quranm◉

Саҳифа 537

Range
from 56:77 to 57:3
Surahs covered
Тарҷума
23 Тарҷума

◉

56:77

إِنَّهُۥ لَقُرۡءَانٞ كَرِيمٞ ﴿77﴾

Адбатта, ин Қуръоне, (ки ба Муҳаммад нозил шудааст,) Қуръони бузургу гиромиқадр ва фоидаовар аст.

56:78

فِي كِتَٰبٖ مَّكۡنُونٖ ﴿78﴾

Дар китобе нигаҳ дошта шудааст, ки аз чашми халқ пӯшида аст (ва ин китоби пинҳон Лавҳи Маҳфузаст, ки дар назди Аллоҳ ва фариштагон манзалати бузург дорад.)

56:79

لَّا يَمَسُّهُۥٓ إِلَّا ٱلۡمُطَهَّرُونَ ﴿79﴾

Даст намерасонад ба Қуръон, магар фариштагони гиромиқадре, ки Аллоҳ таъоло онҳоро аз офату гуноҳон пок гардонидааст. (Ва инчунин даст намерасонад Қуръонро магар касоне, ки пок ҳастанд аз ширк, ҷанобат ва бе таҳоратӣ.)

56:80

تَنزِيلٞ مِّن رَّبِّ ٱلۡعَٰلَمِينَ ﴿80﴾

Ин Қуръони карим, нозилшудааст аз ҷониби Парвардигори ҷаҳониён. (Пас он ҳақ аст.)

56:81

أَفَبِهَٰذَا ٱلۡحَدِيثِ أَنتُم مُّدۡهِنُونَ ﴿81﴾

Оё нисбати ин калом сустӣ ва бепарвоӣ мекунед?

56:82

وَتَجۡعَلُونَ رِزۡقَكُمۡ أَنَّكُمۡ تُكَذِّبُونَ ﴿82﴾

Ва ба ҷои шукри неъматҳое, ки Аллоҳ ба шумо додааст, шумоён онро дӯруғ мебароред ва кофир мешавед?

56:83

فَلَوۡلَآ إِذَا بَلَغَتِ ٱلۡحُلۡقُومَ ﴿83﴾

Пас, чаро ҳангоме, ки ҷон ба ҳулқум мерасад тавоноии бозгардонидани онро надоред.

56:84

وَأَنتُمۡ حِينَئِذٖ تَنظُرُونَ ﴿84﴾

Ва шумо дар ин ҳангом ҳозирастеду менигаред? (Албатта наметавонед!)

56:85

وَنَحۡنُ أَقۡرَبُ إِلَيۡهِ مِنكُمۡ وَلَٰكِن لَّا تُبۡصِرُونَ ﴿85﴾

Ва Мо аз шумо ба ӯ наздиктарем, вале шумо намебинед.

56:86

فَلَوۡلَآ إِن كُنتُمۡ غَيۡرَ مَدِينِينَ ﴿86﴾

Пас агар метавонед ин ки дар баробари аъмолатон ҷазо дода намешавед,

56:87

تَرۡجِعُونَهَآ إِن كُنتُمۡ صَٰدِقِينَ ﴿87﴾

агар рост мегӯед, он руҳро боз гардонед. (Ҳаргиз наметавонед!)

56:88

فَأَمَّآ إِن كَانَ مِنَ ٱلۡمُقَرَّبِينَ ﴿88﴾

Пас, чун мурда аз муқаррабони даргоҳи Илоҳӣ бошад,

56:89

فَرَوۡحٞ وَرَيۡحَانٞ وَجَنَّتُ نَعِيمٖ ﴿89﴾

пас барои ӯст ҳангоми маргаш раҳмату осоишу гули хушбӯй ва биҳишти пурнеъмат дар охират.

56:90

وَأَمَّآ إِن كَانَ مِنۡ أَصۡحَٰبِ ٱلۡيَمِينِ ﴿90﴾

Ва аммо агар мурда аз ёрони рост (аҳли саъодат бошад),

56:91

فَسَلَٰمٞ لَّكَ مِنۡ أَصۡحَٰبِ ٱلۡيَمِينِ ﴿91﴾

пас гуфта мешавад ба ӯ: Салом ва амон бод ба ту аз ҷониби ёрони рост (аҳли саъодат).

56:92

وَأَمَّآ إِن كَانَ مِنَ ٱلۡمُكَذِّبِينَ ٱلضَّآلِّينَ ﴿92﴾

Ва аммо агар мурда аз дурӯғшуморандагони баъсу гумроҳони роҳи ҳидоят бошад,

56:93

فَنُزُلٞ مِّنۡ حَمِيمٖ ﴿93﴾

пас ӯро ба оби гарму ҷӯшони дӯзах меҳмонӣ кунанд.

56:94

وَتَصۡلِيَةُ جَحِيمٍ ﴿94﴾

Ва саранҷоми ӯ дарафтодан ба дӯзах аст.

56:95

إِنَّ هَٰذَا لَهُوَ حَقُّ ٱلۡيَقِينِ ﴿95﴾

Албатта ин хабарҳое, ки эй Паёмбар ба ту зикр кардем, ҳама росту дуруст аст!

56:96

فَسَبِّحۡ بِٱسۡمِ رَبِّكَ ٱلۡعَظِيمِ ﴿96﴾

Пас, ба номи Парвардигори бузургат тасбеҳ гӯй ва Ӯро пок шумор аз он чи золимон мегӯянд!

57:1

سَبَّحَ لِلَّهِ مَا فِي ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضِۖ وَهُوَ ٱلۡعَزِيزُ ٱلۡحَكِيمُ ﴿1﴾

Аллоҳро ба покӣ ёд мекунад, ҳар чӣ дар осмонҳову замин аст аз ҷамиъи махлуқоташ ва Ӯ бар халқаш пирӯзманд ва дар тадбири корашон ҳаким аст!

57:2

لَهُۥ مُلۡكُ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضِۖ يُحۡيِۦ وَيُمِيتُۖ وَهُوَ عَلَىٰ كُلِّ شَيۡءٖ قَدِيرٌ ﴿2﴾

Фармонравоии осмонҳову замин аз они Ӯст. Зинда мекунад ва мемиронад ва Ӯ бар ҳар чиз тавоност. Он чи хост шуд ва он чи нахост нашуд.

57:3

هُوَ ٱلۡأَوَّلُ وَٱلۡأٓخِرُ وَٱلظَّـٰهِرُ وَٱلۡبَاطِنُۖ وَهُوَ بِكُلِّ شَيۡءٍ عَلِيمٌ ﴿3﴾

Ӯст аввалин пеш аз ҳама чиз ва Ӯст охирин баъд аз ҳама чиз ва Ӯст ошкор пайдо аст, ки болотар аз Ӯ чизе нест ва Ӯст пинҳон нопайдо аст, ки пинҳонтар аз Ӯ чизе нест ва Ӯ ба ҳама чиз доност. Ва чизе дар осмон ва замин бар Ӯ пӯшида намемонад!