quranm◉

Surah Al-Mulk transliteration

◉ Сура · ∞

67:1

تَبَٰرَكَ ٱلَّذِي بِيَدِهِ ٱلۡمُلۡكُ وَهُوَ عَلَىٰ كُلِّ شَيۡءٖ قَدِيرٌ ﴿1﴾

Transliteration: Tabaraka allathee biyadihi almulku wahuwa AAala kulli shayin qadeerun

Translation: Пурбаракат ва бузургвор аст (яъне, хайри Аллоҳ бисёр ва инъомаш бузург аст,) он ки ба дасти Уст мулк ва подшоҳии дунёву охират аз они Уст ва амру қазояш дар ҳар ду ҷаҳон гузарост ва Ӯ бар ҳама чиз тавоност.

67:2

ٱلَّذِي خَلَقَ ٱلۡمَوۡتَ وَٱلۡحَيَوٰةَ لِيَبۡلُوَكُمۡ أَيُّكُمۡ أَحۡسَنُ عَمَلٗاۚ وَهُوَ ٱلۡعَزِيزُ ٱلۡغَفُورُ ﴿2﴾

Transliteration: Allathee khalaqa almawta waalhayata liyabluwakum ayyukum ahsanu AAamalan wahuwa alAAazeezu alghafooru

Translation: Он, ки марг ва зиндагиро офарид, то шуморо эй мардум, биёзмояд, ки кадом як аз шумо некӯкирдортар, холистару дурусттар аст ва Ӯст пирӯзманди тавоно, ки Ӯро чизе нотавон нахоҳад кард, бахшанда аст барои касе, ки тавба кардааст.

67:3

ٱلَّذِي خَلَقَ سَبۡعَ سَمَٰوَٰتٖ طِبَاقٗاۖ مَّا تَرَىٰ فِي خَلۡقِ ٱلرَّحۡمَٰنِ مِن تَفَٰوُتٖۖ فَٱرۡجِعِ ٱلۡبَصَرَ هَلۡ تَرَىٰ مِن فُطُورٖ ﴿3﴾

Transliteration: Allathee khalaqa sabAAa samawatin tibaqan ma tara fee khalqi alrrahmani min tafawutin fairjiAAi albasara hal tara min futoorin

Translation: Он, ки ҳафт осмонро табақа-табақа (яъне, болои ҳам) офарид. Дар офариниши Аллоҳи меҳрубон ҳеҷ халал ва камбудие намебинӣ. Бознигар, оё ҳеҷ нуқсоне ва шикофӣ дар он мебинӣ?

67:4

ثُمَّ ٱرۡجِعِ ٱلۡبَصَرَ كَرَّتَيۡنِ يَنقَلِبۡ إِلَيۡكَ ٱلۡبَصَرُ خَاسِئٗا وَهُوَ حَسِيرٞ ﴿4﴾

Transliteration: Thumma irjiAAi albasara karratayni yanqalib ilayka albasaru khasian wahuwa haseerun

Translation: Сипас бори дигар чашм бигардон, чашми ту дар ҳоле, ки хаста ва нотавон аст ба сӯи ту боз мегардад.

67:5

وَلَقَدۡ زَيَّنَّا ٱلسَّمَآءَ ٱلدُّنۡيَا بِمَصَٰبِيحَ وَجَعَلۡنَٰهَا رُجُومٗا لِّلشَّيَٰطِينِۖ وَأَعۡتَدۡنَا لَهُمۡ عَذَابَ ٱلسَّعِيرِ ﴿5﴾

Transliteration: Walaqad zayyanna alssamaa alddunya bimasabeeha wajaAAalnaha rujooman lilshshayateeni waaAAtadna lahum AAathaba alssaAAeeri

Translation: Ва ҳароина осмони дунёро ба чароғҳои азим, дурахшанда зиннат додем ва онҳоро барои рондани шайтонҳо (сӯзонанда) қарор додем, зеро шайтонҳо мехоҳанд, ки аз ахбори осмон гӯш диҳанд ва дузданд ва барои онҳо дар охират азоб ва оташи сӯзон омода сохтем, ки ба он чашонда мешаванд.

67:6

وَلِلَّذِينَ كَفَرُواْ بِرَبِّهِمۡ عَذَابُ جَهَنَّمَۖ وَبِئۡسَ ٱلۡمَصِيرُ ﴿6﴾

Transliteration: Walillatheena kafaroo birabbihim AAathabu jahannama wabisa almaseeru

Translation: Ва барои касоне, ки ба Парвардигорашон кофир шуданд, азоби ҷаҳаннам аст ва барояшон чӣ бад ҷойгаҳе аст.

67:7

إِذَآ أُلۡقُواْ فِيهَا سَمِعُواْ لَهَا شَهِيقٗا وَهِيَ تَفُورُ ﴿7﴾

Transliteration: Itha olqoo feeha samiAAoo laha shaheeqan wahiya tafooru

Translation: Ҳангоме ки дар он дӯзах андохта шаванд, аз он овозе бениҳоят сахти бад, ваҳшатнок мешунаванд, дар ҳоле ки дӯзах бар он меҷӯшад.

67:8

تَكَادُ تَمَيَّزُ مِنَ ٱلۡغَيۡظِۖ كُلَّمَآ أُلۡقِيَ فِيهَا فَوۡجٞ سَأَلَهُمۡ خَزَنَتُهَآ أَلَمۡ يَأۡتِكُمۡ نَذِيرٞ ﴿8﴾

Transliteration: Takadu tamayyazu mina alghaythi kullama olqiya feeha fawjun saalahum khazanatuha alam yatikum natheerun

Translation: Аз шиддати хашм наздик аст, ки дӯзах бар кофирон пора пора шавад, ҳаргоҳ, ки гурӯҳе аз одамон дар он дӯзах андохта мешаванд, фариштагони нигоҳбони он дӯзах аз онҳо мепурсанд: «Оё бимдиҳандае ба суроғи шумо наёмад, ки аз ин азоб шуморо бим намояд?!»

67:9

قَالُواْ بَلَىٰ قَدۡ جَآءَنَا نَذِيرٞ فَكَذَّبۡنَا وَقُلۡنَا مَا نَزَّلَ ٱللَّهُ مِن شَيۡءٍ إِنۡ أَنتُمۡ إِلَّا فِي ضَلَٰلٖ كَبِيرٖ ﴿9﴾

Transliteration: Qaloo bala qad jaana natheerun fakaththabna waqulna ma nazzala Allahu min shayin in antum illa fee dalalin kabeerin

Translation: Гӯянд: «Оре, бимдиҳандае аз назди Аллоҳ ба сӯи мо омад ва моро бим дод, пас мо ӯро дурӯғ шуморидем ва гуфтем, ҳаргиз Аллоҳ чизе бар касе аз одамӣ нозил накардааст, шумо эй Расулон ҷуз дар гумроҳии бузург нестед».

67:10

وَقَالُواْ لَوۡ كُنَّا نَسۡمَعُ أَوۡ نَعۡقِلُ مَا كُنَّا فِيٓ أَصۡحَٰبِ ٱلسَّعِيرِ ﴿10﴾

Transliteration: Waqaloo law kunna nasmaAAu aw naAAqilu ma kunna fee ashabi alssaAAeeri

Translation: Ва кофирон гӯянд: «Агар мо дар дунё ба шунавоии қабул мешунидем ё таъаққул (фикр) мекардем, мисли ҳақталабон, имрӯз дар зумраи дӯзахиён набудем.»

67:11

فَٱعۡتَرَفُواْ بِذَنۢبِهِمۡ فَسُحۡقٗا لِّأَصۡحَٰبِ ٱلسَّعِيرِ ﴿11﴾

Transliteration: FaiAAtarafoo bithanbihim fasuhqan liashabi alssaAAeeri

Translation: Пас онҳо ба гуноҳи худ эътироф карданд ва ба сабаби куфрашон сазовори азоби дӯзах шуданд. Дур бод ахди дӯзах аз раҳмати Аллоҳ.

67:12

إِنَّ ٱلَّذِينَ يَخۡشَوۡنَ رَبَّهُم بِٱلۡغَيۡبِ لَهُم مَّغۡفِرَةٞ وَأَجۡرٞ كَبِيرٞ ﴿12﴾

Transliteration: Inna allatheena yakhshawna rabbahum bialghaybi lahum maghfiratun waajrun kabeerun

Translation: Бегумон касоне ки ғоибона аз Парвардигорашон метарсанд, ҳатто дар ҳолатҳое, ки гайр аз Аллоҳ касе дигар хабар надорад ва Ӯро ибодат мекунанд ва нофармонбардорӣ намекунанд, барои онҳо омӯрзиш аз гуноҳҳо ва подоши бузурге (ҷаннат) аст.

67:13

وَأَسِرُّواْ قَوۡلَكُمۡ أَوِ ٱجۡهَرُواْ بِهِۦٓۖ إِنَّهُۥ عَلِيمُۢ بِذَاتِ ٱلصُّدُورِ ﴿13﴾

Transliteration: Waasirroo qawlakum awi ijharoo bihi innahu AAaleemun bithati alssudoori

Translation: Ва гуфтори худро пинҳон доред ё онро ошкор созед, ба ҳар ҳол назди Аллоҳ баробар аст ва чизе аз гуфтору кирдори шумо бар Вай пинҳон намемонад, ҳатто Ӯ ба он чӣ дар дилҳост, огоҳ аст.

67:14

أَلَا يَعۡلَمُ مَنۡ خَلَقَ وَهُوَ ٱللَّطِيفُ ٱلۡخَبِيرُ ﴿14﴾

Transliteration: Ala yaAAlamu man khalaqa wahuwa allateefu alkhabeeru

Translation: Оё касе, ки ҳамаи мавҷудотро офаридааст, халқияти онро хуб ва маҳкам кардааст, пас чӣ гуна аз ҳоли онҳо намедонад? Дар ҳоле, ки Ӯ нозукбину огоҳ аст ба аъмоли бандагонаш.

67:15

هُوَ ٱلَّذِي جَعَلَ لَكُمُ ٱلۡأَرۡضَ ذَلُولٗا فَٱمۡشُواْ فِي مَنَاكِبِهَا وَكُلُواْ مِن رِّزۡقِهِۦۖ وَإِلَيۡهِ ٱلنُّشُورُ ﴿15﴾

Transliteration: Huwa allathee jaAAala lakumu alarda thaloolan faimshoo fee manakibiha wakuloo min rizqihi wailayhi alnnushooru

Translation: Ӯ Зотест, ки заминро барои шумо ром ҳамвор ва нарм гардонид, то бар он қарор гиред пас дар гӯшаву канори он роҳ биравед ва аз ризқу рӯзии Ӯ бихӯред ва зинда шудани дубора пас аз марг барои ҳисобу ҷазо ба сӯи Ӯст.

67:16

ءَأَمِنتُم مَّن فِي ٱلسَّمَآءِ أَن يَخۡسِفَ بِكُمُ ٱلۡأَرۡضَ فَإِذَا هِيَ تَمُورُ ﴿16﴾

Transliteration: Aamintum man fee alssamai an yakhsifa bikumu alarda faitha hiya tamooru

Translation: Оё эй кофирони Макка, худро аз Зоте, ки дар осмон Аллоҳ аст дар амон медонед, ки фармон диҳад замин шуморо фурӯ барад, пас он ногаҳон ба ларзиш дарояд, то ҳама ҳалок шавед?

67:17

أَمۡ أَمِنتُم مَّن فِي ٱلسَّمَآءِ أَن يُرۡسِلَ عَلَيۡكُمۡ حَاصِبٗاۖ فَسَتَعۡلَمُونَ كَيۡفَ نَذِيرِ ﴿17﴾

Transliteration: Am amintum man fee alssamai an yursila AAalaykum hasiban fasataAAlamoona kayfa natheeri

Translation: Ё худро аз Зоте, ки дар осмон аст, дар амон медонед, ки тундбоде ҳамроҳ бо сангреза бар шумо фиристад? Пас эй кофирон, ба зудӣ хоҳед донист, ки ҳушдори ман чӣ гуна аст ва он замоне, ки бо чашми худ азобро мушоҳида кардед, донистан ба шумо фоидае надиҳад!

67:18

وَلَقَدۡ كَذَّبَ ٱلَّذِينَ مِن قَبۡلِهِمۡ فَكَيۡفَ كَانَ نَكِيرِ ﴿18﴾

Transliteration: Walaqad kaththaba allatheena min qablihim fakayfa kana nakeeri

Translation: Ва ба ростӣ, касоне ки пеш аз он кофирони Макка буданд, монанди қавми Нуҳ, Од ва Самуд даъвати паёмбаронро дурӯғ шумориданд. Пас азоби Ман дар баробари дурӯғ шумориданашон паёмбаронро чӣ хуна буд!

67:19

أَوَلَمۡ يَرَوۡاْ إِلَى ٱلطَّيۡرِ فَوۡقَهُمۡ صَـٰٓفَّـٰتٖ وَيَقۡبِضۡنَۚ مَا يُمۡسِكُهُنَّ إِلَّا ٱلرَّحۡمَٰنُۚ إِنَّهُۥ بِكُلِّ شَيۡءِۭ بَصِيرٌ ﴿19﴾

Transliteration: Awalam yaraw ila alttayri fawqahum saffatin wayaqbidna ma yumsikuhunna illa alrrahmanu innahu bikulli shayin baseerun

Translation: Оё ин кофирон бехабаранд, ба паррандагоне, ки бар болои сарашон аст, ки гоҳе болҳои худро мекушоянд ва гоҳе фурӯ мебанданд, нигоҳ накарданд?! Ҷуз Аллоҳи меҳрубон касе онҳоро бар фарози осмон нигоҳ намедорад. Бегумон Ӯ ба ҳар чиз биност.

67:20

أَمَّنۡ هَٰذَا ٱلَّذِي هُوَ جُندٞ لَّكُمۡ يَنصُرُكُم مِّن دُونِ ٱلرَّحۡمَٰنِۚ إِنِ ٱلۡكَٰفِرُونَ إِلَّا فِي غُرُورٍ ﴿20﴾

Transliteration: Amman hatha allathee huwa jundun lakum yansurukum min dooni alrrahmani ini alkafiroona illa fee ghuroorin

Translation: Ё ба гумони шумо он касе ки худ барои шумо чун сипоҳе аст, ки шуморо дар баробари Аллоҳи меҳрубон ёрӣ мекунад, кист? Кофирон ҷуз дар фиреб ва ғурурашон нестанд.

67:21

أَمَّنۡ هَٰذَا ٱلَّذِي يَرۡزُقُكُمۡ إِنۡ أَمۡسَكَ رِزۡقَهُۥۚ بَل لَّجُّواْ فِي عُتُوّٖ وَنُفُورٍ ﴿21﴾

Transliteration: Amman hatha allathee yarzuqukum in amsaka rizqahu bal lajjoo fee AAutuwwin wanufoorin

Translation: Ё кист, он Зот, ки ба шумо ризқу рӯзӣ диҳад, агар Ӯ ризқи худро аз шумо боздорад? Балки он кофирон дар саркашӣ ва рамидагӣ аз ҳақ маҳкам пайвастаанд. Яъне, аз ҳақ нафрат ва такаббур меварзанд ва на панд мегиранд ва на пайравӣ мекунанд.

67:22

أَفَمَن يَمۡشِي مُكِبًّا عَلَىٰ وَجۡهِهِۦٓ أَهۡدَىٰٓ أَمَّن يَمۡشِي سَوِيًّا عَلَىٰ صِرَٰطٖ مُّسۡتَقِيمٖ ﴿22﴾

Transliteration: Afaman yamshee mukibban AAala wajhihi ahda amman yamshee sawiyyan AAala siratin mustaqeemin

Translation: Оё касе, ки ба рӯ афтода ҳаракат мекунад ва намедонад куҷо меравад ва чӣ гуна меравад, ба ҳидоят наздиктараст, ё он касе ки истода ба роҳи рост меравад, ки дар он ҳеҷ каҷӣ нест?

67:23

قُلۡ هُوَ ٱلَّذِيٓ أَنشَأَكُمۡ وَجَعَلَ لَكُمُ ٱلسَّمۡعَ وَٱلۡأَبۡصَٰرَ وَٱلۡأَفۡـِٔدَةَۚ قَلِيلٗا مَّا تَشۡكُرُونَ ﴿23﴾

Transliteration: Qul huwa allathee anshaakum wajaAAala lakumu alssamAAa waalabsara waalafidata qaleelan ma tashkuroona

Translation: Бигӯ эй Расул: «Ӯ Зотест, ки шуморо нахустин бор офарид, баъд аз он ки чизе набудед ва дар адам (нестӣ) қарор доштед ва барои шумо гӯш, дод, то ба василаи он бишнавед ва чашмон дод, то ба василаи он бубинед ва дилҳоро қарор дод, то ба василаи онҳо дар махлуқоти Аллоҳ биандешед, аммо шумо эй кофирон андаке сипосгузорӣ мекунед».

67:24

قُلۡ هُوَ ٱلَّذِي ذَرَأَكُمۡ فِي ٱلۡأَرۡضِ وَإِلَيۡهِ تُحۡشَرُونَ ﴿24﴾

Transliteration: Qul huwa allathee tharaakum fee alardi wailayhi tuhsharoona

Translation: Бигӯ: «Ӯ Зотест шуморо биёфарид ва дар замин пароканда сохт ва баъд аз ин парокандагӣ барои ҳисобу ҷазо ба сӯи Ӯ гирд оварда мешавед».

67:25

وَيَقُولُونَ مَتَىٰ هَٰذَا ٱلۡوَعۡدُ إِن كُنتُمۡ صَٰدِقِينَ ﴿25﴾

Transliteration: Wayaqooloona mata hatha alwaAAdu in kuntum sadiqeena

Translation: Ва кофирон мегӯянд: Эй Муҳаммад ва эй мӯъминон ба мо хабар диҳед ва равшан созед «Агар рост мегӯед ин ваъдаи қиёмат чӣ замонест?»

67:26

قُلۡ إِنَّمَا ٱلۡعِلۡمُ عِندَ ٱللَّهِ وَإِنَّمَآ أَنَا۠ نَذِيرٞ مُّبِينٞ ﴿26﴾

Transliteration: Qul innama alAAilmu AAinda Allahi wainnama ana natheerun mubeenun

Translation: Бигӯ эй Паёмбар барояшон: «Илми қиёмат танҳо назди Аллоҳ аст ва ман фақат ҳушдордиҳандаи ошкор ҳастам ва аз оқибати куфратон шуморо бим медиҳам ва барои шумо он чиро, ки Аллоҳ таъоло маро ба баёни он амр намудааст, баён мекунам».

67:27

فَلَمَّا رَأَوۡهُ زُلۡفَةٗ سِيٓـَٔتۡ وُجُوهُ ٱلَّذِينَ كَفَرُواْ وَقِيلَ هَٰذَا ٱلَّذِي كُنتُم بِهِۦ تَدَّعُونَ ﴿27﴾

Transliteration: Falamma raawhu zulfatan seeat wujoohu allatheena kafaroo waqeela hatha allathee kuntum bihi taddaAAoona

Translation: Пас чун он кофирон ваъдаи Аллоҳро аз наздик бинанд, чеҳраи касоне, ки кофир шуданд сиёҳу андӯҳгин мегардад ва ба онҳо сарзаниш карда гуфта мешавад: Ин ҳамон чизест, ки шумо онро дар дунё бо шитоб металабидед.

67:28

قُلۡ أَرَءَيۡتُمۡ إِنۡ أَهۡلَكَنِيَ ٱللَّهُ وَمَن مَّعِيَ أَوۡ رَحِمَنَا فَمَن يُجِيرُ ٱلۡكَٰفِرِينَ مِنۡ عَذَابٍ أَلِيمٖ ﴿28﴾

Transliteration: Qul araaytum in ahlakaniya Allahu waman maAAiya aw rahimana faman yujeeru alkafireena min AAathabin aleemin

Translation: Бигӯ эй Расул барои инҳо кофирон: «Ба ман хабар диҳед, агар Аллоҳ маро ва касоне, ки бо ман ҳастанд, ҳалок кунад, ҳамчунон ки таманно мекунед, ё бар мо раҳмат оварад ва аҷали моро ба таъхир андозад ва аз азобаш нигоҳ дорад, пас чӣ касе кофиронро аз азоби дарднок паноҳ медиҳад?!»

67:29

قُلۡ هُوَ ٱلرَّحۡمَٰنُ ءَامَنَّا بِهِۦ وَعَلَيۡهِ تَوَكَّلۡنَاۖ فَسَتَعۡلَمُونَ مَنۡ هُوَ فِي ضَلَٰلٖ مُّبِينٖ ﴿29﴾

Transliteration: Qul huwa alrrahmanu amanna bihi waAAalayhi tawakkalna fasataAAlamoona man huwa fee dalalin mubeenin

Translation: Бигӯ: «Ӯ Аллоҳи меҳрубон аст ба Ӯ имон овардем ва ба шариати Ӯ амал кардем ва бар Ӯ дар ҳамаи умури зиндагиамон таваккал кардем, пас эй кофирон ба зудӣ хоҳед донист, чӣ касе дар гумроҳии ошкор аст мо ё шумо?!»

67:30

قُلۡ أَرَءَيۡتُمۡ إِنۡ أَصۡبَحَ مَآؤُكُمۡ غَوۡرٗا فَمَن يَأۡتِيكُم بِمَآءٖ مَّعِينِۭ ﴿30﴾

Transliteration: Qul araaytum in asbaha maokum ghawran faman yateekum bimain maAAeenin

Translation: Бигу эй Расул барои ин мушрикон: «Ба ман хабар диҳед агар оби нӯшокии шумо дар замин фурӯ равад ва ба ҳеҷ василае дастрасе ёфта натавонед, пас чӣ касе метавонад барои шумо оби равон биёварад?!»

Transliteration source: English Transliteration by Tanzil. Used under Tanzil's non-commercial terms; see the source and latest updates at Tanzil. Tanzil translation download