quranm◉

Саҳифа 604

Range
from 112:1 to 114:6
Surahs covered
Тарҷума
15 Тарҷума

◉

112:1

قُلۡ هُوَ ٱللَّهُ أَحَدٌ ﴿1﴾

Бигӯ эй Расул: «Ӯст Аллоҳи якто, дар улуҳият, рубубият ва асмо ва сифот ва касе Ӯро шарик шуда наметавонад.

112:2

ٱللَّهُ ٱلصَّمَدُ ﴿2﴾

Аллоҳе, ки бениёз, сарвар, воло ва бароварандаи умедҳо аст,

112:3

لَمۡ يَلِدۡ وَلَمۡ يُولَدۡ ﴿3﴾

на зоида аст ва на зоида шудааст

112:4

وَلَمۡ يَكُن لَّهُۥ كُفُوًا أَحَدُۢ ﴿4﴾

ва на ҳеҷ кас ҳамтои Ӯст!» дар халқ ва афъол ва номҳо ва сифатҳояш.

113:1

قُلۡ أَعُوذُ بِرَبِّ ٱلۡفَلَقِ ﴿1﴾

Бигӯ эй Расул: «Ба Парвардигори субҳгоҳ паноҳ мебарам,

113:2

مِن شَرِّ مَا خَلَقَ ﴿2﴾

аз шарри он чӣ биёфаридааст

113:3

وَمِن شَرِّ غَاسِقٍ إِذَا وَقَبَ ﴿3﴾

ва аз шарри шаб, чун дарояд ва торик шавад

113:4

وَمِن شَرِّ ٱلنَّفَّـٰثَٰتِ فِي ٱلۡعُقَدِ ﴿4﴾

ва аз шарри ҷодугарзанҳое, ки дар гиреҳҳо афсун медаманд

113:5

وَمِن شَرِّ حَاسِدٍ إِذَا حَسَدَ ﴿5﴾

ва аз шарри ҳасуд, ки мардумонро бадбинандааст ва бар неъматҳое, ки ба бандааш додааст чун ҳасад мекунад, то ки аз байн раванд ва ба азият гирифтор шаванд».

114:1

قُلۡ أَعُوذُ بِرَبِّ ٱلنَّاسِ ﴿1﴾

Бигӯ эй Расул: «Ба Парвардигори мардум паноҳ мебарам, ки Ӯ қодир аст дар гардонидани васвасаҳои бад.

114:2

مَلِكِ ٱلنَّاسِ ﴿2﴾

Подшоҳи мардум, ки дар тамоми ҳолатҳояшон ба онҳо эҳтиёҷ надорад.

114:3

إِلَٰهِ ٱلنَّاسِ ﴿3﴾

Аллоҳи мардум, ба ғайр аз ӯ ҳеҷ кас маъбуд шуда наметавонад.

114:4

مِن شَرِّ ٱلۡوَسۡوَاسِ ٱلۡخَنَّاسِ ﴿4﴾

Аз бадии васвасагари пинҳоншаванда, ҳангоме ки Аллоҳ ба ёд оварда шавад,

114:5

ٱلَّذِي يُوَسۡوِسُ فِي صُدُورِ ٱلنَّاسِ ﴿5﴾

он кӣ дар дилҳои мардум васваса мекунад ва шакку шубҳаҳо меандозад,

114:6

مِنَ ٱلۡجِنَّةِ وَٱلنَّاسِ ﴿6﴾

хоҳ аз ҷинҳо бошад ё аз одамон!»