quranm◉

Сура Az-Zalzalah الزلزلة

#
99
↓
D
Оят
8
Тарҷума
Khawaja Mirof & Khawaja Mir

◉

بِسۡمِ ٱللَّهِ ٱلرَّحۡمَٰنِ ٱلرَّحِيمِ

99:1

إِذَا زُلۡزِلَتِ ٱلۡأَرۡضُ زِلۡزَالَهَا ﴿١﴾

Он гоҳ ки замин ларзонда шавад ба сахттарин ларзаҳояш

99:2

وَأَخۡرَجَتِ ٱلۡأَرۡضُ أَثۡقَالَهَا ﴿٢﴾

ва замин борҳои сангинашро берун резад

99:3

وَقَالَ ٱلۡإِنسَٰنُ مَا لَهَا ﴿٣﴾

ва одамӣ аз тарс бигӯяд, ки заминро чӣ шудааст?

99:4

يَوۡمَئِذٖ تُحَدِّثُ أَخۡبَارَهَا ﴿٤﴾

Дар ин рӯз замин хабарҳои худро аз неку бад ҳикоят мекунад,

99:5

بِأَنَّ رَبَّكَ أَوۡحَىٰ لَهَا ﴿٥﴾

Зеро Парвардигорат ба ӯ амр кардааст, ки хабар бидиҳад дар рӯи ӯ он чи карда шудааст.

99:6

يَوۡمَئِذٖ يَصۡدُرُ ٱلنَّاسُ أَشۡتَاتٗا لِّيُرَوۡاْ أَعۡمَٰلَهُمۡ ﴿٦﴾

Дар он рӯз мардум пароканда аз қабрҳо берун меоянд, то амалҳояшонро ба онҳо нишон диҳанд.

99:7

فَمَن يَعۡمَلۡ مِثۡقَالَ ذَرَّةٍ خَيۡرٗا يَرَهُۥ ﴿٧﴾

Пас ҳар кас ба андозаи заррае некӣ карда бошад, подоши онро дар охират мебинад.

99:8

وَمَن يَعۡمَلۡ مِثۡقَالَ ذَرَّةٖ شَرّٗا يَرَهُۥ ﴿٨﴾

Ва ҳар кас ба андозаи заррае бадӣ карда бошад, азобашро дар охират мебинад.