳама албатта шайтонро пайравӣ мекардед.

An-Nisa 4:113

وَلَوۡلَا فَضۡلُ ٱللَّهِ عَلَيۡكَ وَرَحۡمَتُهُۥ لَهَمَّت طَّآئِفَةٞ مِّنۡهُمۡ أَن يُضِلُّوكَ وَمَا يُضِلُّونَ إِلَّآ أَنفُسَهُمۡۖ وَمَا يَضُرُّونَكَ مِن شَيۡءٖۚ وَأَنزَلَ ٱللَّهُ عَلَيۡكَ ٱلۡكِتَٰبَ وَٱلۡحِكۡمَةَ وَعَلَّمَكَ مَا لَمۡ تَكُن تَعۡلَمُۚ وَكَانَ فَضۡلُ ٱللَّهِ عَلَيۡكَ عَظِيمٗا ﴿١١٣﴾

Агар фазлу раҳмати Аллоҳ эй Муҳаммад (саллаллоху алайҳи ва саллам) шомили ҳоли ту намебуд, гурӯҳе аз кофирон қасди он доштаанд, ки туро гумроҳ кунанд, вале онон ҷуз худ касеро гумроҳ намекунанд ва ҳеҷ зиёне ба ту намерасонанд. Ва Аллоҳ бар ту китобу ҳикмат (суннат) нозил кард ва чизҳое ба ту омӯхт, ки аз ин пеш намедонистӣ ва Аллоҳ лутфи бузурги худро бар ту арзонӣ дошт!

An-Nisa 4:162

لَّـٰكِنِ ٱلرَّـٰسِخُونَ فِي ٱلۡعِلۡمِ مِنۡهُمۡ وَٱلۡمُؤۡمِنُونَ يُؤۡمِنُونَ بِمَآ أُنزِلَ إِلَيۡكَ وَمَآ أُنزِلَ مِن قَبۡلِكَۚ وَٱلۡمُقِيمِينَ ٱلصَّلَوٰةَۚ وَٱلۡمُؤۡتُونَ ٱلزَّكَوٰةَ وَٱلۡمُؤۡمِنُونَ بِٱللَّهِ وَٱلۡيَوۡمِ ٱلۡأٓخِرِ أُوْلَـٰٓئِكَ سَنُؤۡتِيهِمۡ أَجۡرًا عَظِيمًا ﴿١٦٢﴾

Вале ононе, ки собитқадаманд дар илм аз ахли китоб ва он мӯъминонеро, ки ба он чӣ бар ту Қуръон ва ба он чӣ пеш аз ту нозил шуда, (ба Тавроту Инҷил) имон доранд ва намозро дар вақташ мегузоранд ва закоти молҳояшонро медиҳанд ва боварӣ доранд ба Аллоҳу рӯзи қиёмат, аҷри бузурге хоҳем дод!

Al-Ma'idah 5:4

يَسۡـَٔلُونَكَ مَاذَآ أُحِلَّ لَهُمۡۖ قُلۡ أُحِلَّ لَكُمُ ٱلطَّيِّبَٰتُ وَمَا عَلَّمۡتُم مِّنَ ٱلۡجَوَارِحِ مُكَلِّبِينَ تُعَلِّمُونَهُنَّ مِمَّا عَلَّمَكُمُ ٱللَّهُۖ فَكُلُواْ مِمَّآ أَمۡسَكۡنَ عَلَيۡكُمۡ وَٱذۡكُرُواْ ٱسۡمَ ٱللَّهِ عَلَيۡهِۖ وَٱتَّقُواْ ٱللَّهَۚ إِنَّ ٱللَّهَ سَرِيعُ ٱلۡحِسَابِ ﴿٤﴾

Аз ту эй Паёмбар мепурсанд, ки чӣ чизҳое бар онҳо ҳалол шудааст? Бигу: Чизҳои покиза ҳар он чизе аст, ки дар он фоида ё лаззате бошад ва зиёне барои бадан ва ақл надошта бошад бар шумо ҳалол шуда ва низ хурдани сайди паррандагон ва он ҳайвоне, ки ба он сайд кардан омӯхтаед, чун ҷонварони шикории таълим додашуда ва сагони шикорӣ, ҳар гоҳ онҳоро ба он тавре, ки Парвардигоратон барои шумо омӯзонидааст, таълим дода бошед, аз он сайд, ки бароятон мегиранд ва нигоҳ медоранд, бихӯред ва номи Аллоҳро бар он бихонед ва аз Аллоҳ битарсед, ки рӯзи қиёмат наздик аст ва Ӯ таъоло зуд ба ҳисоб расандааст!

Al-An'am 6:83

وَتِلۡكَ حُجَّتُنَآ ءَاتَيۡنَٰهَآ إِبۡرَٰهِيمَ عَلَىٰ قَوۡمِهِۦۚ نَرۡفَعُ دَرَجَٰتٖ مَّن نَّشَآءُۗ إِنَّ رَبَّكَ حَكِيمٌ عَلِيمٞ ﴿٨٣﴾

Ин далели мо буд, ки онро ба Иброҳим (алайҳис саллом,) дар баробари қавмаш додем, ки ҳуҷҷаташон қатъ гардид. Ва баланд мекунем дар дунёву охират мартабаву дараҷаи ҳар касеро, ки мехоҳем. Ҳароина Парвардигори ту ҳакиму доност!

Al-An'am 6:89

أُوْلَـٰٓئِكَ ٱلَّذِينَ ءَاتَيۡنَٰهُمُ ٱلۡكِتَٰبَ وَٱلۡحُكۡمَ وَٱلنُّبُوَّةَۚ فَإِن يَكۡفُرۡ بِهَا هَـٰٓؤُلَآءِ فَقَدۡ وَكَّلۡنَا بِهَا قَوۡمٗا لَّيۡسُواْ بِهَا بِكَٰفِرِينَ ﴿٨٩﴾

Инҳо (яъне паёмбарон алайҳимуссаллом) касоне ҳастанд, ки ба онҳо китоби осмонӣ ва ҳикмат (фаҳм) ва нубувват (паёмбариро) додаем. Агар кофирони Макка ба оятҳои Қуръон имон наёваранд, қавми дигареро (муҳоҷирону ва ансорро) ӯҳдадори он месозем, ки нисбат ба он ба Қуръон куфр намеварзанд

Al-An'am 6:91

وَمَا قَدَرُواْ ٱللَّهَ حَقَّ قَدۡرِهِۦٓ إِذۡ قَالُواْ مَآ أَنزَلَ ٱللَّهُ عَلَىٰ بَشَرٖ مِّن شَيۡءٖۗ قُلۡ مَنۡ أَنزَلَ ٱلۡكِتَٰبَ ٱلَّذِي جَآءَ بِهِۦ مُوسَىٰ نُورٗا وَهُدٗى لِّلنَّاسِۖ تَجۡعَلُونَهُۥ قَرَاطِيسَ تُبۡدُونَهَا وَتُخۡفُونَ كَثِيرٗاۖ وَعُلِّمۡتُم مَّا لَمۡ تَعۡلَمُوٓاْ أَنتُمۡ وَلَآ ءَابَآؤُكُمۡۖ قُلِ ٱللَّهُۖ ثُمَّ ذَرۡهُمۡ فِي خَوۡضِهِمۡ يَلۡعَبُونَ ﴿٩١﴾

Вақте ки (яҳудиён ва мушрикон) мегӯянд, ки Аллоҳ ба ҳеҷ инсоне чизе нозил накардааст, Аллоҳро ончунон, ки лоиқи Ӯст, нашинохтаанд, бигӯ (эй Паёмбар): «Китоберо, ки Мӯсо барои рӯшноӣ ва ҳидояти мардум овард, ки онро бар ӯ нозил карда буд? Онро бар қоғазҳо навиштед, порае аз онро ошкор месозед, вале бештаринашро пинҳон медоред. Ба шумо чизҳое омӯхтанд, ки аз ин пеш на шумо медонистед ва на падаронатон медонистанд. Бигӯ: «Он Аллоҳ аст!» Онҳоро бигузор, то дар ин баҳси ботили хеш дилхуш бошанд.

Al-An'am 6:148

سَيَقُولُ ٱلَّذِينَ أَشۡرَكُواْ لَوۡ شَآءَ ٱللَّهُ مَآ أَشۡرَكۡنَا وَلَآ ءَابَآؤُنَا وَلَا حَرَّمۡنَا مِن شَيۡءٖۚ كَذَٰلِكَ كَذَّبَ ٱلَّذِينَ مِن قَبۡلِهِمۡ حَتَّىٰ ذَاقُواْ بَأۡسَنَاۗ قُلۡ هَلۡ عِندَكُم مِّنۡ عِلۡمٖ فَتُخۡرِجُوهُ لَنَآۖ إِن تَتَّبِعُونَ إِلَّا ٱلظَّنَّ وَإِنۡ أَنتُمۡ إِلَّا تَخۡرُصُونَ ﴿١٤٨﴾

(Мушрикон тақдир ва қазои илоҳиро баҳона карда хоҳанд гуфт): «Агар Аллоҳ мехост, мо ва падаронамон мушрик намешудем ва чизеро ҳаром намекардем». Ва Аллоҳ бар онҳо рад карда шубҳаи ононро баён мекунад: Ҳамчунин касоне, ки пеш аз онҳо буданд, паёмбаронро дурӯғ бароварданд ва хашму азоби Моро чашиданд. Бигӯ (эй Расул): «Агар шуморо донише ҳаст, дар он чи ҳаром шуморидед аз чорпо ва киштзор, пас онро барои мо ошкор созед. Вале шумо дар умури дин танҳо аз гумони хеш пайравӣ мекунед ва ба ҷуз дурӯғ чизе намегӯед!

Al-A'raf 7:61

قَالَ يَٰقَوۡمِ لَيۡسَ بِي ضَلَٰلَةٞ وَلَٰكِنِّي رَسُولٞ مِّن رَّبِّ ٱلۡعَٰلَمِينَ ﴿٦١﴾

(Нӯҳ алайҳиссалом) гуфт: «Эй қавми ман, ман гумроҳ нестам ва лекин ман паёмбаре ҳастам аз ҷониби Парвардигори ҷаҳониён.

Al-A'raf 7:62

أُبَلِّغُكُمۡ رِسَٰلَٰتِ رَبِّي وَأَنصَحُ لَكُمۡ وَأَعۡلَمُ مِنَ ٱللَّهِ مَا لَا تَعۡلَمُونَ ﴿٦٢﴾

Паёмҳои Парвардигорамро ба шумо мерасонам ва шуморо панд медиҳам ва аз Аллоҳ шариъатеро медонам, ки шумо онро намедонед.

At-Tawbah 9:122

۞وَمَا كَانَ ٱلۡمُؤۡمِنُونَ لِيَنفِرُواْ كَآفَّةٗۚ فَلَوۡلَا نَفَرَ مِن كُلِّ فِرۡقَةٖ مِّنۡهُمۡ طَآئِفَةٞ لِّيَتَفَقَّهُواْ فِي ٱلدِّينِ وَلِيُنذِرُواْ قَوۡمَهُمۡ إِذَا رَجَعُوٓاْ إِلَيۡهِمۡ لَعَلَّهُمۡ يَحۡذَرُونَ ﴿١٢٢﴾

Ва мумкин нест мӯъминонро, ки ҳамагӣ барои ҷанги душманонашон ба сафар раванд. Пас, чаро аз ҳар гурӯҳе чанд нафаре ба сафар нараванд, то дониши дини хешро биёмӯзанд ва чун бозгаштанд (баъди илм гирифтан), мардуми худро бим кунанд. Бошад ки аз азоби Илоҳӣ битарсанд?

Yunus 10:39

بَلۡ كَذَّبُواْ بِمَا لَمۡ يُحِيطُواْ بِعِلۡمِهِۦ وَلَمَّا يَأۡتِهِمۡ تَأۡوِيلُهُۥۚ كَذَٰلِكَ كَذَّبَ ٱلَّذِينَ مِن قَبۡلِهِمۡۖ فَٱنظُرۡ كَيۡفَ كَانَ عَٰقِبَةُ ٱلظَّـٰلِمِينَ ﴿٣٩﴾

Балки дурӯғ шумурданд чизеро ва кофир шуданд, ки ба илми он иҳота наёфта буданд ва ҳанӯз аз ҳақиқати он бехабаранд. Касоне, ки пеш аз онон буданд, низ ҳамчунин паёмбаронро ба дурӯғ нисбат доданд. Пас, бингар эй Муҳаммад, ки оқибати кори ситамгорон чӣ гуна будааст.

Hud 11:49

تِلۡكَ مِنۡ أَنۢبَآءِ ٱلۡغَيۡبِ نُوحِيهَآ إِلَيۡكَۖ مَا كُنتَ تَعۡلَمُهَآ أَنتَ وَلَا قَوۡمُكَ مِن قَبۡلِ هَٰذَاۖ فَٱصۡبِرۡۖ إِنَّ ٱلۡعَٰقِبَةَ لِلۡمُتَّقِينَ ﴿٤٩﴾

Аллоҳ барои Расулаш Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам мегӯяд: Инҳо аз хабарҳои ғайб ҳастанд, ки бар ту ваҳй мекунем. Пеш аз ин на ту ва на қавмат онҳоро намедонистед. Пас сабр кун, бар дурӯғ баровардани қавмат туро ва азият доданашон туро, ба дурустӣ ки Мо туро нусрат хоҳем дод, зеро оқибати нек аз они парҳезгорон аст!

Yusuf 12:6

وَكَذَٰلِكَ يَجۡتَبِيكَ رَبُّكَ وَيُعَلِّمُكَ مِن تَأۡوِيلِ ٱلۡأَحَادِيثِ وَيُتِمُّ نِعۡمَتَهُۥ عَلَيۡكَ وَعَلَىٰٓ ءَالِ يَعۡقُوبَ كَمَآ أَتَمَّهَا عَلَىٰٓ أَبَوَيۡكَ مِن قَبۡلُ إِبۡرَٰهِيمَ وَإِسۡحَٰقَۚ إِنَّ رَبَّكَ عَلِيمٌ حَكِيمٞ ﴿٦﴾

Ва он чунон ки дар хоб ба ту намуд, Парвардигорат туро ихтиёр мекунад ва таъбири хобро ба ту таълим медиҳад ва ҳамчунон, ки неъмати худро пеш аз ин бар падарони ту Иброҳиму Исҳоқ пурра карда буд, бар туву хонадони Яъқуб ҳам пурра мекунад, ки Парвардигорат доно аст, ҳар киро бихоҳад аз бандагонаш ихтиёр мекунад ва ҳаким аст дар ҷо ба ҷойгузории корҳои махлуқоташ!»

Yusuf 12:21

وَقَالَ ٱلَّذِي ٱشۡتَرَىٰهُ مِن مِّصۡرَ لِٱمۡرَأَتِهِۦٓ أَكۡرِمِي مَثۡوَىٰهُ عَسَىٰٓ أَن يَنفَعَنَآ أَوۡ نَتَّخِذَهُۥ وَلَدٗاۚ وَكَذَٰلِكَ مَكَّنَّا لِيُوسُفَ فِي ٱلۡأَرۡضِ وَلِنُعَلِّمَهُۥ مِن تَأۡوِيلِ ٱلۡأَحَادِيثِۚ وَٱللَّهُ غَالِبٌ عَلَىٰٓ أَمۡرِهِۦ وَلَٰكِنَّ أَكۡثَرَ ٱلنَّاسِ لَا يَعۡلَمُونَ ﴿٢١﴾

Ва касе аз мардуми Миср (яъне азизи Миср), ки ӯро харида буд, ба занаш гуфт: «То дар ин ҷост, гиромияш бидор, шояд ба мо суде бирасонад ё ӯро ба фарзандӣ бипазирем». Ва ҳамчунин Юсуфро дар замини Миср мартабаи баланд додем ва ӯро молики хазинаҳои Миср гардонидем, то ба ӯ таъбири хоб омӯзем. Ва Аллоҳ бар кори хеш ғолиб аст. Вале бештари мардум намедонанд!

Yusuf 12:22

وَلَمَّا بَلَغَ أَشُدَّهُۥٓ ءَاتَيۡنَٰهُ حُكۡمٗا وَعِلۡمٗاۚ وَكَذَٰلِكَ نَجۡزِي ٱلۡمُحۡسِنِينَ ﴿٢٢﴾

Ва чун ҷавони нерӯманд ва хирадманд шуд, ҳикмату донишаш додем ва некукоронро ҳамчунин подош медиҳем.

Yusuf 12:37

قَالَ لَا يَأۡتِيكُمَا طَعَامٞ تُرۡزَقَانِهِۦٓ إِلَّا نَبَّأۡتُكُمَا بِتَأۡوِيلِهِۦ قَبۡلَ أَن يَأۡتِيَكُمَاۚ ذَٰلِكُمَا مِمَّا عَلَّمَنِي رَبِّيٓۚ إِنِّي تَرَكۡتُ مِلَّةَ قَوۡمٖ لَّا يُؤۡمِنُونَ بِٱللَّهِ وَهُم بِٱلۡأٓخِرَةِ هُمۡ كَٰفِرُونَ ﴿٣٧﴾

Гуфт (Юсуф): «Ба шумо ҳеҷ навъ таоме, ки дар хоб дода мешавед, нахоҳад омад, магар хабардор кунам шуморо ба таъбири он, пеш аз он ки далели сидқи ин таъбир дар бедорӣ ба шумо биёяд, чунон ки Парвардигорам ба ман омӯзонидааст. Ҳамоно, ман дини мардумеро, ки ба Аллоҳи якто имон надоранд ва ба рӯзи қиёмат кофиранд, тарк кардаам.

Yusuf 12:46

يُوسُفُ أَيُّهَا ٱلصِّدِّيقُ أَفۡتِنَا فِي سَبۡعِ بَقَرَٰتٖ سِمَانٖ يَأۡكُلُهُنَّ سَبۡعٌ عِجَافٞ وَسَبۡعِ سُنۢبُلَٰتٍ خُضۡرٖ وَأُخَرَ يَابِسَٰتٖ لَّعَلِّيٓ أَرۡجِعُ إِلَى ٱلنَّاسِ لَعَلَّهُمۡ يَعۡلَمُونَ ﴿٤٦﴾

Эй Юсуф, эй марди бисёр ростгӯй дар гуфтор ва росткор дар кирдор, барои мо таъбир кун, ки ҳафт гови фарбеҳро ҳафт гови лоғар мехӯранд ва ҳафт хӯшаи сабзу ҳафт хӯшаи хушк. Бошад, ки ман назди мардум бозгардам ва онон аз таъбири ин хоб огоҳ гарданд».

Yusuf 12:68

وَلَمَّا دَخَلُواْ مِنۡ حَيۡثُ أَمَرَهُمۡ أَبُوهُم مَّا كَانَ يُغۡنِي عَنۡهُم مِّنَ ٱللَّهِ مِن شَيۡءٍ إِلَّا حَاجَةٗ فِي نَفۡسِ يَعۡقُوبَ قَضَىٰهَاۚ وَإِنَّهُۥ لَذُو عِلۡمٖ لِّمَا عَلَّمۡنَٰهُ وَلَٰكِنَّ أَكۡثَرَ ٱلنَّاسِ لَا يَعۡلَمُونَ ﴿٦٨﴾

Ва чун аз ҷое, ки падар фармон дода буд, дохил шуданд, ин кор қазо ва ҳукми Аллоҳро бар онҳо бартараф накард. Танҳо ниёзе дар замири Яъқуб буд метарсид, ки ба фарзандонаш чашм нарасад, ки онро ошкор сохт, ва ҳамоно, Яъқубро илме буд, ки Худ ба ӯ омӯхта будем, вале бештари мардум намедонанд.

Yusuf 12:76

فَبَدَأَ بِأَوۡعِيَتِهِمۡ قَبۡلَ وِعَآءِ أَخِيهِ ثُمَّ ٱسۡتَخۡرَجَهَا مِن وِعَآءِ أَخِيهِۚ كَذَٰلِكَ كِدۡنَا لِيُوسُفَۖ مَا كَانَ لِيَأۡخُذَ أَخَاهُ فِي دِينِ ٱلۡمَلِكِ إِلَّآ أَن يَشَآءَ ٱللَّهُۚ نَرۡفَعُ دَرَجَٰتٖ مَّن نَّشَآءُۗ وَفَوۡقَ كُلِّ ذِي عِلۡمٍ عَلِيمٞ ﴿٧٦﴾

Пас, шурӯъ кард Юсуф ба кофтукови борхалтаҳояшон, пеш аз кофтани борхалтаи бародараш (Бинёмин), баъд аз он дар охир баровард паймонаро аз борхалтаи бародараш, ҳамчунин тадбир омӯхтем барои Юсуф, чунки Юсуф омода набуд, ки асир гирад бародари худро дар дини подшоҳи Миср, лек ба воситаи ин тадбир асир гирифтан иродаи хоси Аллоҳ буд. Баланд мегардонем мартабаи ҳар касеро, ки хоҳем ва болои ҳар соҳибилм боз донишманде ҳаст.

Yusuf 12:86

قَالَ إِنَّمَآ أَشۡكُواْ بَثِّي وَحُزۡنِيٓ إِلَى ٱللَّهِ وَأَعۡلَمُ مِنَ ٱللَّهِ مَا لَا تَعۡلَمُونَ ﴿٨٦﴾

Гуфт Яъқуб: «Ҷуз ин нест, ки шарҳи андӯҳи хеш танҳо бо Аллоҳ мегӯям. Зеро он чӣ ман аз Аллоҳ дар бобати меҳрубониву фазлу раҳматаш медонам, шумо намедонед!

Yusuf 12:96

فَلَمَّآ أَن جَآءَ ٱلۡبَشِيرُ أَلۡقَىٰهُ عَلَىٰ وَجۡهِهِۦ فَٱرۡتَدَّ بَصِيرٗاۖ قَالَ أَلَمۡ أَقُل لَّكُمۡ إِنِّيٓ أَعۡلَمُ مِنَ ٱللَّهِ مَا لَا تَعۡلَمُونَ ﴿٩٦﴾

Чун муждадиҳанда омад ва ҷома бар рӯи Яъқуб андохт, бино гашт. Гуфт: «Оё ба шумо нагуфтам, ки он чӣ ман аз Аллоҳ медонам дар бобати меҳрубониаш, шумо намедонед?»

Yusuf 12:101

۞رَبِّ قَدۡ ءَاتَيۡتَنِي مِنَ ٱلۡمُلۡكِ وَعَلَّمۡتَنِي مِن تَأۡوِيلِ ٱلۡأَحَادِيثِۚ فَاطِرَ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضِ أَنتَ وَلِيِّۦ فِي ٱلدُّنۡيَا وَٱلۡأٓخِرَةِۖ تَوَفَّنِي مُسۡلِمٗا وَأَلۡحِقۡنِي بِٱلصَّـٰلِحِينَ ﴿١٠١﴾

Эй Парвардигори ман, маро подшоҳӣ додӣ ва маро илми таъбири хоб омӯхтӣ. Эй офаринандаи осмонҳову замин, Ту дар дунёву охират сарпарасти манӣ. Маро то охири ҳаётам мусалмон бимирон ва бипайванд маро бо бандагони солеҳат!

Ar-Ra'd 13:19

۞أَفَمَن يَعۡلَمُ أَنَّمَآ أُنزِلَ إِلَيۡكَ مِن رَّبِّكَ ٱلۡحَقُّ كَمَنۡ هُوَ أَعۡمَىٰٓۚ إِنَّمَا يَتَذَكَّرُ أُوْلُواْ ٱلۡأَلۡبَٰبِ ﴿١٩﴾

Оё касе, ки медонад он чӣ аз ҷониби Парвардигорат бар ту эй Паёмбар нозил шуда ҳақ аст ва имон меорад, монанди касест, ки нобиност ва имон намеорад? Ҳамоно хирадмандон панд мегиранд:

Ar-Ra'd 13:43

وَيَقُولُ ٱلَّذِينَ كَفَرُواْ لَسۡتَ مُرۡسَلٗاۚ قُلۡ كَفَىٰ بِٱللَّهِ شَهِيدَۢا بَيۡنِي وَبَيۡنَكُمۡ وَمَنۡ عِندَهُۥ عِلۡمُ ٱلۡكِتَٰبِ ﴿٤٣﴾

Кофирон мегӯянд, ки ту эй Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам), паёмбар нестӣ. Бигӯ: «Аллоҳ ва ҳар кас, ки (аз яҳуду насоро) аз китоб огоҳӣ дошта бошад, ба шоҳидӣ миёни ману шумо кофист.

Ibrahim 14:4

وَمَآ أَرۡسَلۡنَا مِن رَّسُولٍ إِلَّا بِلِسَانِ قَوۡمِهِۦ لِيُبَيِّنَ لَهُمۡۖ فَيُضِلُّ ٱللَّهُ مَن يَشَآءُ وَيَهۡدِي مَن يَشَآءُۚ وَهُوَ ٱلۡعَزِيزُ ٱلۡحَكِيمُ ﴿٤﴾

(Эй Муҳаммад) ва ҳеҷ паёмбареро нафиристодем, магар ба забони мардумаш сухангӯ бошад, то паёми Аллоҳро барояшон баён кунад ва ҳақро бифаҳмонад. Пас Аллоҳ ҳар киро ки ба фармонаш гӯш накардааст бихоҳад, гумроҳ мекунад ва ҳар киро ки мувофиқи дастураш амал намудааст бихоҳад, ҳидоят мекунад ва Ӯст пирӯзманду ҳаким!

Al-Hijr 15:53

قَالُواْ لَا تَوۡجَلۡ إِنَّا نُبَشِّرُكَ بِغُلَٰمٍ عَلِيمٖ ﴿٥٣﴾

Фариштагон гуфтанд: «Матарс, (эй Иброҳим) мо туро ба писари доное мужда медиҳем».

An-Nahl 16:27

ثُمَّ يَوۡمَ ٱلۡقِيَٰمَةِ يُخۡزِيهِمۡ وَيَقُولُ أَيۡنَ شُرَكَآءِيَ ٱلَّذِينَ كُنتُمۡ تُشَـٰٓقُّونَ فِيهِمۡۚ قَالَ ٱلَّذِينَ أُوتُواْ ٱلۡعِلۡمَ إِنَّ ٱلۡخِزۡيَ ٱلۡيَوۡمَ وَٱلسُّوٓءَ عَلَى ٱلۡكَٰفِرِينَ ﴿٢٧﴾

Пас, дар рӯзи қиёмат хорашон месозад ва мефармояд: «Бутоне, ки шарики Ман мехондед ва бар сари онҳо бо якдигар ихтилоф мекардед, акнун куҷоянд то ки аз шумо азобро дур кунанд?» Донишмандони мӯъминон мегӯянд: «Ба ростӣ, имрӯз насиби кофирон хориву ранҷ аст!»

An-Nahl 16:43

وَمَآ أَرۡسَلۡنَا مِن قَبۡلِكَ إِلَّا رِجَالٗا نُّوحِيٓ إِلَيۡهِمۡۖ فَسۡـَٔلُوٓاْ أَهۡلَ ٱلذِّكۡرِ إِن كُنتُمۡ لَا تَعۡلَمُونَ ﴿٤٣﴾

Ва нафиристодем пеш аз ту эй Расул, магар паёмбаронеро, ки ваҳй фиристодем ба сӯяшон аз мардони башарият буданд на фариштагон. Ва агар худ намедонед эй мушрикони Қурайш, пас аз уламои аҳли китоб бипурсед, ки оё паёмбарон башар буданд?

An-Nahl 16:70

وَٱللَّهُ خَلَقَكُمۡ ثُمَّ يَتَوَفَّىٰكُمۡۚ وَمِنكُم مَّن يُرَدُّ إِلَىٰٓ أَرۡذَلِ ٱلۡعُمُرِ لِكَيۡ لَا يَعۡلَمَ بَعۡدَ عِلۡمٖ شَيۡـًٔاۚ إِنَّ ٱللَّهَ عَلِيمٞ قَدِيرٞ ﴿٧٠﴾

Ва Аллоҳ шуморо биёфарид, баъд аз он мемиронад шуморо дар синни кудакӣ ё ҷавонӣ ва аз миёни шумо касеро ба пирӣ мерасонад, то ҳар чиро, ки омӯхтааст, аз ёд бибарад, зеро Аллоҳ донову тавоност!

An-Nahl 16:78

وَٱللَّهُ أَخۡرَجَكُم مِّنۢ بُطُونِ أُمَّهَٰتِكُمۡ لَا تَعۡلَمُونَ شَيۡـٔٗا وَجَعَلَ لَكُمُ ٱلسَّمۡعَ وَٱلۡأَبۡصَٰرَ وَٱلۡأَفۡـِٔدَةَ لَعَلَّكُمۡ تَشۡكُرُونَ ﴿٧٨﴾

Аллоҳ шуморо аз батни модаронатон берун овард ва ҳеҷ чизро намедонистед. Ва бароятон чашму гӯшу дил биёфарид, то ки шукргузорӣ кунед!

Мавзӯъҳо