quranm◉

Саҳифа 498

Range
from 44:40 to 44:59
Surahs covered
Тарҷума
20 Тарҷума

◉

44:40

إِنَّ يَوۡمَ ٱلۡفَصۡلِ مِيقَٰتُهُمۡ أَجۡمَعِينَ ﴿40﴾

Ҳароина, ваъдагоҳи ҳама барои ҷудо сохтани некӯкор аз бадкор дар рӯзи доварӣ, (қиёмат) аст.

44:41

يَوۡمَ لَا يُغۡنِي مَوۡلًى عَن مَّوۡلٗى شَيۡـٔٗا وَلَا هُمۡ يُنصَرُونَ ﴿41﴾

Рӯзе, ки ҳеҷ дӯсте барои дӯсти худ судманд набошад ва наметавонад ба наздиконаш ҳеҷ гуна нафъе бирасонад ва барояш аз сӯи касе ёрӣ нашавад,

44:42

إِلَّا مَن رَّحِمَ ٱللَّهُۚ إِنَّهُۥ هُوَ ٱلۡعَزِيزُ ٱلرَّحِيمُ ﴿42﴾

магар касе, ки Аллоҳ бар ӯ раҳм кардааст, шафоъат карда мешавад дар назди Парвардигораш, баъд аз он ки Аллоҳ барояш рухсат диҳад. Ҳароина, Ӯст пирӯзманд дар интиқом гирифтан бар душманонаш ва меҳрубон аст ба дӯстони итоъаткори худ.

44:43

إِنَّ شَجَرَتَ ٱلزَّقُّومِ ﴿43﴾

Ҳароина, дарахти Заққум, ки дар ҷаҳаннам мерӯяд,

44:44

طَعَامُ ٱلۡأَثِيمِ ﴿44﴾

таъоми гунаҳкорон аст. Ва аз бузургтарин гуноҳҳо шарик овардан ба Аллоҳ аст.

44:45

كَٱلۡمُهۡلِ يَغۡلِي فِي ٱلۡبُطُونِ ﴿45﴾

Монанди миси гудохта дар шикамҳои мушрикон меҷӯшад.

44:46

كَغَلۡيِ ٱلۡحَمِيمِ ﴿46﴾

Монанди сахт ҷӯшидани оби сӯзон.

44:47

خُذُوهُ فَٱعۡتِلُوهُ إِلَىٰ سَوَآءِ ٱلۡجَحِيمِ ﴿47﴾

Ба фариштагони нигаҳбони дӯзах гуфта мешавад: Бигиред ин гунаҳкорро ва ба сахтӣ ба миёни ҷаҳаннамаш бикашед

44:48

ثُمَّ صُبُّواْ فَوۡقَ رَأۡسِهِۦ مِنۡ عَذَابِ ٱلۡحَمِيمِ ﴿48﴾

ва бар болои сари ин гунаҳкор оби ҷӯшон бирезед, то шиканҷа шавад.

44:49

ذُقۡ إِنَّكَ أَنتَ ٱلۡعَزِيزُ ٱلۡكَرِيمُ ﴿49﴾

Ба ин гунаҳкори бадбахт гуфта шавад: Бичаш, ин азобро, ки ту гумон доштӣ, ки дар қавми худ пирӯзманду бузургвор ҳастӣ!

44:50

إِنَّ هَٰذَا مَا كُنتُم بِهِۦ تَمۡتَرُونَ ﴿50﴾

Ҳароина, ин азоб ҳамон чизест, ки дар он шак мекардед ҳангоме ки дар дунё будед ва ба он боварии яқин надоштед.

44:51

إِنَّ ٱلۡمُتَّقِينَ فِي مَقَامٍ أَمِينٖ ﴿51﴾

Ҳароина, Парҳезгорон, ки дар дунё фармонҳои Аллоҳро ба ҷо оварданд ва аз манъкардашудаҳояш дур шуданд дар ҷои амне ҳастанд, ки аз тамоми ҳаросу ғамҳо осудахотиранд,

44:52

فِي جَنَّـٰتٖ وَعُيُونٖ ﴿52﴾

дар боғҳо ва чашмасорҳои равон,

44:53

يَلۡبَسُونَ مِن سُندُسٖ وَإِسۡتَبۡرَقٖ مُّتَقَٰبِلِينَ ﴿53﴾

либосҳои аз сундусу истабрақ мепӯшанд ва рӯ ба рӯи ҳамдигар менишинанд, то бо ҳам бештар унс бигиранд.

44:54

كَذَٰلِكَ وَزَوَّجۡنَٰهُم بِحُورٍ عِينٖ ﴿54﴾

Чунонки парҳезгоронро дар охират гиромӣ доштем бо даромадани боғҳо ва пӯшидани либосҳои абрешим, ҳамчунин ҳурулъийн (ҳурони шаҳлочашм)-ро ба никоҳи онҳо дармеоварем.

44:55

يَدۡعُونَ فِيهَا بِكُلِّ فَٰكِهَةٍ ءَامِنِينَ ﴿55﴾

Парҳезгорон дар он ҷо ҳар меваеро, ки бихоҳанд, осудахотир металабанд.

44:56

لَا يَذُوقُونَ فِيهَا ٱلۡمَوۡتَ إِلَّا ٱلۡمَوۡتَةَ ٱلۡأُولَىٰۖ وَوَقَىٰهُمۡ عَذَابَ ٱلۡجَحِيمِ ﴿56﴾

Парҳезгорон дар он ҷо таъми маргро намечашанд, ғайри ҳамон марги нахустин, ки дар дунё чашида буданд. Ва онҳоро Аллоҳ аз азоби ҷаҳаннам нигоҳ доштааст.

44:57

فَضۡلٗا مِّن رَّبِّكَۚ ذَٰلِكَ هُوَ ٱلۡفَوۡزُ ٱلۡعَظِيمُ ﴿57﴾

Ин фазлу бахшишест аз ҷониби Парвардигори ту. Ин аст комёбии бузург!

44:58

فَإِنَّمَا يَسَّرۡنَٰهُ بِلِسَانِكَ لَعَلَّهُمۡ يَتَذَكَّرُونَ ﴿58﴾

Пас ҳароина, Мо адои сухани хеш Қуръонро ба забони ту эй Расул осон кардем, то панд бигиранд!

44:59

فَٱرۡتَقِبۡ إِنَّهُم مُّرۡتَقِبُونَ ﴿59﴾

Эй Расул, ту мунтазир бош пирӯзиеро, ки Аллоҳ ба ту ваъда додааст бар он мушрикон ва азоберо ки бар онҳо фарогирандааст, ки ҳароина, онҳо низ марги туро мунтазиранд. Ба зудӣ хоҳанд донист, ки ғалаба дар дунёву охират ба ҷониби туст эй Расул ва касоне, ки пайравӣ туанд.