quranm◉

Саҳифа 601

Range
from 103:1 to 105:5
Surahs covered
Тарҷума
17 Тарҷума

◉

103:1

وَٱلۡعَصۡرِ ﴿1﴾

Аллоҳ савганд ёд мекунад, ба замон,

103:2

إِنَّ ٱلۡإِنسَٰنَ لَفِي خُسۡرٍ ﴿2﴾

ба таҳқиқ, ки одами дар зиёнкорӣ аст,

103:3

إِلَّا ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ وَعَمِلُواْ ٱلصَّـٰلِحَٰتِ وَتَوَاصَوۡاْ بِٱلۡحَقِّ وَتَوَاصَوۡاْ بِٱلصَّبۡرِ ﴿3﴾

ғайри онҳое, ки имон оварданд ва корҳои шоиста карданд ва якдигарро ба ҳақ даъват кардаанд ва якдигарро ба сабр васият намуданд.

104:1

وَيۡلٞ لِّكُلِّ هُمَزَةٖ لُّمَزَةٍ ﴿1﴾

Вой (ҳалок бод), бар ҳоли ҳар айбҷӯи таъназан,

104:2

ٱلَّذِي جَمَعَ مَالٗا وَعَدَّدَهُۥ ﴿2﴾

он ки моле ҷамъ кард ва ба шумори он банд шуд.

104:3

يَحۡسَبُ أَنَّ مَالَهُۥٓ أَخۡلَدَهُۥ ﴿3﴾

Мепиндорад, ки дороияш дар дунё ҷовидонааш медорад.

104:4

كَلَّاۖ لَيُنۢبَذَنَّ فِي ٱلۡحُطَمَةِ ﴿4﴾

На чунин нест ки ӯ фикр мекунад, ӯ бегумон дар ҳутамаҳ андохта хоҳад шуд.

104:5

وَمَآ أَدۡرَىٰكَ مَا ٱلۡحُطَمَةُ ﴿5﴾

Ва эй Расул ту чӣ медонӣ, ки ҳутамаҳ чист?

104:6

نَارُ ٱللَّهِ ٱلۡمُوقَدَةُ ﴿6﴾

Оташи афрӯхтаи Аллоҳаст.

104:7

ٱلَّتِي تَطَّلِعُ عَلَى ٱلۡأَفۡـِٔدَةِ ﴿7﴾

Оташе, ки бар дилҳо пирӯз мешавад.

104:8

إِنَّهَا عَلَيۡهِم مُّؤۡصَدَةٞ ﴿8﴾

Бегумон он оташ аз ҳар сӯ бар онҳо фурӯ баста шудааст,

104:9

فِي عَمَدٖ مُّمَدَّدَةِۭ ﴿9﴾

дар сутунҳои дарози оташӣ дароварда шудааст, то аз он берун наоянд.

105:1

أَلَمۡ تَرَ كَيۡفَ فَعَلَ رَبُّكَ بِأَصۡحَٰبِ ٱلۡفِيلِ ﴿1﴾

Эй Паёмбар, оё надонистӣ, ки Парвардигорат бо Асҳоби Фил чӣ кард? Онҳое, ки мехостанд, ки хонаи Каъбаро вайрон кунанд.

105:2

أَلَمۡ يَجۡعَلۡ كَيۡدَهُمۡ فِي تَضۡلِيلٖ ﴿2﴾

Оё макрашонро ботил насохт?

105:3

وَأَرۡسَلَ عَلَيۡهِمۡ طَيۡرًا أَبَابِيلَ ﴿3﴾

Ва бар сари онҳо паррандагони гурӯҳ-гурӯҳ фиристод,

105:4

تَرۡمِيهِم بِحِجَارَةٖ مِّن سِجِّيلٖ ﴿4﴾

то онҳоро бо сиҷҷил сангборон карданд.

105:5

فَجَعَلَهُمۡ كَعَصۡفٖ مَّأۡكُولِۭ ﴿5﴾

Пас, ононро чун коҳи хӯрдашуда гардонид.