quranm◉

Surah Ad-Dukhan transliteration

◉ Сура · ∞

44:1

حمٓ ﴿1﴾

Transliteration: Hameem

Translation: Ҳо, Мим. (Зикри ҳарфҳои муқаттаъа дар аввали сураи Бақара гузашт).

44:2

وَٱلۡكِتَٰبِ ٱلۡمُبِينِ ﴿2﴾

Transliteration: Waalkitabi almubeeni

Translation: Аллоҳ савганд ёд мекунад: Савганд ба ин китоби равшангар (ҳам дар лафз ва ҳам дар маъно)!

44:3

إِنَّآ أَنزَلۡنَٰهُ فِي لَيۡلَةٖ مُّبَٰرَكَةٍۚ إِنَّا كُنَّا مُنذِرِينَ ﴿3﴾

Transliteration: Inna anzalnahu fee laylatin mubarakatin inna kunna munthireena

Translation: Ҳароина, Мо Қуръонро дар моҳи рамазон дар шаби муборак, ки шаби Қадр аст, нозил кардем. Ҳароина, Мо бимдиҳанда будаем мардумонро аз чизҳое ки онҳоро фоида ва зарар мерасонад.

44:4

فِيهَا يُفۡرَقُ كُلُّ أَمۡرٍ حَكِيمٍ ﴿4﴾

Transliteration: Feeha yufraqu kullu amrin hakeemin

Translation: Дар шаби Қадр ҳар фармоне мувофиқи ҳикмат содир мешавад ва ҳар чизе, ки дар як сол баъд рӯй медиҳад; аз зиндагӣ, марг, тавонгарӣ, фақр, хайр ва шар ва ғайра ҳамаро менависад,

44:5

أَمۡرٗا مِّنۡ عِندِنَآۚ إِنَّا كُنَّا مُرۡسِلِينَ ﴿5﴾

Transliteration: Amran min AAindina inna kunna mursileena

Translation: Ин фармоне аз ҷониби Мо буд. Ба ҳароина, Мо паёмбаронро фиристода будем, ки мардумро аз дастуроти Аллоҳ хабар диҳанд.

44:6

رَحۡمَةٗ مِّن رَّبِّكَۚ إِنَّهُۥ هُوَ ٱلسَّمِيعُ ٱلۡعَلِيمُ ﴿6﴾

Transliteration: Rahmatan min rabbika innahu huwa alssameeAAu alAAaleemu

Translation: Фиристодани паёмбарон раҳматест аз ҷониби Парвардигорат ва албатта, Парвардигори ту эй Расул шунаво ва доност, ки ҳама садоҳоро мешунавад ва ҳамаи умури зоҳирӣ ва ботиниро медонад.

44:7

رَبِّ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضِ وَمَا بَيۡنَهُمَآۖ إِن كُنتُم مُّوقِنِينَ ﴿7﴾

Transliteration: Rabbi alssamawati waalardi wama baynahuma in kuntum mooqineena

Translation: Парвардигори осмонҳо ва замин ва ҳар чи миёни онҳост, агар аҳли яқин ҳастед.

44:8

لَآ إِلَٰهَ إِلَّا هُوَ يُحۡيِۦ وَيُمِيتُۖ رَبُّكُمۡ وَرَبُّ ءَابَآئِكُمُ ٱلۡأَوَّلِينَ ﴿8﴾

Transliteration: La ilaha illa huwa yuhyee wayumeetu rabbukum warabbu abaikumu alawwaleena

Translation: Бидонед, ки нест маъбуди барҳақ ба ҷуз Ӯ касе сазовори ибодат нест. Зинда мекунаду мемиронад. Парвардигори шумову Парвардигори падарони пешини шумост. Пас маъбуди барҳақро ибодат кунед, ки Ӯ танҳо метавонад зарар ё фоида бирасонад, на маъбудони ботили шумо.

44:9

بَلۡ هُمۡ فِي شَكّٖ يَلۡعَبُونَ ﴿9﴾

Transliteration: Bal hum fee shakkin yalAAaboona

Translation: Балки, он мушрикҳо аз ҳақиқати Қуръон дар шакканд ва бозӣ мекунанд ва ба он бовар надоранд!

44:10

فَٱرۡتَقِبۡ يَوۡمَ تَأۡتِي ٱلسَّمَآءُ بِدُخَانٖ مُّبِينٖ ﴿10﴾

Transliteration: Fairtaqib yawma tatee alssamao bidukhanin mubeenin

Translation: Эй Расул чашминтизори рӯзе бош, ки осмон дуди ошкореро падидор мекунад.

44:11

يَغۡشَى ٱلنَّاسَۖ هَٰذَا عَذَابٌ أَلِيمٞ ﴿11﴾

Transliteration: Yaghsha alnnasa hatha AAathabun aleemun

Translation: Ва он дуд ҳамаи мардумро дар худ фурӯ пӯшад. Ва барои мушрикон гуфта мешавад: ин азоби дардоварест.

44:12

رَّبَّنَا ٱكۡشِفۡ عَنَّا ٱلۡعَذَابَ إِنَّا مُؤۡمِنُونَ ﴿12﴾

Transliteration: Rabbana ikshif AAanna alAAathaba inna muminoona

Translation: Баъд аз он мегӯянд: «Эй Парвардигори мо, ин азобро аз мо дур гардон, ки ҳароина, мо имон овардагонем».

44:13

أَنَّىٰ لَهُمُ ٱلذِّكۡرَىٰ وَقَدۡ جَآءَهُمۡ رَسُولٞ مُّبِينٞ ﴿13﴾

Transliteration: Anna lahumu alththikra waqad jaahum rasoolun mubeenun

Translation: Аз куҷо панд мепазиранд баъд аз он ки азоб бар онҳо фуруд омад? Ҳол он ки чун паёмбари равшангар бар онҳо фиристода шуда буд.

44:14

ثُمَّ تَوَلَّوۡاْ عَنۡهُ وَقَالُواْ مُعَلَّمٞ مَّجۡنُونٌ ﴿14﴾

Transliteration: Thumma tawallaw AAanhu waqaloo muAAallamun majnoonun

Translation: Аз Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) рӯйгардон шуданд ва гуфтанд: Ӯ девонаест таълимёфта! (Яъне одамӣ ё коҳине ба ӯ таълим додааст, ӯ паёмбар нест!)

44:15

إِنَّا كَاشِفُواْ ٱلۡعَذَابِ قَلِيلًاۚ إِنَّكُمۡ عَآئِدُونَ ﴿15﴾

Transliteration: Inna kashifoo alAAathabi qaleelan innakum AAaidoona

Translation: Ҳароина, Мо азобро андаке бармедорем ва ба зудӣ, ки шумо, албатта, боз ба куфру ширки худ бармегардед.

44:16

يَوۡمَ نَبۡطِشُ ٱلۡبَطۡشَةَ ٱلۡكُبۡرَىٰٓ إِنَّا مُنتَقِمُونَ ﴿16﴾

Transliteration: Yawma nabtishu albatshata alkubra inna muntaqimoona

Translation: Рӯзе ҳамаи он кофирҳоро дар қиёмат ба гирифтории бузурге сахт фурӯ гирем, ки ҳароина, Мо аз он кофирон интиқомгирандаем!

44:17

وَلَقَدۡ فَتَنَّا قَبۡلَهُمۡ قَوۡمَ فِرۡعَوۡنَ وَجَآءَهُمۡ رَسُولٞ كَرِيمٌ ﴿17﴾

Transliteration: Walaqad fatanna qablahum qawma firAAawna wajaahum rasoolun kareemun

Translation: Ва ҳароина, пеш аз он мушрикҳо қавми Фиръавнро озмудем ва паёмбаре бузургвор (Мӯсо алайҳиссалом) наздашон омад, вале ӯро дурӯғ бароварданд ва ҳалок гаштанд. Пас инчунин интиқом мегирем аз душманони ту эй Расул, агар имон наоранд

44:18

أَنۡ أَدُّوٓاْ إِلَيَّ عِبَادَ ٱللَّهِۖ إِنِّي لَكُمۡ رَسُولٌ أَمِينٞ ﴿18﴾

Transliteration: An addoo ilayya AAibada Allahi innee lakum rasoolun ameenun

Translation: Мӯсо барояшон гуфт: ки бандагони Аллоҳро ба ман бисупоред, то Аллоҳи ягонаро ибодат кунанд, ки ҳаройина, ман бар рисолати Парвардигорам паёмбари аминам.

44:19

وَأَن لَّا تَعۡلُواْ عَلَى ٱللَّهِۖ إِنِّيٓ ءَاتِيكُم بِسُلۡطَٰنٖ مُّبِينٖ ﴿19﴾

Transliteration: Waan la taAAloo AAala Allahi innee ateekum bisultanin mubeenin

Translation: Ва низ бар Аллоҳ бартарӣ маҷӯед, ки ҳароина, ман бо ҳуҷҷати равшане назди шумо омадаам.

44:20

وَإِنِّي عُذۡتُ بِرَبِّي وَرَبِّكُمۡ أَن تَرۡجُمُونِ ﴿20﴾

Transliteration: Wainnee AAuthtu birabbee warabbikum an tarjumooni

Translation: Ҳароина, ман ба Парвардигори худ ва Парвардигори шумо паноҳ мебарам, аз ин ки маро сангборон кунед

44:21

وَإِن لَّمۡ تُؤۡمِنُواْ لِي فَٱعۡتَزِلُونِ ﴿21﴾

Transliteration: Wain lam tuminoo lee faiAAtazilooni

Translation: ва агар ба паёмбарии ман имон намеоваред, аз ман канорагирӣ кунед ва маро озору азият надиҳед.

44:22

فَدَعَا رَبَّهُۥٓ أَنَّ هَـٰٓؤُلَآءِ قَوۡمٞ مُّجۡرِمُونَ ﴿22﴾

Transliteration: FadaAAa rabbahu anna haolai qawmun mujrimoona

Translation: Чун Фиръавн ва қавмаш ба ӯ имон наоварданд. Пас, Мӯсо Парвардигорашро ба дуъо хонд, ки ин мушрикҳо мардуми гунаҳкоранд.

44:23

فَأَسۡرِ بِعِبَادِي لَيۡلًا إِنَّكُم مُّتَّبَعُونَ ﴿23﴾

Transliteration: Faasri biAAibadee laylan innakum muttabaAAoona

Translation: Аллоҳ ба Мӯсо амр намуд, ки бандагони Маро ҳангоми шаб равона кун, ҳароина, шумо аз тарафи Фиръавн ва лашкараш дунболагирӣ карда мешавед.

44:24

وَٱتۡرُكِ ٱلۡبَحۡرَ رَهۡوًاۖ إِنَّهُمۡ جُندٞ مُّغۡرَقُونَ ﴿24﴾

Transliteration: Waotruki albahra rahwan innahum jundun mughraqoona

Translation: Баҳрро, ки ором аст, пушти сар гузор, (яъне, баҳрро бар ҳамон шакле, ки баъд аз гузаштанат аз он қарор дорад, вогузор), то Фиръавн ва қавмаш бо итминон вориди он шаванд, ки ҳароина, онҳо лашкаре ғарқшаванда ҳастанд.

44:25

كَمۡ تَرَكُواْ مِن جَنَّـٰتٖ وَعُيُونٖ ﴿25﴾

Transliteration: Kam tarakoo min jannatin waAAuyoonin

Translation: Он Фиръавниёни гарқшуда баъд аз худ чӣ боғҳову чашмасорҳо бар ҷой гузоштанд

44:26

وَزُرُوعٖ وَمَقَامٖ كَرِيمٖ ﴿26﴾

Transliteration: WazurooAAin wamaqamin kareemin

Translation: ва киштзорҳову хонаҳои некӯро

44:27

وَنَعۡمَةٖ كَانُواْ فِيهَا فَٰكِهِينَ ﴿27﴾

Transliteration: WanaAAmatin kanoo feeha fakiheena

Translation: ва неъмате, ки дар он ғарқи шодмонӣ буданд.

44:28

كَذَٰلِكَۖ وَأَوۡرَثۡنَٰهَا قَوۡمًا ءَاخَرِينَ ﴿28﴾

Transliteration: Kathalika waawrathnaha qawman akhareena

Translation: Инчунин буд кори азоб ва даргирифти Мо ва Мо он неъматҳоро баъд аз Фиръавн ва қавмаш ба мардуми дигар вогузоштем.

44:29

فَمَا بَكَتۡ عَلَيۡهِمُ ٱلسَّمَآءُ وَٱلۡأَرۡضُ وَمَا كَانُواْ مُنظَرِينَ ﴿29﴾

Transliteration: Fama bakat AAalayhimu alssamao waalardu wama kanoo munthareena

Translation: На осмон бар онҳо Фиръавн ва лашкараш гирист ва на замин ва на ба онҳо мӯҳлат дода шуд, ки азоб аз онҳо ба таъхир афтад.

44:30

وَلَقَدۡ نَجَّيۡنَا بَنِيٓ إِسۡرَـٰٓءِيلَ مِنَ ٱلۡعَذَابِ ٱلۡمُهِينِ ﴿30﴾

Transliteration: Walaqad najjayna banee israeela mina alAAathabi almuheeni

Translation: Ва ҳароина, мо бани Исроилро аз он азоби хоркунанда, ки Фиръавниён фарзандони писарашонро кушта ва занонашонро барои хидмат зинда нигоҳ медоштанд, наҷот додем.

44:31

مِن فِرۡعَوۡنَۚ إِنَّهُۥ كَانَ عَالِيٗا مِّنَ ٱلۡمُسۡرِفِينَ ﴿31﴾

Transliteration: Min firAAawna innahu kana AAaliyan mina almusrifeena

Translation: Онҳоро аз чанги Фиръавн наҷот додем, ҳароина, ӯ аз мутакаббирони ситамкор буд.

44:32

وَلَقَدِ ٱخۡتَرۡنَٰهُمۡ عَلَىٰ عِلۡمٍ عَلَى ٱلۡعَٰلَمِينَ ﴿32﴾

Transliteration: Walaqadi ikhtarnahum AAala AAilmin AAala alAAalameena

Translation: Ва ҳароина, бани Исроилро дониста бар оламиён баргузидем ва ононро миллати баргузидаи асри худашон кардем

44:33

وَءَاتَيۡنَٰهُم مِّنَ ٱلۡأٓيَٰتِ مَا فِيهِ بَلَـٰٓؤٞاْ مُّبِينٌ ﴿33﴾

Transliteration: Waataynahum mina alayati ma feehi balaon mubeenun

Translation: Ва оёте аз муъҷизоти Мӯсо ба онҳо ато кардем, ки дар он имтиҳони ошкоре буд.

44:34

إِنَّ هَـٰٓؤُلَآءِ لَيَقُولُونَ ﴿34﴾

Transliteration: Inna haolai layaqooloona

Translation: Албатта, инҳо мушрикони қавми ту мегӯянд:

44:35

إِنۡ هِيَ إِلَّا مَوۡتَتُنَا ٱلۡأُولَىٰ وَمَا نَحۡنُ بِمُنشَرِينَ ﴿35﴾

Transliteration: In hiya illa mawtatuna aloola wama nahnu bimunshareena

Translation: Поёни кор ҷуз ҳамин марги нахустин чизи дигаре нест ва мо дигар бор баъд аз маргамон барои ҳисоб ва савоб ва азоб зинда намешавем.

44:36

فَأۡتُواْ بِـَٔابَآئِنَآ إِن كُنتُمۡ صَٰدِقِينَ ﴿36﴾

Transliteration: Fatoo biabaina in kuntum sadiqeena

Translation: Эй Муҳаммад, мушрикон ба ту ва қавмат мегӯянд: агар рост мегӯед, ки мо ду бора зинда мешавем, пас падарони моро ба ҷаҳон бозоваред.

44:37

أَهُمۡ خَيۡرٌ أَمۡ قَوۡمُ تُبَّعٖ وَٱلَّذِينَ مِن قَبۡلِهِمۡ أَهۡلَكۡنَٰهُمۡۚ إِنَّهُمۡ كَانُواْ مُجۡرِمِينَ ﴿37﴾

Transliteration: Ahum khayrun am qawmu tubbaAAin waallatheena min qablihim ahlaknahum innahum kanoo mujrimeena

Translation: Оё ин мушрикҳо беҳтаранд ё қавми Туббаъ ва касоне, ки пеш аз онҳо буданд, чун Од ва Самуд ва монанди онҳо? Ҳамаро ҳалок кардем, ки ҳароина, онҳо гунаҳгорон буданд. Пас ҳалок сохтани мушрикон, ки дар қудрату тавоноӣ аз онҳо поёнтаранд, ҳеҷ шакке нест, ки бар Аллоҳ осон аст.

44:38

وَمَا خَلَقۡنَا ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضَ وَمَا بَيۡنَهُمَا لَٰعِبِينَ ﴿38﴾

Transliteration: Wama khalaqna alssamawati waalarda wama baynahuma laAAibeena

Translation: Мо ин осмонҳову замин ва он чиро миёни онҳост, ба бозӣ беҳуда ва беҳадаф наёфаридаем.

44:39

مَا خَلَقۡنَٰهُمَآ إِلَّا بِٱلۡحَقِّ وَلَٰكِنَّ أَكۡثَرَهُمۡ لَا يَعۡلَمُونَ ﴿39﴾

Transliteration: Ma khalaqnahuma illa bialhaqqi walakinna aktharahum la yaAAlamoona

Translation: Магар ин ки он ду чизро барҳақ офаридаем, вале бештаринашон, ки мушриконанд инро намедонанд ва дар офариниши инҳо намеандешанд, чун умед ба савоб надоранд ва аз иқоби Ӯ наметарсанд.

44:40

إِنَّ يَوۡمَ ٱلۡفَصۡلِ مِيقَٰتُهُمۡ أَجۡمَعِينَ ﴿40﴾

Transliteration: Inna yawma alfasli meeqatuhum ajmaAAeena

Translation: Ҳароина, ваъдагоҳи ҳама барои ҷудо сохтани некӯкор аз бадкор дар рӯзи доварӣ, (қиёмат) аст.

44:41

يَوۡمَ لَا يُغۡنِي مَوۡلًى عَن مَّوۡلٗى شَيۡـٔٗا وَلَا هُمۡ يُنصَرُونَ ﴿41﴾

Transliteration: Yawma la yughnee mawlan AAan mawlan shayan wala hum yunsaroona

Translation: Рӯзе, ки ҳеҷ дӯсте барои дӯсти худ судманд набошад ва наметавонад ба наздиконаш ҳеҷ гуна нафъе бирасонад ва барояш аз сӯи касе ёрӣ нашавад,

44:42

إِلَّا مَن رَّحِمَ ٱللَّهُۚ إِنَّهُۥ هُوَ ٱلۡعَزِيزُ ٱلرَّحِيمُ ﴿42﴾

Transliteration: Illa man rahima Allahu innahu huwa alAAazeezu alrraheemu

Translation: магар касе, ки Аллоҳ бар ӯ раҳм кардааст, шафоъат карда мешавад дар назди Парвардигораш, баъд аз он ки Аллоҳ барояш рухсат диҳад. Ҳароина, Ӯст пирӯзманд дар интиқом гирифтан бар душманонаш ва меҳрубон аст ба дӯстони итоъаткори худ.

44:43

إِنَّ شَجَرَتَ ٱلزَّقُّومِ ﴿43﴾

Transliteration: Inna shajarata alzzaqqoomi

Translation: Ҳароина, дарахти Заққум, ки дар ҷаҳаннам мерӯяд,

44:44

طَعَامُ ٱلۡأَثِيمِ ﴿44﴾

Transliteration: TaAAamu alatheemi

Translation: таъоми гунаҳкорон аст. Ва аз бузургтарин гуноҳҳо шарик овардан ба Аллоҳ аст.

44:45

كَٱلۡمُهۡلِ يَغۡلِي فِي ٱلۡبُطُونِ ﴿45﴾

Transliteration: Kaalmuhli yaghlee fee albutooni

Translation: Монанди миси гудохта дар шикамҳои мушрикон меҷӯшад.

44:46

كَغَلۡيِ ٱلۡحَمِيمِ ﴿46﴾

Transliteration: Kaghalyi alhameemi

Translation: Монанди сахт ҷӯшидани оби сӯзон.

44:47

خُذُوهُ فَٱعۡتِلُوهُ إِلَىٰ سَوَآءِ ٱلۡجَحِيمِ ﴿47﴾

Transliteration: Khuthoohu faiAAtiloohu ila sawai aljaheemi

Translation: Ба фариштагони нигаҳбони дӯзах гуфта мешавад: Бигиред ин гунаҳкорро ва ба сахтӣ ба миёни ҷаҳаннамаш бикашед

44:48

ثُمَّ صُبُّواْ فَوۡقَ رَأۡسِهِۦ مِنۡ عَذَابِ ٱلۡحَمِيمِ ﴿48﴾

Transliteration: Thumma subboo fawqa rasihi min AAathabi alhameemi

Translation: ва бар болои сари ин гунаҳкор оби ҷӯшон бирезед, то шиканҷа шавад.

44:49

ذُقۡ إِنَّكَ أَنتَ ٱلۡعَزِيزُ ٱلۡكَرِيمُ ﴿49﴾

Transliteration: Thuq innaka anta alAAazeezu alkareemu

Translation: Ба ин гунаҳкори бадбахт гуфта шавад: Бичаш, ин азобро, ки ту гумон доштӣ, ки дар қавми худ пирӯзманду бузургвор ҳастӣ!

44:50

إِنَّ هَٰذَا مَا كُنتُم بِهِۦ تَمۡتَرُونَ ﴿50﴾

Transliteration: Inna hatha ma kuntum bihi tamtaroona

Translation: Ҳароина, ин азоб ҳамон чизест, ки дар он шак мекардед ҳангоме ки дар дунё будед ва ба он боварии яқин надоштед.

44:51

إِنَّ ٱلۡمُتَّقِينَ فِي مَقَامٍ أَمِينٖ ﴿51﴾

Transliteration: Inna almuttaqeena fee maqamin ameenin

Translation: Ҳароина, Парҳезгорон, ки дар дунё фармонҳои Аллоҳро ба ҷо оварданд ва аз манъкардашудаҳояш дур шуданд дар ҷои амне ҳастанд, ки аз тамоми ҳаросу ғамҳо осудахотиранд,

44:52

فِي جَنَّـٰتٖ وَعُيُونٖ ﴿52﴾

Transliteration: Fee jannatin waAAuyoonin

Translation: дар боғҳо ва чашмасорҳои равон,

44:53

يَلۡبَسُونَ مِن سُندُسٖ وَإِسۡتَبۡرَقٖ مُّتَقَٰبِلِينَ ﴿53﴾

Transliteration: Yalbasoona min sundusin waistabraqin mutaqabileena

Translation: либосҳои аз сундусу истабрақ мепӯшанд ва рӯ ба рӯи ҳамдигар менишинанд, то бо ҳам бештар унс бигиранд.

44:54

كَذَٰلِكَ وَزَوَّجۡنَٰهُم بِحُورٍ عِينٖ ﴿54﴾

Transliteration: Kathalika wazawwajnahum bihoorin AAeenin

Translation: Чунонки парҳезгоронро дар охират гиромӣ доштем бо даромадани боғҳо ва пӯшидани либосҳои абрешим, ҳамчунин ҳурулъийн (ҳурони шаҳлочашм)-ро ба никоҳи онҳо дармеоварем.

44:55

يَدۡعُونَ فِيهَا بِكُلِّ فَٰكِهَةٍ ءَامِنِينَ ﴿55﴾

Transliteration: YadAAoona feeha bikulli fakihatin amineena

Translation: Парҳезгорон дар он ҷо ҳар меваеро, ки бихоҳанд, осудахотир металабанд.

44:56

لَا يَذُوقُونَ فِيهَا ٱلۡمَوۡتَ إِلَّا ٱلۡمَوۡتَةَ ٱلۡأُولَىٰۖ وَوَقَىٰهُمۡ عَذَابَ ٱلۡجَحِيمِ ﴿56﴾

Transliteration: La yathooqoona feeha almawta illa almawtata aloola wawaqahum AAathaba aljaheemi

Translation: Парҳезгорон дар он ҷо таъми маргро намечашанд, ғайри ҳамон марги нахустин, ки дар дунё чашида буданд. Ва онҳоро Аллоҳ аз азоби ҷаҳаннам нигоҳ доштааст.

44:57

فَضۡلٗا مِّن رَّبِّكَۚ ذَٰلِكَ هُوَ ٱلۡفَوۡزُ ٱلۡعَظِيمُ ﴿57﴾

Transliteration: Fadlan min rabbika thalika huwa alfawzu alAAatheemu

Translation: Ин фазлу бахшишест аз ҷониби Парвардигори ту. Ин аст комёбии бузург!

44:58

فَإِنَّمَا يَسَّرۡنَٰهُ بِلِسَانِكَ لَعَلَّهُمۡ يَتَذَكَّرُونَ ﴿58﴾

Transliteration: Fainnama yassarnahu bilisanika laAAallahum yatathakkaroona

Translation: Пас ҳароина, Мо адои сухани хеш Қуръонро ба забони ту эй Расул осон кардем, то панд бигиранд!

44:59

فَٱرۡتَقِبۡ إِنَّهُم مُّرۡتَقِبُونَ ﴿59﴾

Transliteration: Fairtaqib innahum murtaqiboona

Translation: Эй Расул, ту мунтазир бош пирӯзиеро, ки Аллоҳ ба ту ваъда додааст бар он мушрикон ва азоберо ки бар онҳо фарогирандааст, ки ҳароина, онҳо низ марги туро мунтазиранд. Ба зудӣ хоҳанд донист, ки ғалаба дар дунёву охират ба ҷониби туст эй Расул ва касоне, ки пайравӣ туанд.

Transliteration source: English Transliteration by Tanzil. Used under Tanzil's non-commercial terms; see the source and latest updates at Tanzil. Tanzil translation download