quranm◉

Саҳифа 591

Range
from 86:1 to 87:15
Surahs covered
Тарҷума
32 Тарҷума

◉

86:1

وَٱلسَّمَآءِ وَٱلطَّارِقِ ﴿1﴾

Аллоҳ савганд ёд мекунад ба осмон ва ситорае, ки шабонагоҳ пайдо мешавад.

86:2

وَمَآ أَدۡرَىٰكَ مَا ٱلطَّارِقُ ﴿2﴾

Ва ту чӣ донӣ, ки ситорае, ки дар шаб пайдо мешавад, чи ҳаст?

86:3

ٱلنَّجۡمُ ٱلثَّاقِبُ ﴿3﴾

Ситораи дурахшоне ҳаст, ки торикии шабро мешикофад.

86:4

إِن كُلُّ نَفۡسٖ لَّمَّا عَلَيۡهَا حَافِظٞ ﴿4﴾

Касе вуҷуд надорад, магар ки бар ӯ фариштае вакил карда шудааст барои навиштани амалҳои ӯ.

86:5

فَلۡيَنظُرِ ٱلۡإِنسَٰنُ مِمَّ خُلِقَ ﴿5﴾

Пас одамӣ, ки рӯзи аз нав зинда гардонидани баъд аз мирониданро инкор мекунад, бингарад, ки аз чӣ чиз офарида шудааст?

86:6

خُلِقَ مِن مَّآءٖ دَافِقٖ ﴿6﴾

Аз оби мании ҷаҳандаи ночиз офарида шудааст,

86:7

يَخۡرُجُ مِنۢ بَيۡنِ ٱلصُّلۡبِ وَٱلتَّرَآئِبِ ﴿7﴾

ки аз миёни устухони пушти мард ва устухони синаи зан берун меояд.

86:8

إِنَّهُۥ عَلَىٰ رَجۡعِهِۦ لَقَادِرٞ ﴿8﴾

Бегумон, Аллоҳ ба бозофариниши ӯ тавоност,

86:9

يَوۡمَ تُبۡلَى ٱلسَّرَآئِرُ ﴿9﴾

рӯзе, ки розҳои ниҳон ошкор мешаванд. Ва амали солеҳ аз амали фосид ҷудо мегардад.

86:10

فَمَا لَهُۥ مِن قُوَّةٖ وَلَا نَاصِرٖ ﴿10﴾

Онгоҳ ӯро тавоноӣ ва ёваре набошад.

86:11

وَٱلسَّمَآءِ ذَاتِ ٱلرَّجۡعِ ﴿11﴾

Савганд ба осмони бозборанда!

86:12

وَٱلۡأَرۡضِ ذَاتِ ٱلصَّدۡعِ ﴿12﴾

Савганд ба замине, ки дар он шикофиҳо ҳаст аз онҳо гиёҳҳо мерӯянд.

86:13

إِنَّهُۥ لَقَوۡلٞ فَصۡلٞ ﴿13﴾

Бегумон, Қуръон сухани равшан ва ҷудокунандаи ҳақ аз ботил аст.

86:14

وَمَا هُوَ بِٱلۡهَزۡلِ ﴿14﴾

Ва он ҳазл нест!

86:15

إِنَّهُمۡ يَكِيدُونَ كَيۡدٗا ﴿15﴾

Бегумон, ононе ки паёмбар саллалллоҳу алайҳи ва салламро бовар намекунанд ҳилае меандешанд, то Қуръон ва расулро дурӯғ бароранд ва ботили худро таъйид намоянд.

86:16

وَأَكِيدُ كَيۡدٗا ﴿16﴾

Ва Ман низ чорае меандешам, то ҳақро нусрат диҳам, агарчӣ кофиронро нописанд ояд.

86:17

فَمَهِّلِ ٱلۡكَٰفِرِينَ أَمۡهِلۡهُمۡ رُوَيۡدَۢا ﴿17﴾

Пас кофиронро мӯхлат деҳ, андак мӯхлаташон деҳ! Ва дар фуруд омадани азоб ба онҳо шитоб макун!

87:1

سَبِّحِ ٱسۡمَ رَبِّكَ ٱلۡأَعۡلَى ﴿1﴾

Номи Парвардигори бузурги худро ба покӣ ёд кун, чунон ки лоиқи бузургии Ӯст,

87:2

ٱلَّذِي خَلَقَ فَسَوَّىٰ ﴿2﴾

он Зоте, ки офарид махлуқотро ва устувор дошт.

87:3

وَٱلَّذِي قَدَّرَ فَهَدَىٰ ﴿3﴾

Ва он Зоте, ки андоза муъайян кард. Сипас ҳама халқро ба он чӣ муносиб мешаванд, роҳ намуд.

87:4

وَٱلَّذِيٓ أَخۡرَجَ ٱلۡمَرۡعَىٰ ﴿4﴾

Ва он Зоте, ки чарогоҳҳоро рӯёнид,

87:5

فَجَعَلَهُۥ غُثَآءً أَحۡوَىٰ ﴿5﴾

сипас хушку сиёҳ гардонид.

87:6

سَنُقۡرِئُكَ فَلَا تَنسَىٰٓ ﴿6﴾

Мо Қуръонро барои ту эй Расул хоҳем хонд ва ту дигар онро фаромӯш нахоҳӣ кард,

87:7

إِلَّا مَا شَآءَ ٱللَّهُۚ إِنَّهُۥ يَعۡلَمُ ٱلۡجَهۡرَ وَمَا يَخۡفَىٰ ﴿7﴾

ғайри он чи Аллоҳ бихоҳад, ҳамоно Ӯ ошкору пинҳонро медонад.

87:8

وَنُيَسِّرُكَ لِلۡيُسۡرَىٰ ﴿8﴾

Ва дар кори ту ва дар ҳамаи умури динӣ ва дунявие, ки ба ту рӯ менамояд, осонӣ падид меоварем.

87:9

فَذَكِّرۡ إِن نَّفَعَتِ ٱلذِّكۡرَىٰ ﴿9﴾

Эй Расул, агар ба қавмат панд доданат фоида кунад, панд деҳ. Худро азоб мадеҳ дар панд додани шахсе, ки саркашӣ мекунад.

87:10

سَيَذَّكَّرُ مَن يَخۡشَىٰ ﴿10﴾

Ҳар касе, ки аз Аллоҳ метарсад, ба зудӣ панд хоҳад пазируфт.

87:11

وَيَتَجَنَّبُهَا ٱلۡأَشۡقَى ﴿11﴾

Ва бадбахттарин фард аз он панд дурӣ хоҳад гузид.

87:12

ٱلَّذِي يَصۡلَى ٱلنَّارَ ٱلۡكُبۡرَىٰ ﴿12﴾

Ҳамон кас, ки дар оташи бузурги ҷаҳаннам дарафтад.

87:13

ثُمَّ لَا يَمُوتُ فِيهَا وَلَا يَحۡيَىٰ ﴿13﴾

Онгоҳ дар он ҷо на бимирад, ки роҳат ёбад ва на зинда мешавад, ки фоида бинад.

87:14

قَدۡ أَفۡلَحَ مَن تَزَكَّىٰ ﴿14﴾

Ба дурустӣ, касе ки худро покиза дошт, наҷот ёфт.

87:15

وَذَكَرَ ٱسۡمَ رَبِّهِۦ فَصَلَّىٰ ﴿15﴾

Ва растагор шуд, ҳар кӣ номи Парвардигори худро бар забон овард ва барои ризогии Ӯ намоз гузорид.