Сура Al-Qalam 68:33
كَذَٰلِكَ ٱلۡعَذَابُۖ وَلَعَذَابُ ٱلۡأٓخِرَةِ أَكۡبَرُۚ لَوۡ كَانُواْ يَعۡلَمُونَ ﴿٣٣﴾
◉
Тарҷума
Инчунин аст азоб, монанди азобе, ки соҳибони он боғро мубтало кардем, ҳамин гуна азоби мо дар дунё барои касест, ки амри Аллоҳро мухолифат мекунад ва аз хайр кардани мол бахилӣ менамояд. Ва агар бидонанд, азоби охират бузургтар аст, албатта аз ҳар сабабе, ки мӯҷиби азоб аст, худро бартараф месохтанд!
Азоби [Аллоҳ таоло дар дунё] чунин аст ва агар медонистанд, азоби охират мусалламан бузургтар [-у бештар] аст.
Инчунин аст азоб! Ва агар бидонанд, азоби охират бузургтар аст!