quranm◉

Саҳифа 497

Range
from 44:19 to 44:39
Surahs covered
Тарҷума
21 Тарҷума

◉

44:19

وَأَن لَّا تَعۡلُواْ عَلَى ٱللَّهِۖ إِنِّيٓ ءَاتِيكُم بِسُلۡطَٰنٖ مُّبِينٖ ﴿19﴾

Ва низ бар Аллоҳ бартарӣ маҷӯед, ки ҳароина, ман бо ҳуҷҷати равшане назди шумо омадаам.

44:20

وَإِنِّي عُذۡتُ بِرَبِّي وَرَبِّكُمۡ أَن تَرۡجُمُونِ ﴿20﴾

Ҳароина, ман ба Парвардигори худ ва Парвардигори шумо паноҳ мебарам, аз ин ки маро сангборон кунед

44:21

وَإِن لَّمۡ تُؤۡمِنُواْ لِي فَٱعۡتَزِلُونِ ﴿21﴾

ва агар ба паёмбарии ман имон намеоваред, аз ман канорагирӣ кунед ва маро озору азият надиҳед.

44:22

فَدَعَا رَبَّهُۥٓ أَنَّ هَـٰٓؤُلَآءِ قَوۡمٞ مُّجۡرِمُونَ ﴿22﴾

Чун Фиръавн ва қавмаш ба ӯ имон наоварданд. Пас, Мӯсо Парвардигорашро ба дуъо хонд, ки ин мушрикҳо мардуми гунаҳкоранд.

44:23

فَأَسۡرِ بِعِبَادِي لَيۡلًا إِنَّكُم مُّتَّبَعُونَ ﴿23﴾

Аллоҳ ба Мӯсо амр намуд, ки бандагони Маро ҳангоми шаб равона кун, ҳароина, шумо аз тарафи Фиръавн ва лашкараш дунболагирӣ карда мешавед.

44:24

وَٱتۡرُكِ ٱلۡبَحۡرَ رَهۡوًاۖ إِنَّهُمۡ جُندٞ مُّغۡرَقُونَ ﴿24﴾

Баҳрро, ки ором аст, пушти сар гузор, (яъне, баҳрро бар ҳамон шакле, ки баъд аз гузаштанат аз он қарор дорад, вогузор), то Фиръавн ва қавмаш бо итминон вориди он шаванд, ки ҳароина, онҳо лашкаре ғарқшаванда ҳастанд.

44:25

كَمۡ تَرَكُواْ مِن جَنَّـٰتٖ وَعُيُونٖ ﴿25﴾

Он Фиръавниёни гарқшуда баъд аз худ чӣ боғҳову чашмасорҳо бар ҷой гузоштанд

44:26

وَزُرُوعٖ وَمَقَامٖ كَرِيمٖ ﴿26﴾

ва киштзорҳову хонаҳои некӯро

44:27

وَنَعۡمَةٖ كَانُواْ فِيهَا فَٰكِهِينَ ﴿27﴾

ва неъмате, ки дар он ғарқи шодмонӣ буданд.

44:28

كَذَٰلِكَۖ وَأَوۡرَثۡنَٰهَا قَوۡمًا ءَاخَرِينَ ﴿28﴾

Инчунин буд кори азоб ва даргирифти Мо ва Мо он неъматҳоро баъд аз Фиръавн ва қавмаш ба мардуми дигар вогузоштем.

44:29

فَمَا بَكَتۡ عَلَيۡهِمُ ٱلسَّمَآءُ وَٱلۡأَرۡضُ وَمَا كَانُواْ مُنظَرِينَ ﴿29﴾

На осмон бар онҳо Фиръавн ва лашкараш гирист ва на замин ва на ба онҳо мӯҳлат дода шуд, ки азоб аз онҳо ба таъхир афтад.

44:30

وَلَقَدۡ نَجَّيۡنَا بَنِيٓ إِسۡرَـٰٓءِيلَ مِنَ ٱلۡعَذَابِ ٱلۡمُهِينِ ﴿30﴾

Ва ҳароина, мо бани Исроилро аз он азоби хоркунанда, ки Фиръавниён фарзандони писарашонро кушта ва занонашонро барои хидмат зинда нигоҳ медоштанд, наҷот додем.

44:31

مِن فِرۡعَوۡنَۚ إِنَّهُۥ كَانَ عَالِيٗا مِّنَ ٱلۡمُسۡرِفِينَ ﴿31﴾

Онҳоро аз чанги Фиръавн наҷот додем, ҳароина, ӯ аз мутакаббирони ситамкор буд.

44:32

وَلَقَدِ ٱخۡتَرۡنَٰهُمۡ عَلَىٰ عِلۡمٍ عَلَى ٱلۡعَٰلَمِينَ ﴿32﴾

Ва ҳароина, бани Исроилро дониста бар оламиён баргузидем ва ононро миллати баргузидаи асри худашон кардем

44:33

وَءَاتَيۡنَٰهُم مِّنَ ٱلۡأٓيَٰتِ مَا فِيهِ بَلَـٰٓؤٞاْ مُّبِينٌ ﴿33﴾

Ва оёте аз муъҷизоти Мӯсо ба онҳо ато кардем, ки дар он имтиҳони ошкоре буд.

44:34

إِنَّ هَـٰٓؤُلَآءِ لَيَقُولُونَ ﴿34﴾

Албатта, инҳо мушрикони қавми ту мегӯянд:

44:35

إِنۡ هِيَ إِلَّا مَوۡتَتُنَا ٱلۡأُولَىٰ وَمَا نَحۡنُ بِمُنشَرِينَ ﴿35﴾

Поёни кор ҷуз ҳамин марги нахустин чизи дигаре нест ва мо дигар бор баъд аз маргамон барои ҳисоб ва савоб ва азоб зинда намешавем.

44:36

فَأۡتُواْ بِـَٔابَآئِنَآ إِن كُنتُمۡ صَٰدِقِينَ ﴿36﴾

Эй Муҳаммад, мушрикон ба ту ва қавмат мегӯянд: агар рост мегӯед, ки мо ду бора зинда мешавем, пас падарони моро ба ҷаҳон бозоваред.

44:37

أَهُمۡ خَيۡرٌ أَمۡ قَوۡمُ تُبَّعٖ وَٱلَّذِينَ مِن قَبۡلِهِمۡ أَهۡلَكۡنَٰهُمۡۚ إِنَّهُمۡ كَانُواْ مُجۡرِمِينَ ﴿37﴾

Оё ин мушрикҳо беҳтаранд ё қавми Туббаъ ва касоне, ки пеш аз онҳо буданд, чун Од ва Самуд ва монанди онҳо? Ҳамаро ҳалок кардем, ки ҳароина, онҳо гунаҳгорон буданд. Пас ҳалок сохтани мушрикон, ки дар қудрату тавоноӣ аз онҳо поёнтаранд, ҳеҷ шакке нест, ки бар Аллоҳ осон аст.

44:38

وَمَا خَلَقۡنَا ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضَ وَمَا بَيۡنَهُمَا لَٰعِبِينَ ﴿38﴾

Мо ин осмонҳову замин ва он чиро миёни онҳост, ба бозӣ беҳуда ва беҳадаф наёфаридаем.

44:39

مَا خَلَقۡنَٰهُمَآ إِلَّا بِٱلۡحَقِّ وَلَٰكِنَّ أَكۡثَرَهُمۡ لَا يَعۡلَمُونَ ﴿39﴾

Магар ин ки он ду чизро барҳақ офаридаем, вале бештаринашон, ки мушриконанд инро намедонанд ва дар офариниши инҳо намеандешанд, чун умед ба савоб надоранд ва аз иқоби Ӯ наметарсанд.