quranm◉

Мавзӯъҳо · tg (Саҳифа 10)

481 Оят · Мавзӯъҳо · tg

An-Naba 78:6

أَلَمۡ نَجۡعَلِ ٱلۡأَرۡضَ مِهَٰدٗا ﴿٦﴾

Оё Мо заминрро бистаре насохтем?

An-Naba 78:7

وَٱلۡجِبَالَ أَوۡتَادٗا ﴿٧﴾

Ва кӯҳҳоро мехҳое нанамудаем, то замин устувор истад?!

An-Naba 78:8

وَخَلَقۡنَٰكُمۡ أَزۡوَٰجٗا ﴿٨﴾

Ва шуморо ҷуфт-ҷуфт (марду зан) офаридем.

An-Naba 78:9

وَجَعَلۡنَا نَوۡمَكُمۡ سُبَاتٗا ﴿٩﴾

Ва хобатонро мояи оромиш қарор додем, то баданҳоятон роҳат кунад.

An-Naba 78:10

وَجَعَلۡنَا ٱلَّيۡلَ لِبَاسٗا ﴿١٠﴾

Ва шабро пӯшишатон қарор додем, ки бо торикиаш шуморо фаро мегирад, чунон ки дар бар дорандаи либосро мепӯшонад.

An-Naba 78:11

وَجَعَلۡنَا ٱلنَّهَارَ مَعَاشٗا ﴿١١﴾

Ва рӯзро вақти талоши маъош (касб) қарор додем, то барои ободии ҳаёти худ саъю кӯшиш намоед.

An-Naba 78:12

وَبَنَيۡنَا فَوۡقَكُمۡ سَبۡعٗا شِدَادٗا ﴿١٢﴾

Ва бар болои саратон ҳафт осмони устувор бино кардем, ки дар он шикофӣ ва нуқсон нест.

An-Naba 78:13

وَجَعَلۡنَا سِرَاجٗا وَهَّاجٗا ﴿١٣﴾

Ва хуршедро чароғи равшане офаридем.

An-Naba 78:14

وَأَنزَلۡنَا مِنَ ٱلۡمُعۡصِرَٰتِ مَآءٗ ثَجَّاجٗا ﴿١٤﴾

Аз абрҳои боронафшон оби фаровоне нозил кардем,

An-Naba 78:15

لِّنُخۡرِجَ بِهِۦ حَبّٗا وَنَبَاتٗا ﴿١٥﴾

то бо василаи он донаву наботот бирӯёнем барои мардумон ва ҳайвонот

An-Naba 78:16

وَجَنَّـٰتٍ أَلۡفَافًا ﴿١٦﴾

ва ба василаи он низ бӯстонҳои дарҳампечидаро ато фармоем.

An-Naba 78:17

إِنَّ يَوۡمَ ٱلۡفَصۡلِ كَانَ مِيقَٰتٗا ﴿١٧﴾

Бегумон рӯзи доварӣ (қиёмат,) рӯзест муъайян, барои аввалину охирин

An-Naba 78:18

يَوۡمَ يُنفَخُ فِي ٱلصُّورِ فَتَأۡتُونَ أَفۡوَاجٗا ﴿١٨﴾

Рӯзе, ки дар сур дамида шавад ва шумо онгоҳ гурӯҳ-гурӯҳ меоед. (Яъне, ҳамаи уммат бо ҳамроҳи пешвоёнашон меоянд.)

An-Naba 78:19

وَفُتِحَتِ ٱلسَّمَآءُ فَكَانَتۡ أَبۡوَٰبٗا ﴿١٩﴾

Осмон шикофта шавад ва ҳар сурохӣ даре бошад, то фариштагон аз он дарвозаҳо фуруд оянд

An-Naba 78:20

وَسُيِّرَتِ ٱلۡجِبَالُ فَكَانَتۡ سَرَابًا ﴿٢٠﴾

Ва кӯҳҳо, баъди устувор будан равон сохта шаванд ва чун саробе несту нобуд гарданд.

An-Naba 78:21

إِنَّ جَهَنَّمَ كَانَتۡ مِرۡصَادٗا ﴿٢١﴾

Бегумон ҷаҳаннам камингоҳест, дар интизори кофирон ва барои онҳо омода шудааст

Al-Inshiqaq 84:1

إِذَا ٱلسَّمَآءُ ٱنشَقَّتۡ ﴿١﴾

Чун осмон дар рӯзи қиёмат шикофта шавад

Al-Inshiqaq 84:2

وَأَذِنَتۡ لِرَبِّهَا وَحُقَّتۡ ﴿٢﴾

ва ба фармони Парвардигораш гӯш диҳад ва ҳақ бувад, ки чунин кунад

Al-Inshiqaq 84:3

وَإِذَا ٱلۡأَرۡضُ مُدَّتۡ ﴿٣﴾

ва ҳангоме ки замин бозкашида ва паҳн мешавад ва кӯҳҳои он дар ҳам кӯбида шавад

Al-Inshiqaq 84:4

وَأَلۡقَتۡ مَا فِيهَا وَتَخَلَّتۡ ﴿٤﴾

ва ҳар чиро ки дар дарун дорад аз хазинаҳо ва мурдаҳо берун партояд ва холӣ гардад

Al-Inshiqaq 84:5

وَأَذِنَتۡ لِرَبِّهَا وَحُقَّتۡ ﴿٥﴾

ва ба фармони Парвардигораш гӯш диҳад ва ҳақ бувад, ки чунин кунад.

Al-Ghashiyah 88:17

أَفَلَا يَنظُرُونَ إِلَى ٱلۡإِبِلِ كَيۡفَ خُلِقَتۡ ﴿١٧﴾

Оё кофирон ба шутур наменигаранд, ки чӣ гуна офарида шудааст?

Al-Ghashiyah 88:18

وَإِلَى ٱلسَّمَآءِ كَيۡفَ رُفِعَتۡ ﴿١٨﴾

Ва ба осмон, нигоҳ намекунанд, ки чӣ гуна бардошта шудааст?

Al-Ghashiyah 88:19

وَإِلَى ٱلۡجِبَالِ كَيۡفَ نُصِبَتۡ ﴿١٩﴾

Ва ба кӯҳҳо, наменигаранд, ки чӣ гуна барқарор гардидаанд?

Al-Ghashiyah 88:20

وَإِلَى ٱلۡأَرۡضِ كَيۡفَ سُطِحَتۡ ﴿٢٠﴾

Ва ба замин, наменигаранд, ки чӣ гуна густурда шудааст?

Al-Ghashiyah 88:21

فَذَكِّرۡ إِنَّمَآ أَنتَ مُذَكِّرٞ ﴿٢١﴾

Пас панд деҳ эй Расул, ки ту панддиҳандае ҳастӣ. Ва ғамгин мабош аз он касоне, ки ҳақро қабул надоранд!

Al-Ghashiyah 88:22

لَّسۡتَ عَلَيۡهِم بِمُصَيۡطِرٍ ﴿٢٢﴾

Ту бар онон фармонраво нестӣ, то ононро ба имон овардан маҷбур кунӣ.

Al-Ghashiyah 88:23

إِلَّا مَن تَوَلَّىٰ وَكَفَرَ ﴿٢٣﴾

Магар, он кас кӣ рӯй гардонд аз панду насиҳат ва кофир шуд ва бар куфраш давомат кард.

Al-Ghashiyah 88:24

فَيُعَذِّبُهُ ٱللَّهُ ٱلۡعَذَابَ ٱلۡأَكۡبَرَ ﴿٢٤﴾

Аллоҳ бо бузургтарин азоб ӯро азоб мекунад.

Al-Ghashiyah 88:25

إِنَّ إِلَيۡنَآ إِيَابَهُمۡ ﴿٢٥﴾

Албатта бозгашташон баъди марг ба сӯи Мост.

Al-Ghashiyah 88:26

ثُمَّ إِنَّ عَلَيۡنَا حِسَابَهُم ﴿٢٦﴾

Онгоҳ ҳисоби онон бар ӯҳдаи Мо аст.

Мавзӯъҳо