quranm◉

Саҳифа 602

Range
from 106:1 to 108:3
Surahs covered
Тарҷума
14 Тарҷума

◉

106:1

لِإِيلَٰفِ قُرَيۡشٍ ﴿1﴾

Барои унсу улфату амни Қурайш; таъаҷҷуб кунед, ки

106:2

إِۦلَٰفِهِمۡ رِحۡلَةَ ٱلشِّتَآءِ وَٱلصَّيۡفِ ﴿2﴾

улфату амнашон дар сафари зимистон ба сӯи Яман ва дар тобистон ба сӯи Шом буд.

106:3

فَلۡيَعۡبُدُواْ رَبَّ هَٰذَا ٱلۡبَيۡتِ ﴿3﴾

Пас, бояд шукри Парвардигори ин хонаро (Каъбаро) баҷо оранд ва Ӯро ба ихлос бипарастанд,

106:4

ٱلَّذِيٓ أَطۡعَمَهُم مِّن جُوعٖ وَءَامَنَهُم مِّنۡ خَوۡفِۭ ﴿4﴾

он Зоте, ки ононро дар гуруснагӣ хӯрок дод ва дар бимнокӣ амн ва амон бахшид.

107:1

أَرَءَيۡتَ ٱلَّذِي يُكَذِّبُ بِٱلدِّينِ ﴿1﴾

Оё дидаӣ онро, ки рӯзи ҷазоро дурӯғ мешумурд?

107:2

فَذَٰلِكَ ٱلَّذِي يَدُعُّ ٱلۡيَتِيمَ ﴿2﴾

Ӯ ҳамон касест, ки ятимро ба хорӣ аз худ меронад.

107:3

وَلَا يَحُضُّ عَلَىٰ طَعَامِ ٱلۡمِسۡكِينِ ﴿3﴾

Ва мардумро ба таъом додан ба бенавоён тарғиб намекунад. Пас чӣ гуна ӯ аз ҷониби худ вайро таъом диҳад?

107:4

فَوَيۡلٞ لِّلۡمُصَلِّينَ ﴿4﴾

Пас вой, бар он намозгузорон,

107:5

ٱلَّذِينَ هُمۡ عَن صَلَاتِهِمۡ سَاهُونَ ﴿5﴾

ҳамон касоне ки аз намози худ дар ғафлатанд ва ба тамоми ҳуқуқҳояш онро баҷо намеоранд ва дар вақташ адо наменамоянд.

107:6

ٱلَّذِينَ هُمۡ يُرَآءُونَ ﴿6﴾

Онон, ки бо амалҳои хуб риё мекунанд

107:7

وَيَمۡنَعُونَ ٱلۡمَاعُونَ ﴿7﴾

ва аз додани моъун саркашӣ мекунанд. Пас онҳо на ибодати Парвардигорашонро ба хубӣ баҷо меоранд ва на ба мардум некрафторанд.

108:1

إِنَّآ أَعۡطَيۡنَٰكَ ٱلۡكَوۡثَرَ ﴿1﴾

Ба ростӣ Мо Кавсарро ба ту ато кардем.

108:2

فَصَلِّ لِرَبِّكَ وَٱنۡحَرۡ ﴿2﴾

Пас ба ихлос барои Парвардигорат намоз бихон ва ба номи У қурбонӣ кун,

108:3

إِنَّ شَانِئَكَ هُوَ ٱلۡأَبۡتَرُ ﴿3﴾

Бегумон бадхоҳи ту ва бадхоҳи он чи ки ту аз ҳидоят ва нур овардаӣ, худ абтар аст.