quranm◉

Мавзӯъҳо · tg (Саҳифа 4)

481 Оят · Мавзӯъҳо · tg

Al-Mu'minun 23:91

مَا ٱتَّخَذَ ٱللَّهُ مِن وَلَدٖ وَمَا كَانَ مَعَهُۥ مِنۡ إِلَٰهٍۚ إِذٗا لَّذَهَبَ كُلُّ إِلَٰهِۭ بِمَا خَلَقَ وَلَعَلَا بَعۡضُهُمۡ عَلَىٰ بَعۡضٖۚ سُبۡحَٰنَ ٱللَّهِ عَمَّا يَصِفُونَ ﴿٩١﴾

Аллоҳ ҳеҷ фарзанде надорад ва ҳеҷ маъбуде ҳамроҳи Ӯ нест. Агар чунин мебуд, ба монанди рафтори подшоҳони дунё ҳар маъбуде он чиро офарида буд, мебурд ва баъзе бар баъзе якдигар бартарӣ меҷустанд. Аллоҳ аз он гуна ки Ӯро васф мекунанд, (аз шарику фарзанд), пок аст.

Al-Mu'minun 23:92

عَٰلِمِ ٱلۡغَيۡبِ وَٱلشَّهَٰدَةِ فَتَعَٰلَىٰ عَمَّا يُشۡرِكُونَ ﴿٩٢﴾

Ӯ Аллоҳ донои ниҳону ошкор аст ва аз ҳар чи шарики Ӯ месозанд, бартар аст.

An-Nur 24:35

۞ٱللَّهُ نُورُ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضِۚ مَثَلُ نُورِهِۦ كَمِشۡكَوٰةٖ فِيهَا مِصۡبَاحٌۖ ٱلۡمِصۡبَاحُ فِي زُجَاجَةٍۖ ٱلزُّجَاجَةُ كَأَنَّهَا كَوۡكَبٞ دُرِّيّٞ يُوقَدُ مِن شَجَرَةٖ مُّبَٰرَكَةٖ زَيۡتُونَةٖ لَّا شَرۡقِيَّةٖ وَلَا غَرۡبِيَّةٖ يَكَادُ زَيۡتُهَا يُضِيٓءُ وَلَوۡ لَمۡ تَمۡسَسۡهُ نَارٞۚ نُّورٌ عَلَىٰ نُورٖۚ يَهۡدِي ٱللَّهُ لِنُورِهِۦ مَن يَشَآءُۚ وَيَضۡرِبُ ٱللَّهُ ٱلۡأَمۡثَٰلَ لِلنَّاسِۗ وَٱللَّهُ بِكُلِّ شَيۡءٍ عَلِيمٞ ﴿٣٥﴾

Аллоҳ нури осмонҳову замин аст. Масали нури Ӯ (Қуръон дар дили мӯъмин) чун чароғдонест, ки дар он чароғе бошад, он чароғ даруни шишае ва он шиша чун ситорае дурахшанда. Аз равғани дарахти пурбаракати зайтун, ки на шарқӣ аст (яъне, офтоб ба он дар охири рӯз бирасад) ва на ғарбӣ аст (яъне, офтоб ба он дар аввали рӯз мерасад, балки дар миёнаи замин аст). Равғанаш аз шафофиаш равшанӣ бахшад, ҳарчанд оташ ба он нарасида бошад. Нуре болои нур аст. Аллоҳ ҳар касро, ки бихоҳад, ба он нур (Қуръон) ҳидоят менамояд ва барои мардум масалҳо меоварад. Ва Аллоҳ таоло бар ҳама чиз доност!

An-Nur 24:41

أَلَمۡ تَرَ أَنَّ ٱللَّهَ يُسَبِّحُ لَهُۥ مَن فِي ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضِ وَٱلطَّيۡرُ صَـٰٓفَّـٰتٖۖ كُلّٞ قَدۡ عَلِمَ صَلَاتَهُۥ وَتَسۡبِيحَهُۥۗ وَٱللَّهُ عَلِيمُۢ بِمَا يَفۡعَلُونَ ﴿٤١﴾

Оё надидаӣ, ки ҳар чӣ дар осмонҳову замин аст ва низ мурғоне, ки болкушода дар парвозанд, тасбеҳгӯи Аллоҳ ҳастанд? Ҳамаи махлуқотро Аллоҳ таоло донондааст чӣ гуна Ӯро намозу тасбеҳ гӯянд. Ва Аллоҳ ба ҳар коре, ки мекунанд, огоҳ аст!

An-Nur 24:42

وَلِلَّهِ مُلۡكُ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضِۖ وَإِلَى ٱللَّهِ ٱلۡمَصِيرُ ﴿٤٢﴾

Ва хос барои Аллоҳ аст подшоҳии осмонҳову замин ва бозгашти ҳамагон назди Ӯст.

An-Nur 24:43

أَلَمۡ تَرَ أَنَّ ٱللَّهَ يُزۡجِي سَحَابٗا ثُمَّ يُؤَلِّفُ بَيۡنَهُۥ ثُمَّ يَجۡعَلُهُۥ رُكَامٗا فَتَرَى ٱلۡوَدۡقَ يَخۡرُجُ مِنۡ خِلَٰلِهِۦ وَيُنَزِّلُ مِنَ ٱلسَّمَآءِ مِن جِبَالٖ فِيهَا مِنۢ بَرَدٖ فَيُصِيبُ بِهِۦ مَن يَشَآءُ وَيَصۡرِفُهُۥ عَن مَّن يَشَآءُۖ يَكَادُ سَنَا بَرۡقِهِۦ يَذۡهَبُ بِٱلۡأَبۡصَٰرِ ﴿٤٣﴾

Оё надидаӣ, ки Аллоҳ абрҳоеро ба оҳистагӣ меронад, он гоҳ онҳоро ба ҳам мепайвандад, боз месозадаш рӯ ба рӯ болои ҳам? Пас мебинӣ боронро, ки хориҷ мешавад аз миёни он абр ва фуруд меорад аз ҷониби боло, аз кӯҳҳои абрӣ, ки он ҷоест, жоларо. Пас ҳар киро хоҳад, бо он осеб мерасонад ва аз ҳар кӣ мехоҳад, бозаш медорад. Раъду барқе, ки дар он абр буда қариб аст, ки бибарад нури чашмҳоро.

An-Nur 24:44

يُقَلِّبُ ٱللَّهُ ٱلَّيۡلَ وَٱلنَّهَارَۚ إِنَّ فِي ذَٰلِكَ لَعِبۡرَةٗ لِّأُوْلِي ٱلۡأَبۡصَٰرِ ﴿٤٤﴾

Яке аз нишонаҳои қудрати Аллоҳ таоло ин аст, ки Ӯ шабу рӯзро мегардонад. Бе гумон хирадмандонро дар ин ибратест.

An-Nur 24:45

وَٱللَّهُ خَلَقَ كُلَّ دَآبَّةٖ مِّن مَّآءٖۖ فَمِنۡهُم مَّن يَمۡشِي عَلَىٰ بَطۡنِهِۦ وَمِنۡهُم مَّن يَمۡشِي عَلَىٰ رِجۡلَيۡنِ وَمِنۡهُم مَّن يَمۡشِي عَلَىٰٓ أَرۡبَعٖۚ يَخۡلُقُ ٱللَّهُ مَا يَشَآءُۚ إِنَّ ٱللَّهَ عَلَىٰ كُلِّ شَيۡءٖ قَدِيرٞ ﴿٤٥﴾

Ва Аллоҳ ҳар ҷонвареро аз об биёфарид. Баъзе аз онҳо бар шикам мераванд (мор....) ва баъзе бар ду по мераванд (инсон) ва баъзе бар чаҳор по мераванд (чаҳорпоён). Аллоҳ ҳар чӣ бихоҳад, меофаринад. Ҳароина, Аллоҳ бар ҳар коре тавоност!

An-Nur 24:46

لَّقَدۡ أَنزَلۡنَآ ءَايَٰتٖ مُّبَيِّنَٰتٖۚ وَٱللَّهُ يَهۡدِي مَن يَشَآءُ إِلَىٰ صِرَٰطٖ مُّسۡتَقِيمٖ ﴿٤٦﴾

Ба таҳқиқ дар Қуръон оятҳои равшану возеҳ нозил кардаем ва Аллоҳ ҳар касро, ки бихоҳад, ба роҳи рост (Ислом) ҳидоят мекунад.

Al-Furqan 25:1

تَبَارَكَ ٱلَّذِي نَزَّلَ ٱلۡفُرۡقَانَ عَلَىٰ عَبۡدِهِۦ لِيَكُونَ لِلۡعَٰلَمِينَ نَذِيرًا ﴿١﴾

Бисёр бузургу боазамат аст, он ки ин Фурқон (Қуръон, яъне ҷудосозандаи ҳақ аз ботил)-ро бар бандаи Худ Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) нозил кард, то ҷаҳониёнро ба воситаи он аз азоби Аллоҳ бимдиҳандае бошад.

Al-Furqan 25:2

ٱلَّذِي لَهُۥ مُلۡكُ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضِ وَلَمۡ يَتَّخِذۡ وَلَدٗا وَلَمۡ يَكُن لَّهُۥ شَرِيكٞ فِي ٱلۡمُلۡكِ وَخَلَقَ كُلَّ شَيۡءٖ فَقَدَّرَهُۥ تَقۡدِيرٗا ﴿٢﴾

Он Зоте, ки аз они Ӯст фармонравоии осмонҳову замин ва фарзанде барои Худ нагирифтааст ва Ӯро шарике дар фармонравоӣ нест ва ҳар чизро биёфаридааст, пас онро ба андозаи муайян офаридааст.

Al-Furqan 25:3

وَٱتَّخَذُواْ مِن دُونِهِۦٓ ءَالِهَةٗ لَّا يَخۡلُقُونَ شَيۡـٔٗا وَهُمۡ يُخۡلَقُونَ وَلَا يَمۡلِكُونَ لِأَنفُسِهِمۡ ضَرّٗا وَلَا نَفۡعٗا وَلَا يَمۡلِكُونَ مَوۡتٗا وَلَا حَيَوٰةٗ وَلَا نُشُورٗا ﴿٣﴾

Ва гирифтанд мушрикон ба ҷуз Аллоҳ маъбудоне (бутҳое)-ро, ки ҳеҷ чиз намеофаринанд ва худ махлуқанд. На молики зиён ва на молики суди худ ҳастанд ва на молики маргу зиндагӣ ҳастанд ва наметавонанд аз нав зинда намуданро.

Al-Furqan 25:45

أَلَمۡ تَرَ إِلَىٰ رَبِّكَ كَيۡفَ مَدَّ ٱلظِّلَّ وَلَوۡ شَآءَ لَجَعَلَهُۥ سَاكِنٗا ثُمَّ جَعَلۡنَا ٱلشَّمۡسَ عَلَيۡهِ دَلِيلٗا ﴿٤٥﴾

Оё надидаӣ, ки Парвардигори ту чӣ гуна сояро мекашад? Агар мехост, дар як ҷо сокинаш мегардонд. Он гоҳ офтобро бар ӯ далел гардонидем.

Al-Furqan 25:46

ثُمَّ قَبَضۡنَٰهُ إِلَيۡنَا قَبۡضٗا يَسِيرٗا ﴿٤٦﴾

Боз ҷамъ карда гирифтем сояро оҳиста-оҳиста ба сӯи худ.

Al-Furqan 25:47

وَهُوَ ٱلَّذِي جَعَلَ لَكُمُ ٱلَّيۡلَ لِبَاسٗا وَٱلنَّوۡمَ سُبَاتٗا وَجَعَلَ ٱلنَّهَارَ نُشُورٗا ﴿٤٧﴾

Ӯст Зоте, ки шабро барои шумо либос (пӯшише) қарор дод ва хобро роҳате ва рӯзро барои шумо вақти бархостанатон аз хоб сохт, то ризқу рӯзии худро ҷустуҷӯ намоед.

Al-Furqan 25:48

وَهُوَ ٱلَّذِيٓ أَرۡسَلَ ٱلرِّيَٰحَ بُشۡرَۢا بَيۡنَ يَدَيۡ رَحۡمَتِهِۦۚ وَأَنزَلۡنَا مِنَ ٱلسَّمَآءِ مَآءٗ طَهُورٗا ﴿٤٨﴾

Ва Ӯст, ки фиристод бодҳоеро, ки абрҳоро мебаранд ва мардумро бо борон мужда медиҳанд, ин раҳматест аз ҷониби Парвардигор Ва аз осмон оби поке нозил кардем,

Al-Furqan 25:49

لِّنُحۡـِۧيَ بِهِۦ بَلۡدَةٗ مَّيۡتٗا وَنُسۡقِيَهُۥ مِمَّا خَلَقۡنَآ أَنۡعَٰمٗا وَأَنَاسِيَّ كَثِيرٗا ﴿٤٩﴾

то сарзамини мурдаро ба он борон зиндагӣ бахшем ва то бинӯшонем аз он чи офаридем чорпоёну мардумони бисёреро.

Al-Furqan 25:50

وَلَقَدۡ صَرَّفۡنَٰهُ بَيۡنَهُمۡ لِيَذَّكَّرُواْ فَأَبَىٰٓ أَكۡثَرُ ٱلنَّاسِ إِلَّا كُفُورٗا ﴿٥٠﴾

Ҳамоно боронҳои бисёре бар замин нозил кардем, то бияндешанд неъмати Аллоҳро ва сипосгузорӣ кунанд. Вале бештари мардум ба неъматҳои Мо носипосӣ карданд!

Al-Furqan 25:58

وَتَوَكَّلۡ عَلَى ٱلۡحَيِّ ٱلَّذِي لَا يَمُوتُ وَسَبِّحۡ بِحَمۡدِهِۦۚ وَكَفَىٰ بِهِۦ بِذُنُوبِ عِبَادِهِۦ خَبِيرًا ﴿٥٨﴾

Ва таввакал кун бар Аллоҳе, ки ҳамеша зинда аст Ӯ, ҳаргиз намирад ва ба покӣ ёд кун Ӯро. Ва Аллоҳ басандааст ба эътибори огоҳ будан ба гуноҳони бандагони худ. Ва ҳеҷ чиз бар Ӯ пӯшида намемонад ва ҳар якеро бар он ҳисоб мекунад ва ҷазои муносиб медиҳад.

Al-Furqan 25:59

ٱلَّذِي خَلَقَ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضَ وَمَا بَيۡنَهُمَا فِي سِتَّةِ أَيَّامٖ ثُمَّ ٱسۡتَوَىٰ عَلَى ٱلۡعَرۡشِۖ ٱلرَّحۡمَٰنُ فَسۡـَٔلۡ بِهِۦ خَبِيرٗا ﴿٥٩﴾

Аллоҳ Зотест, ки биёфарид осмонҳо ва заминро ва он чи дар миёни осмону замин аст, дар шаш рӯз, ва бар арши худ истиво ёфт. Ӯст Аллоҳи Меҳрубон ва дар бораи Ӯ (эй Паёмбар) аз касе бипурс, ки огоҳ бошад. (Яъне ба зоти поки Аллоҳ доност худи Ӯ ва медонад сифатҳои бузургии худро ва ҳеҷ касе донотар ба Аллоҳ таоло аз банда ва фиристодаи Ӯ Муҳаммад, -саллаллоҳу алайҳи ва саллам,- нест.)

Al-Furqan 25:60

وَإِذَا قِيلَ لَهُمُ ٱسۡجُدُواْۤ لِلرَّحۡمَٰنِ قَالُواْ وَمَا ٱلرَّحۡمَٰنُ أَنَسۡجُدُ لِمَا تَأۡمُرُنَا وَزَادَهُمۡ نُفُورٗا۩ ﴿٦٠﴾

Ва чун ба кофирон гуфта шуд, ки Раҳмонро саҷда кунед, гуфтанд: «Раҳмон кист? Оё бар ҳар кас, ки ту фармон медиҳӣ, саҷда кунем?» Ва зиёд кард ин сухан барои кофирон рамидан аз имон ва нафратро.

Al-Furqan 25:61

تَبَارَكَ ٱلَّذِي جَعَلَ فِي ٱلسَّمَآءِ بُرُوجٗا وَجَعَلَ فِيهَا سِرَٰجٗا وَقَمَرٗا مُّنِيرٗا ﴿٦١﴾

Бузургу боазамат аст, он касе, ки дар осмон бурҷҳо биёфарид ва дар он офтоби дурахшон ва моҳи тобон падид овард.

Al-Furqan 25:62

وَهُوَ ٱلَّذِي جَعَلَ ٱلَّيۡلَ وَٱلنَّهَارَ خِلۡفَةٗ لِّمَنۡ أَرَادَ أَن يَذَّكَّرَ أَوۡ أَرَادَ شُكُورٗا ﴿٦٢﴾

Ва Ӯст, ки шабу рӯзро барои касоне, ки мехоҳанд ибрат гиранд ё шукргузорӣ кунанд, аз пайи ҳам қарор дод.

An-Naml 27:59

قُلِ ٱلۡحَمۡدُ لِلَّهِ وَسَلَٰمٌ عَلَىٰ عِبَادِهِ ٱلَّذِينَ ٱصۡطَفَىٰٓۗ ءَآللَّهُ خَيۡرٌ أَمَّا يُشۡرِكُونَ ﴿٥٩﴾

Бигӯ эй Паёмбар: «Сипос Аллоҳро ва салом бар бандагони интихоб кардаи Ӯ. Оё Аллоҳ беҳтар аст ё он чизҳое, ки шарики Ӯ қарор медиҳанд? Онҳо на барои худ ва на барои дигарон нафъ ё зараре расонида наметавонанд.

An-Naml 27:60

أَمَّنۡ خَلَقَ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضَ وَأَنزَلَ لَكُم مِّنَ ٱلسَّمَآءِ مَآءٗ فَأَنۢبَتۡنَا بِهِۦ حَدَآئِقَ ذَاتَ بَهۡجَةٖ مَّا كَانَ لَكُمۡ أَن تُنۢبِتُواْ شَجَرَهَآۗ أَءِلَٰهٞ مَّعَ ٱللَّهِۚ بَلۡ هُمۡ قَوۡمٞ يَعۡدِلُونَ ﴿٦٠﴾

Оё ин маъбудони ботили шумо беҳтаранд ё касе, ки осмонҳову заминро офарид ва аз осмон бароятон об фиристод ва бо он боғҳои хуррам ва зебо рӯёнидем, ки шумо ҳаргиз тавони рӯёнидани дарахтони онро надоштед. Оё маъбуди дигаре ҳаст бо Аллоҳ? На, балки онҳо мардуме ҳастанд аз ҳақ каҷ мераванд ва бутҳоро бо Аллоҳ шарик меоваранд!

An-Naml 27:61

أَمَّن جَعَلَ ٱلۡأَرۡضَ قَرَارٗا وَجَعَلَ خِلَٰلَهَآ أَنۡهَٰرٗا وَجَعَلَ لَهَا رَوَٰسِيَ وَجَعَلَ بَيۡنَ ٱلۡبَحۡرَيۡنِ حَاجِزًاۗ أَءِلَٰهٞ مَّعَ ٱللَّهِۚ بَلۡ أَكۡثَرُهُمۡ لَا يَعۡلَمُونَ ﴿٦١﴾

Оё ин бутҳо беҳтаранд ё касе, ки заминро оромгоҳ сохт ва дар миёни он дарёҳо падид овард ва барои замин кӯҳҳоро собиту устувор сохт ва миёни ду баҳр монеае қарор дод? Оё маъбуди дигаре ҳаст бо Аллоҳ? На, балки аксари онҳо намедонанд!

An-Naml 27:62

أَمَّن يُجِيبُ ٱلۡمُضۡطَرَّ إِذَا دَعَاهُ وَيَكۡشِفُ ٱلسُّوٓءَ وَيَجۡعَلُكُمۡ خُلَفَآءَ ٱلۡأَرۡضِۗ أَءِلَٰهٞ مَّعَ ٱللَّهِۚ قَلِيلٗا مَّا تَذَكَّرُونَ ﴿٦٢﴾

Оё ин бутҳо беҳтаранд ё касе, ки дуои дармондаро чун бихонадаш, иҷобат мекунад ва ранҷ аз ӯ дур мекунад ва шуморо дар замин ҷонишини пешиниён месозад. Оё маъбуди дигаре ҳаст бо Аллоҳ? Чӣ андак панд мегиред!

An-Naml 27:63

أَمَّن يَهۡدِيكُمۡ فِي ظُلُمَٰتِ ٱلۡبَرِّ وَٱلۡبَحۡرِ وَمَن يُرۡسِلُ ٱلرِّيَٰحَ بُشۡرَۢا بَيۡنَ يَدَيۡ رَحۡمَتِهِۦٓۗ أَءِلَٰهٞ مَّعَ ٱللَّهِۚ تَعَٰلَى ٱللَّهُ عَمَّا يُشۡرِكُونَ ﴿٦٣﴾

Оё ин бутҳо беҳтаранд ё касе, ки шуморо дар торикиҳои биёбону дарё роҳ менамояд ва Он ки пеш аз борони раҳматаш бодҳоро ба мужда мефиристад? Оё маъбуди дигаре ҳаст бо Аллоҳ? Аллоҳ бартар аст аз ҳар чӣ шарики Ӯ месозанд!

An-Naml 27:64

أَمَّن يَبۡدَؤُاْ ٱلۡخَلۡقَ ثُمَّ يُعِيدُهُۥ وَمَن يَرۡزُقُكُم مِّنَ ٱلسَّمَآءِ وَٱلۡأَرۡضِۗ أَءِلَٰهٞ مَّعَ ٱللَّهِۚ قُلۡ هَاتُواْ بُرۡهَٰنَكُمۡ إِن كُنتُمۡ صَٰدِقِينَ ﴿٦٤﴾

Оё ин маъбудони ботил беҳтаранд ё касе, ки махлуқотро меофаринад, сипас онҳоро бори дигар бозмегардонад ва касе, ки аз осмону замин ба шумо рӯзӣ медиҳад. Оё маъбуди дигаре ҳаст бо Аллоҳ? Эй Паёмбар бигӯ: «Агар рост мегӯед: далелатонро биёваред!»

An-Naml 27:65

قُل لَّا يَعۡلَمُ مَن فِي ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضِ ٱلۡغَيۡبَ إِلَّا ٱللَّهُۚ وَمَا يَشۡعُرُونَ أَيَّانَ يُبۡعَثُونَ ﴿٦٥﴾

Эй Паёмбар, бигӯ: «Ҳеҷ кас дар осмонҳову замин ғайбро намедонад, магар Аллоҳ. Ва низ намедонанд чӣ вақт зинда мешаванд!»

Al-Qasas 28:68

وَرَبُّكَ يَخۡلُقُ مَا يَشَآءُ وَيَخۡتَارُۗ مَا كَانَ لَهُمُ ٱلۡخِيَرَةُۚ سُبۡحَٰنَ ٱللَّهِ وَتَعَٰلَىٰ عَمَّا يُشۡرِكُونَ ﴿٦٨﴾

Парвардигори ту ҳар чиро, ки бихоҳад, меофаринад ва ихтиёр мекунад. Вале онҳоро ҳеҷ тавони ихтиёр нест. Пок аст Аллоҳ ва аз ҳар чӣ барояш шарик месозанд, бартар аст.

Al-Qasas 28:69

وَرَبُّكَ يَعۡلَمُ مَا تُكِنُّ صُدُورُهُمۡ وَمَا يُعۡلِنُونَ ﴿٦٩﴾

Ва Парвардигори ту ҳар чиро, ки дар дил пинҳон доштаанд ё ошкор кардаанд, медонад.

Al-Qasas 28:70

وَهُوَ ٱللَّهُ لَآ إِلَٰهَ إِلَّا هُوَۖ لَهُ ٱلۡحَمۡدُ فِي ٱلۡأُولَىٰ وَٱلۡأٓخِرَةِۖ وَلَهُ ٱلۡحُكۡمُ وَإِلَيۡهِ تُرۡجَعُونَ ﴿٧٠﴾

Ӯст Аллоҳи якто. Ҳеҷ маъбуде барҳақ ғайри Ӯ нест. Ситоиш хоси Ӯст, чи дар ин ҷаҳон ва чи дар ҷаҳони дигар. Ва фармон, фармони Ӯст. Ва ҳамаи шумо ба сӯи Ӯ бозгардонда мешавед.

Al-Qasas 28:71

قُلۡ أَرَءَيۡتُمۡ إِن جَعَلَ ٱللَّهُ عَلَيۡكُمُ ٱلَّيۡلَ سَرۡمَدًا إِلَىٰ يَوۡمِ ٱلۡقِيَٰمَةِ مَنۡ إِلَٰهٌ غَيۡرُ ٱللَّهِ يَأۡتِيكُم بِضِيَآءٍۚ أَفَلَا تَسۡمَعُونَ ﴿٧١﴾

Бигӯ эй Расул: Хабар диҳед маро эй мардум: «Чӣ тасаввур мекунед, агар Аллоҳ шабатонро то рӯзи қиёмат тӯлонӣ созад? Ҷуз Ӯ кадом Аллоҳ аст, ки шуморо равшанӣ арзонӣ дорад? Магар намешунавед?»

Al-Qasas 28:72

قُلۡ أَرَءَيۡتُمۡ إِن جَعَلَ ٱللَّهُ عَلَيۡكُمُ ٱلنَّهَارَ سَرۡمَدًا إِلَىٰ يَوۡمِ ٱلۡقِيَٰمَةِ مَنۡ إِلَٰهٌ غَيۡرُ ٱللَّهِ يَأۡتِيكُم بِلَيۡلٖ تَسۡكُنُونَ فِيهِۚ أَفَلَا تُبۡصِرُونَ ﴿٧٢﴾

Бигӯ барояшон: хабар диҳед маро: «Чӣ тасаввур мекунед, агар Аллоҳ рӯзатонро то рӯзи қиёмат тӯлонӣ созад? Ҷуз Ӯ кадом маъбудест, ки барои шумо шабе оварад, ки дар он биёсоед? Магар нишонаҳо ва оёти Аллоҳро намебинед?

Al-Qasas 28:73

وَمِن رَّحۡمَتِهِۦ جَعَلَ لَكُمُ ٱلَّيۡلَ وَٱلنَّهَارَ لِتَسۡكُنُواْ فِيهِ وَلِتَبۡتَغُواْ مِن فَضۡلِهِۦ وَلَعَلَّكُمۡ تَشۡكُرُونَ ﴿٧٣﴾

Ва аз раҳмати Ӯ он ки барои шумо эй мардум, шабу рӯзро падид овард, то дар он шаб ором бигиред ва дар он рӯз ба талаби рӯзӣ бархезед, бошад, ки шукр гӯед».

Al-'Ankabut 29:19

أَوَلَمۡ يَرَوۡاْ كَيۡفَ يُبۡدِئُ ٱللَّهُ ٱلۡخَلۡقَ ثُمَّ يُعِيدُهُۥٓۚ إِنَّ ذَٰلِكَ عَلَى ٱللَّهِ يَسِيرٞ ﴿١٩﴾

Оё намебинанд, ки Аллоҳ чӣ гуна махлуқро меофаринад сипас аз нестӣ бозаш мегардонад? Бешубҳа, ин кор бар Аллоҳ осон аст.

Al-'Ankabut 29:20

قُلۡ سِيرُواْ فِي ٱلۡأَرۡضِ فَٱنظُرُواْ كَيۡفَ بَدَأَ ٱلۡخَلۡقَۚ ثُمَّ ٱللَّهُ يُنشِئُ ٱلنَّشۡأَةَ ٱلۡأٓخِرَةَۚ إِنَّ ٱللَّهَ عَلَىٰ كُلِّ شَيۡءٖ قَدِيرٞ ﴿٢٠﴾

Бигӯ эй Расул, барои мункирони баъс: Дар замин сайр кунед ва бингаред, ки чӣ гуна Аллоҳ мавҷудотро офарида. Сипас офариниши охиринро падид меоварад. Ба таҳқиқ, Аллоҳ бар ҳар чизе тавоност ва ҳеҷ чизе Ӯро оҷиз оварда наметавонад!

Al-'Ankabut 29:21

يُعَذِّبُ مَن يَشَآءُ وَيَرۡحَمُ مَن يَشَآءُۖ وَإِلَيۡهِ تُقۡلَبُونَ ﴿٢١﴾

Ҳар киро бихоҳад, азоб мекунад ва ҳар киро бихоҳад, мавриди раҳмат қарор медиҳад ва ҳама ба сӯи Ӯ бозгардонида мешавед.

Al-'Ankabut 29:22

وَمَآ أَنتُم بِمُعۡجِزِينَ فِي ٱلۡأَرۡضِ وَلَا فِي ٱلسَّمَآءِۖ وَمَا لَكُم مِّن دُونِ ٱللَّهِ مِن وَلِيّٖ وَلَا نَصِيرٖ ﴿٢٢﴾

Шумо наметавонед (Аллоҳро) дармонда кунед, на дар замин ва на дар осмон ва шуморо ҷуз Ӯ ҳеҷ корсозу ёваре нест!»

Al-'Ankabut 29:60

وَكَأَيِّن مِّن دَآبَّةٖ لَّا تَحۡمِلُ رِزۡقَهَا ٱللَّهُ يَرۡزُقُهَا وَإِيَّاكُمۡۚ وَهُوَ ٱلسَّمِيعُ ٱلۡعَلِيمُ ﴿٦٠﴾

Чӣ бисёр ҷунбандагоне, ки тавони таҳсили ба даст овардани рӯзии хеш надоранд ва Аллоҳ онҳоро ва шуморо рӯзӣ медиҳад. Ва Ӯ ба гуфтори шумо шунаво ва ба кирдор ва ниятҳои шумо доност!

Al-'Ankabut 29:61

وَلَئِن سَأَلۡتَهُم مَّنۡ خَلَقَ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضَ وَسَخَّرَ ٱلشَّمۡسَ وَٱلۡقَمَرَ لَيَقُولُنَّ ٱللَّهُۖ فَأَنَّىٰ يُؤۡفَكُونَ ﴿٦١﴾

Агар аз онҳо бипурсӣ эй Паёмбар: чӣ касе осмонҳову заминро офарида ва офтобу моҳро ром кардааст? Ҳатман, хоҳанд гуфт: Аллоҳи якто. Чунки ба инкори ин ҳақиқат қодир нестанд. Пас, чӣ гуна баъд аз ин эътироф баргардонида мешаванд аз роҳи ҳақ (аз тавҳид)?

Al-'Ankabut 29:62

ٱللَّهُ يَبۡسُطُ ٱلرِّزۡقَ لِمَن يَشَآءُ مِنۡ عِبَادِهِۦ وَيَقۡدِرُ لَهُۥٓۚ إِنَّ ٱللَّهَ بِكُلِّ شَيۡءٍ عَلِيمٞ ﴿٦٢﴾

Аллоҳ рӯзии ҳар як аз бандагонашро, ки бихоҳад, фаровон мекунад ё танг месозад, ҳар киро, ки хоҳад. Ҳароина, Аллоҳ ба умури ҳама чиз доност ва чизе бар Ӯ пӯшида намемонад!

Al-'Ankabut 29:63

وَلَئِن سَأَلۡتَهُم مَّن نَّزَّلَ مِنَ ٱلسَّمَآءِ مَآءٗ فَأَحۡيَا بِهِ ٱلۡأَرۡضَ مِنۢ بَعۡدِ مَوۡتِهَا لَيَقُولُنَّ ٱللَّهُۚ قُلِ ٱلۡحَمۡدُ لِلَّهِۚ بَلۡ أَكۡثَرُهُمۡ لَا يَعۡقِلُونَ ﴿٦٣﴾

Агар аз мушрикон бипурсӣ эй Паёмбар: Чӣ касе аз осмон борон фиристод ва замини мурдаро бо он зинда кард?» Ҳатман, хоҳанд гуфт: «Аллоҳи якто». Бигӯ: «Сипос Аллоҳрост!» Вале бештаринашон намефаҳманд чӣ ба онҳо суд меорад ва чӣ зарар мерасонад!

Al-'Ankabut 29:64

وَمَا هَٰذِهِ ٱلۡحَيَوٰةُ ٱلدُّنۡيَآ إِلَّا لَهۡوٞ وَلَعِبٞۚ وَإِنَّ ٱلدَّارَ ٱلۡأٓخِرَةَ لَهِيَ ٱلۡحَيَوَانُۚ لَوۡ كَانُواْ يَعۡلَمُونَ ﴿٦٤﴾

Зиндагонии ин дунё нест, ҷуз бозиву беҳудагӣ, ки дилҳо ба он саргарм мешаванд ва баданҳо ба он бозӣ мекунанд. Ба сабабе, ки дар он зебу зиннатҳо ва шаҳватҳо ороста шудааст. Баъд аз он зуд аз байн меравад. Ва зиндагии ҷаҳони охират, зиндагии ростин аст, агар мушрикон ин дунёи фониро медонистанд ҳеҷгоҳ бар сарои абадӣ тарҷеҳ намедоданд.

Ar-Rum 30:17

فَسُبۡحَٰنَ ٱللَّهِ حِينَ تُمۡسُونَ وَحِينَ تُصۡبِحُونَ ﴿١٧﴾

Пас, эй мӯъминон, ҳангоми шому субҳ Аллоҳро ба покӣ ёд кунед.

Ar-Rum 30:18

وَلَهُ ٱلۡحَمۡدُ فِي ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضِ وَعَشِيّٗا وَحِينَ تُظۡهِرُونَ ﴿١٨﴾

Ва сипосу ситоиш Ӯрост дар осмонҳову замин, ҳангоми аср ва ба ҳангоме ки ба нимрӯз мерасед.

Ar-Rum 30:19

يُخۡرِجُ ٱلۡحَيَّ مِنَ ٱلۡمَيِّتِ وَيُخۡرِجُ ٱلۡمَيِّتَ مِنَ ٱلۡحَيِّ وَيُحۡيِ ٱلۡأَرۡضَ بَعۡدَ مَوۡتِهَاۚ وَكَذَٰلِكَ تُخۡرَجُونَ ﴿١٩﴾

Аллоҳ таоло зиндаро аз мурда берун меорад (ба монанди берун овардани инсон аз нутфа ва берун овардани чӯҷа аз тухм) ва мурдаро аз зинда (ба монанди берун овардани нутфа аз инсон ва берун овардани тухм аз чӯҷа.) Ва заминро пас аз мурданаш зинда месозад ва шумо низ инчунин аз қабрҳо барои ҳисобу китоб берун карда мешавед.

Ar-Rum 30:20

وَمِنۡ ءَايَٰتِهِۦٓ أَنۡ خَلَقَكُم مِّن تُرَابٖ ثُمَّ إِذَآ أَنتُم بَشَرٞ تَنتَشِرُونَ ﴿٢٠﴾

Ва яке аз нишонаҳои бузург ва камоли қудрати Аллоҳ ин аст, ки падари шумо Одам (алайҳиссаломро) аз хок биёфарид, то он гоҳ инсонҳои зиёде шудед ва ба ҳар сӯ пароканда гаштед.

Ar-Rum 30:21

وَمِنۡ ءَايَٰتِهِۦٓ أَنۡ خَلَقَ لَكُم مِّنۡ أَنفُسِكُمۡ أَزۡوَٰجٗا لِّتَسۡكُنُوٓاْ إِلَيۡهَا وَجَعَلَ بَيۡنَكُم مَّوَدَّةٗ وَرَحۡمَةًۚ إِنَّ فِي ذَٰلِكَ لَأٓيَٰتٖ لِّقَوۡمٖ يَتَفَكَّرُونَ ﴿٢١﴾

Ва аз нишонаҳои далолаткунанда бар бузургии Ӯ ва камоли қудраташ он аст, ки бароятон аз ҷинси худатон ҳамсароне офарид, то бо онҳо оромиш ёбед ва миёни шумо дӯстиву меҳрубонӣ ниҳод. Албатта, дар ин офариниш ибратҳоест далолаткунанда бар қудрати Аллоҳ ва ягонагии Ӯ барои мардуме, ки меандешанд.

Мавзӯъҳо