فَلَا يَحۡزُنكَ قَوۡلُهُمۡۘ إِنَّا نَعۡلَمُ مَا يُسِرُّونَ وَمَا يُعۡلِنُونَ ﴿٧٦﴾
Суханашон туро эй Расул, андӯҳгин насозад. Албатта, Мо ҳар чиро, ки пинҳон медоранд ё ошкор месозанд, медонем.
481 Оят · Мавзӯъҳо · tg
فَلَا يَحۡزُنكَ قَوۡلُهُمۡۘ إِنَّا نَعۡلَمُ مَا يُسِرُّونَ وَمَا يُعۡلِنُونَ ﴿٧٦﴾
Суханашон туро эй Расул, андӯҳгин насозад. Албатта, Мо ҳар чиро, ки пинҳон медоранд ё ошкор месозанд, медонем.
أَوَلَمۡ يَرَ ٱلۡإِنسَٰنُ أَنَّا خَلَقۡنَٰهُ مِن نُّطۡفَةٖ فَإِذَا هُوَ خَصِيمٞ مُّبِينٞ ﴿٧٧﴾
Оё он инсони мункири рӯзи қиёмат надидааст, ки Мо ӯро аз нутфае офаридаем, пас, ӯ ситезаҷӯйи ошкор шудааст?
وَضَرَبَ لَنَا مَثَلٗا وَنَسِيَ خَلۡقَهُۥۖ قَالَ مَن يُحۡيِ ٱلۡعِظَٰمَ وَهِيَ رَمِيمٞ ﴿٧٨﴾
Ва барои Мо масале зад ва офариниши худро фаромӯш карда гуфт: « Чӣ касе ин устухонҳои пӯсидаро дубора зинда мекунад»?
قُلۡ يُحۡيِيهَا ٱلَّذِيٓ أَنشَأَهَآ أَوَّلَ مَرَّةٖۖ وَهُوَ بِكُلِّ خَلۡقٍ عَلِيمٌ ﴿٧٩﴾
Бигӯ барои ӯ: «Зоте онҳоро зинда мекунад, ки дар оғоз онҳоро офаридааст ва Ӯ ба ҳар офаринише доност.
ٱلَّذِي جَعَلَ لَكُم مِّنَ ٱلشَّجَرِ ٱلۡأَخۡضَرِ نَارٗا فَإِذَآ أَنتُم مِّنۡهُ تُوقِدُونَ ﴿٨٠﴾
Он Аллоҳе, ки аз дарахти сабз бароятон оташ падид овард ва шумо аз он оташ меафрӯзед. Инчунин Аллоҳ қодир аст, ки мурдагонро аз қабрҳояшон зинда берун орад.
أَوَلَيۡسَ ٱلَّذِي خَلَقَ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضَ بِقَٰدِرٍ عَلَىٰٓ أَن يَخۡلُقَ مِثۡلَهُمۚ بَلَىٰ وَهُوَ ٱلۡخَلَّـٰقُ ٱلۡعَلِيمُ ﴿٨١﴾
Оё касе, ки осмонҳову заминро офаридааст, наметавонад монанди онҳоро дубора биёфаринад? Оре, метавонад, ки Ӯ офаринандаи ҳамаи махлуқот аст ва ба ҳар чӣ офарид ва меофарад, доност!
إِنَّمَآ أَمۡرُهُۥٓ إِذَآ أَرَادَ شَيۡـًٔا أَن يَقُولَ لَهُۥ كُن فَيَكُونُ ﴿٨٢﴾
Чун бихоҳад чизеро биёфарад, ҳароина, фармонаш ин аст, ки мегӯяд: «Мавҷуд шав!» Пас, мавҷуд мешавад.
فَسُبۡحَٰنَ ٱلَّذِي بِيَدِهِۦ مَلَكُوتُ كُلِّ شَيۡءٖ وَإِلَيۡهِ تُرۡجَعُونَ ﴿٨٣﴾
Пок аст он Аллоҳе, ки малакут (моликияту ҳокимият)-и ҳар чизе ба дасти Ӯст ва ҳама ба сӯи Ӯ барои ҳисобу ҷазо бозгардонда мешавед!
وَمَا قَدَرُواْ ٱللَّهَ حَقَّ قَدۡرِهِۦ وَٱلۡأَرۡضُ جَمِيعٗا قَبۡضَتُهُۥ يَوۡمَ ٱلۡقِيَٰمَةِ وَٱلسَّمَٰوَٰتُ مَطۡوِيَّـٰتُۢ بِيَمِينِهِۦۚ سُبۡحَٰنَهُۥ وَتَعَٰلَىٰ عَمَّا يُشۡرِكُونَ ﴿٦٧﴾
Ва ин мушрикон Аллоҳро, чунонки сазовори бузургии Ӯст, нашинохтанд. Ва дар рӯзи қиёмат тамоми замин дар қабзаи (мушти) Ӯст ва осмонҳо дар ҳам печида дар дасти рости Ӯст. Пок аст ва бартар аз ҳар чӣ шарики Ӯ мепиндоранд.
وَنُفِخَ فِي ٱلصُّورِ فَصَعِقَ مَن فِي ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَمَن فِي ٱلۡأَرۡضِ إِلَّا مَن شَآءَ ٱللَّهُۖ ثُمَّ نُفِخَ فِيهِ أُخۡرَىٰ فَإِذَا هُمۡ قِيَامٞ يَنظُرُونَ ﴿٦٨﴾
Ва дар сур дамида шавад. Пас, ҳар кӣ дар осмонҳо ва ҳар кӣ дар замин аст, ҷуз онҳое, ки Аллоҳ бихоҳад, беҳуш мешаванд ва бимиранд. Ва барои зинда гардондани халоиқ, барои ҳисоб бори дигар дар он сур дамида шавад, ногаҳон аз ҷой бармехезанд ва менигаранд, ки бо онҳо чӣ амале анҷом мешавад.
وَأَشۡرَقَتِ ٱلۡأَرۡضُ بِنُورِ رَبِّهَا وَوُضِعَ ٱلۡكِتَٰبُ وَجِاْيٓءَ بِٱلنَّبِيِّـۧنَ وَٱلشُّهَدَآءِ وَقُضِيَ بَيۡنَهُم بِٱلۡحَقِّ وَهُمۡ لَا يُظۡلَمُونَ ﴿٦٩﴾
Ва замин дар рӯзи қиёмат барои ҳукми бандагон ба нури Парвардигораш равшан шавад ва малоикаҳо номаҳои аъмолро биниҳанд ва паёмбарону гувоҳонро биёваранд ва дар миёни мардум ба дурустӣ доварӣ шавад ва бар касе на каму на беш ситаме намешавад.
حمٓ ﴿١﴾
Ҳо, Мим. (Зикри ҳарфҳои муқаттаъа дар аввали сураи Бақара гузашт.)
تَنزِيلُ ٱلۡكِتَٰبِ مِنَ ٱللَّهِ ٱلۡعَزِيزِ ٱلۡعَلِيمِ ﴿٢﴾
Нозил шудани ин китоб бар Паёмбар Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) аз ҷониби Аллоҳе, ки пирӯзманд бар ҳама махлуқоташу доност бар ҳама чиз,
غَافِرِ ٱلذَّنۢبِ وَقَابِلِ ٱلتَّوۡبِ شَدِيدِ ٱلۡعِقَابِ ذِي ٱلطَّوۡلِۖ لَآ إِلَٰهَ إِلَّا هُوَۖ إِلَيۡهِ ٱلۡمَصِيرُ ﴿٣﴾
(Ӯ) омурзандаи гуноҳи гунаҳкорон, пазирандаи тавбаи тавбакунандагон, сахтуқубат аст, бар касоне, ки дар гуноҳ ҷуръат кардаанд, бахшандаи неъмат аст, бар бандагони итоаткораш. Ҳеҷ маъбуде нест ҷуз Ӯ, ки сазовори парастиш бошад. Бозгашти ҳама халоиқ дар рӯзи қиёмат ба сӯи Ӯст. Пас, ҳар якеро мувофиқи кирдорашон ҷазои муносиб медиҳад
هُوَ ٱلَّذِي يُرِيكُمۡ ءَايَٰتِهِۦ وَيُنَزِّلُ لَكُم مِّنَ ٱلسَّمَآءِ رِزۡقٗاۚ وَمَا يَتَذَكَّرُ إِلَّا مَن يُنِيبُ ﴿١٣﴾
Ӯст, он ки нишонаҳои бузурги қудрати Хешро ба шумо (эй одамон) нишон медиҳад ва бароятон аз осмон ризқу рӯзӣ мефиристад. Танҳо касе панд мегирад, ки ба ягонагии Аллоҳ ва ибодати холис руҷӯъ мекунад..
فَٱدۡعُواْ ٱللَّهَ مُخۡلِصِينَ لَهُ ٱلدِّينَ وَلَوۡ كَرِهَ ٱلۡكَٰفِرُونَ ﴿١٤﴾
Пас, Аллоҳро бо дуо бихонед, (эй мӯъминон) дар ҳоле, ки ибодату тоатро хоси Ӯ бидонед ва мухолифи мушрикон рафтор кунед, агарчи кофиронро нохуш ояд.
رَفِيعُ ٱلدَّرَجَٰتِ ذُو ٱلۡعَرۡشِ يُلۡقِي ٱلرُّوحَ مِنۡ أَمۡرِهِۦ عَلَىٰ مَن يَشَآءُ مِنۡ عِبَادِهِۦ لِيُنذِرَ يَوۡمَ ٱلتَّلَاقِ ﴿١٥﴾
Баландкунандаи мартабаҳо, соҳиби Арш ва аз раҳмати Ӯ бар бандагонаш он аст, ки руҳ (ваҳй)-ро ба фармони Худ бар ҳар яке аз бандагонаш, ки бихоҳад, мефиристад, то ӯ мардумро аз рӯзи мулоқот (қиёмат) битарсонад, ки аввалин ва охирин дар он ҷо вомехӯранд.
يَوۡمَ هُم بَٰرِزُونَۖ لَا يَخۡفَىٰ عَلَى ٱللَّهِ مِنۡهُمۡ شَيۡءٞۚ لِّمَنِ ٱلۡمُلۡكُ ٱلۡيَوۡمَۖ لِلَّهِ ٱلۡوَٰحِدِ ٱلۡقَهَّارِ ﴿١٦﴾
Он рӯз, ки ҳамаи онҳо аввалину охирин дар назди Парвардигорашон ошкор шаванд, ҳеҷ чиз аз амалҳои онҳо, ки дар дунё карда буданд, бар Аллоҳ пӯшида намонад. Аллоҳ таоло мефармояд: Имрӯз подшоҳӣ аз они кист? Боз Худ ҷавоб медиҳад: Аз они Аллоҳи яктои қаҳҳор, ки дар зот, номҳо, сифатҳо ва корҳояш ягона аст ва ба қудрат ва иззати худ бар тамоми халоиқ ғолиб аст!
ٱلۡيَوۡمَ تُجۡزَىٰ كُلُّ نَفۡسِۭ بِمَا كَسَبَتۡۚ لَا ظُلۡمَ ٱلۡيَوۡمَۚ إِنَّ ٱللَّهَ سَرِيعُ ٱلۡحِسَابِ ﴿١٧﴾
Имрӯз ҳар кас мувофиқи он чӣ анҷом додааст дар дунё аз неку бад, ҷазо дода мешавад, имрӯз ҳеҷ ситаме нест, ки дар бадиҳояш афзуда шавад ва ё аз некиҳояш кам карда шавад. Ва ҳароина, Аллоҳ зудшумор аст! Он рӯзро дер напиндоред, ҳар чӣ ки меояд наздик аст.
إِنَّ ٱلَّذِينَ يُجَٰدِلُونَ فِيٓ ءَايَٰتِ ٱللَّهِ بِغَيۡرِ سُلۡطَٰنٍ أَتَىٰهُمۡ إِن فِي صُدُورِهِمۡ إِلَّا كِبۡرٞ مَّا هُم بِبَٰلِغِيهِۚ فَٱسۡتَعِذۡ بِٱللَّهِۖ إِنَّهُۥ هُوَ ٱلسَّمِيعُ ٱلۡبَصِيرُ ﴿٥٦﴾
Ба ростӣ, касоне, ки дар оёти Аллоҳ бе он ки ҳуҷҷате барояшон омада бошад ба гумонҳои фосиду ботил муҷодала мекунанд ва мехоҳанд бо ботиле, ки бо худ доранд бар ҳақ бартарӣ ҷӯянд, дар синаҳои онҳо ҷуз кибр нест ва ҳасадбаранда ҳастанд бар фазлу каромате, ки Аллоҳ ба паёмбараш додааст, вале ба он мақсад нахоҳанд расид. Пас, ба Аллоҳ паноҳ бибар, ки албатта, Ӯ бисёр шунаво аст ба гуфторашон, биност ба кирдорашон ва ҳар якеро ҷазои муносиб хоҳад дод!
لَخَلۡقُ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضِ أَكۡبَرُ مِنۡ خَلۡقِ ٱلنَّاسِ وَلَٰكِنَّ أَكۡثَرَ ٱلنَّاسِ لَا يَعۡلَمُونَ ﴿٥٧﴾
Бегумон офариниши осмону замин аз офариниши мардум ва аз зинда гардонидани онҳо баъд аз мирониданашон бузургтар аст, вале бештари мардум намедонанд, ки офариниши ҳама махлуқот бар Аллоҳ осон аст!
وَمَا يَسۡتَوِي ٱلۡأَعۡمَىٰ وَٱلۡبَصِيرُ وَٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ وَعَمِلُواْ ٱلصَّـٰلِحَٰتِ وَلَا ٱلۡمُسِيٓءُۚ قَلِيلٗا مَّا تَتَذَكَّرُونَ ﴿٥٨﴾
Ва нобинову бино баробар нестанд. Ва онҳое, ки имон ба ягонагии Аллоҳ овардаанд ва корҳои шоиста кардаанд ва амал ба шариати Ӯ кардаанд, бо зишткорон, ки ягонагии Аллоҳро инкор кардаанд ва паёмбаронро дурӯғ баровардаанд ва ба шариати Ӯ амал накардаанд, ҳаргиз баробар набошанд. Аммо шумо кам панд мегиред!
إِنَّ ٱلسَّاعَةَ لَأٓتِيَةٞ لَّا رَيۡبَ فِيهَا وَلَٰكِنَّ أَكۡثَرَ ٱلنَّاسِ لَا يُؤۡمِنُونَ ﴿٥٩﴾
Бегумон қиёмат омаданӣ аст ва дар он шубҳае нест, пас дар омадани он шак накунед, чунон ки паёмбарон ба он хабар додаанд, вале бештари мардум ба омадани қиёмат имон намеоваранд ва амал намекунанд.
وَقَالَ رَبُّكُمُ ٱدۡعُونِيٓ أَسۡتَجِبۡ لَكُمۡۚ إِنَّ ٱلَّذِينَ يَسۡتَكۡبِرُونَ عَنۡ عِبَادَتِي سَيَدۡخُلُونَ جَهَنَّمَ دَاخِرِينَ ﴿٦٠﴾
Ва Парвардигоратон гуфт: Эй бандагон! Дуову илтиҷо кунед Маро, то дуои шуморо иҷобат кунам. Бегумон онҳое, ки аз парастиши Ман саркашӣ мекунанд, ба зудӣ бо хорӣ ба ҷаҳаннам медароянд!
ٱللَّهُ ٱلَّذِي جَعَلَ لَكُمُ ٱلَّيۡلَ لِتَسۡكُنُواْ فِيهِ وَٱلنَّهَارَ مُبۡصِرًاۚ إِنَّ ٱللَّهَ لَذُو فَضۡلٍ عَلَى ٱلنَّاسِ وَلَٰكِنَّ أَكۡثَرَ ٱلنَّاسِ لَا يَشۡكُرُونَ ﴿٦١﴾
Аллоҳ аст, он ки шабро бароятон офарид, то дар он биёромед ва роҳат кунед ва рӯзро равшаноӣ бахшид то ниёзҳои худро дар он анҷом диҳед. Ҳароина, Аллоҳ бар мардум фазлу карам дорад. Вале бештари мардум Ӯро ба тоат ва ихлос дар ибодат шукргузорӣ намекунанд.
ذَٰلِكُمُ ٱللَّهُ رَبُّكُمۡ خَٰلِقُ كُلِّ شَيۡءٖ لَّآ إِلَٰهَ إِلَّا هُوَۖ فَأَنَّىٰ تُؤۡفَكُونَ ﴿٦٢﴾
Ин аст Аллоҳи барҳақ, ки бар шумо ин неъматҳоро арзонӣ кард, Ӯст Парвардигори шумо, Офаридгори ҳама чиз. Аллоҳе барҳақ ҷуз Ӯ касе сазовори ибодат нест. Пас, чӣ гуна аз ҳақ баргардонида мешавед баъд аз он ки далел ва роҳ бароятон равшан шудааст, ғайри Ӯро боз парастиш мекунед?
كَذَٰلِكَ يُؤۡفَكُ ٱلَّذِينَ كَانُواْ بِـَٔايَٰتِ ٱللَّهِ يَجۡحَدُونَ ﴿٦٣﴾
Чуноне ки ҳақро дурӯғ баровардед эй кофирони Қурайш ва аз он рӯй гардонидед, ҳамчунин аз роҳи ҳақ баргардонида мешаванд ононе, ки оёти Аллоҳро инкор мекарданд.
ٱللَّهُ ٱلَّذِي جَعَلَ لَكُمُ ٱلۡأَرۡضَ قَرَارٗا وَٱلسَّمَآءَ بِنَآءٗ وَصَوَّرَكُمۡ فَأَحۡسَنَ صُوَرَكُمۡ وَرَزَقَكُم مِّنَ ٱلطَّيِّبَٰتِۚ ذَٰلِكُمُ ٱللَّهُ رَبُّكُمۡۖ فَتَبَارَكَ ٱللَّهُ رَبُّ ٱلۡعَٰلَمِينَ ﴿٦٤﴾
Аллоҳ аст, ки заминро қароргоҳи шумо сохт то дар он қарор гиред ва бар он зиндагиро бароятон муяссар кард ва осмонро барои замин чун биное барафрохт. Ва шуморо сурат бахшид ва суратҳоятонро некӯ сохт. Ва аз чизҳои покизаву хуш рӯзиятон дод. Ин аст Аллоҳи барҳақ, ки бар шумо ин неъматҳоро арзонӣ кард. Парвардигори шумост. Аллоҳ пурбаракату бузургвор аст, ва аз ҳама сифатҳои ношоистае, ки лоиқи зоти Ӯ нест, пок аст. Ӯст Парвардигори ҷаҳониён!
هُوَ ٱلۡحَيُّ لَآ إِلَٰهَ إِلَّا هُوَ فَٱدۡعُوهُ مُخۡلِصِينَ لَهُ ٱلدِّينَۗ ٱلۡحَمۡدُ لِلَّهِ رَبِّ ٱلۡعَٰلَمِينَ ﴿٦٥﴾
Ӯ зинда ва боқӣ аст ва Ӯро ҳаёти комил аст, ҳаргиз фано намешавад, Аллоҳе барҳақ, ғайри Ӯ ҳеҷ кас сазовори ибодат нест. Танҳо Ӯро ибодат кунед ва Ӯро бо дуо бихонед, дар ҳоле, ки дини Ӯро ба ихлос пазируфта бошед, ки ситоиши комил аз они Аллоҳест, ки Парвардигори ҷаҳониён аст!
۞قُلۡ أَئِنَّكُمۡ لَتَكۡفُرُونَ بِٱلَّذِي خَلَقَ ٱلۡأَرۡضَ فِي يَوۡمَيۡنِ وَتَجۡعَلُونَ لَهُۥٓ أَندَادٗاۚ ذَٰلِكَ رَبُّ ٱلۡعَٰلَمِينَ ﴿٩﴾
Бигӯ эй Паёмбар ба он мушрикон: Оё ба Аллоҳе, ки заминро дар ду рӯз офаридааст, кофир мешавед ва барои Ӯ шарикҳо қарор медиҳед? Ӯст Парвардигори тамоми ҷаҳониён!
وَجَعَلَ فِيهَا رَوَٰسِيَ مِن فَوۡقِهَا وَبَٰرَكَ فِيهَا وَقَدَّرَ فِيهَآ أَقۡوَٰتَهَا فِيٓ أَرۡبَعَةِ أَيَّامٖ سَوَآءٗ لِّلسَّآئِلِينَ ﴿١٠﴾
Ӯ зотест, ки офарид дар болои замин кӯҳҳои устуворро ва баракат ниҳод дар он ва муайян сохт дар рӯи замин ризқу рӯзӣ (аҳли онро) дар муддати чаҳор рӯз, ин тафсилот барои суолкунандагон аст.
ثُمَّ ٱسۡتَوَىٰٓ إِلَى ٱلسَّمَآءِ وَهِيَ دُخَانٞ فَقَالَ لَهَا وَلِلۡأَرۡضِ ٱئۡتِيَا طَوۡعًا أَوۡ كَرۡهٗا قَالَتَآ أَتَيۡنَا طَآئِعِينَ ﴿١١﴾
Сипас Аллоҳи пок ба осмон мутаваҷҷиҳ шуд ва он дудмонанд буд. Пас, ба осмону замин гуфт: «Хоҳ ё нохоҳ биёед». Гуфтанд: «Фармонбардор омадем».
فَقَضَىٰهُنَّ سَبۡعَ سَمَٰوَاتٖ فِي يَوۡمَيۡنِ وَأَوۡحَىٰ فِي كُلِّ سَمَآءٍ أَمۡرَهَاۚ وَزَيَّنَّا ٱلسَّمَآءَ ٱلدُّنۡيَا بِمَصَٰبِيحَ وَحِفۡظٗاۚ ذَٰلِكَ تَقۡدِيرُ ٱلۡعَزِيزِ ٱلۡعَلِيمِ ﴿١٢﴾
Он гоҳ ҳафт осмонро дар ду рӯз офарид. Ва ба ҳар осмоне фармони лозимаашро ваҳй кард. Ва осмони дунёро ба чароғҳое (ситорагоне) биёростем ва ҳифзаш кардем. Ин аст тадбири (Аллоҳи) ғолибу доно.
وَمِنۡ ءَايَٰتِهِ ٱلَّيۡلُ وَٱلنَّهَارُ وَٱلشَّمۡسُ وَٱلۡقَمَرُۚ لَا تَسۡجُدُواْ لِلشَّمۡسِ وَلَا لِلۡقَمَرِ وَٱسۡجُدُواْۤ لِلَّهِۤ ٱلَّذِي خَلَقَهُنَّ إِن كُنتُمۡ إِيَّاهُ تَعۡبُدُونَ ﴿٣٧﴾
Ва аз нишонаҳои қудрат ва ягонагии Ӯ пайи ҳам омадани шабу рӯз ва офтобу моҳ аст. Ба офтобу моҳ саҷда макунед, ки онҳо махлуқанд. Ва ба Аллоҳи барҳақ, ки онҳоро офаридааст, саҷда кунед, агар хос Ӯро итоъат мекунед ва мепарастед!
فَإِنِ ٱسۡتَكۡبَرُواْ فَٱلَّذِينَ عِندَ رَبِّكَ يُسَبِّحُونَ لَهُۥ بِٱلَّيۡلِ وَٱلنَّهَارِ وَهُمۡ لَا يَسۡـَٔمُونَ۩ ﴿٣٨﴾
Пас агар он мушрикон аз саҷда кардани барои Аллоҳ такаббур меварзанд, пас ҳамоно фариштагоне, ки дар назди Парвардигори ту ҳастанд, такаббур намеварзанд, балки бехастагиву дилгиршавӣ, шабу рӯз тасбеҳи Ӯ мегӯянд.
وَمِنۡ ءَايَٰتِهِۦٓ أَنَّكَ تَرَى ٱلۡأَرۡضَ خَٰشِعَةٗ فَإِذَآ أَنزَلۡنَا عَلَيۡهَا ٱلۡمَآءَ ٱهۡتَزَّتۡ وَرَبَتۡۚ إِنَّ ٱلَّذِيٓ أَحۡيَاهَا لَمُحۡيِ ٱلۡمَوۡتَىٰٓۚ إِنَّهُۥ عَلَىٰ كُلِّ شَيۡءٖ قَدِيرٌ ﴿٣٩﴾
Ва аз аломоти ягонагӣ ва қудрати Ӯ он, ки ту заминро хушк мебинӣ. Пас чун об бар он бифиристем, ба ҷунбиш ояд ва гиёҳ бирӯёнад. Он Зоте, ки заминро пас аз хушк шудан зинда мекунад, албатта, қодир аст, ки мурдагонро баъд аз маргашон зинда кунад. Ва ҳароина, Ӯ бар ҳар чизе тавоност! Пас чунон ки аз зинда кардани замин оҷиз намемонад, инчунин аз зинда кардани мурдагон оҷиз намемонад.
حمٓ ﴿١﴾
Ҳо, Мим.
عٓسٓقٓ ﴿٢﴾
Айн, Син, Қоф.
كَذَٰلِكَ يُوحِيٓ إِلَيۡكَ وَإِلَى ٱلَّذِينَ مِن قَبۡلِكَ ٱللَّهُ ٱلۡعَزِيزُ ٱلۡحَكِيمُ ﴿٣﴾
Парвардигор ба ту ва ба касоне, ки пеш аз ту буданд, ин гуна ваҳй мекунад. Аллоҳ пирӯзманди ҳаким аст.
لَهُۥ مَا فِي ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَمَا فِي ٱلۡأَرۡضِۖ وَهُوَ ٱلۡعَلِيُّ ٱلۡعَظِيمُ ﴿٤﴾
Аз они Ӯст, ҳар чӣ дар осмонҳо ва замин аст. Ва Ӯ бар ҳама махлуқоташ баландмартабаи бузургвор аст ва ҳама дар зери қудрат ва хоҳиши Ӯ ҳастанд!
تَكَادُ ٱلسَّمَٰوَٰتُ يَتَفَطَّرۡنَ مِن فَوۡقِهِنَّۚ وَٱلۡمَلَـٰٓئِكَةُ يُسَبِّحُونَ بِحَمۡدِ رَبِّهِمۡ وَيَسۡتَغۡفِرُونَ لِمَن فِي ٱلۡأَرۡضِۗ أَلَآ إِنَّ ٱللَّهَ هُوَ ٱلۡغَفُورُ ٱلرَّحِيمُ ﴿٥﴾
Наздик аст, ки осмонҳо ба хотири азамати Илоҳӣ болои якдигар дар ҳам бишкофанд ва фариштагон ба ситоиши Парвардигорашон тасбеҳ мегӯянд ва Ӯро таъзим менамоянд ва аз сифатҳои ношистае, ки лоиқ ба зоти Ӯ нест, ба покӣ ёд мекунанд ва барои гуноҳони аҳли имони сокинони замин омӯрзиш металабанд. Огоҳ бошед, ки Аллоҳ гуноҳони мӯъминонро омӯрзанда аст ва бо бандагонаш меҳрубон аст!
وَٱلَّذِينَ ٱتَّخَذُواْ مِن دُونِهِۦٓ أَوۡلِيَآءَ ٱللَّهُ حَفِيظٌ عَلَيۡهِمۡ وَمَآ أَنتَ عَلَيۡهِم بِوَكِيلٖ ﴿٦﴾
Ва касоне, ки ғайри Ӯро ба дӯстӣ ва сарпарастӣ, он гуна ки Аллоҳро ибодат мекунанд, гирифтаанд, Аллоҳ бар корҳои онҳо нигаҳбон аст, то дар рӯзи қиёмат онҳоро ҷазо диҳад ва ту эй Расул ба ӯҳдагиранда ва масъул бар амалҳои онҳо нестӣ. Балки ту танҳо бимдиҳандаӣ ва бар ӯҳдаи ту фақат расонидани паём аст ва ҳисоби онҳо бар Мост.
فَاطِرُ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضِۚ جَعَلَ لَكُم مِّنۡ أَنفُسِكُمۡ أَزۡوَٰجٗا وَمِنَ ٱلۡأَنۡعَٰمِ أَزۡوَٰجٗا يَذۡرَؤُكُمۡ فِيهِۚ لَيۡسَ كَمِثۡلِهِۦ شَيۡءٞۖ وَهُوَ ٱلسَّمِيعُ ٱلۡبَصِيرُ ﴿١١﴾
Аллоҳ офаридгори осмонҳову замин аст (ва падидоварандааст он дуро боқудрат ва хоҳиш ва ҳикмати худ.) Ва аз худатон барои шумо, ҳамсароне биёфарид. Ва низ аз чорпоён ҷуфтҳое падид овард (аз наринаву модина) ба ин васила. Бо сабаби офариниши ҳамсарон шумораатонро меафзояд. Ҳеҷ чиз аз махлуқоташ на дар зот ва на дар номҳову сифоташ монанди Ӯ нест ва Ӯст, ки шунавову биност (ҳеҷ чиз аз амалҳои бандагонаш бар Ӯ пӯшида нест ва ба ҳар яке ҷазои муносиб хоҳад дод!)
لَهُۥ مَقَالِيدُ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضِۖ يَبۡسُطُ ٱلرِّزۡقَ لِمَن يَشَآءُ وَيَقۡدِرُۚ إِنَّهُۥ بِكُلِّ شَيۡءٍ عَلِيمٞ ﴿١٢﴾
Калидҳои раҳмат ва ризқу рӯзӣ дар дасти Ӯст ва мулки осмону замин аз они Ӯст. Барои ҳар кӣ бихоҳад ризқу рӯзиро кушода (васеъ) медорад ва барои ҳар ки бихоҳад танг медорад ва Ӯ ба ҳар чизе доност ва чизе аз умури бандагонаш бар Ӯ пӯшида намемонад!
وَهُوَ ٱلَّذِي يُنَزِّلُ ٱلۡغَيۡثَ مِنۢ بَعۡدِ مَا قَنَطُواْ وَيَنشُرُ رَحۡمَتَهُۥۚ وَهُوَ ٱلۡوَلِيُّ ٱلۡحَمِيدُ ﴿٢٨﴾
Ва Ӯст он Аллоҳ, ки борони фоидабахшро баъд аз он ки ноумед шуданд, фуруд моварад ва раҳмати Худро ба ҳама ҷо пароканда мекунад ва Ӯст сарпарасти бандагони шоистакори худ ва Ӯ дар корсозӣ ва тадбираш соҳиби ҳамду сано аст.
وَمِنۡ ءَايَٰتِهِۦ خَلۡقُ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضِ وَمَا بَثَّ فِيهِمَا مِن دَآبَّةٖۚ وَهُوَ عَلَىٰ جَمۡعِهِمۡ إِذَا يَشَآءُ قَدِيرٞ ﴿٢٩﴾
Ва аз нишонаҳои қудрати Ӯ офариниши осмонҳову замин ва он чи аз ҷонварон, ки дар он ду (осмонҳову замин) пароканда кардааст, низ далолат бар бузургӣ ва қудрати Ӯ мекунанд. Ва Ӯ ҳар гоҳ бихоҳад, бар гирд оварданашон дар рӯзи қиёмат тавоност!
وَمَآ أَصَٰبَكُم مِّن مُّصِيبَةٖ فَبِمَا كَسَبَتۡ أَيۡدِيكُمۡ وَيَعۡفُواْ عَن كَثِيرٖ ﴿٣٠﴾
Эй мардум, агар шуморо мусибате аз мусибатҳо, дар дину дунёятон расад, пас ба хотири корҳоест, ки кардаед. Ва Аллоҳ аз карами худ бисёре аз гуноҳонро барои шумо афв мекунад ва ҷазо намедиҳад.
وَمَآ أَنتُم بِمُعۡجِزِينَ فِي ٱلۡأَرۡضِۖ وَمَا لَكُم مِّن دُونِ ٱللَّهِ مِن وَلِيّٖ وَلَا نَصِيرٖ ﴿٣١﴾
Шумо эй одамон натавонед дар рӯи замин аз Ӯ бигурезед ва шуморо ҷуз Ӯ сарпарасте нест, ки сарпарастӣ намояд ва манфиатҳоятонро фароҳам орад ва ёваре нест, ки зиёнҳоро аз шумо дур кунад!
وَمِنۡ ءَايَٰتِهِ ٱلۡجَوَارِ فِي ٱلۡبَحۡرِ كَٱلۡأَعۡلَٰمِ ﴿٣٢﴾
Аз нишонаҳои қудрати Ӯ киштиҳоест чун кӯҳ, ки дар баҳрҳо равонанд.
إِن يَشَأۡ يُسۡكِنِ ٱلرِّيحَ فَيَظۡلَلۡنَ رَوَاكِدَ عَلَىٰ ظَهۡرِهِۦٓۚ إِنَّ فِي ذَٰلِكَ لَأٓيَٰتٖ لِّكُلِّ صَبَّارٖ شَكُورٍ ﴿٣٣﴾
Агар бихоҳад, бодро ором месозад, то киштиҳо бар рӯи баҳр аз рафтан бозмонанд. Албатта, дар ин вуҷуд ва ҳаракати киштиҳо барои сабркунандагони шукргузор, ибратҳост.