quranm◉

Hizb 2

Range
from 2:92 to 2:157
Surahs covered
Тарҷума
66 Тарҷума

◉

2:92

وَلَقَدۡ جَآءَكُم مُّوسَىٰ بِٱلۡبَيِّنَٰتِ ثُمَّ ٱتَّخَذۡتُمُ ٱلۡعِجۡلَ مِنۢ بَعۡدِهِۦ وَأَنتُمۡ ظَٰلِمُونَ ﴿92﴾

Мӯсо ба шумо мӯъҷизаҳои равшан овард, ки далолаткунанда бар сидқи ӯст. Ба монанди тӯфон, малах, шабушк ва қурбоққа ва ғайр аз ин он чи ки Аллоҳ дар Қуръони азим зикр намудааст. Бо вуҷуди ин, шумо пас аз рафтани Мӯсо ба ваъдагоҳи Парвардигораш, гӯсоларо маъбуди худ гирифтед. Ва шумо ситамгор будед.

2:93

وَإِذۡ أَخَذۡنَا مِيثَٰقَكُمۡ وَرَفَعۡنَا فَوۡقَكُمُ ٱلطُّورَ خُذُواْ مَآ ءَاتَيۡنَٰكُم بِقُوَّةٖ وَٱسۡمَعُواْۖ قَالُواْ سَمِعۡنَا وَعَصَيۡنَا وَأُشۡرِبُواْ فِي قُلُوبِهِمُ ٱلۡعِجۡلَ بِكُفۡرِهِمۡۚ قُلۡ بِئۡسَمَا يَأۡمُرُكُم بِهِۦٓ إِيمَٰنُكُمۡ إِن كُنتُم مُّؤۡمِنِينَ ﴿93﴾

Ва ба ёд оред, - эй бани Исроил, вақте ки бо шумо паймони сахт бастем, ки қабул намоед он чӣ ки Мӯсо аз Таврот овард, пас аҳдро шикастед. Ва Мо кӯҳи Турро бар болои саратон бидоштем. Ва бароятон гуфтем: Акнун он чиро, ки бароятон фиристодем, маҳкам бигиред ва устувор бошед ва каломи Аллоҳро бишнавед. Пас гуфтед: «Шунидем суханатро ва нофармонӣ кардем». Зеро бар асари куфрашон парастиши гусола (яъне, муҳаббати гусола) дар дилҳояшон ҷой гирифта буд. Бигу: «Агар ба он чӣ мегуед, имон дошта бошед, имонатон шуморо ба бадкорӣ амр мекунад!».

2:94

قُلۡ إِن كَانَتۡ لَكُمُ ٱلدَّارُ ٱلۡأٓخِرَةُ عِندَ ٱللَّهِ خَالِصَةٗ مِّن دُونِ ٱلنَّاسِ فَتَمَنَّوُاْ ٱلۡمَوۡتَ إِن كُنتُمۡ صَٰدِقِينَ ﴿94﴾

Эй Паёмбар, ба яҳудиён, ки даъво мекунанд, ҷаннат хос барои онҳост ва гумон мекунанд, ки онҳо фарзандон ва дӯстони Аллоҳ ҳастанд, бигу: «Агар рост мегуед, ки сарои охират (ҷаннат) назди Аллоҳ хос барои шумост, на барои мардуми дигар, пас орзуи марг кунед».

2:95

وَلَن يَتَمَنَّوۡهُ أَبَدَۢا بِمَا قَدَّمَتۡ أَيۡدِيهِمۡۚ وَٱللَّهُ عَلِيمُۢ بِٱلظَّـٰلِمِينَ ﴿95﴾

Вале ба сабаби аъмоле, ки кардаанд, ҳаргиз орзуи марг нахоҳанд кард. (Зеро онҳо аз сидқи Паёмбар Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам бохабаранд. Ва ба сабаби он чи ки муртакиб шуданд аз куфру исён, худро аз ҷаннат маҳрум ва ба даромадани дӯзах лозим гардонданд.) Аллоҳ ситамкоронро мешиносад ва мувофиқи кирдорашон ҷазо хоҳад дод!

2:96

وَلَتَجِدَنَّهُمۡ أَحۡرَصَ ٱلنَّاسِ عَلَىٰ حَيَوٰةٖ وَمِنَ ٱلَّذِينَ أَشۡرَكُواْۚ يَوَدُّ أَحَدُهُمۡ لَوۡ يُعَمَّرُ أَلۡفَ سَنَةٖ وَمَا هُوَ بِمُزَحۡزِحِهِۦ مِنَ ٱلۡعَذَابِ أَن يُعَمَّرَۗ وَٱللَّهُ بَصِيرُۢ بِمَا يَعۡمَلُونَ ﴿96﴾

Албатта, медонӣ, эй Расул, яҳудиён сахт ҳаристаранд, ки умри бисёр бинанд, новобаста ҳаёт ҳарчанд бо хорию пастй бошад. Балки рағбаташон дар бисёр ҳаёт дидан, аз рағбати мушрикон ҳам зиёдтар аст. Яҳудиён таманно доранд, ки ҳазор сол дар ин дунё зиндагӣ кунанд, вале ин умри дароз онҳоро аз азоби Аллоҳ дур нахоҳад сохт. Бар Аллоҳ ҳеҷ чизе аз аъмолашон пинҳон нест ва зуд аст, ки онҳоро бар амалҳое, ки сазовори азоби Парвардигорашон аст, ҷазо хоҳад дод.

2:97

قُلۡ مَن كَانَ عَدُوّٗا لِّـجِبۡرِيلَ فَإِنَّهُۥ نَزَّلَهُۥ عَلَىٰ قَلۡبِكَ بِإِذۡنِ ٱللَّهِ مُصَدِّقٗا لِّمَا بَيۡنَ يَدَيۡهِ وَهُدٗى وَبُشۡرَىٰ لِلۡمُؤۡمِنِينَ ﴿97﴾

(Эй Расул, ба яхудиён, ҳангоме ки гуфтанд:) "Ҷабраил душмани мо аст" бигӯ: Касе, ки душмани Ҷабраил бошад, пас ба дурустӣ, ки Ҷабраил Қуръонро бар дили ту ба ҳукми Аллоҳи мутаъол фуруд овардааст, ки тасдиқкунандаи китобҳои пешина ва роҳнамо ба сӯи ҳақ ва муждадиҳанда барои мӯъминон аст.

2:98

مَن كَانَ عَدُوّٗا لِّلَّهِ وَمَلَـٰٓئِكَتِهِۦ وَرُسُلِهِۦ وَجِبۡرِيلَ وَمِيكَىٰلَ فَإِنَّ ٱللَّهَ عَدُوّٞ لِّلۡكَٰفِرِينَ ﴿98﴾

Ҳар кӣ душмани Аллоҳ ва фариштагони Ӯ ва паёмбаронаш ва хусусан душмани Ҷабраилу Микоил бошад, пас ҳамоно Аллоҳ кофиронро душман аст, зеро яҳудиён гумон доштанд, ки Ҷабраил душман ва Микоил дӯсти онон аст, пас Аллоҳ ба онҳо огоҳ кард, ки касе ба яке аз он малоик душманӣ кунад, ба дигаре низ душманӣ кардаст

2:99

وَلَقَدۡ أَنزَلۡنَآ إِلَيۡكَ ءَايَٰتِۭ بَيِّنَٰتٖۖ وَمَا يَكۡفُرُ بِهَآ إِلَّا ٱلۡفَٰسِقُونَ ﴿99﴾

Ва ба дурустӣ, ки ба сӯи ту, эй Расул, оятҳои равшан (яъне, ахбор ва сирру асрори яҳудиёни бани Исроил) - ро фуруд овардем, ки онҳо сидқан ва ҳақиқатан далолат бар паёмбарии ту мекунанд. Ба ҷуз фосиқон касе мункири ин оятҳо нахоҳад шуд.

2:100

أَوَكُلَّمَا عَٰهَدُواْ عَهۡدٗا نَّبَذَهُۥ فَرِيقٞ مِّنۡهُمۚ بَلۡ أَكۡثَرُهُمۡ لَا يُؤۡمِنُونَ ﴿100﴾

(Чи бадрафторӣ аст дар паймоншикании бани Исроил!) Ҳар бор ки бо Аллоҳ паймоне бастанд, гурӯҳе аз эшон паймоншиканӣ карданд. Пас ононро мебинӣ, ки имрӯз аҳд мебанданд ва фардо аҳд мешикананд, балки бештарашон (ба он чи ки Паёмбари Аллоҳ Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) овардааст,) бовар намекунанд!

2:101

وَلَمَّا جَآءَهُمۡ رَسُولٞ مِّنۡ عِندِ ٱللَّهِ مُصَدِّقٞ لِّمَا مَعَهُمۡ نَبَذَ فَرِيقٞ مِّنَ ٱلَّذِينَ أُوتُواْ ٱلۡكِتَٰبَ كِتَٰبَ ٱللَّهِ وَرَآءَ ظُهُورِهِمۡ كَأَنَّهُمۡ لَا يَعۡلَمُونَ ﴿101﴾

Ва замоне, ки Паёмбаре аз ҷониби Аллоҳ назди онҳо омад, ки тасдиқкунандаи чизе буд, ки бо худ доштанд, гурӯҳе аз аҳли китоб, китоби Аллоҳро пушти сарашон андохтанд, гуё ки аз он ҳеҷ намедонанд.

2:102

وَٱتَّبَعُواْ مَا تَتۡلُواْ ٱلشَّيَٰطِينُ عَلَىٰ مُلۡكِ سُلَيۡمَٰنَۖ وَمَا كَفَرَ سُلَيۡمَٰنُ وَلَٰكِنَّ ٱلشَّيَٰطِينَ كَفَرُواْ يُعَلِّمُونَ ٱلنَّاسَ ٱلسِّحۡرَ وَمَآ أُنزِلَ عَلَى ٱلۡمَلَكَيۡنِ بِبَابِلَ هَٰرُوتَ وَمَٰرُوتَۚ وَمَا يُعَلِّمَانِ مِنۡ أَحَدٍ حَتَّىٰ يَقُولَآ إِنَّمَا نَحۡنُ فِتۡنَةٞ فَلَا تَكۡفُرۡۖ فَيَتَعَلَّمُونَ مِنۡهُمَا مَا يُفَرِّقُونَ بِهِۦ بَيۡنَ ٱلۡمَرۡءِ وَزَوۡجِهِۦۚ وَمَا هُم بِضَآرِّينَ بِهِۦ مِنۡ أَحَدٍ إِلَّا بِإِذۡنِ ٱللَّهِۚ وَيَتَعَلَّمُونَ مَا يَضُرُّهُمۡ وَلَا يَنفَعُهُمۡۚ وَلَقَدۡ عَلِمُواْ لَمَنِ ٱشۡتَرَىٰهُ مَا لَهُۥ فِي ٱلۡأٓخِرَةِ مِنۡ خَلَٰقٖۚ وَلَبِئۡسَ مَا شَرَوۡاْ بِهِۦٓ أَنفُسَهُمۡۚ لَوۡ كَانُواْ يَعۡلَمُونَ ﴿102﴾

Яҳудиён пайравӣ карданд, ба он чи шайтонҳо ҷодугаронро дар аҳди подшоҳии Сулаймон писари Довуд сухан мегуфтанд. Ва Сулаймон кофир нашуд ва ҷодуро наомӯхт, валекин шайтонҳо, ки ба Аллоҳ кофир шуданд, мардумро барои вайрон кардани динашон, ҷоду меомӯзониданд. Ҳаминчунин яҳудиён пайравӣ карданд ҷодуе, ки ба ду малоика Ҳорут ва Морут фуруд оварда шуданд дар замини Бобил дар Ироқ. Ва ин имтиҳон ва санҷиши Аллоҳ барои бандагонаш буд. Ва он ду малоика ҳеҷ касро намеомӯзанд, магар он ки насиҳат мекарданд ва аз таълим гирифтани он бим мекарданд. Ва мегуфтанд: Мо барои озмоишем, ба таълим гирифтани ҷоду ва итоъат кардани шайтонҳо кофир машав! Пас мардум аз ду малоика ҷодуро ёд мегиранд, ки ба сабаби вай дар миёни мард ва зани вай ҷудоӣ меафкананд. Ва ҷодугарон ба он сеҳр наметавонанд ба касе зиён расонанд, магар ба хост ва ҳукми Аллоҳ. Ва мардум он чиро ёд мегиранд, ки ба онҳо зиён мерасонад ва фоидае барояшон намедиҳад. Ба таҳқиқ шайтонҳо ин ҷодуро ба яҳудиён равон карданд ва дар байнашон ин авҷ гирифт, ҳатто ба гумроҳӣ дучор шуданд. Ва яҳудиён медонистанд, ҳар кас ҷодуро ихтиёр намояд ва ҳақро тарк кунад, ӯро дар охират ҳеҷ баҳрае нест. Чи бадие аст, ки онҳо ҷоду ва куфрро бар имон ва мутобиати расул иваз карданд. Кош инро медонистанд.

2:103

وَلَوۡ أَنَّهُمۡ ءَامَنُواْ وَٱتَّقَوۡاْ لَمَثُوبَةٞ مِّنۡ عِندِ ٱللَّهِ خَيۡرٞۚ لَّوۡ كَانُواْ يَعۡلَمُونَ ﴿103﴾

Агар яҳудиён имон меоварданд ва метарсиданд, ҳароина медонистанд подоши Аллоҳ барояшон беҳтар аст аз ҷоду ва он чиро ки ба он касб намуданд. Агар медонистанд дар имону тақво чӣ савоб ҳосил мешуд, албатта имон меоварданд.

2:104

يَـٰٓأَيُّهَا ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ لَا تَقُولُواْ رَٰعِنَا وَقُولُواْ ٱنظُرۡنَا وَٱسۡمَعُواْۗ وَلِلۡكَٰفِرِينَ عَذَابٌ أَلِيمٞ ﴿104﴾

Эй касоне, ки имон овардаед, магуед ба Паёмбар Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам)-«роъино», зеро яҳудиён ба Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам "роъино" мегуфтанд. Ва қасди онҳо дашном буд. Бигуед эй мӯъминон: ба ивази "Роъино", "Унзурно", яъне. "ба мо нигоҳ кун!". Ва нек бишнавед, аз китоби Парвардигоратон, он чи ки тиловат карда мешавад. Ва инкоркунандагонро азоби дардовар аст.

2:105

مَّا يَوَدُّ ٱلَّذِينَ كَفَرُواْ مِنۡ أَهۡلِ ٱلۡكِتَٰبِ وَلَا ٱلۡمُشۡرِكِينَ أَن يُنَزَّلَ عَلَيۡكُم مِّنۡ خَيۡرٖ مِّن رَّبِّكُمۡۚ وَٱللَّهُ يَخۡتَصُّ بِرَحۡمَتِهِۦ مَن يَشَآءُۚ وَٱللَّهُ ذُو ٱلۡفَضۡلِ ٱلۡعَظِيمِ ﴿105﴾

Аз миёни аҳли китоб онон, ки кофир шуданд ва низ мушрикон дӯст намедоранд, ки аз ҷониби Парвардигор ба шумо хайре (яъне, Куръон, илм, нусрат ё башорат) бирасад. Ва ҳол он ки Аллоҳ ҳар касро, ки бихоҳад, ба раҳмати хеш хос мегардонад ва Алдоҳ дорои фазли бузург аст.

2:106

مَا نَنسَخۡ مِنۡ ءَايَةٍ أَوۡ نُنسِهَا نَأۡتِ بِخَيۡرٖ مِّنۡهَآ أَوۡ مِثۡلِهَآۗ أَلَمۡ تَعۡلَمۡ أَنَّ ٱللَّهَ عَلَىٰ كُلِّ شَيۡءٖ قَدِيرٌ ﴿106﴾

Ҳеҷ оятеро бекор ё тарк намекунем, магар он ки беҳтар аз он ё ба монанди онро меоварем. Оё намедонӣ, Эй Паёмбар, ки Аллоҳ ба ҳар коре тавоност ва Ӯро ҳеҷ чиз оҷиз карда наметавонад?

2:107

أَلَمۡ تَعۡلَمۡ أَنَّ ٱللَّهَ لَهُۥ مُلۡكُ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضِۗ وَمَا لَكُم مِّن دُونِ ٱللَّهِ مِن وَلِيّٖ وَلَا نَصِيرٍ ﴿107﴾

Оё намедонӣ, ки Аллоҳ подшоҳи осмонҳо ва замин аст, он чи ки хоҳад мекунад ва чӣ гунае, ки хоҳад бандагонашро амр ва наҳй мекунад. Ва ба ҷуз Аллоҳ барои шумо дигаре ҳеҷ дӯсту ёридиҳандае нест.

2:108

أَمۡ تُرِيدُونَ أَن تَسۡـَٔلُواْ رَسُولَكُمۡ كَمَا سُئِلَ مُوسَىٰ مِن قَبۡلُۗ وَمَن يَتَبَدَّلِ ٱلۡكُفۡرَ بِٱلۡإِيمَٰنِ فَقَدۡ ضَلَّ سَوَآءَ ٱلسَّبِيلِ ﴿108﴾

Оё мехоҳед аз паёмбари худ чизе бипурсед, (ба қасди саркашӣ), ҳамчунон ки қавми Мӯсо пеш аз ин аз Мӯсо пурсида буданд? Он кас, ки куфрро ба ҷои имон ихтиёр кунад, чун касест, ки роҳи ростро гум карда бошад.

2:109

وَدَّ كَثِيرٞ مِّنۡ أَهۡلِ ٱلۡكِتَٰبِ لَوۡ يَرُدُّونَكُم مِّنۢ بَعۡدِ إِيمَٰنِكُمۡ كُفَّارًا حَسَدٗا مِّنۡ عِندِ أَنفُسِهِم مِّنۢ بَعۡدِ مَا تَبَيَّنَ لَهُمُ ٱلۡحَقُّۖ فَٱعۡفُواْ وَٱصۡفَحُواْ حَتَّىٰ يَأۡتِيَ ٱللَّهُ بِأَمۡرِهِۦٓۗ إِنَّ ٱللَّهَ عَلَىٰ كُلِّ شَيۡءٖ قَدِيرٞ ﴿109﴾

Бисёре аз аҳли китоб, бо он ки ҳақиқат бар онҳо ошкор шуда, аз рӯӣ ҳасад дӯст доранд шуморо пас аз имон оварданатон ба куфр бозгардонанд. Афв кунед аз камбудӣ ва хатогиҳояшон ва гузашт кунед аз ҷаҳолаташон, то Аллоҳ фармонашро биёварад, ва ба афъоли бадашон онҳоро ба азоб гирифтор кунад, ки Ӯ бар ҳар коре тавоност!

2:110

وَأَقِيمُواْ ٱلصَّلَوٰةَ وَءَاتُواْ ٱلزَّكَوٰةَۚ وَمَا تُقَدِّمُواْ لِأَنفُسِكُم مِّنۡ خَيۡرٖ تَجِدُوهُ عِندَ ٱللَّهِۗ إِنَّ ٱللَّهَ بِمَا تَعۡمَلُونَ بَصِيرٞ ﴿110﴾

Эй мӯъминон, намозро барпо доред ба тариқи саҳеҳ ва закоти фарзшударо адо намоед! Ба бидонед, ҳар некиеро, ки пешопеш барои худ мефиристед, подоши онро назди Аллоҳ хоҳед ёфт. Албатта Аллоҳ ба корҳое, ки мекунед, биност.

2:111

وَقَالُواْ لَن يَدۡخُلَ ٱلۡجَنَّةَ إِلَّا مَن كَانَ هُودًا أَوۡ نَصَٰرَىٰۗ تِلۡكَ أَمَانِيُّهُمۡۗ قُلۡ هَاتُواْ بُرۡهَٰنَكُمۡ إِن كُنتُمۡ صَٰدِقِينَ ﴿111﴾

Ҳар як аз яҳудиён ё насрониён даъво карда гуфтанд: «Ғайр аз яҳудиён ва насрониён касе ба биҳишт намеравад». Ин орзуи ботили онҳост. Бигу барояшон, эй Расул: Бар саҳеҳ будани даъвоятон ҳуҷҷататонро биёваред, агар шумо ростгу бошед.

2:112

بَلَىٰۚ مَنۡ أَسۡلَمَ وَجۡهَهُۥ لِلَّهِ وَهُوَ مُحۡسِنٞ فَلَهُۥٓ أَجۡرُهُۥ عِندَ رَبِّهِۦ وَلَا خَوۡفٌ عَلَيۡهِمۡ وَلَا هُمۡ يَحۡزَنُونَ ﴿112﴾

Амр ин тавр нест, чунон ки гумон кардаанд, ки ҷаннат барои тоифаи махсусе аст. Оре, ҳар кас, ки аз рӯи ихлос рӯ ба Аллоҳ кунад ва ба Ӯ касеро шарик наорад, некӯкор бувад. Ва дар гуфтор ва кирдораш ва бо Паёмбари Аллоҳ Муҳаммад -саллаллоҳу алайҳи ва саллам пайравӣ намояд, пас ҳар касе, ки инҳоро анҷом дод, дар охират муздашро аз Парвардигораш хоҳад гирифт. Дохил шудани биҳишт чунин аст. Ва онҳо аз биму ҳароси охират дар тарс нестанд ва андӯҳгин намешаванд.

2:113

وَقَالَتِ ٱلۡيَهُودُ لَيۡسَتِ ٱلنَّصَٰرَىٰ عَلَىٰ شَيۡءٖ وَقَالَتِ ٱلنَّصَٰرَىٰ لَيۡسَتِ ٱلۡيَهُودُ عَلَىٰ شَيۡءٖ وَهُمۡ يَتۡلُونَ ٱلۡكِتَٰبَۗ كَذَٰلِكَ قَالَ ٱلَّذِينَ لَا يَعۡلَمُونَ مِثۡلَ قَوۡلِهِمۡۚ فَٱللَّهُ يَحۡكُمُ بَيۡنَهُمۡ يَوۡمَ ٱلۡقِيَٰمَةِ فِيمَا كَانُواْ فِيهِ يَخۡتَلِفُونَ ﴿113﴾

Ва яҳудиён гуфтанд: Насрониён бар ҳеҷ чиз аз дини ҳақ нестанд ва инчунин насрониён дар ҳаққи яҳудиён гуфтанд. Ва ҳол он ки онон Таврот ва Инҷилро мехонданд. Ҳамчунин монанди қавли онҳо ба ҳар як диндор гуфтанд: Ту бар ҳеҷ чиз дар дини ҳақ нестӣ! Пас, Аллоҳ рӯзи қиёмат миёни онҳо дар он чӣ ихтилоф доранд, ҳукм мекунад. Ва ҳар якеро мувофиқ бар амалаш ҷазо хоҳад дод.

2:114

وَمَنۡ أَظۡلَمُ مِمَّن مَّنَعَ مَسَٰجِدَ ٱللَّهِ أَن يُذۡكَرَ فِيهَا ٱسۡمُهُۥ وَسَعَىٰ فِي خَرَابِهَآۚ أُوْلَـٰٓئِكَ مَا كَانَ لَهُمۡ أَن يَدۡخُلُوهَآ إِلَّا خَآئِفِينَۚ لَهُمۡ فِي ٱلدُّنۡيَا خِزۡيٞ وَلَهُمۡ فِي ٱلۡأٓخِرَةِ عَذَابٌ عَظِيمٞ ﴿114﴾

Ва нест касе золимтар аз онон, ки ёд кардани номи Аллоҳро дар масҷидҳо аз барпо доштани намоз ва тиловати Қуръон ва монанди он манъ мекунанд ва дар вайронии онҳо мекӯшанд. Ин гурӯҳ золимонро сазовор аст, ки ҳаросону тарсон ба масҷидҳо дароянд. Онҳоро дар дунё хорӣ ва дар охират азоби бузургест.

2:115

وَلِلَّهِ ٱلۡمَشۡرِقُ وَٱلۡمَغۡرِبُۚ فَأَيۡنَمَا تُوَلُّواْ فَثَمَّ وَجۡهُ ٱللَّهِۚ إِنَّ ٱللَّهَ وَٰسِعٌ عَلِيمٞ ﴿115﴾

Машриқу Мағриб ва мобайни он аз они Аллоҳ аст. Ӯ подшоҳи ҳамаи замин аст. Пас бар ҳар ҷое, ки рӯ оред (дар намоз) ҳамон ҷо рӯ ба Аллоҳ аст. Шумо аз мулк ва тоъати Ӯ берун нестед. Ба дурустӣ, ки Аллоҳ фарохнеъмату доност!

2:116

وَقَالُواْ ٱتَّخَذَ ٱللَّهُ وَلَدٗاۗ سُبۡحَٰنَهُۥۖ بَل لَّهُۥ مَا فِي ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضِۖ كُلّٞ لَّهُۥ قَٰنِتُونَ ﴿116﴾

Яҳудиён, насрониён ва мушрикон гуфтанд, ки Аллоҳ барои худ фарзанде гирифт. Пок аст Ӯ! Балки ҳар чӣ дар осмонҳо ва замин аст, аз они Ӯст ва ҳама фармонбардори Ӯянд!

2:117

بَدِيعُ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضِۖ وَإِذَا قَضَىٰٓ أَمۡرٗا فَإِنَّمَا يَقُولُ لَهُۥ كُن فَيَكُونُ ﴿117﴾

Аллоҳ таъоло офаринандаи осмонҳо ва замин аст. Чун иродаи чизе кунад, мегӯяд: «Мавҷуд шав!» Ва он чиз мавҷуд мешавад.

2:118

وَقَالَ ٱلَّذِينَ لَا يَعۡلَمُونَ لَوۡلَا يُكَلِّمُنَا ٱللَّهُ أَوۡ تَأۡتِينَآ ءَايَةٞۗ كَذَٰلِكَ قَالَ ٱلَّذِينَ مِن قَبۡلِهِم مِّثۡلَ قَوۡلِهِمۡۘ تَشَٰبَهَتۡ قُلُوبُهُمۡۗ قَدۡ بَيَّنَّا ٱلۡأٓيَٰتِ لِقَوۡمٖ يُوقِنُونَ ﴿118﴾

Нодонони ахли китоб ва ғайри онҳо (аз рӯи кибрашон ба Паёмбари Аллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам) гуфтанд: «Чаро Аллоҳ бо мо сухан намегӯяд, ки ту ҳақиқатан фиристодаи Ӯ ҳастӣ? Ё мӯъҷизае бар мо намеояд, ки бар сидқи паёмбарии ту далолат кунад?» Касоне, ки пеш аз онҳо буданд, низ саркашона чунин суханоне мегуфтанд. Ба сабабе, ки дилҳояшон ҳамонанди якдигар аст. Ҳамоно Мо барои гурӯҳе, ки ба Аллоҳ имони ҳақиқӣ ки доранд, нишонаҳое баён кардаем.

2:119

إِنَّآ أَرۡسَلۡنَٰكَ بِٱلۡحَقِّ بَشِيرٗا وَنَذِيرٗاۖ وَلَا تُسۡـَٔلُ عَنۡ أَصۡحَٰبِ ٱلۡجَحِيمِ ﴿119﴾

Мо туро ба дини ҳақ, ки асоси он бар Қуръону Суннат аст, ба паёмбарӣ фиристодем, то мужда диҳӣ ба мардум хайри дунёву охиратро ва битарсонӣ саркашонро аз азоби Аллоҳ. Ту масъул нестӣ ба онон, ки ба ту куфр овардаанд. Пас албатта онон рӯзи қиёмат дохили дӯзах шаванд ва аз он берун наоянд.

2:120

وَلَن تَرۡضَىٰ عَنكَ ٱلۡيَهُودُ وَلَا ٱلنَّصَٰرَىٰ حَتَّىٰ تَتَّبِعَ مِلَّتَهُمۡۗ قُلۡ إِنَّ هُدَى ٱللَّهِ هُوَ ٱلۡهُدَىٰۗ وَلَئِنِ ٱتَّبَعۡتَ أَهۡوَآءَهُم بَعۡدَ ٱلَّذِي جَآءَكَ مِنَ ٱلۡعِلۡمِ مَا لَكَ مِنَ ٱللَّهِ مِن وَلِيّٖ وَلَا نَصِيرٍ ﴿120﴾

Яҳудон ва насрониён аз ту, эй Расул, ҳаргиз хушнуд намешаванд, то ки ба динашон пайравӣ накунӣ! Ба онҳо бигӯ: Дини ислом ин дини саҳеҳ аст. Ва агар ту орзуҳои ботили онҳоро пайравӣ кунӣ, баъди он чи аз ваҳй туро омад, пас туро барои халос аз азоби Аллоҳ ҳеҷ дӯсте ва ёридиҳандае набошад. (Гарчанде ин оят хитоб ба Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) бошад, вале ба ҳамаи уммат далолат мекунад).

2:121

ٱلَّذِينَ ءَاتَيۡنَٰهُمُ ٱلۡكِتَٰبَ يَتۡلُونَهُۥ حَقَّ تِلَاوَتِهِۦٓ أُوْلَـٰٓئِكَ يُؤۡمِنُونَ بِهِۦۗ وَمَن يَكۡفُرۡ بِهِۦ فَأُوْلَـٰٓئِكَ هُمُ ٱلۡخَٰسِرُونَ ﴿121﴾

Касоне, ки аз яҳудиён ва насрониён ба онон китоби Тавротро додаем ва ончунон, ки лоиқ аст, онро мехонанд ва ба тамоми фармудаи он пайравӣ мекунанд ва ба ҷамиъи паёмбарон имон меоранд ва хусусан ба паёмбари охир замон Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ва ба он чи ба ӯ фуруд оварда шудааст, имон меоранд. Аммо онон, ки баъзе китобро тағйиру табдил доданд ва баъзе аз оёташро пинҳон карданд. Ин касон ба Паёмбар Муҳаммад (саллаллоху алайҳи ва саллам) ва ба он чи ба ӯ фуруд оварда шудааст, кофир ҳастанд. Онҳо дар назди Аллоҳ аз сахттарин зиёнкорон ҳастанд.

2:122

يَٰبَنِيٓ إِسۡرَـٰٓءِيلَ ٱذۡكُرُواْ نِعۡمَتِيَ ٱلَّتِيٓ أَنۡعَمۡتُ عَلَيۡكُمۡ وَأَنِّي فَضَّلۡتُكُمۡ عَلَى ٱلۡعَٰلَمِينَ ﴿122﴾

Эй бани Исроил, ёд кунед, аз он неъмате, ки бар шумо фаровон ато кардам ва шуморо дар он замон ба бисёр будани паёмбарон аз шумо ва ба он чи фуруд оварда шуд ба онҳо аз китобҳо, бар ҷаҳониён, бартарӣ ва бузургӣ додам!

2:123

وَٱتَّقُواْ يَوۡمٗا لَّا تَجۡزِي نَفۡسٌ عَن نَّفۡسٖ شَيۡـٔٗا وَلَا يُقۡبَلُ مِنۡهَا عَدۡلٞ وَلَا تَنفَعُهَا شَفَٰعَةٞ وَلَا هُمۡ يُنصَرُونَ ﴿123﴾

Ва битарсед аз рӯзи қиёмат, ки касе аз касе чизеро манъ насозад ва фидя пазируфта нашавад, ки вайро аз азоб наҷот диҳад ва касеро шафоъат суд надиҳад ва онҳо ёрӣ дода нашаванд.

2:124

وَإِذِ ٱبۡتَلَىٰٓ إِبۡرَٰهِـۧمَ رَبُّهُۥ بِكَلِمَٰتٖ فَأَتَمَّهُنَّۖ قَالَ إِنِّي جَاعِلُكَ لِلنَّاسِ إِمَامٗاۖ قَالَ وَمِن ذُرِّيَّتِيۖ قَالَ لَا يَنَالُ عَهۡدِي ٱلظَّـٰلِمِينَ ﴿124﴾

Эй Паёмбар, ба ёд ор вақтеро, ки Парвардигори Иброҳим ӯро ба чанд калимае биёзмуд ва Иброҳим ҳамаи он корҳоро пурра ба анҷом расонид. Аллоҳ ба ӯ гуфт: «Ман туро пешвои мардум мегардонам». Иброҳим гуфт: «Ва аз фарзандони ман низ пешвоён пайдо кун!» Аллоҳ фармуд: «Пешвоӣ дар дин ба ситамкорон намерасад».

2:125

وَإِذۡ جَعَلۡنَا ٱلۡبَيۡتَ مَثَابَةٗ لِّلنَّاسِ وَأَمۡنٗا وَٱتَّخِذُواْ مِن مَّقَامِ إِبۡرَٰهِـۧمَ مُصَلّٗىۖ وَعَهِدۡنَآ إِلَىٰٓ إِبۡرَٰهِـۧمَ وَإِسۡمَٰعِيلَ أَن طَهِّرَا بَيۡتِيَ لِلطَّآئِفِينَ وَٱلۡعَٰكِفِينَ وَٱلرُّكَّعِ ٱلسُّجُودِ ﴿125﴾

Эй Паёмбар, ба ёд ор, вақте ки Каъбаро ҷои ҷамъшавӣ (барои ҳаҷ, умра, тавоф ва намоз) ва макони амни мардум сохтем. Ва душман ба онҷо ғайрати даромадан надорад. Ва гуфтем: Мақоми Иброҳимро намозгоҳи хеш гиред. Ба сӯи Иброҳим ва писараш Исмоил ваҳй фиристодем: «Хонаи маро барои тавофкунандагону эътикофкунандагон ва рукӯъу саҷдакунандагон покиза доред!»

2:126

وَإِذۡ قَالَ إِبۡرَٰهِـۧمُ رَبِّ ٱجۡعَلۡ هَٰذَا بَلَدًا ءَامِنٗا وَٱرۡزُقۡ أَهۡلَهُۥ مِنَ ٱلثَّمَرَٰتِ مَنۡ ءَامَنَ مِنۡهُم بِٱللَّهِ وَٱلۡيَوۡمِ ٱلۡأٓخِرِۚ قَالَ وَمَن كَفَرَ فَأُمَتِّعُهُۥ قَلِيلٗا ثُمَّ أَضۡطَرُّهُۥٓ إِلَىٰ عَذَابِ ٱلنَّارِۖ وَبِئۡسَ ٱلۡمَصِيرُ ﴿126﴾

Эй Паёмбар, ба ёд ор, вақте ки Иброҳим дар дуъояш гуфт: «Эй Парвардигори ман, ин шаҳри Маккаро ҷои амн гардон ва аз сокинонаш касеро, ки ба Аллоҳ ва рӯзи қиёмат имон доранд, аз ҳар меваҳо рӯзӣ деҳ!». Аллоҳ фармуд: «Ҳар кас, ки кофир шуд, ӯро андаке дар ин дунё баҳраманд гардонам, сипас ба азоби оташ дучораш гардонам», чӣ ҷои бозгашти бадест!

2:127

وَإِذۡ يَرۡفَعُ إِبۡرَٰهِـۧمُ ٱلۡقَوَاعِدَ مِنَ ٱلۡبَيۡتِ وَإِسۡمَٰعِيلُ رَبَّنَا تَقَبَّلۡ مِنَّآۖ إِنَّكَ أَنتَ ٱلسَّمِيعُ ٱلۡعَلِيمُ ﴿127﴾

Эй Паёмбар, ба ёд ор, вақте ки Иброҳим ва Исмоил асосҳои хонаро баланд мекарданд, ва ҳар ду бо хушӯъ дуъо карда гуфтанд: «Эй Парвардигори мо, аз мо амалҳои шоиста ва дуъоямонро бипазир, ки ту шунаво ба суханони бандагонат ва доно ҳастӣ ба аҳволи онҳо!»

2:128

رَبَّنَا وَٱجۡعَلۡنَا مُسۡلِمَيۡنِ لَكَ وَمِن ذُرِّيَّتِنَآ أُمَّةٗ مُّسۡلِمَةٗ لَّكَ وَأَرِنَا مَنَاسِكَنَا وَتُبۡ عَلَيۡنَآۖ إِنَّكَ أَنتَ ٱلتَّوَّابُ ٱلرَّحِيمُ ﴿128﴾

Эй Парвардигори мо, моро устувор бар ислом ва фармонбардори аҳкоми хеш соз ва низ фарзандони моро фармонбардори хеш гардон ва тарзи ибодатҳои моро ба мо нишон бидеҳ ва тавбаи мо бипазир, ки Ту тавбапазиранда ва меҳрубон ҳастӣ!

2:129

رَبَّنَا وَٱبۡعَثۡ فِيهِمۡ رَسُولٗا مِّنۡهُمۡ يَتۡلُواْ عَلَيۡهِمۡ ءَايَٰتِكَ وَيُعَلِّمُهُمُ ٱلۡكِتَٰبَ وَٱلۡحِكۡمَةَ وَيُزَكِّيهِمۡۖ إِنَّكَ أَنتَ ٱلۡعَزِيزُ ٱلۡحَكِيمُ ﴿129﴾

Эй Парвардигори мо, дар ин уммат (аз зурриёти Исмоил) паёмбаре бар онҳо бифирист, то оёти туро бар онҳо бихонад ва ба онҳо китобу ҳикмат биёмӯзонад ва онҳоро аз ширку бадахлоқӣ покиза созад ва Ту азизӣ, чизе монеъи Ту шуда наметавонад ва ҳаким ҳастӣ, ҳама чизро дар мавзеъи худаш мегузорӣ!

2:130

وَمَن يَرۡغَبُ عَن مِّلَّةِ إِبۡرَٰهِـۧمَ إِلَّا مَن سَفِهَ نَفۡسَهُۥۚ وَلَقَدِ ٱصۡطَفَيۡنَٰهُ فِي ٱلدُّنۡيَاۖ وَإِنَّهُۥ فِي ٱلۡأٓخِرَةِ لَمِنَ ٱلصَّـٰلِحِينَ ﴿130﴾

Ва касе, ки аз дини Иброҳим (яъне дини Ислом) рӯй барметобад, худро хор кард. Ва ба таҳқиқ Иброҳимро дар дунё баргузидем ва ӯро низ аз шоистагоне қарор додем, ки барояшон дар охират олитарин дараҷаҳо аст.

2:131

إِذۡ قَالَ لَهُۥ رَبُّهُۥٓ أَسۡلِمۡۖ قَالَ أَسۡلَمۡتُ لِرَبِّ ٱلۡعَٰلَمِينَ ﴿131﴾

Ва сабаби ин ихтиёр бетараддуд қабул кардани ӯ дини ислом аст. Вақте ки Парвардигораш ба ӯ гуфт: «Ба тоъати Парвардигорат таслим шав». Иброҳим гуфт: «Ман дар баробари Парвардигори ҷаҳониён бо ихлосу тавҳид ва муҳаббату тавба таслимам».

2:132

وَوَصَّىٰ بِهَآ إِبۡرَٰهِـۧمُ بَنِيهِ وَيَعۡقُوبُ يَٰبَنِيَّ إِنَّ ٱللَّهَ ٱصۡطَفَىٰ لَكُمُ ٱلدِّينَ فَلَا تَمُوتُنَّ إِلَّا وَأَنتُم مُّسۡلِمُونَ ﴿132﴾

Иброҳим ва Яъқуб ба фарзандони худ ба ин калима васият карданд, «Эй фарзандони ман, Аллоҳ барои шумо ин динро ихтиёр кардааст, ва ин дини ислом аст, ки Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ба ин дин омад ва дар айёми зиндагиатон аз он ҷудо машавед, пас аз ин ҷаҳон намиред, магар ин ки шумо фармонбардор бошед». (Яъне, дар дини ислом бошед.)

2:133

أَمۡ كُنتُمۡ شُهَدَآءَ إِذۡ حَضَرَ يَعۡقُوبَ ٱلۡمَوۡتُ إِذۡ قَالَ لِبَنِيهِ مَا تَعۡبُدُونَ مِنۢ بَعۡدِيۖ قَالُواْ نَعۡبُدُ إِلَٰهَكَ وَإِلَٰهَ ءَابَآئِكَ إِبۡرَٰهِـۧمَ وَإِسۡمَٰعِيلَ وَإِسۡحَٰقَ إِلَٰهٗا وَٰحِدٗا وَنَحۡنُ لَهُۥ مُسۡلِمُونَ ﴿133﴾

Эй яҳудиён, оё шумо ҳозир будед, он гоҳ, ки марги Яъқуб фаро расид ва ба фарзандонаш гуфт: «Пас аз ман, чӣ чизро мепарастед?» Гуфтанд: «Маъбуди ту ва маъбуди падарони туро, ки Иброҳиму Исмоилу Исҳоқанд ва ба яктоӣ хоҳем парастид ва дар баробари Ӯ фармонбардор ҳастем».

2:134

تِلۡكَ أُمَّةٞ قَدۡ خَلَتۡۖ لَهَا مَا كَسَبَتۡ وَلَكُم مَّا كَسَبۡتُمۡۖ وَلَا تُسۡـَٔلُونَ عَمَّا كَانُواْ يَعۡمَلُونَ ﴿134﴾

Онҳо умматҳое буданд, ки дар ҳақиқат даргузаштаанд. Он чӣ карда буданд, аз они онҳост ва он чӣ шумо кунед, аз они шумост ва шуморо аз аъмоле, ки онҳо кардаанд, намепурсанд. Ва ҳар касе ба он чи кард, ҷазо хоҳад дид ва касе ба гуноҳи касе азоб карда намешавад.

2:135

وَقَالُواْ كُونُواْ هُودًا أَوۡ نَصَٰرَىٰ تَهۡتَدُواْۗ قُلۡ بَلۡ مِلَّةَ إِبۡرَٰهِـۧمَ حَنِيفٗاۖ وَمَا كَانَ مِنَ ٱلۡمُشۡرِكِينَ ﴿135﴾

Яҳудиён ба уммати Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) гуфтанд: Ба дини яҳудӣ дохил шавед, то роҳи рост ёбед ва насрониён низ чунин гуфтанд. Эй Расул барояшон бигӯ: Балки ҳидоят пайравӣ намудани миллати Иброҳим аст, ки ӯ аз мушрикон набуд».

2:136

قُولُوٓاْ ءَامَنَّا بِٱللَّهِ وَمَآ أُنزِلَ إِلَيۡنَا وَمَآ أُنزِلَ إِلَىٰٓ إِبۡرَٰهِـۧمَ وَإِسۡمَٰعِيلَ وَإِسۡحَٰقَ وَيَعۡقُوبَ وَٱلۡأَسۡبَاطِ وَمَآ أُوتِيَ مُوسَىٰ وَعِيسَىٰ وَمَآ أُوتِيَ ٱلنَّبِيُّونَ مِن رَّبِّهِمۡ لَا نُفَرِّقُ بَيۡنَ أَحَدٖ مِّنۡهُمۡ وَنَحۡنُ لَهُۥ مُسۡلِمُونَ ﴿136﴾

Эй мӯъминон ба яҳудиён ва насрониён бигуед: «Мо ба Аллоҳ ва оёте, ки бар мо нозил шуда ва низ он чӣ бар Иброҳиму Исмоил ва Исҳоқу Яъқуб ва наберагонаш нозил шуда ва низ он чӣ ба Мӯсо ва Исо фиристода шуда ва он чӣ бар паёмбарони дигар аз ҷониби Парвардигорашон омадааст, имон овардем. Миёни ҳеҷ як аз паёмбарон фарқе намениҳем ва ҳама дар баробари Аллоҳ бо тоъату ибодат таслим ҳастем».

2:137

فَإِنۡ ءَامَنُواْ بِمِثۡلِ مَآ ءَامَنتُم بِهِۦ فَقَدِ ٱهۡتَدَواْۖ وَّإِن تَوَلَّوۡاْ فَإِنَّمَا هُمۡ فِي شِقَاقٖۖ فَسَيَكۡفِيكَهُمُ ٱللَّهُۚ وَهُوَ ٱلسَّمِيعُ ٱلۡعَلِيمُ ﴿137﴾

Агар ба он чӣ шумо имон овардед, яҳудиён ва насрониён ва дигарон низ ба мисли шумо имон биёваранд, ҳидоят ёфтаанд. Аммо агар рӯй тофтанд, пас бо ту дар душманиву хилофанд ва дар баробари онҳо Аллоҳ туро, эй Расул, аз шарри онҳо кифоят мекунад ва Ӯ шунаво ва доност!

2:138

صِبۡغَةَ ٱللَّهِ وَمَنۡ أَحۡسَنُ مِنَ ٱللَّهِ صِبۡغَةٗۖ وَنَحۡنُ لَهُۥ عَٰبِدُونَ ﴿138﴾

Дини Аллоҳро лозим гиред, ки шуморо бар он дин пайдо кардааст. Беҳтар аз дини Аллоҳ, ки мардумро бар он пайдо кард, дин нест. Пас онро лозим гиред ва бигӯед. Мо фармонбардор ва парастандагони Ӯ ва пайрави миллати Иброҳим ҳастем.

2:139

قُلۡ أَتُحَآجُّونَنَا فِي ٱللَّهِ وَهُوَ رَبُّنَا وَرَبُّكُمۡ وَلَنَآ أَعۡمَٰلُنَا وَلَكُمۡ أَعۡمَٰلُكُمۡ وَنَحۡنُ لَهُۥ مُخۡلِصُونَ ﴿139﴾

Эй Паёмбар, ба аҳли китоб бигу: «Оё дар бораи тавҳиди Аллоҳ бо мо баҳсу муҷодала мекунед? Ӯ Парвардигори мову шумост. Аъмоли мо аз они мо ва аъмоли шумо аз они шумост ва мо ба ихлос парастандагони Ӯ ҳастем ва ба Ӯ чизеро шарик намеорем.».

2:140

أَمۡ تَقُولُونَ إِنَّ إِبۡرَٰهِـۧمَ وَإِسۡمَٰعِيلَ وَإِسۡحَٰقَ وَيَعۡقُوبَ وَٱلۡأَسۡبَاطَ كَانُواْ هُودًا أَوۡ نَصَٰرَىٰۗ قُلۡ ءَأَنتُمۡ أَعۡلَمُ أَمِ ٱللَّهُۗ وَمَنۡ أَظۡلَمُ مِمَّن كَتَمَ شَهَٰدَةً عِندَهُۥ مِنَ ٱللَّهِۗ وَمَا ٱللَّهُ بِغَٰفِلٍ عَمَّا تَعۡمَلُونَ ﴿140﴾

Оё мегӯед, ки Иброҳиму Исмоил ва Исҳоқу Яъқуб ва наберагони ӯ бар дини яҳудӣ ё насронӣ буданд? (Ин дурӯғи маҳз аст, зеро ки онҳо қабл аз нузули Таврот ва Инҷил ба паёмбарй мабъус шуда буданд ва аз дунё гузашта буданд). Эй Паёмбар, барояшон бигӯ: «Оё шумо донотаред аз дини онҳо ё Аллоҳ? Ба дурустӣ, ки дар Қуръон хабар дода шуда буд, ки онҳо мусалмонони пок аз ширк буданд. Кист ситамгартар аз касе, ки гувоҳиеро, ки аз ҷониби Аллоҳ наздаш аст, бипӯшад!? Ва Аллоҳ аз он чи ки мекунед, бехабар нест, балки ҳисобгиранда ва ҷазодиҳандаи амалҳост.

2:141

تِلۡكَ أُمَّةٞ قَدۡ خَلَتۡۖ لَهَا مَا كَسَبَتۡ وَلَكُم مَّا كَسَبۡتُمۡۖ وَلَا تُسۡـَٔلُونَ عَمَّا كَانُواْ يَعۡمَلُونَ ﴿141﴾

Онон умматҳое буданд, ки дар ҳақиқат даргузаштаанд. Он чӣ онҳо карданд, аз они онҳост ва он чӣ шумо мекунед, аз они шумост ва шуморо аз аъмоли онҳо намепурсанд. (Оят далолат ба он мекунад, инсон такя бар махлуқҳо макунад ва ба насабҳо фирефта нашавад.). Ва касе ба як паёмбар куфр оварад, ба тамоми паёмбарон куфр овардааст.

2:142

سَيَقُولُ ٱلسُّفَهَآءُ مِنَ ٱلنَّاسِ مَا وَلَّىٰهُمۡ عَن قِبۡلَتِهِمُ ٱلَّتِي كَانُواْ عَلَيۡهَاۚ قُل لِّلَّهِ ٱلۡمَشۡرِقُ وَٱلۡمَغۡرِبُۚ يَهۡدِي مَن يَشَآءُ إِلَىٰ صِرَٰطٖ مُّسۡتَقِيمٖ ﴿142﴾

Мардумони бехирад аз яҳуду насрониён ва аҳли нифоқ онон, ки ақлашон заиф аст, тамасхурона хоҳанд гуфт: «чӣ чиз онҳоро аз қиблае, ки рӯ ба рӯи он меистоданд, баргардонид?» Эй Расул, ба онҳо бигӯ: «Машриқу Мағриб ва мобайни он мулки Аллоҳ аст ва Аллоҳ ҳар касро, ки бихоҳад, ба роҳи рост ҳидоят мекунад!». (Танбеҳ: Ҳама чиз мулки Аллоҳ аст, ҳатто ҳамаи ҷиҳат ва атроф аз мулки Ӯ хориҷ нест ва дар ҳама ҳол ба ҷо овардани амри Аллоҳ лозим аст. Пас ба кадом тараф амр намояд, ба ҳамон тараф рӯ меорем.)

2:143

وَكَذَٰلِكَ جَعَلۡنَٰكُمۡ أُمَّةٗ وَسَطٗا لِّتَكُونُواْ شُهَدَآءَ عَلَى ٱلنَّاسِ وَيَكُونَ ٱلرَّسُولُ عَلَيۡكُمۡ شَهِيدٗاۗ وَمَا جَعَلۡنَا ٱلۡقِبۡلَةَ ٱلَّتِي كُنتَ عَلَيۡهَآ إِلَّا لِنَعۡلَمَ مَن يَتَّبِعُ ٱلرَّسُولَ مِمَّن يَنقَلِبُ عَلَىٰ عَقِبَيۡهِۚ وَإِن كَانَتۡ لَكَبِيرَةً إِلَّا عَلَى ٱلَّذِينَ هَدَى ٱللَّهُۗ وَمَا كَانَ ٱللَّهُ لِيُضِيعَ إِيمَٰنَكُمۡۚ إِنَّ ٱللَّهَ بِٱلنَّاسِ لَرَءُوفٞ رَّحِيمٞ ﴿143﴾

Ва ҳамчунин шуморо ба роҳи рост роҳ намудем ва шуморо беҳтарини умматҳо гардонидем, то ба мардум дар охират гувоҳ бошед ва низ паёмбар бар шумо гувоҳ бошад, ки ӯ рисолати Парвардигорашро ба мардум расонид. Ва он қиблаеро, ки рӯ ба сӯи он мекардӣ, дигаргун накардем, магар ба он сабаб, ки ононро, ки ба паёмбар пайравӣ мекунанд, аз онон, ки пайравӣ намекунанд, бозшиносем. Ва касоне, ки имонашон заиф буд аз сабаби шак ва нифоқашон аз динашон бедин шуданд. Ба дурустӣ, ки гардонидани қибла аз Байтулмуқаддас ба сӯи Каъба душвор аст, магар бар касоне, ки Аллоҳ ба онҳо ҳидоят ва имону тақво арзонӣ намудааст. Аллоҳ имон ва намозатонро табоҳ намекунад. Ба дурустӣ, ки Аллоҳ ба мардум меҳрубон ва бахшоянда аст!

2:144

قَدۡ نَرَىٰ تَقَلُّبَ وَجۡهِكَ فِي ٱلسَّمَآءِۖ فَلَنُوَلِّيَنَّكَ قِبۡلَةٗ تَرۡضَىٰهَاۚ فَوَلِّ وَجۡهَكَ شَطۡرَ ٱلۡمَسۡجِدِ ٱلۡحَرَامِۚ وَحَيۡثُ مَا كُنتُمۡ فَوَلُّواْ وُجُوهَكُمۡ شَطۡرَهُۥۗ وَإِنَّ ٱلَّذِينَ أُوتُواْ ٱلۡكِتَٰبَ لَيَعۡلَمُونَ أَنَّهُ ٱلۡحَقُّ مِن رَّبِّهِمۡۗ وَمَا ٱللَّهُ بِغَٰفِلٍ عَمَّا يَعۡمَلُونَ ﴿144﴾

Эй Паёмбар, Мо чашм дӯхтан ва нигоҳ кардани туро ба тамоми ҷиҳатҳои осмон мебинем, ки бо шавқ дар интизори он ҳастӣ, ки ваҳй нозил шавад. Пас албатта туро ба он қиблае мегардонем, ки ба вай хушнуд шавӣ. Пас рӯй ба ҷониби Масҷидулҳаром кун. Ва ҳар ҷо, ки бошед, эй мусалмонон чун иродаи намоз кардед, рӯй ба он ҷониб кунед. Аҳли китоб медонанд, ки гардонидани қибла ба сӯи Каъба ҳақ аст ва дар китобашон собит аст. Ва Аллоҳ аз он чӣ мекунанд, бехабар нест!

2:145

وَلَئِنۡ أَتَيۡتَ ٱلَّذِينَ أُوتُواْ ٱلۡكِتَٰبَ بِكُلِّ ءَايَةٖ مَّا تَبِعُواْ قِبۡلَتَكَۚ وَمَآ أَنتَ بِتَابِعٖ قِبۡلَتَهُمۡۚ وَمَا بَعۡضُهُم بِتَابِعٖ قِبۡلَةَ بَعۡضٖۚ وَلَئِنِ ٱتَّبَعۡتَ أَهۡوَآءَهُم مِّنۢ بَعۡدِ مَا جَآءَكَ مِنَ ٱلۡعِلۡمِ إِنَّكَ إِذٗا لَّمِنَ ٱلظَّـٰلِمِينَ ﴿145﴾

Эй Расул, барои онон ки Таврот ва Инҷил дода шуд, ҳар далелу нишонае, ки биёварӣ, ки гардонидани қибла ба сӯи Каъба ҳақ аст, ҳаргиз қиблаи туро пайравӣ нахоҳанд кард ва нестӣ ту пайравикунанда қиблаи онҳоро; ва баъзеи онҳо қиблаи баъзеи дигарро пайравикунанда нестанд. Ва агар ту, баъди он чи ки аз дониш ба ту омадааст, ба хоҳишҳои нафсонии онҳо пайравӣ кунӣ, он гоҳ ҳамоно аз ситамгарон бошӣ. (Ин оят хитоб барои ҷамиъи уммат аст. Ва он таҳдид ва ваъидест ба ҳар шахсе ки хоҳишҳои зидди шариъати исломро пайравӣ мекунад.)

2:146

ٱلَّذِينَ ءَاتَيۡنَٰهُمُ ٱلۡكِتَٰبَ يَعۡرِفُونَهُۥ كَمَا يَعۡرِفُونَ أَبۡنَآءَهُمۡۖ وَإِنَّ فَرِيقٗا مِّنۡهُمۡ لَيَكۡتُمُونَ ٱلۡحَقَّ وَهُمۡ يَعۡلَمُونَ ﴿146﴾

Онон, ки аҳли Таврот ва Инҷил ҳастанд аз олимони яхуд ва насоро, ҳамчунон, ки фарзандони худро мешиносанд, Расули Аллоҳ Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) - ро бо сифатҳое, ки дар китобҳояшон зикр шудааст, мешиносанд, вале гурӯҳе аз онҳо ҳақро дониста мепушанд.

2:147

ٱلۡحَقُّ مِن رَّبِّكَ فَلَا تَكُونَنَّ مِنَ ٱلۡمُمۡتَرِينَ ﴿147﴾

Эй Паёмбар, он чӣ аз ҷониби Аллоҳ бар ту нозил шуда, ҳақ ҳамон аст, пас дар он шубҳа макун! (Оят агар чанде хитоб барои Расули Аллоҳ саллаллоху алайҳи ва саллам бошад ҳам, вале ин хитоб ҳамаи умматро дарбар мегирад.)

2:148

وَلِكُلّٖ وِجۡهَةٌ هُوَ مُوَلِّيهَاۖ فَٱسۡتَبِقُواْ ٱلۡخَيۡرَٰتِۚ أَيۡنَ مَا تَكُونُواْ يَأۡتِ بِكُمُ ٱللَّهُ جَمِيعًاۚ إِنَّ ٱللَّهَ عَلَىٰ كُلِّ شَيۡءٖ قَدِيرٞ ﴿148﴾

Ҳар касеро қиблае аст, ки ба он рӯй меоварад дар намозаш. Пас, эй мӯъминон, дар амалҳои шоистае, ки Аллоҳ барои шумо дар дини ислом фармудааст, пас барои ба ҷо овардани ин хубиҳо бишитобед. Ҳар ҷо ки бошед, Аллоҳ шуморо рӯзи қиёмат ҳозир меоварад, ки Ӯ бар ҳар коре тавоност!

2:149

وَمِنۡ حَيۡثُ خَرَجۡتَ فَوَلِّ وَجۡهَكَ شَطۡرَ ٱلۡمَسۡجِدِ ٱلۡحَرَامِۖ وَإِنَّهُۥ لَلۡحَقُّ مِن رَّبِّكَۗ وَمَا ٱللَّهُ بِغَٰفِلٍ عَمَّا تَعۡمَلُونَ ﴿149﴾

Эй Паёмбар ва аз ҳар ҷое, ки берун шавӣ барои сафар ва ҳар вақте ки иродаи намоз кардӣ, рӯи худ ба ҷониби Масҷидулҳаром кун. Ҳақ ҳамон аст, ки Парвардигорат ба он амр фармуда. Ва Аллоҳ аз он чи ки мекунед, бехабар нест!

2:150

وَمِنۡ حَيۡثُ خَرَجۡتَ فَوَلِّ وَجۡهَكَ شَطۡرَ ٱلۡمَسۡجِدِ ٱلۡحَرَامِۚ وَحَيۡثُ مَا كُنتُمۡ فَوَلُّواْ وُجُوهَكُمۡ شَطۡرَهُۥ لِئَلَّا يَكُونَ لِلنَّاسِ عَلَيۡكُمۡ حُجَّةٌ إِلَّا ٱلَّذِينَ ظَلَمُواْ مِنۡهُمۡ فَلَا تَخۡشَوۡهُمۡ وَٱخۡشَوۡنِي وَلِأُتِمَّ نِعۡمَتِي عَلَيۡكُمۡ وَلَعَلَّكُمۡ تَهۡتَدُونَ ﴿150﴾

Ва аз ҳар ҷое, ки берун шавӣ, эй Паёмбар, рӯи хеш ба ҷониби Масҷидулҳаром кун. Ва ҳар ҷо, ки бошед, эй мусалмонон, шумо низ рӯи хеш ба ҷониби Масҷидулҳаром кунед, то ҳеҷ касро, ҷуз ситамкорон, бо шумо баҳсу муҷодалае набошад. Баъд аз рӯй оварданатон ба сӯи Масҷидулҳаром аҳли зулм ва саркашони онон ҳамеша бо шумо баҳсу муҷодала кунанд, аз онҳо натарсед, аз ман битарсед то неъмати хеш бар шумо комил кунам ва бошад, ки шумо ба сӯи ҳақ роҳ биёбед.

2:151

كَمَآ أَرۡسَلۡنَا فِيكُمۡ رَسُولٗا مِّنكُمۡ يَتۡلُواْ عَلَيۡكُمۡ ءَايَٰتِنَا وَيُزَكِّيكُمۡ وَيُعَلِّمُكُمُ ٱلۡكِتَٰبَ وَٱلۡحِكۡمَةَ وَيُعَلِّمُكُم مَّا لَمۡ تَكُونُواْ تَعۡلَمُونَ ﴿151﴾

Ҳамчунон, ки неъматҳоямонро ба шумо арзонӣ намудем, (яъне, рӯй ба ҷониби Каъба кардан) низ дар миёни шумо паёмбаре аз қавми шумо фиристодем, то оятҳои Моро бароятон бихонад ва шуморо аз ширк ва бадахлоқӣ покиза гардонад ва китобу ҳикмат ва аҳкоми шаръиат биёмӯзад ва аз ахбор ва қиссаҳои паёмбарони гузашта он чиро, ки намедонистед, ба шумо ёд диҳад.

2:152

فَٱذۡكُرُونِيٓ أَذۡكُرۡكُمۡ وَٱشۡكُرُواْ لِي وَلَا تَكۡفُرُونِ ﴿152﴾

Пас Маро ёд кунед, то шуморо ёд кунам. Маро сипос гӯед ва носипосии неъмати Ман накунед. (Дар ин оят Аллоҳ мӯъминонро ба зикри худ амр кард ва бар он бузургтарин мукофотро ваъда дод. Ва он мукофот мадҳу санои Ӯст назди малоикаҳо бар касоне ки Ӯро зикр кардаанд.)

2:153

يَـٰٓأَيُّهَا ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ ٱسۡتَعِينُواْ بِٱلصَّبۡرِ وَٱلصَّلَوٰةِۚ إِنَّ ٱللَّهَ مَعَ ٱلصَّـٰبِرِينَ ﴿153﴾

Эй касоне, ки имон овардаед, дар ҳама коратон аз Аллоҳ ба сабр кардан бар душворию мусибатҳо ва тарки маъсият ва гуноҳҳо ва сабр кардан бар тоъатҳо ва наздик шудан ба Аллоҳ ва бар намоз, ки бо он нафс оромиш меёбад ва аз кори беҳаёӣ ва феъли бад инсонро боз медорад, мадад ҷӯед, ки Аллоҳ бо сабркунандагон аст.

2:154

وَلَا تَقُولُواْ لِمَن يُقۡتَلُ فِي سَبِيلِ ٱللَّهِ أَمۡوَٰتُۢۚ بَلۡ أَحۡيَآءٞ وَلَٰكِن لَّا تَشۡعُرُونَ ﴿154﴾

Эй мӯъминон, касонеро ки дар роҳи Аллоҳ кушта мешаванд, мурда наҳисобед. Балки онҳо дар қабрҳояшон ба ҳаёти махсусе зиндаанд ва чигунагии ин ҳаётро ба ҷуз Аллоҳ касе надонад ва лекин шумо онро ҳис намекунед. (Ин оят далелест, ки дар қабр роҳат низ вуҷуд Дорад).

2:155

وَلَنَبۡلُوَنَّكُم بِشَيۡءٖ مِّنَ ٱلۡخَوۡفِ وَٱلۡجُوعِ وَنَقۡصٖ مِّنَ ٱلۡأَمۡوَٰلِ وَٱلۡأَنفُسِ وَٱلثَّمَرَٰتِۗ وَبَشِّرِ ٱلصَّـٰبِرِينَ ﴿155﴾

Албатта, шуморо ба андаке тарс ва гуруснагӣ ва нуқсони молҳо ки ба душворӣ ба даст оварда мешавад, ё аз даст меравад ва ҷонҳо; ба фаро расидани марг, ё қатл ва кам шудани меваҳо меозмоем. Ва, эй Паёмбар, сабркунандагонро хабари хуш деҳ, ки ба сабаби сабрашон дар дунёву охират шоду хуррам мегарданд.

2:156

ٱلَّذِينَ إِذَآ أَصَٰبَتۡهُم مُّصِيبَةٞ قَالُوٓاْ إِنَّا لِلَّهِ وَإِنَّآ إِلَيۡهِ رَٰجِعُونَ ﴿156﴾

Сифати ин гуна сабркунандагон чунин аст, ки чун мусибате ба онҳо расид, гуфтанд: «Мо бандагони Аллоҳ ҳастем ва зери амру тадбири Ӯ ҳастем, он чӣ хост бо мо мекунад ва мо ба сӯи Ӯ бозхоҳем гардид. Ва баъд аз он барои ҳисобу ҷазо аз нав зинда хоҳем шуд».

2:157

أُوْلَـٰٓئِكَ عَلَيۡهِمۡ صَلَوَٰتٞ مِّن رَّبِّهِمۡ وَرَحۡمَةٞۖ وَأُوْلَـٰٓئِكَ هُمُ ٱلۡمُهۡتَدُونَ ﴿157﴾

Онон, ки собирон ҳастанд, салавот ва раҳмати Парвардигорашон бар онон бод, ки роҳёфтагонанд.