quranm◉

Сура 'Abasa عبس

#
80
↓
M
Оят
42
Тарҷума
Khawaja Mirof & Khawaja Mir

◉

بِسۡمِ ٱللَّهِ ٱلرَّحۡمَٰنِ ٱلرَّحِيمِ

80:1

عَبَسَ وَتَوَلَّىٰٓ ﴿١﴾

Расулуллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) рӯйро турш кард ва рӯй баргардонид,

80:2

أَن جَآءَهُ ٱلۡأَعۡمَىٰ ﴿٢﴾

чун он нобино; Абдулло ибни Мактум ба наздаш омад, дар он вақт Расулуллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ба даъвати бузургони Қурайш машғул буд.

80:3

وَمَا يُدۡرِيكَ لَعَلَّهُۥ يَزَّكَّىٰٓ ﴿٣﴾

Ва ту эй Паёмбар чӣ донӣ, шояд, ки он марди нобино покиза шавад,

80:4

أَوۡ يَذَّكَّرُ فَتَنفَعَهُ ٱلذِّكۡرَىٰٓ ﴿٤﴾

ё панд гирад ва панди ту фоидааш кунад.

80:5

أَمَّا مَنِ ٱسۡتَغۡنَىٰ ﴿٥﴾

Аммо он ки ӯ тавонгар аст, бо мол ва ба имон эҳтиёҷ надорад,

80:6

فَأَنتَ لَهُۥ تَصَدَّىٰ ﴿٦﴾

ту рӯи худ ба ӯ мекунӣ ва ба каломи вай гӯш медиҳӣ

80:7

وَمَا عَلَيۡكَ أَلَّا يَزَّكَّىٰ ﴿٧﴾

ва агар ҳам пок нагардад, чизе бар зиёни ту нест.

80:8

وَأَمَّا مَن جَآءَكَ يَسۡعَىٰ ﴿٨﴾

Ва аммо он, касе ки шитобон ба назди ту омад

80:9

وَهُوَ يَخۡشَىٰ ﴿٩﴾

ва ӯ аз камбудӣ кардан дар роҳи ҳақ аз Аллоҳ метарсад,

80:10

فَأَنتَ عَنۡهُ تَلَهَّىٰ ﴿١٠﴾

вале ту аз ӯ рӯй метобӣ, ба дигаре рӯй меорӣ, амри Аллоҳ чунин нест, магар ин ки байни бузургу нотавон, бою камбағал, марду зан баробар бошӣ

80:11

كَلَّآ إِنَّهَا تَذۡكِرَةٞ ﴿١١﴾

Оре, ин оятҳои Қуръон пандест,

80:12

فَمَن شَآءَ ذَكَرَهُۥ ﴿١٢﴾

пас ҳар кӣ хоҳад, аз он панд гирад.

80:13

فِي صُحُفٖ مُّكَرَّمَةٖ ﴿١٣﴾

Оятҳои Қуръон дар саҳифаҳое гаронқадр аст,

80:14

مَّرۡفُوعَةٖ مُّطَهَّرَةِۭ ﴿١٤﴾

саҳифаҳое, ки пок ва дорои манзалати баланд,

80:15

بِأَيۡدِي سَفَرَةٖ ﴿١٥﴾

ба дасти котибони,

80:16

كِرَامِۭ بَرَرَةٖ ﴿١٦﴾

бузургвору некӯкор сабт шудааст.

80:17

قُتِلَ ٱلۡإِنسَٰنُ مَآ أَكۡفَرَهُۥ ﴿١٧﴾

Лаънат ва азоб бод бар инсони кофир, ки чӣ носипос (ношукр) аст!

80:18

مِنۡ أَيِّ شَيۡءٍ خَلَقَهُۥ ﴿١٨﴾

Аллоҳ уро аввалин бор аз чи офаридааст?

80:19

مِن نُّطۡفَةٍ خَلَقَهُۥ فَقَدَّرَهُۥ ﴿١٩﴾

Аз нутфае офаридаст ва онгоҳ ӯро ба андозае сохтааст,

80:20

ثُمَّ ٱلسَّبِيلَ يَسَّرَهُۥ ﴿٢٠﴾

сипас роҳашро осон сохт ва барояш роҳи неку бадро баён кард.

80:21

ثُمَّ أَمَاتَهُۥ فَأَقۡبَرَهُۥ ﴿٢١﴾

Баъд ӯро мемиронад ва вориди гӯраш мегардонад.

80:22

ثُمَّ إِذَا شَآءَ أَنشَرَهُۥ ﴿٢٢﴾

Сипас ҳар вақте ки хоҳад, ӯро барои ҳисобу китоб зинда мегардонад

80:23

كَلَّا لَمَّا يَقۡضِ مَآ أَمَرَهُۥ ﴿٢٣﴾

Ҳаргиз чунин мабод! Он чиро, ки ба ӯ фармуда буд, анҷом надод.

80:24

فَلۡيَنظُرِ ٱلۡإِنسَٰنُ إِلَىٰ طَعَامِهِۦٓ ﴿٢٤﴾

Пас одамӣ ба таъоми худ бингарад, ки чӣ гуна Аллоҳ таъоми ӯро барои нигоҳ доштани ҳаёташ офарид.

80:25

أَنَّا صَبَبۡنَا ٱلۡمَآءَ صَبّٗا ﴿٢٥﴾

Мо боронро ба фаровонӣ фурӯ рехтем,

80:26

ثُمَّ شَقَقۡنَا ٱلۡأَرۡضَ شَقّٗا ﴿٢٦﴾

сипас заминро ба некӣ шикофтем,

80:27

فَأَنۢبَتۡنَا فِيهَا حَبّٗا ﴿٢٧﴾

онгоҳ дар он донаҳо рӯёнидем,

80:28

وَعِنَبٗا وَقَضۡبٗا ﴿٢٨﴾

ва ангуру сабзавот

80:29

وَزَيۡتُونٗا وَنَخۡلٗا ﴿٢٩﴾

ва зайтуну дарахтони хурмо

80:30

وَحَدَآئِقَ غُلۡبٗا ﴿٣٠﴾

ва боғҳои пурдарахту анбуҳ

80:31

وَفَٰكِهَةٗ وَأَبّٗا ﴿٣١﴾

ва меваву алафро,

80:32

مَّتَٰعٗا لَّكُمۡ وَلِأَنۡعَٰمِكُمۡ ﴿٣٢﴾

то шумову чорпоёнатон баҳра баред.

80:33

فَإِذَا جَآءَتِ ٱلصَّآخَّةُ ﴿٣٣﴾

Пас ҳангоме ки он бонги гӯшкаркунанда рӯзи қиёмат, ки гӯшҳоро кар месозад, даррасад,

80:34

يَوۡمَ يَفِرُّ ٱلۡمَرۡءُ مِنۡ أَخِيهِ ﴿٣٤﴾

рӯзе, ки одамӣ аз ҳавли он рӯз аз бародараш бигурезад

80:35

وَأُمِّهِۦ وَأَبِيهِ ﴿٣٥﴾

ва аз модару падараш

80:36

وَصَٰحِبَتِهِۦ وَبَنِيهِ ﴿٣٦﴾

ва аз ҳамсару фарзандонаш.

80:37

لِكُلِّ ٱمۡرِيٕٖ مِّنۡهُمۡ يَوۡمَئِذٖ شَأۡنٞ يُغۡنِيهِ ﴿٣٧﴾

Ҳар касеро аз онон дар он рӯзи қиёмат коре ҳаст, ки ӯро ба худ машғул медорад.

80:38

وُجُوهٞ يَوۡمَئِذٖ مُّسۡفِرَةٞ ﴿٣٨﴾

Дар он рӯз чеҳраҳое шод ва дурахшонанд,

80:39

ضَاحِكَةٞ مُّسۡتَبۡشِرَةٞ ﴿٣٩﴾

хандонанду шодонанд.

80:40

وَوُجُوهٞ يَوۡمَئِذٍ عَلَيۡهَا غَبَرَةٞ ﴿٤٠﴾

Ва чеҳраҳои дӯзахиён дар он рӯз ғуборолуданд,

80:41

تَرۡهَقُهَا قَتَرَةٌ ﴿٤١﴾

торикӣ онҳоро фурӯ мепӯшонад.

80:42

أُوْلَـٰٓئِكَ هُمُ ٱلۡكَفَرَةُ ٱلۡفَجَرَةُ ﴿٤٢﴾

Инҳо кофиронанд, ки ба неъматҳои Аллоҳ куфр оварданд ва оётҳои Ӯро дурӯғ бароварданд ва бадкоронанд, ки ба маҳорими Аллоҳ ҷуръат карданд.