quranm◉

Dua for guidance to the straight path

From: 1:5, 1:6, 1:7

1:5

إِيَّاكَ نَعۡبُدُ وَإِيَّاكَ نَسۡتَعِينُ ﴿5﴾

Read ayah ◉

1:6

ٱهۡدِنَا ٱلصِّرَٰطَ ٱلۡمُسۡتَقِيمَ ﴿6﴾

Read ayah ◉

1:7

صِرَٰطَ ٱلَّذِينَ أَنۡعَمۡتَ عَلَيۡهِمۡ غَيۡرِ ٱلۡمَغۡضُوبِ عَلَيۡهِمۡ وَلَا ٱلضَّآلِّينَ ﴿7﴾

Read ayah ◉

Translation

Танҳо Туро мепарастем ва танҳо аз Ту ёрӣ меҷӯем. (Мо танҳо Туро ибодат мекунем ва дар ҷамиъи корамон аз Ту ёрӣ меҷӯем. Тамоми амр аз они Туст. Ҳеҷ касе миқдори заррае аз он соҳиб шуда наметавонад. Ин оят далел аст, ки банда наметавонад чизеро аз навъҳои ибодат барои ғайри Аллоҳ сарф намояд, ба монанди дуо, мадад ҷустан, забҳ ва тавоф. Ва ин оят низ шифои дилҳост аз бемориҳои худнамоӣ ва худписандӣ.)
— Khawaja Mirof & Khawaja Mir
[Парвардигоро] Танҳо Туро мепарастем ва танҳо аз Ту ёрӣ меҷӯем.
— Pioneers of Translation Center
Танҳо Туро мепарастем ва танҳо аз Ту ёри меҷӯем.
— Tajik
Моро ба роҳи рост ҳидоят кун: (Моро иршод ва далолат намо ба роҳи мустақим ва тавфиқ фармо ва бар он устувор кун, то ба дидори Ту мушарраф шавем. Ва он роҳ Ислом аст. Роҳест, ки бандаро ба ризояти Аллоҳ ва ҷаннаташ мебарад. Банда саодатманд намешавад, то модоме ки дар ин роҳ мустақим набошад.)
— Khawaja Mirof & Khawaja Mir
Моро ба роҳи рост ҳидоят фармо [ва ҳамвора собитқадам бигардон].
— Pioneers of Translation Center
Моро ба роҳи рост ҳидоят кун:
— Tajik
Роҳи касоне, ки онҳоро неъмат додаӣ, на он роҳе, ки бар онҳо хашм гирифтаи ва на роҳи гумроҳон. (Роҳе, ки Ту неъмати худро бар эшон арзонӣ намудӣ аз паёмбарон, сиддиқон, шуҳадо ва солеҳон, ки онҳо ахди ҳидоят ва истиқоматанд. Ва моро набар ба он роҳе, ки Ту бар онҳо хашм гирифтаӣ. Онон касоне буданд, ки ҳақро донистанд ва ба он амал накарданд. Ва онҳо яхудиёнанд. Ва нагардон моро аз касоне, ки роҳгумкардаанд. Онон касонеанд, ки ҳидоят наёфтаанд ва гумроҳ шудаанд. Ва онон насороанд. Ин оят шифо аст барои қалби мусалмон аз инкори ҳақ, ҷаҳл ва гумроҳӣ. Бузургтарин неъмате, ки Аллоҳ таъоло бар бандагонаш арзонӣ кардааст, ин Ислом аст. Уламо иттифоқ кардаанд бар он, ки лафзи "Омин" аз ояти сураи Фотиҳа ба ҳисоб намеравад. Аз ин сабаб дар Қуръон онро китобат накардаанд. Маънои "Омин", ин аст, ки: Илоҳо қабул намо! )
— Khawaja Mirof & Khawaja Mir
Роҳи касоне [ҳамчун паёмбарон, шаҳидон, ростгӯён ва накукорон], ки ба онон неъмат додаӣ ва дар зумраи ғазабшудагон [яҳудиён] ва гумроҳон [масеҳиён] нестанд.
— Pioneers of Translation Center
роҳи касоне, ки онҳоро неъмат додаи, на хашмгирифтагонӣ бар онҳо ва на гумроҳон.
— Tajik