أَلَمۡ نَشۡرَحۡ لَكَ صَدۡرَكَ ﴿١﴾
Эй Паёмбар, оё синаатро барои ту (барои муқаррароти динӣ ва даъват ба сӯи Аллоҳ ва ҷамиъи хубиҳо) накушодем?
بِسۡمِ ٱللَّهِ ٱلرَّحۡمَٰنِ ٱلرَّحِيمِ
أَلَمۡ نَشۡرَحۡ لَكَ صَدۡرَكَ ﴿١﴾
Эй Паёмбар, оё синаатро барои ту (барои муқаррароти динӣ ва даъват ба сӯи Аллоҳ ва ҷамиъи хубиҳо) накушодем?
وَوَضَعۡنَا عَنكَ وِزۡرَكَ ﴿٢﴾
Ва бори гаронатро аз пуштат барнадоштем?
ٱلَّذِيٓ أَنقَضَ ظَهۡرَكَ ﴿٣﴾
Ҳамон боре, ки пушти туро вазнин кардааст.
وَرَفَعۡنَا لَكَ ذِكۡرَكَ ﴿٤﴾
Ва ному овозаатро дар дунёву охират бароят баланд гардонидем.
فَإِنَّ مَعَ ٱلۡعُسۡرِ يُسۡرًا ﴿٥﴾
Пас бегумон дар канори душворӣ осонӣ аст!
إِنَّ مَعَ ٱلۡعُسۡرِ يُسۡرٗا ﴿٦﴾
Албатта дар канори душворӣ осонист. Азияти душманонат туро аз нашри рисолат бознадоранд.
فَإِذَا فَرَغۡتَ فَٱنصَبۡ ﴿٧﴾
Чун аз кору бори дунё фориғ шавӣ, ба ибодат кӯш
وَإِلَىٰ رَبِّكَ فَٱرۡغَب ﴿٨﴾
ва ба сӯи Парвардигорат рӯй ор!