فَلَيۡسَ لَهُ ٱلۡيَوۡمَ هَٰهُنَا حَمِيمٞ ﴿35﴾فَلَيۡسَ لَهُ ٱلۡيَوۡمَ هَٰهُنَا حَمِيمٞ
Пас барои кофир имрӯз дар ин ҷо дар рӯзи қиёмат дӯсти самиме ва меҳрубоне надорад, ки аз азоби Аллоҳ ӯро наҷот диҳад.
فَلَيۡسَ لَهُ ٱلۡيَوۡمَ هَٰهُنَا حَمِيمٞ ﴿35﴾فَلَيۡسَ لَهُ ٱلۡيَوۡمَ هَٰهُنَا حَمِيمٞ
Пас барои кофир имрӯз дар ин ҷо дар рӯзи қиёмат дӯсти самиме ва меҳрубоне надорад, ки аз азоби Аллоҳ ӯро наҷот диҳад.
وَلَا طَعَامٌ إِلَّا مِنۡ غِسۡلِينٖ ﴿36﴾وَلَا طَعَامٌ إِلَّا مِنۡ غِسۡلِينٖ
Таъомаш чизе ҷуз чирку хуни ахди дӯзах нест.
لَّا يَأۡكُلُهُۥٓ إِلَّا ٱلۡخَٰطِـُٔونَ ﴿37﴾لَّا يَأۡكُلُهُۥٓ إِلَّا ٱلۡخَٰطِـُٔونَ
Танҳо хатокорон, ки бар куфри худ пойдоранд аз он таъом мехӯранд.
فَلَآ أُقۡسِمُ بِمَا تُبۡصِرُونَ ﴿38﴾فَلَآ أُقۡسِمُ بِمَا تُبۡصِرُونَ
Пас, Аллоҳ савганд ёд мекунад: Савганд ба он чӣ мебинед аз диданиҳо
وَمَا لَا تُبۡصِرُونَ ﴿39﴾وَمَا لَا تُبۡصِرُونَ
ва он чӣ намебинед, аз нодиданиҳо,
إِنَّهُۥ لَقَوۡلُ رَسُولٖ كَرِيمٖ ﴿40﴾إِنَّهُۥ لَقَوۡلُ رَسُولٖ كَرِيمٖ
ки албатта, ин ҳароина, Қуръон сухани фиристодае бузургвор аст, ки онро паёмбари азимушшаън тиловат мекунад,
وَمَا هُوَ بِقَوۡلِ شَاعِرٖۚ قَلِيلٗا مَّا تُؤۡمِنُونَ ﴿41﴾وَمَا هُوَ بِقَوۡلِ شَاعِرٖۚ قَلِيلٗا مَّا تُؤۡمِنُونَ
на сухани шоъире. Чӣ андак имон меоваред!
وَلَا بِقَوۡلِ كَاهِنٖۚ قَلِيلٗا مَّا تَذَكَّرُونَ ﴿42﴾وَلَا بِقَوۡلِ كَاهِنٖۚ قَلِيلٗا مَّا تَذَكَّرُونَ
Ва низ сухани коҳине (фолбин, ҷодугар) нест. Чӣ андак панд мегиред!
تَنزِيلٞ مِّن رَّبِّ ٱلۡعَٰلَمِينَ ﴿43﴾تَنزِيلٞ مِّن رَّبِّ ٱلۡعَٰلَمِينَ
Валекин аз ҷониби Парвардигори ҷаҳониён бар фиристодаи худ, Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) нозил шудааст.
وَلَوۡ تَقَوَّلَ عَلَيۡنَا بَعۡضَ ٱلۡأَقَاوِيلِ ﴿44﴾وَلَوۡ تَقَوَّلَ عَلَيۡنَا بَعۡضَ ٱلۡأَقَاوِيلِ
Агар (Муҳаммад) баъзе суханонро аз худ бофта бар мо мебаст,
لَأَخَذۡنَا مِنۡهُ بِٱلۡيَمِينِ ﴿45﴾لَأَخَذۡنَا مِنۡهُ بِٱلۡيَمِينِ
ҳароина, бо қудрат ӯро фурӯ мегирифтем,
ثُمَّ لَقَطَعۡنَا مِنۡهُ ٱلۡوَتِينَ ﴿46﴾ثُمَّ لَقَطَعۡنَا مِنۡهُ ٱلۡوَتِينَ
сипас, ҳароина, раги дилашро пора мекардем
فَمَا مِنكُم مِّنۡ أَحَدٍ عَنۡهُ حَٰجِزِينَ ﴿47﴾فَمَا مِنكُم مِّنۡ أَحَدٍ عَنۡهُ حَٰجِزِينَ
ва ҳеҷ як аз шуморо тавони он набувад, ки аз азоби ӯ монеъ шавад.
وَإِنَّهُۥ لَتَذۡكِرَةٞ لِّلۡمُتَّقِينَ ﴿48﴾وَإِنَّهُۥ لَتَذۡكِرَةٞ لِّلۡمُتَّقِينَ
Ва албатта, Қуръон барои парҳезгорон пандест, ки онҳо фармудаҳои Аллоҳро ба ҷо меоранд ва аз манъкардаҳояш дур меистанд.
وَإِنَّا لَنَعۡلَمُ أَنَّ مِنكُم مُّكَذِّبِينَ ﴿49﴾وَإِنَّا لَنَعۡلَمُ أَنَّ مِنكُم مُّكَذِّبِينَ
Мо, ҳароина, медонем, ки аз миёни шумо касоне ҳастанд, ки ба ин Қуръон бо вуҷуди равшан будани оёташ такзиб мекунанд, дурӯғ мешуморанд.
وَإِنَّهُۥ لَحَسۡرَةٌ عَلَى ٱلۡكَٰفِرِينَ ﴿50﴾وَإِنَّهُۥ لَحَسۡرَةٌ عَلَى ٱلۡكَٰفِرِينَ
Ва албатта, Қуръон кофиронро мояи ҳасрат ва пушаймонӣ аст дар рӯзи қиёмат, онгоҳ, ки подоши мӯъминон ва азобашонро мебинанд.
وَإِنَّهُۥ لَحَقُّ ٱلۡيَقِينِ ﴿51﴾وَإِنَّهُۥ لَحَقُّ ٱلۡيَقِينِ
Ва он, ҳароина, сухани ҳақ ва яқин аст, ки дар он шакке нест.
فَسَبِّحۡ بِٱسۡمِ رَبِّكَ ٱلۡعَظِيمِ ﴿52﴾فَسَبِّحۡ بِٱسۡمِ رَبِّكَ ٱلۡعَظِيمِ
Пас, ба номи Парвардигори бузургат тасбеҳ бигӯй ва аз он чӣ ки ба Зоти поки Ӯ лоиқ нест, ба покӣ ёд кун.
سَأَلَ سَآئِلُۢ بِعَذَابٖ وَاقِعٖ ﴿1﴾سَأَلَ سَآئِلُۢ بِعَذَابٖ وَاقِعٖ
Пурсандае аз мушрикон барои худ ва қавмаш азобе пурсид, ки
لِّلۡكَٰفِرِينَ لَيۡسَ لَهُۥ دَافِعٞ ﴿2﴾لِّلۡكَٰفِرِينَ لَيۡسَ لَهُۥ دَافِعٞ
бар кофирон рӯзи қиёмат фурӯд хоҳад омад, ки касе онро дафъ натавонад кард.
مِّنَ ٱللَّهِ ذِي ٱلۡمَعَارِجِ ﴿3﴾مِّنَ ٱللَّهِ ذِي ٱلۡمَعَارِجِ
Аз ҷониби Аллоҳе, ки соҳиби мартабаҳои бузургу олист.
تَعۡرُجُ ٱلۡمَلَـٰٓئِكَةُ وَٱلرُّوحُ إِلَيۡهِ فِي يَوۡمٖ كَانَ مِقۡدَارُهُۥ خَمۡسِينَ أَلۡفَ سَنَةٖ ﴿4﴾تَعۡرُجُ ٱلۡمَلَـٰٓئِكَةُ وَٱلرُّوحُ إِلَيۡهِ فِي يَوۡمٖ كَانَ مِقۡدَارُهُۥ خَمۡسِينَ أَلۡفَ سَنَةٖ
Дар рӯзе, ки миқдораш бо рӯзҳои дунё панҷоҳ ҳазор сол аст, фариштагон ва рӯҳ (Ҷабраил алайҳиссалом) ба сӯи Ӯ боло раванд.
فَٱصۡبِرۡ صَبۡرٗا جَمِيلًا ﴿5﴾فَٱصۡبِرۡ صَبۡرٗا جَمِيلًا
Пас, сабр кун эй Паёмбар дар баробари озору азияти онҳо, сабре, ки дар он нолиш ва шикоят нест, ба ғайри Аллоҳ.
إِنَّهُمۡ يَرَوۡنَهُۥ بَعِيدٗا ﴿6﴾إِنَّهُمۡ يَرَوۡنَهُۥ بَعِيدٗا
Албатта кофирон он рӯзи азобро дур ва воқеънопазир мебинанд.
وَنَرَىٰهُ قَرِيبٗا ﴿7﴾وَنَرَىٰهُ قَرِيبٗا
Ба Мо онро воқеъшаванда ва наздикаш мебинем.
يَوۡمَ تَكُونُ ٱلسَّمَآءُ كَٱلۡمُهۡلِ ﴿8﴾يَوۡمَ تَكُونُ ٱلسَّمَآءُ كَٱلۡمُهۡلِ
Рузе, ки осмон чун миси гудохта гардад.
وَتَكُونُ ٱلۡجِبَالُ كَٱلۡعِهۡنِ ﴿9﴾وَتَكُونُ ٱلۡجِبَالُ كَٱلۡعِهۡنِ
Ва кӯҳҳо чун пашми рангине гарданд, ки бод онҳоро парешон кардааст.
وَلَا يَسۡـَٔلُ حَمِيمٌ حَمِيمٗا ﴿10﴾وَلَا يَسۡـَٔلُ حَمِيمٌ حَمِيمٗا
Ва ҳеҷ хешованде аз ҳоли хешованди худ напурсад.