Сура An-Nur 24:43
أَلَمۡ تَرَ أَنَّ ٱللَّهَ يُزۡجِي سَحَابٗا ثُمَّ يُؤَلِّفُ بَيۡنَهُۥ ثُمَّ يَجۡعَلُهُۥ رُكَامٗا فَتَرَى ٱلۡوَدۡقَ يَخۡرُجُ مِنۡ خِلَٰلِهِۦ وَيُنَزِّلُ مِنَ ٱلسَّمَآءِ مِن جِبَالٖ فِيهَا مِنۢ بَرَدٖ فَيُصِيبُ بِهِۦ مَن يَشَآءُ وَيَصۡرِفُهُۥ عَن مَّن يَشَآءُۖ يَكَادُ سَنَا بَرۡقِهِۦ يَذۡهَبُ بِٱلۡأَبۡصَٰرِ ﴿٤٣﴾
◉
Тарҷума
Оё надидаӣ, ки Аллоҳ абрҳоеро ба оҳистагӣ меронад, он гоҳ онҳоро ба ҳам мепайвандад, боз месозадаш рӯ ба рӯ болои ҳам? Пас мебинӣ боронро, ки хориҷ мешавад аз миёни он абр ва фуруд меорад аз ҷониби боло, аз кӯҳҳои абрӣ, ки он ҷоест, жоларо. Пас ҳар киро хоҳад, бо он осеб мерасонад ва аз ҳар кӣ мехоҳад, бозаш медорад. Раъду барқе, ки дар он абр буда қариб аст, ки бибарад нури чашмҳоро.
Оё надидӣ, ки Аллоҳ таоло абрҳоеро ба оромӣ меронад, сипас байни [аҷзои] он пайванд медиҳад, он гоҳ тӯдаи анбӯҳе падид меоварад, пас, қатраҳои боронро мебинӣ, ки аз миёнаш таровиш мекунад ва аз кӯҳҳое [аз анбӯҳи абрҳо], ки дар осмон аст, донаҳои жола фурӯ меборад, пас, онро ба ҳар ки бихоҳад фурӯ мерезад ва аз ҳар ки бихоҳад бозмедорад. Наздик аст, дурахшандагии барқаш чашмҳоро [аз байн] барад
Оё надидаӣ, ки Худо абрҳоеро ба оҳистагӣ меронад, он гоҳ, онҳоро ба ҳам мепайвандад ва абре бузург падид меоварад ва боронро бинӣ, ки дар он ҷост, тагарг (жола) мефиристад ва ҳар киро хоҳад, бо он мезанад ва аз ҳар кӣ мехоҳад, бозаш медорад. Рӯшноии барқаш наздик бошад, ки дидагонро кӯр созад.