قُلۡ يَـٰٓأَيُّهَا ٱلۡكَٰفِرُونَ ﴿1﴾قُلۡ يَـٰٓأَيُّهَا ٱلۡكَٰفِرُونَ
Бигӯ эй Расул барои онон, ки ба Аллоҳу расулаш имон наёварданд: «Эй кофирон!
قُلۡ يَـٰٓأَيُّهَا ٱلۡكَٰفِرُونَ ﴿1﴾قُلۡ يَـٰٓأَيُّهَا ٱلۡكَٰفِرُونَ
Бигӯ эй Расул барои онон, ки ба Аллоҳу расулаш имон наёварданд: «Эй кофирон!
لَآ أَعۡبُدُ مَا تَعۡبُدُونَ ﴿2﴾لَآ أَعۡبُدُ مَا تَعۡبُدُونَ
Ман чизеро, ки шумо мепарастед аз бутҳо ва маъбудони ботили хеш, намепарастам
وَلَآ أَنتُمۡ عَٰبِدُونَ مَآ أَعۡبُدُ ﴿3﴾وَلَآ أَنتُمۡ عَٰبِدُونَ مَآ أَعۡبُدُ
ва шумо низ чизеро, ки ман мепарастам аз маъбуди барҳақ, намепарастед
وَلَآ أَنَا۠ عَابِدٞ مَّا عَبَدتُّمۡ ﴿4﴾وَلَآ أَنَا۠ عَابِدٞ مَّا عَبَدتُّمۡ
ва ман парастандаи чизе, ки шумо мепарастед, нестам
وَلَآ أَنتُمۡ عَٰبِدُونَ مَآ أَعۡبُدُ ﴿5﴾وَلَآ أَنتُمۡ عَٰبِدُونَ مَآ أَعۡبُدُ
ва шумо парастандаи чизе, ки ман мепарастам, нестед.
لَكُمۡ دِينُكُمۡ وَلِيَ دِينِ ﴿6﴾لَكُمۡ دِينُكُمۡ وَلِيَ دِينِ
Шуморо дини худ, ки ба он пайравӣ доред ва маро дини худ! Ки ғайр аз вай дигар динро талаб надорам.
إِذَا جَآءَ نَصۡرُ ٱللَّهِ وَٱلۡفَتۡحُ ﴿1﴾إِذَا جَآءَ نَصۡرُ ٱللَّهِ وَٱلۡفَتۡحُ
Чун ёрии Аллоҳу пирӯзӣ бар кофирони Қурайш ояд
وَرَأَيۡتَ ٱلنَّاسَ يَدۡخُلُونَ فِي دِينِ ٱللَّهِ أَفۡوَاجٗا ﴿2﴾وَرَأَيۡتَ ٱلنَّاسَ يَدۡخُلُونَ فِي دِينِ ٱللَّهِ أَفۡوَاجٗا
ва мардумро бубинӣ, ки гурӯҳ-гурӯҳ ба дини Аллоҳ медароянд,
فَسَبِّحۡ بِحَمۡدِ رَبِّكَ وَٱسۡتَغۡفِرۡهُۚ إِنَّهُۥ كَانَ تَوَّابَۢا ﴿3﴾فَسَبِّحۡ بِحَمۡدِ رَبِّكَ وَٱسۡتَغۡفِرۡهُۚ إِنَّهُۥ كَانَ تَوَّابَۢا
Вақте ки чунин шуд, пас Парвардигори худро сипос гӯй ва аз Ӯ бахшоиш бихоҳ, ки Ӯ тавбапазир аст!
تَبَّتۡ يَدَآ أَبِي لَهَبٖ وَتَبَّ ﴿1﴾تَبَّتۡ يَدَآ أَبِي لَهَبٖ وَتَبَّ
Ҳалок бод дастони Абулаҳаб ки ӯ Расулуллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва салламро азият медод ва ҳалок шуд худи ӯ.
مَآ أَغۡنَىٰ عَنۡهُ مَالُهُۥ وَمَا كَسَبَ ﴿2﴾مَآ أَغۡنَىٰ عَنۡهُ مَالُهُۥ وَمَا كَسَبَ
Моли ӯ ва он чи ба даст оварда буд, ба ҳолаш фоида намекунад.
سَيَصۡلَىٰ نَارٗا ذَاتَ لَهَبٖ ﴿3﴾سَيَصۡلَىٰ نَارٗا ذَاتَ لَهَبٖ
Ба зудӣ ба оташе шӯълаваре медарояд.
وَٱمۡرَأَتُهُۥ حَمَّالَةَ ٱلۡحَطَبِ ﴿4﴾وَٱمۡرَأَتُهُۥ حَمَّالَةَ ٱلۡحَطَبِ
ва зани ӯ, низ ба дӯзах медарояд, ки ҳезумкаш аст, дар роҳи Расулуллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам онро матраҳ мекард, то азият кашад.
فِي جِيدِهَا حَبۡلٞ مِّن مَّسَدِۭ ﴿5﴾فِي جِيدِهَا حَبۡلٞ مِّن مَّسَدِۭ
Ва бар гардан ресмоне аз лифи (пӯсти) хурмо дорад. Бо он ресмон дар дузах бардошта мешавад, баъд аз он ба поёнтарини дӯзах партофта мешавад.