quranm◉

Сура Al-'Alaq العلق

#
96
↓
M
Оят
19
Тарҷума
Khawaja Mirof & Khawaja Mir

◉

بِسۡمِ ٱللَّهِ ٱلرَّحۡمَٰنِ ٱلرَّحِيمِ

96:1

ٱقۡرَأۡ بِٱسۡمِ رَبِّكَ ٱلَّذِي خَلَقَ ﴿١﴾

Бихон, эй Паёмбар ба номи Парвардигорат, Он ки ҳама ҷаҳонро офаридааст,

96:2

خَلَقَ ٱلۡإِنسَٰنَ مِنۡ عَلَقٍ ﴿٢﴾

одамиро аз пораи хуни баста офаридааст.

96:3

ٱقۡرَأۡ وَرَبُّكَ ٱلۡأَكۡرَمُ ﴿٣﴾

Бихон! Ва Парвардигори ту арҷмандтарин аст.

96:4

ٱلَّذِي عَلَّمَ بِٱلۡقَلَمِ ﴿٤﴾

Аллоҳе, ки ба воситаи қалам халқашро таълим дод,

96:5

عَلَّمَ ٱلۡإِنسَٰنَ مَا لَمۡ يَعۡلَمۡ ﴿٥﴾

ба одамӣ он чиро, ки намедонист, биёмӯхт. Ва аз торикиҳои ҷаҳл ба нури илм баровард.

96:6

كَلَّآ إِنَّ ٱلۡإِنسَٰنَ لَيَطۡغَىٰٓ ﴿٦﴾

Ҳаққо, ки одамӣ аз ҳад мегузарад,

96:7

أَن رَّءَاهُ ٱسۡتَغۡنَىٰٓ ﴿٧﴾

ҳар гоҳ ки хештанро тавонгар бинад.

96:8

إِنَّ إِلَىٰ رَبِّكَ ٱلرُّجۡعَىٰٓ ﴿٨﴾

Ҳароина, бидонад ҳар як саркаш, ки бозгашт ба сӯи Парвардигори туст. Пас ҳар як инсонро мувофиқи амалаш подошу ҷазо хоҳад дод.

96:9

أَرَءَيۡتَ ٱلَّذِي يَنۡهَىٰ ﴿٩﴾

Эй Паёмбар, оё диди он касро, ки манъ мекунад,

96:10

عَبۡدًا إِذَا صَلَّىٰٓ ﴿١٠﴾

бандаеро (Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва салламро), ки чун ба намоз истад?

96:11

أَرَءَيۡتَ إِن كَانَ عَلَى ٱلۡهُدَىٰٓ ﴿١١﴾

Оё дидӣ эй манъкунанда, агар он мард (яъне Муҳаммад) бар роҳи ҳидоят мебуд, пас чи гуна ӯро бозмедошт?

96:12

أَوۡ أَمَرَ بِٱلتَّقۡوَىٰٓ ﴿١٢﴾

Ё ин ки ба тақво ва парҳезгорӣ фармон медод?

96:13

أَرَءَيۡتَ إِن كَذَّبَ وَتَوَلَّىٰٓ ﴿١٣﴾

Оё дидӣ эй Муҳаммад, манъкунанда агар дурӯғ барорад ҳақро ва аз фармон рӯйгардонад. Оё аз азоби Аллоҳ наметарсад?

96:14

أَلَمۡ يَعۡلَم بِأَنَّ ٱللَّهَ يَرَىٰ ﴿١٤﴾

Оё магар надонистааст, ки ҳар чиро ки мекунад, Аллоҳ мебинад? Амр чунин нест, чунонки Абӯҷаҳл мепиндорад.

96:15

كَلَّا لَئِن لَّمۡ يَنتَهِ لَنَسۡفَعَۢا بِٱلنَّاصِيَةِ ﴿١٥﴾

На, агар бознаистад аз бадбахтиаш пешонаашро хоҳем кашид.

96:16

نَاصِيَةٖ كَٰذِبَةٍ خَاطِئَةٖ ﴿١٦﴾

Пешонаи дурӯғгӯи гунаҳгорро.

96:17

فَلۡيَدۡعُ نَادِيَهُۥ ﴿١٧﴾

Пас ёрони худро даъват кунад.

96:18

سَنَدۡعُ ٱلزَّبَانِيَةَ ﴿١٨﴾

Мо низ фариштагони маъмури дӯзахро садо мезанем!

96:19

كَلَّا لَا تُطِعۡهُ وَٱسۡجُدۡۤ وَٱقۡتَرِب۩ ﴿١٩﴾

Фармони ӯро қабул макун, ки ҳаргиз ба ту бадӣ натавонад расонд ва саҷда куну ба Аллоҳ наздик шав!