quranm◉

Hizb 59

Range
from 80:1 to 89:30
Surahs covered
Тарҷума
265 Тарҷума

◉

80:1

عَبَسَ وَتَوَلَّىٰٓ ﴿1﴾

Расулуллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) рӯйро турш кард ва рӯй баргардонид,

80:2

أَن جَآءَهُ ٱلۡأَعۡمَىٰ ﴿2﴾

чун он нобино; Абдулло ибни Мактум ба наздаш омад, дар он вақт Расулуллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ба даъвати бузургони Қурайш машғул буд.

80:3

وَمَا يُدۡرِيكَ لَعَلَّهُۥ يَزَّكَّىٰٓ ﴿3﴾

Ва ту эй Паёмбар чӣ донӣ, шояд, ки он марди нобино покиза шавад,

80:4

أَوۡ يَذَّكَّرُ فَتَنفَعَهُ ٱلذِّكۡرَىٰٓ ﴿4﴾

ё панд гирад ва панди ту фоидааш кунад.

80:5

أَمَّا مَنِ ٱسۡتَغۡنَىٰ ﴿5﴾

Аммо он ки ӯ тавонгар аст, бо мол ва ба имон эҳтиёҷ надорад,

80:6

فَأَنتَ لَهُۥ تَصَدَّىٰ ﴿6﴾

ту рӯи худ ба ӯ мекунӣ ва ба каломи вай гӯш медиҳӣ

80:7

وَمَا عَلَيۡكَ أَلَّا يَزَّكَّىٰ ﴿7﴾

ва агар ҳам пок нагардад, чизе бар зиёни ту нест.

80:8

وَأَمَّا مَن جَآءَكَ يَسۡعَىٰ ﴿8﴾

Ва аммо он, касе ки шитобон ба назди ту омад

80:9

وَهُوَ يَخۡشَىٰ ﴿9﴾

ва ӯ аз камбудӣ кардан дар роҳи ҳақ аз Аллоҳ метарсад,

80:10

فَأَنتَ عَنۡهُ تَلَهَّىٰ ﴿10﴾

вале ту аз ӯ рӯй метобӣ, ба дигаре рӯй меорӣ, амри Аллоҳ чунин нест, магар ин ки байни бузургу нотавон, бою камбағал, марду зан баробар бошӣ

80:11

كَلَّآ إِنَّهَا تَذۡكِرَةٞ ﴿11﴾

Оре, ин оятҳои Қуръон пандест,

80:12

فَمَن شَآءَ ذَكَرَهُۥ ﴿12﴾

пас ҳар кӣ хоҳад, аз он панд гирад.

80:13

فِي صُحُفٖ مُّكَرَّمَةٖ ﴿13﴾

Оятҳои Қуръон дар саҳифаҳое гаронқадр аст,

80:14

مَّرۡفُوعَةٖ مُّطَهَّرَةِۭ ﴿14﴾

саҳифаҳое, ки пок ва дорои манзалати баланд,

80:15

بِأَيۡدِي سَفَرَةٖ ﴿15﴾

ба дасти котибони,

80:16

كِرَامِۭ بَرَرَةٖ ﴿16﴾

бузургвору некӯкор сабт шудааст.

80:17

قُتِلَ ٱلۡإِنسَٰنُ مَآ أَكۡفَرَهُۥ ﴿17﴾

Лаънат ва азоб бод бар инсони кофир, ки чӣ носипос (ношукр) аст!

80:18

مِنۡ أَيِّ شَيۡءٍ خَلَقَهُۥ ﴿18﴾

Аллоҳ уро аввалин бор аз чи офаридааст?

80:19

مِن نُّطۡفَةٍ خَلَقَهُۥ فَقَدَّرَهُۥ ﴿19﴾

Аз нутфае офаридаст ва онгоҳ ӯро ба андозае сохтааст,

80:20

ثُمَّ ٱلسَّبِيلَ يَسَّرَهُۥ ﴿20﴾

сипас роҳашро осон сохт ва барояш роҳи неку бадро баён кард.

80:21

ثُمَّ أَمَاتَهُۥ فَأَقۡبَرَهُۥ ﴿21﴾

Баъд ӯро мемиронад ва вориди гӯраш мегардонад.

80:22

ثُمَّ إِذَا شَآءَ أَنشَرَهُۥ ﴿22﴾

Сипас ҳар вақте ки хоҳад, ӯро барои ҳисобу китоб зинда мегардонад

80:23

كَلَّا لَمَّا يَقۡضِ مَآ أَمَرَهُۥ ﴿23﴾

Ҳаргиз чунин мабод! Он чиро, ки ба ӯ фармуда буд, анҷом надод.

80:24

فَلۡيَنظُرِ ٱلۡإِنسَٰنُ إِلَىٰ طَعَامِهِۦٓ ﴿24﴾

Пас одамӣ ба таъоми худ бингарад, ки чӣ гуна Аллоҳ таъоми ӯро барои нигоҳ доштани ҳаёташ офарид.

80:25

أَنَّا صَبَبۡنَا ٱلۡمَآءَ صَبّٗا ﴿25﴾

Мо боронро ба фаровонӣ фурӯ рехтем,

80:26

ثُمَّ شَقَقۡنَا ٱلۡأَرۡضَ شَقّٗا ﴿26﴾

сипас заминро ба некӣ шикофтем,

80:27

فَأَنۢبَتۡنَا فِيهَا حَبّٗا ﴿27﴾

онгоҳ дар он донаҳо рӯёнидем,

80:28

وَعِنَبٗا وَقَضۡبٗا ﴿28﴾

ва ангуру сабзавот

80:29

وَزَيۡتُونٗا وَنَخۡلٗا ﴿29﴾

ва зайтуну дарахтони хурмо

80:30

وَحَدَآئِقَ غُلۡبٗا ﴿30﴾

ва боғҳои пурдарахту анбуҳ

80:31

وَفَٰكِهَةٗ وَأَبّٗا ﴿31﴾

ва меваву алафро,

80:32

مَّتَٰعٗا لَّكُمۡ وَلِأَنۡعَٰمِكُمۡ ﴿32﴾

то шумову чорпоёнатон баҳра баред.

80:33

فَإِذَا جَآءَتِ ٱلصَّآخَّةُ ﴿33﴾

Пас ҳангоме ки он бонги гӯшкаркунанда рӯзи қиёмат, ки гӯшҳоро кар месозад, даррасад,

80:34

يَوۡمَ يَفِرُّ ٱلۡمَرۡءُ مِنۡ أَخِيهِ ﴿34﴾

рӯзе, ки одамӣ аз ҳавли он рӯз аз бародараш бигурезад

80:35

وَأُمِّهِۦ وَأَبِيهِ ﴿35﴾

ва аз модару падараш

80:36

وَصَٰحِبَتِهِۦ وَبَنِيهِ ﴿36﴾

ва аз ҳамсару фарзандонаш.

80:37

لِكُلِّ ٱمۡرِيٕٖ مِّنۡهُمۡ يَوۡمَئِذٖ شَأۡنٞ يُغۡنِيهِ ﴿37﴾

Ҳар касеро аз онон дар он рӯзи қиёмат коре ҳаст, ки ӯро ба худ машғул медорад.

80:38

وُجُوهٞ يَوۡمَئِذٖ مُّسۡفِرَةٞ ﴿38﴾

Дар он рӯз чеҳраҳое шод ва дурахшонанд,

80:39

ضَاحِكَةٞ مُّسۡتَبۡشِرَةٞ ﴿39﴾

хандонанду шодонанд.

80:40

وَوُجُوهٞ يَوۡمَئِذٍ عَلَيۡهَا غَبَرَةٞ ﴿40﴾

Ва чеҳраҳои дӯзахиён дар он рӯз ғуборолуданд,

80:41

تَرۡهَقُهَا قَتَرَةٌ ﴿41﴾

торикӣ онҳоро фурӯ мепӯшонад.

80:42

أُوْلَـٰٓئِكَ هُمُ ٱلۡكَفَرَةُ ٱلۡفَجَرَةُ ﴿42﴾

Инҳо кофиронанд, ки ба неъматҳои Аллоҳ куфр оварданд ва оётҳои Ӯро дурӯғ бароварданд ва бадкоронанд, ки ба маҳорими Аллоҳ ҷуръат карданд.

81:1

إِذَا ٱلشَّمۡسُ كُوِّرَتۡ ﴿1﴾

Чун офтоб дар ҳам печида шавад ва нураш хира шавад

81:2

وَإِذَا ٱلنُّجُومُ ٱنكَدَرَتۡ ﴿2﴾

ва чун ситорагон тира шаванд

81:3

وَإِذَا ٱلۡجِبَالُ سُيِّرَتۡ ﴿3﴾

ва чун кӯҳҳо аз ҷои худ беҷо бишаванд ва пора-пора шаванд

81:4

وَإِذَا ٱلۡعِشَارُ عُطِّلَتۡ ﴿4﴾

ва чун шутурони ҳомила ба ҳоли худ бесоҳиб гузошта шаванд

81:5

وَإِذَا ٱلۡوُحُوشُ حُشِرَتۡ ﴿5﴾

ва чун ҷонварони ваҳшӣ ҷамъ оварда шаванд,

81:6

وَإِذَا ٱلۡبِحَارُ سُجِّرَتۡ ﴿6﴾

ва чун дарёҳо оташ гиранд

81:7

وَإِذَا ٱلنُّفُوسُ زُوِّجَتۡ ﴿7﴾

ва чун рӯҳҳо бо ҷасадҳо наздик шаванд ва ҷамъ оянд

81:8

وَإِذَا ٱلۡمَوۡءُۥدَةُ سُئِلَتۡ ﴿8﴾

ва чун аз духтари зинда ба гӯр шуда пурсида шавад, ки

81:9

بِأَيِّ ذَنۢبٖ قُتِلَتۡ ﴿9﴾

ба чӣ гуноҳе кушта шудааст

81:10

وَإِذَا ٱلصُّحُفُ نُشِرَتۡ ﴿10﴾

ва чун саҳифаҳои аъмол боз шаванд,

81:11

وَإِذَا ٱلسَّمَآءُ كُشِطَتۡ ﴿11﴾

ва чун осмон аз ҷои худ канда шавад

81:12

وَإِذَا ٱلۡجَحِيمُ سُعِّرَتۡ ﴿12﴾

ва чун ҷаҳаннам афрӯхта шӯълавар гардад

81:13

وَإِذَا ٱلۡجَنَّةُ أُزۡلِفَتۡ ﴿13﴾

ва чун биҳишт наздик оварда шавад,

81:14

عَلِمَتۡ نَفۡسٞ مَّآ أَحۡضَرَتۡ ﴿14﴾

ҳар кас бидонад, ки чӣ омода кардааст, аз хубӣ ва бадиҳо.

81:15

فَلَآ أُقۡسِمُ بِٱلۡخُنَّسِ ﴿15﴾

Аллоҳ савганд ёд мекунад ба ситорагони бозгарданда, ки дар рӯз пинҳон мешаванд,

81:16

ٱلۡجَوَارِ ٱلۡكُنَّسِ ﴿16﴾

ситорагони сайркунандаи ғоибшаванда

81:17

وَٱلَّيۡلِ إِذَا عَسۡعَسَ ﴿17﴾

ва савганд ба шаб, чун торик шавад

81:18

وَٱلصُّبۡحِ إِذَا تَنَفَّسَ ﴿18﴾

ва савганд ба субҳ, чун бидамад,

81:19

إِنَّهُۥ لَقَوۡلُ رَسُولٖ كَرِيمٖ ﴿19﴾

ки ин Қуръон сухани расули бузургвор Ҷабраил (алайҳиссалом) аст,

81:20

ذِي قُوَّةٍ عِندَ ذِي ٱلۡعَرۡشِ مَكِينٖ ﴿20﴾

Ӯ нерӯманд аст, дар назди Аллоҳи Арш, дорои мақоми болост,

81:21

مُّطَاعٖ ثَمَّ أَمِينٖ ﴿21﴾

он ҷо дар назди Аллоҳ фармонбардоршуда, боваринок аст

81:22

وَمَا صَاحِبُكُم بِمَجۡنُونٖ ﴿22﴾

Ва ҳамсӯҳбати шумо Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) девона нест.

81:23

وَلَقَدۡ رَءَاهُ بِٱلۡأُفُقِ ٱلۡمُبِينِ ﴿23﴾

Ба дурустӣ, ӯ Ҷабраилро ба сурати ҳақиқааш дар уфуқи равшан дидааст.

81:24

وَمَا هُوَ عَلَى ٱلۡغَيۡبِ بِضَنِينٖ ﴿24﴾

Ва он чиро аз ғайб ба ӯ гӯянд, дареғ намедорад.

81:25

وَمَا هُوَ بِقَوۡلِ شَيۡطَٰنٖ رَّجِيمٖ ﴿25﴾

Ва он (Қуръон) гуфтаи шайтони рондашуда нест, балки сухан ва ваҳйи Илоҳӣ аст.

81:26

فَأَيۡنَ تَذۡهَبُونَ ﴿26﴾

Пас ба куҷо меравед баъди ин қадар ҳуҷҷатҳои қотеъ?

81:27

إِنۡ هُوَ إِلَّا ذِكۡرٞ لِّلۡعَٰلَمِينَ ﴿27﴾

Ин китоб, пандест барои ҷаҳониён,

81:28

لِمَن شَآءَ مِنكُمۡ أَن يَسۡتَقِيمَ ﴿28﴾

барои ҳар кас аз шумо, ки бихоҳад росткирдор шавад.

81:29

وَمَا تَشَآءُونَ إِلَّآ أَن يَشَآءَ ٱللَّهُ رَبُّ ٱلۡعَٰلَمِينَ ﴿29﴾

Ва шумо ростӣ ва истиқоматро намехоҳед ва бар ин хост қодир ҳам намебошед, магар он чиро, ки Парвардигори ҷаҳониён бихоҳад.

82:1

إِذَا ٱلسَّمَآءُ ٱنفَطَرَتۡ ﴿1﴾

Он гоҳ, ки осмон шикофта мегардад ва низоми он вайрон мешавад

82:2

وَإِذَا ٱلۡكَوَاكِبُ ٱنتَثَرَتۡ ﴿2﴾

ва он гоҳ ки ситорагон фурӯ мерезанд

82:3

وَإِذَا ٱلۡبِحَارُ فُجِّرَتۡ ﴿3﴾

ва он гоҳ, ки дарёҳо ба шиддат равон мешаванд

82:4

وَإِذَا ٱلۡقُبُورُ بُعۡثِرَتۡ ﴿4﴾

ва он гоҳ, ки қабрҳо зер ва рӯ мегарданд,

82:5

عَلِمَتۡ نَفۡسٞ مَّا قَدَّمَتۡ وَأَخَّرَتۡ ﴿5﴾

ҳар кас, ки чӣ чиз пешопеш фиристода ва чӣ чиз бозпас гузоштааст, хоҳад донист.

82:6

يَـٰٓأَيُّهَا ٱلۡإِنسَٰنُ مَا غَرَّكَ بِرَبِّكَ ٱلۡكَرِيمِ ﴿6﴾

Эй одамӣ, чӣ чиз туро нисбат ба Парвардигори каримат мағрур сохтааст?

82:7

ٱلَّذِي خَلَقَكَ فَسَوَّىٰكَ فَعَدَلَكَ ﴿7﴾

Он кӣ туро биёфарид ва аъзоят дуруст кард, сипас офариниши туро мӯътадил гардонд.

82:8

فِيٓ أَيِّ صُورَةٖ مَّا شَآءَ رَكَّبَكَ ﴿8﴾

Ва ба ҳар шакле, ки хост, туро таркиб кард.

82:9

كَلَّا بَلۡ تُكَذِّبُونَ بِٱلدِّينِ ﴿9﴾

Ҳаргиз чунин нест, ки мегӯед, балки омадани қиёматро дурӯғ мешуморед.

82:10

وَإِنَّ عَلَيۡكُمۡ لَحَٰفِظِينَ ﴿10﴾

Ва бегумон бар шумо муҳофизоне (фариштагоне) вобаста шудаанд:

82:11

كِرَامٗا كَٰتِبِينَ ﴿11﴾

нависандагони гиромиқадранд,

82:12

يَعۡلَمُونَ مَا تَفۡعَلُونَ ﴿12﴾

он чиро ки мекунед аз нек ё бад, медонанд.

82:13

إِنَّ ٱلۡأَبۡرَارَ لَفِي نَعِيمٖ ﴿13﴾

Албатта некӯкорон, ки ҳуқуқи Аллоҳ ва бандагонро баҷо меоранд, дар неъмат хоҳанд буд

82:14

وَإِنَّ ٱلۡفُجَّارَ لَفِي جَحِيمٖ ﴿14﴾

ва гуноҳкорон, ки дар ҳуқуқи Аллоҳ ва бандагонаш камбудӣ мекунанд, дар ҷаҳаннаманд!

82:15

يَصۡلَوۡنَهَا يَوۡمَ ٱلدِّينِ ﴿15﴾

Дар рӯзи ҷазо (қиёмат) ба ҷаҳаннам дароянд

82:16

وَمَا هُمۡ عَنۡهَا بِغَآئِبِينَ ﴿16﴾

Онон ҳеҷгоҳ аз он дур намешаванд.

82:17

وَمَآ أَدۡرَىٰكَ مَا يَوۡمُ ٱلدِّينِ ﴿17﴾

Ту чӣ донӣ, ки бузургии рӯзи ҷазо чист?

82:18

ثُمَّ مَآ أَدۡرَىٰكَ مَا يَوۡمُ ٱلدِّينِ ﴿18﴾

Боз ҳам ту чӣ донӣ, ки бузургии рӯзи ҷазо чист?

82:19

يَوۡمَ لَا تَمۡلِكُ نَفۡسٞ لِّنَفۡسٖ شَيۡـٔٗاۖ وَٱلۡأَمۡرُ يَوۡمَئِذٖ لِّلَّهِ ﴿19﴾

Рӯзест, ки касе барои каси дигар ҳеҷ коре нафъ натавонад кард ва дар он рӯз фармон, фармони Аллоҳ бошад.

83:1

وَيۡلٞ لِّلۡمُطَفِّفِينَ ﴿1﴾

Вой бар ҳоли камкунандагон,

83:2

ٱلَّذِينَ إِذَا ٱكۡتَالُواْ عَلَى ٱلنَّاسِ يَسۡتَوۡفُونَ ﴿2﴾

онон, ки чун аз мардум барои худ харид карданд, паймона меситонанд, (бармекашанд) онро пур мекунанд

83:3

وَإِذَا كَالُوهُمۡ أَو وَّزَنُوهُمۡ يُخۡسِرُونَ ﴿3﴾

ва чун барои мардум чизе фурӯхтанд, мепаймоянд ё бармекашанд, аз он кам мекунанд.

83:4

أَلَا يَظُنُّ أُوْلَـٰٓئِكَ أَنَّهُم مَّبۡعُوثُونَ ﴿4﴾

Оё инҳо намедонанд, ки зинда мешаванд,

83:5

لِيَوۡمٍ عَظِيمٖ ﴿5﴾

дар он рӯзи бузург? Ва мувофиқи аъмолашон ҳисобу китоб карда мешаванд.

83:6

يَوۡمَ يَقُومُ ٱلنَّاسُ لِرَبِّ ٱلۡعَٰلَمِينَ ﴿6﴾

Рӯзе, ки мардум дар пешгоҳи Парвардигори ҷаҳониён фурӯтан меистанд.

83:7

كَلَّآ إِنَّ كِتَٰبَ ٱلۡفُجَّارِ لَفِي سِجِّينٖ ﴿7﴾

Ҳақиқатан бозгашти бадкорон ҷои танг аст.

83:8

وَمَآ أَدۡرَىٰكَ مَا سِجِّينٞ ﴿8﴾

Ва ту чи медони он тангӣ чист? Ҳамоно он ҷой зиндонест, ки дар он азоби дардовар аст.

83:9

كِتَٰبٞ مَّرۡقُومٞ ﴿9﴾

Ва барояшон китобест навишташуда! На дар он чизе афзуда мешавад ва на кам карда мешавад.

83:10

وَيۡلٞ يَوۡمَئِذٖ لِّلۡمُكَذِّبِينَ ﴿10﴾

Дар он рӯз вой бар ҳоли дурӯғшуморандагон,

83:11

ٱلَّذِينَ يُكَذِّبُونَ بِيَوۡمِ ٱلدِّينِ ﴿11﴾

онон, ки рӯзи ҷазоро дурӯғ меҳисобанд!

83:12

وَمَا يُكَذِّبُ بِهِۦٓ إِلَّا كُلُّ مُعۡتَدٍ أَثِيمٍ ﴿12﴾

Ва он рӯзро ба ҷуз ҳар ситамгари гунаҳкор касе дурӯғ намешуморад.

83:13

إِذَا تُتۡلَىٰ عَلَيۡهِ ءَايَٰتُنَا قَالَ أَسَٰطِيرُ ٱلۡأَوَّلِينَ ﴿13﴾

Чун оёти Мо бар ӯ хонда шуд, ғуфт: «Афсонаҳои пешиниён аст!» Амр чунин нест, ки мепиндоранд, балки он каломи Аллоҳ аст ва ба тариқи ваҳй ба сӯи паёмбараш фиристода шудааст.

83:14

كَلَّاۖ بَلۡۜ رَانَ عَلَىٰ قُلُوبِهِم مَّا كَانُواْ يَكۡسِبُونَ ﴿14﴾

Чунин нест, ки мегӯянд, балки корҳое, ки карда буданд аз гуноҳ бар дилҳошон ғолиб шуда занг бастааст.

83:15

كَلَّآ إِنَّهُمۡ عَن رَّبِّهِمۡ يَوۡمَئِذٖ لَّمَحۡجُوبُونَ ﴿15﴾

Чунин нест, ки мегӯянд, бегумон онон дар он рӯз аз дидори Парвардигорашон маҳрум бошанд.

83:16

ثُمَّ إِنَّهُمۡ لَصَالُواْ ٱلۡجَحِيمِ ﴿16﴾

Пас онҳо ба ҷаҳаннам дароянд, ҳарорати гармии онро мечашанд.

83:17

ثُمَّ يُقَالُ هَٰذَا ٱلَّذِي كُنتُم بِهِۦ تُكَذِّبُونَ ﴿17﴾

Сипас ба онҳо гуфта мешавад: «Ин аст он чӣ дурӯғаш мешумурдед!»

83:18

كَلَّآ إِنَّ كِتَٰبَ ٱلۡأَبۡرَارِ لَفِي عِلِّيِّينَ ﴿18﴾

Ба дурустӣ, ки номаи амалҳои некӯкорон дар Иллийин қарор дорад.

83:19

وَمَآ أَدۡرَىٰكَ مَا عِلِّيُّونَ ﴿19﴾

Ва ту эй Расул чӣ медонӣ, ки Иллийин чист?

83:20

كِتَٰبٞ مَّرۡقُومٞ ﴿20﴾

Китобест навишташуда! На дар он чизе афзуда мешавад ва на кам карда мешавад,

83:21

يَشۡهَدُهُ ٱلۡمُقَرَّبُونَ ﴿21﴾

ки фариштагони муқарраби Аллоҳ дар он ҳузур меёбанд.

83:22

إِنَّ ٱلۡأَبۡرَارَ لَفِي نَعِيمٍ ﴿22﴾

Бегумон некон дар неъматанд,

83:23

عَلَى ٱلۡأَرَآئِكِ يَنظُرُونَ ﴿23﴾

бар тахтҳо нишаста ва ба сӯи Парвардигорашон ва ба он чӣ аз неъматҳо барояшон омода карда шудааст, наззора мекунанд.

83:24

تَعۡرِفُ فِي وُجُوهِهِمۡ نَضۡرَةَ ٱلنَّعِيمِ ﴿24﴾

Хушӣ ва хуррамии неъматро дар чеҳраҳояшон мебинӣ.

83:25

يُسۡقَوۡنَ مِن رَّحِيقٖ مَّخۡتُومٍ ﴿25﴾

Аз шаробе холис, ки бар сари он мӯҳр ниҳодаанд, нӯшонида мешаванд.

83:26

خِتَٰمُهُۥ مِسۡكٞۚ وَفِي ذَٰلِكَ فَلۡيَتَنَافَسِ ٱلۡمُتَنَٰفِسُونَ ﴿26﴾

Мӯҳри он аз мушк аст. Ва рағбаткунандагон бояд, ки барои ҳамин неъмати доими рағбат кунанд.

83:27

وَمِزَاجُهُۥ مِن تَسۡنِيمٍ ﴿27﴾

Ва омезиши он шароб аз оби Тасним аст.

83:28

عَيۡنٗا يَشۡرَبُ بِهَا ٱلۡمُقَرَّبُونَ ﴿28﴾

Тасним чашмаест, ки муақаррабони даргоҳи Аллоҳ аз он менӯшанд ва ба он лаззат мебаранд.

83:29

إِنَّ ٱلَّذِينَ أَجۡرَمُواْ كَانُواْ مِنَ ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ يَضۡحَكُونَ ﴿29﴾

Ба дурустӣ, ки гунаҳкорон дар дунё ба мӯъминон механдиданд

83:30

وَإِذَا مَرُّواْ بِهِمۡ يَتَغَامَزُونَ ﴿30﴾

Ва чун бар онҳо мегузаштанд, масхараомезона ба чашму абрӯ ишора мекарданд

83:31

وَإِذَا ٱنقَلَبُوٓاْ إِلَىٰٓ أَهۡلِهِمُ ٱنقَلَبُواْ فَكِهِينَ ﴿31﴾

ва чун ба аҳли хонаи худ бозмегаштанд, шодмон бозмегаштанд.

83:32

وَإِذَا رَأَوۡهُمۡ قَالُوٓاْ إِنَّ هَـٰٓؤُلَآءِ لَضَآلُّونَ ﴿32﴾

Ва чун кофирон асҳоби Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва салламро медиданд, мегуфтанд, ки инҳо гумроҳанд.

83:33

وَمَآ أُرۡسِلُواْ عَلَيۡهِمۡ حَٰفِظِينَ ﴿33﴾

Ва ҳол он ки ин кофирон ба сари мӯъминон нигоҳбон фиристода нашуда буданд.

83:34

فَٱلۡيَوۡمَ ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ مِنَ ٱلۡكُفَّارِ يَضۡحَكُونَ ﴿34﴾

Пас рӯзи қиёмат мӯъминон ба кофирон механданд, чунон ки кофирон дар дунё ба онҳо хандида буданд,

83:35

عَلَى ٱلۡأَرَآئِكِ يَنظُرُونَ ﴿35﴾

бар тахтҳо такя зада ва ба он чӣ аз каромат ва неъматҳои ҷаннат барояшон дода шудааст, менигаранд.

83:36

هَلۡ ثُوِّبَ ٱلۡكُفَّارُ مَا كَانُواْ يَفۡعَلُونَ ﴿36﴾

Оё ба кофирон подош ва сазои корҳое, ки мекарданд, дода шудааст?

84:1

إِذَا ٱلسَّمَآءُ ٱنشَقَّتۡ ﴿1﴾

Чун осмон дар рӯзи қиёмат шикофта шавад

84:2

وَأَذِنَتۡ لِرَبِّهَا وَحُقَّتۡ ﴿2﴾

ва ба фармони Парвардигораш гӯш диҳад ва ҳақ бувад, ки чунин кунад

84:3

وَإِذَا ٱلۡأَرۡضُ مُدَّتۡ ﴿3﴾

ва ҳангоме ки замин бозкашида ва паҳн мешавад ва кӯҳҳои он дар ҳам кӯбида шавад

84:4

وَأَلۡقَتۡ مَا فِيهَا وَتَخَلَّتۡ ﴿4﴾

ва ҳар чиро ки дар дарун дорад аз хазинаҳо ва мурдаҳо берун партояд ва холӣ гардад

84:5

وَأَذِنَتۡ لِرَبِّهَا وَحُقَّتۡ ﴿5﴾

ва ба фармони Парвардигораш гӯш диҳад ва ҳақ бувад, ки чунин кунад.

84:6

يَـٰٓأَيُّهَا ٱلۡإِنسَٰنُ إِنَّكَ كَادِحٌ إِلَىٰ رَبِّكَ كَدۡحٗا فَمُلَٰقِيهِ ﴿6﴾

Эй инсон, ту дар роҳи Парвардигорат ранҷи фаровон мекашӣ, баъд аз он ба Парвардигори хеш дар рӯзи қиёмат дидор мебинӣ, пас мукофоти амалатро ба фазлу адли Аллоҳ хоҳӣ дид.

84:7

فَأَمَّا مَنۡ أُوتِيَ كِتَٰبَهُۥ بِيَمِينِهِۦ ﴿7﴾

Ҳар кас, ки номаашро ба дасти росташ диҳанд, ӯ мӯъмин аст,

84:8

فَسَوۡفَ يُحَاسَبُ حِسَابٗا يَسِيرٗا ﴿8﴾

ба зудӣ аз ӯ ба таври осон ҳисоб кунанд

84:9

وَيَنقَلِبُ إِلَىٰٓ أَهۡلِهِۦ مَسۡرُورٗا ﴿9﴾

ва шодмон дар ҷаннат ба сӯи аҳлаш бозгардад.

84:10

وَأَمَّا مَنۡ أُوتِيَ كِتَٰبَهُۥ وَرَآءَ ظَهۡرِهِۦ ﴿10﴾

Аммо ҳар кас, ки номаи аъмолаш аз пушти сар дода шавад, вай кофир аст,

84:11

فَسَوۡفَ يَدۡعُواْ ثُبُورٗا ﴿11﴾

ба зудӣ нобудӣ ва ҳалокиро талаб кунад.

84:12

وَيَصۡلَىٰ سَعِيرًا ﴿12﴾

Ва ба оташи афрӯхта дарояд.

84:13

إِنَّهُۥ كَانَ فِيٓ أَهۡلِهِۦ مَسۡرُورًا ﴿13﴾

Зеро ӯ да р дунё назди аҳли худ шодмону мағрур зиста буд.

84:14

إِنَّهُۥ ظَنَّ أَن لَّن يَحُورَ ﴿14﴾

Ва мепиндошт, ки ҳаргиз ба назди Парвардигораш барои ҳисоб, бознахоҳад гашт.

84:15

بَلَىٰٓۚ إِنَّ رَبَّهُۥ كَانَ بِهِۦ بَصِيرٗا ﴿15﴾

Оре, Парвардигораш ба аҳволи ӯ бино буд, аз замоне, ки ӯро биёфарид, то замоне ки ӯро аз нав зинда гардонид.

84:16

فَلَآ أُقۡسِمُ بِٱلشَّفَقِ ﴿16﴾

Пас, Аллоҳ мегӯяд: ба сурхии канораи осмони шом савганд мехӯрам

84:17

وَٱلَّيۡلِ وَمَا وَسَقَ ﴿17﴾

ва савганд ба шаб ва ҳар чиро ки фаро бигирад аз чорпоён ва ҳашарот ва ғайраҳо

84:18

وَٱلۡقَمَرِ إِذَا ٱتَّسَقَ ﴿18﴾

ва савганд ба моҳ, чун пурра шавад нури он,

84:19

لَتَرۡكَبُنَّ طَبَقًا عَن طَبَقٖ ﴿19﴾

ки эй одамон, ба ҳоле баъд аз ҳоли дигар хоҳед расид.

84:20

فَمَا لَهُمۡ لَا يُؤۡمِنُونَ ﴿20﴾

Ононро чи шудааст, ки ба Аллоҳ ва рӯзи қиёмат имон намеоваранд?

84:21

وَإِذَا قُرِئَ عَلَيۡهِمُ ٱلۡقُرۡءَانُ لَا يَسۡجُدُونَۤ۩ ﴿21﴾

Ва ҳангоме ки Қуръон бар онҳо хонда шавад, саҷда намекунанд?

84:22

بَلِ ٱلَّذِينَ كَفَرُواْ يُكَذِّبُونَ ﴿22﴾

Балки кофирон ҳақро дурӯғ мешуморанд.

84:23

وَٱللَّهُ أَعۡلَمُ بِمَا يُوعُونَ ﴿23﴾

Ва Аллоҳ ба он чӣ дар дил доранд, донотар аст.

84:24

فَبَشِّرۡهُم بِعَذَابٍ أَلِيمٍ ﴿24﴾

Пас эй Расул, ононро ба азоби дардоваре мужда бидеҳ,

84:25

إِلَّا ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ وَعَمِلُواْ ٱلصَّـٰلِحَٰتِ لَهُمۡ أَجۡرٌ غَيۡرُ مَمۡنُونِۭ ﴿25﴾

магар касоне, ки ба Аллоҳ ва Расули Ӯ имон овардаанд ва корҳои шоиста кардаанд, подоши ҳамешагӣ доранд.

85:1

وَٱلسَّمَآءِ ذَاتِ ٱلۡبُرُوجِ ﴿1﴾

Аллоҳ қасам мехӯрад ба осмон, ки дорои бурҷҳост

85:2

وَٱلۡيَوۡمِ ٱلۡمَوۡعُودِ ﴿2﴾

ва қасам ба рӯзи қиёмат, ки ваъда додааст, дар он халқро ҷамъ меоварад

85:3

وَشَاهِدٖ وَمَشۡهُودٖ ﴿3﴾

ва қасам ба гувоҳ ва он чӣ ки ба он гувоҳӣ дода шудааст,

85:4

قُتِلَ أَصۡحَٰبُ ٱلۡأُخۡدُودِ ﴿4﴾

аҳли хандақҳо ҳалок шуданд аз барои он, ки мӯъминонро азоб доданд

85:5

ٱلنَّارِ ذَاتِ ٱلۡوَقُودِ ﴿5﴾

ва оташе афрӯхтанд аз ҳезумҳо,

85:6

إِذۡ هُمۡ عَلَيۡهَا قُعُودٞ ﴿6﴾

он гоҳ ки бар канори он оташ нишаста буданд

85:7

وَهُمۡ عَلَىٰ مَا يَفۡعَلُونَ بِٱلۡمُؤۡمِنِينَ شُهُودٞ ﴿7﴾

ва онон бар он чӣ ки бо мӯъминон (азоб) мекарданд, шоҳид буданд.

85:8

وَمَا نَقَمُواْ مِنۡهُمۡ إِلَّآ أَن يُؤۡمِنُواْ بِٱللَّهِ ٱلۡعَزِيزِ ٱلۡحَمِيدِ ﴿8﴾

Ва аз онҳо интиқом мегирифтанд, азоб мекарданд мӯъминонро, магар барои он ки ба Аллоҳи ғолиби лоиқи ситоиш имон оварда буданд,

85:9

ٱلَّذِي لَهُۥ مُلۡكُ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضِۚ وَٱللَّهُ عَلَىٰ كُلِّ شَيۡءٖ شَهِيدٌ ﴿9﴾

он Аллоҳе, ки подшоҳии осмонҳову замин аз они Ӯст ва бар ҳар чизе гувоҳ аст ва чизе бар Ӯ пӯшида нест.

85:10

إِنَّ ٱلَّذِينَ فَتَنُواْ ٱلۡمُؤۡمِنِينَ وَٱلۡمُؤۡمِنَٰتِ ثُمَّ لَمۡ يَتُوبُواْ فَلَهُمۡ عَذَابُ جَهَنَّمَ وَلَهُمۡ عَذَابُ ٱلۡحَرِيقِ ﴿10﴾

Албатта онон, ки мардону занони мӯъминро шиканҷа карданд, то ки онҳоро аз дини Аллоҳ боздоранд, сипас тавба накарданд, азоби ҷаҳаннам ва азоби оташ барои онҳост.

85:11

إِنَّ ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ وَعَمِلُواْ ٱلصَّـٰلِحَٰتِ لَهُمۡ جَنَّـٰتٞ تَجۡرِي مِن تَحۡتِهَا ٱلۡأَنۡهَٰرُۚ ذَٰلِكَ ٱلۡفَوۡزُ ٱلۡكَبِيرُ ﴿11﴾

Бегумон барои касоне, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста кардаанд, биҳиштҳоест, ки дар он дарёҳо ҷорист ва он комёбии бузургест!

85:12

إِنَّ بَطۡشَ رَبِّكَ لَشَدِيدٌ ﴿12﴾

Албатта интиқом гирифтани Парвардигори ту аз душманонаш сахт аст.

85:13

إِنَّهُۥ هُوَ يُبۡدِئُ وَيُعِيدُ ﴿13﴾

Ӯст, ки нахуст пайдо мекунад ва пас аз марг зинда месозад.

85:14

وَهُوَ ٱلۡغَفُورُ ٱلۡوَدُودُ ﴿14﴾

Ӯ бахшояндаву дӯстдоранда аст, барои тавбакунандагон.

85:15

ذُو ٱلۡعَرۡشِ ٱلۡمَجِيدُ ﴿15﴾

Ӯст соҳиби Арши бузург.

85:16

فَعَّالٞ لِّمَا يُرِيدُ ﴿16﴾

Ҳар чиро ирода кунад, ба анҷом мерасонад ва чизе монеъи иродаи Ӯ шуда наметавонад.

85:17

هَلۡ أَتَىٰكَ حَدِيثُ ٱلۡجُنُودِ ﴿17﴾

Эй Расул, оё хабари лашкарҳо ба ту расидааст?

85:18

فِرۡعَوۡنَ وَثَمُودَ ﴿18﴾

Лашкарҳои Фиръавну қавми Самуд, ки онҳо паёмбарони хешро дурӯғ бароварданд ва ба азоби Аллоҳ гирифтор шуданд.

85:19

بَلِ ٱلَّذِينَ كَفَرُواْ فِي تَكۡذِيبٖ ﴿19﴾

Оре, онон, ки роҳи куфр пеш гирифтаанд, оятҳои Аллоҳро тасдиқ накарданд;

85:20

وَٱللَّهُ مِن وَرَآئِهِم مُّحِيطُۢ ﴿20﴾

ва Аллоҳ аз ҳама сӯ бо илму қудрати худ бар онҳо иҳота дорад.

85:21

بَلۡ هُوَ قُرۡءَانٞ مَّجِيدٞ ﴿21﴾

Балки, ин Қуръони бузургвор ва олиқадр аст.

85:22

فِي لَوۡحٖ مَّحۡفُوظِۭ ﴿22﴾

Дар Лавҳи Маҳфуз ҷой дорад! Ҳеҷ гоҳ табдилу таҳриф нахоҳад шуд.

86:1

وَٱلسَّمَآءِ وَٱلطَّارِقِ ﴿1﴾

Аллоҳ савганд ёд мекунад ба осмон ва ситорае, ки шабонагоҳ пайдо мешавад.

86:2

وَمَآ أَدۡرَىٰكَ مَا ٱلطَّارِقُ ﴿2﴾

Ва ту чӣ донӣ, ки ситорае, ки дар шаб пайдо мешавад, чи ҳаст?

86:3

ٱلنَّجۡمُ ٱلثَّاقِبُ ﴿3﴾

Ситораи дурахшоне ҳаст, ки торикии шабро мешикофад.

86:4

إِن كُلُّ نَفۡسٖ لَّمَّا عَلَيۡهَا حَافِظٞ ﴿4﴾

Касе вуҷуд надорад, магар ки бар ӯ фариштае вакил карда шудааст барои навиштани амалҳои ӯ.

86:5

فَلۡيَنظُرِ ٱلۡإِنسَٰنُ مِمَّ خُلِقَ ﴿5﴾

Пас одамӣ, ки рӯзи аз нав зинда гардонидани баъд аз мирониданро инкор мекунад, бингарад, ки аз чӣ чиз офарида шудааст?

86:6

خُلِقَ مِن مَّآءٖ دَافِقٖ ﴿6﴾

Аз оби мании ҷаҳандаи ночиз офарида шудааст,

86:7

يَخۡرُجُ مِنۢ بَيۡنِ ٱلصُّلۡبِ وَٱلتَّرَآئِبِ ﴿7﴾

ки аз миёни устухони пушти мард ва устухони синаи зан берун меояд.

86:8

إِنَّهُۥ عَلَىٰ رَجۡعِهِۦ لَقَادِرٞ ﴿8﴾

Бегумон, Аллоҳ ба бозофариниши ӯ тавоност,

86:9

يَوۡمَ تُبۡلَى ٱلسَّرَآئِرُ ﴿9﴾

рӯзе, ки розҳои ниҳон ошкор мешаванд. Ва амали солеҳ аз амали фосид ҷудо мегардад.

86:10

فَمَا لَهُۥ مِن قُوَّةٖ وَلَا نَاصِرٖ ﴿10﴾

Онгоҳ ӯро тавоноӣ ва ёваре набошад.

86:11

وَٱلسَّمَآءِ ذَاتِ ٱلرَّجۡعِ ﴿11﴾

Савганд ба осмони бозборанда!

86:12

وَٱلۡأَرۡضِ ذَاتِ ٱلصَّدۡعِ ﴿12﴾

Савганд ба замине, ки дар он шикофиҳо ҳаст аз онҳо гиёҳҳо мерӯянд.

86:13

إِنَّهُۥ لَقَوۡلٞ فَصۡلٞ ﴿13﴾

Бегумон, Қуръон сухани равшан ва ҷудокунандаи ҳақ аз ботил аст.

86:14

وَمَا هُوَ بِٱلۡهَزۡلِ ﴿14﴾

Ва он ҳазл нест!

86:15

إِنَّهُمۡ يَكِيدُونَ كَيۡدٗا ﴿15﴾

Бегумон, ононе ки паёмбар саллалллоҳу алайҳи ва салламро бовар намекунанд ҳилае меандешанд, то Қуръон ва расулро дурӯғ бароранд ва ботили худро таъйид намоянд.

86:16

وَأَكِيدُ كَيۡدٗا ﴿16﴾

Ва Ман низ чорае меандешам, то ҳақро нусрат диҳам, агарчӣ кофиронро нописанд ояд.

86:17

فَمَهِّلِ ٱلۡكَٰفِرِينَ أَمۡهِلۡهُمۡ رُوَيۡدَۢا ﴿17﴾

Пас кофиронро мӯхлат деҳ, андак мӯхлаташон деҳ! Ва дар фуруд омадани азоб ба онҳо шитоб макун!

87:1

سَبِّحِ ٱسۡمَ رَبِّكَ ٱلۡأَعۡلَى ﴿1﴾

Номи Парвардигори бузурги худро ба покӣ ёд кун, чунон ки лоиқи бузургии Ӯст,

87:2

ٱلَّذِي خَلَقَ فَسَوَّىٰ ﴿2﴾

он Зоте, ки офарид махлуқотро ва устувор дошт.

87:3

وَٱلَّذِي قَدَّرَ فَهَدَىٰ ﴿3﴾

Ва он Зоте, ки андоза муъайян кард. Сипас ҳама халқро ба он чӣ муносиб мешаванд, роҳ намуд.

87:4

وَٱلَّذِيٓ أَخۡرَجَ ٱلۡمَرۡعَىٰ ﴿4﴾

Ва он Зоте, ки чарогоҳҳоро рӯёнид,

87:5

فَجَعَلَهُۥ غُثَآءً أَحۡوَىٰ ﴿5﴾

сипас хушку сиёҳ гардонид.

87:6

سَنُقۡرِئُكَ فَلَا تَنسَىٰٓ ﴿6﴾

Мо Қуръонро барои ту эй Расул хоҳем хонд ва ту дигар онро фаромӯш нахоҳӣ кард,

87:7

إِلَّا مَا شَآءَ ٱللَّهُۚ إِنَّهُۥ يَعۡلَمُ ٱلۡجَهۡرَ وَمَا يَخۡفَىٰ ﴿7﴾

ғайри он чи Аллоҳ бихоҳад, ҳамоно Ӯ ошкору пинҳонро медонад.

87:8

وَنُيَسِّرُكَ لِلۡيُسۡرَىٰ ﴿8﴾

Ва дар кори ту ва дар ҳамаи умури динӣ ва дунявие, ки ба ту рӯ менамояд, осонӣ падид меоварем.

87:9

فَذَكِّرۡ إِن نَّفَعَتِ ٱلذِّكۡرَىٰ ﴿9﴾

Эй Расул, агар ба қавмат панд доданат фоида кунад, панд деҳ. Худро азоб мадеҳ дар панд додани шахсе, ки саркашӣ мекунад.

87:10

سَيَذَّكَّرُ مَن يَخۡشَىٰ ﴿10﴾

Ҳар касе, ки аз Аллоҳ метарсад, ба зудӣ панд хоҳад пазируфт.

87:11

وَيَتَجَنَّبُهَا ٱلۡأَشۡقَى ﴿11﴾

Ва бадбахттарин фард аз он панд дурӣ хоҳад гузид.

87:12

ٱلَّذِي يَصۡلَى ٱلنَّارَ ٱلۡكُبۡرَىٰ ﴿12﴾

Ҳамон кас, ки дар оташи бузурги ҷаҳаннам дарафтад.

87:13

ثُمَّ لَا يَمُوتُ فِيهَا وَلَا يَحۡيَىٰ ﴿13﴾

Онгоҳ дар он ҷо на бимирад, ки роҳат ёбад ва на зинда мешавад, ки фоида бинад.

87:14

قَدۡ أَفۡلَحَ مَن تَزَكَّىٰ ﴿14﴾

Ба дурустӣ, касе ки худро покиза дошт, наҷот ёфт.

87:15

وَذَكَرَ ٱسۡمَ رَبِّهِۦ فَصَلَّىٰ ﴿15﴾

Ва растагор шуд, ҳар кӣ номи Парвардигори худро бар забон овард ва барои ризогии Ӯ намоз гузорид.

87:16

بَلۡ تُؤۡثِرُونَ ٱلۡحَيَوٰةَ ٱلدُّنۡيَا ﴿16﴾

Балки, шумо эй мардум, зиндагии ин ҷаҳонро аз неъматҳои охират афзал мешуморед?

87:17

وَٱلۡأٓخِرَةُ خَيۡرٞ وَأَبۡقَىٰٓ ﴿17﴾

Ҳол он ки охират беҳтару пояндатар аст.

87:18

إِنَّ هَٰذَا لَفِي ٱلصُّحُفِ ٱلۡأُولَىٰ ﴿18﴾

Бегумон, ин суханҳо дар китобҳои пешина низ ҳаст,

87:19

صُحُفِ إِبۡرَٰهِيمَ وَمُوسَىٰ ﴿19﴾

китобҳои Иброҳим ва Мӯсо алайҳимассалом!

88:1

هَلۡ أَتَىٰكَ حَدِيثُ ٱلۡغَٰشِيَةِ ﴿1﴾

Эй Расул, оё хабари қиёмат, ки бо сахтиҳояш одамонро фаро мегирад ба ту расидааст?

88:2

وُجُوهٞ يَوۡمَئِذٍ خَٰشِعَةٌ ﴿2﴾

Чеҳраҳои кофирон дар он рӯз ба азоб хор хоҳанд буд

88:3

عَامِلَةٞ نَّاصِبَةٞ ﴿3﴾

талошкардаву ранҷдида,

88:4

تَصۡلَىٰ نَارًا حَامِيَةٗ ﴿4﴾

оташи сӯзон ба он мерасад,

88:5

تُسۡقَىٰ مِنۡ عَيۡنٍ ءَانِيَةٖ ﴿5﴾

аз чашмаи бисёр гарм нӯшонда мешаванд,

88:6

لَّيۡسَ لَهُمۡ طَعَامٌ إِلَّا مِن ضَرِيعٖ ﴿6﴾

онон хӯрокеро ҷуз хори талх надоранд,

88:7

لَّا يُسۡمِنُ وَلَا يُغۡنِي مِن جُوعٖ ﴿7﴾

ки на фарбеҳ мекунад ва на гуруснагиро аз байн мебарад.

88:8

وُجُوهٞ يَوۡمَئِذٖ نَّاعِمَةٞ ﴿8﴾

Чеҳраҳои мӯъминон дар он рӯз хуррам ва тоза хоҳанд буд.

88:9

لِّسَعۡيِهَا رَاضِيَةٞ ﴿9﴾

Ва аз кӯшиши худ ва амале, ки дар дунё кардаанд, дар охират розӣ хоҳанд буд,

88:10

فِي جَنَّةٍ عَالِيَةٖ ﴿10﴾

дар биҳиште олимақом,

88:11

لَّا تَسۡمَعُ فِيهَا لَٰغِيَةٗ ﴿11﴾

ки дар он ҷо ҳеҷ сухани беҳуда нашунавӣ

88:12

فِيهَا عَيۡنٞ جَارِيَةٞ ﴿12﴾

ва дар он чашмасорҳо равон бошанд

88:13

فِيهَا سُرُرٞ مَّرۡفُوعَةٞ ﴿13﴾

ва дар он ҷо тахтҳои баланд ва олӣ аст

88:14

وَأَكۡوَابٞ مَّوۡضُوعَةٞ ﴿14﴾

ва кӯзаҳое ниҳода барои нӯшандагон

88:15

وَنَمَارِقُ مَصۡفُوفَةٞ ﴿15﴾

ва болиштҳое дар канори ҳам чида

88:16

وَزَرَابِيُّ مَبۡثُوثَةٌ ﴿16﴾

ва фаршҳои нафиси паҳнкарда.

88:17

أَفَلَا يَنظُرُونَ إِلَى ٱلۡإِبِلِ كَيۡفَ خُلِقَتۡ ﴿17﴾

Оё кофирон ба шутур наменигаранд, ки чӣ гуна офарида шудааст?

88:18

وَإِلَى ٱلسَّمَآءِ كَيۡفَ رُفِعَتۡ ﴿18﴾

Ва ба осмон, нигоҳ намекунанд, ки чӣ гуна бардошта шудааст?

88:19

وَإِلَى ٱلۡجِبَالِ كَيۡفَ نُصِبَتۡ ﴿19﴾

Ва ба кӯҳҳо, наменигаранд, ки чӣ гуна барқарор гардидаанд?

88:20

وَإِلَى ٱلۡأَرۡضِ كَيۡفَ سُطِحَتۡ ﴿20﴾

Ва ба замин, наменигаранд, ки чӣ гуна густурда шудааст?

88:21

فَذَكِّرۡ إِنَّمَآ أَنتَ مُذَكِّرٞ ﴿21﴾

Пас панд деҳ эй Расул, ки ту панддиҳандае ҳастӣ. Ва ғамгин мабош аз он касоне, ки ҳақро қабул надоранд!

88:22

لَّسۡتَ عَلَيۡهِم بِمُصَيۡطِرٍ ﴿22﴾

Ту бар онон фармонраво нестӣ, то ононро ба имон овардан маҷбур кунӣ.

88:23

إِلَّا مَن تَوَلَّىٰ وَكَفَرَ ﴿23﴾

Магар, он кас кӣ рӯй гардонд аз панду насиҳат ва кофир шуд ва бар куфраш давомат кард.

88:24

فَيُعَذِّبُهُ ٱللَّهُ ٱلۡعَذَابَ ٱلۡأَكۡبَرَ ﴿24﴾

Аллоҳ бо бузургтарин азоб ӯро азоб мекунад.

88:25

إِنَّ إِلَيۡنَآ إِيَابَهُمۡ ﴿25﴾

Албатта бозгашташон баъди марг ба сӯи Мост.

88:26

ثُمَّ إِنَّ عَلَيۡنَا حِسَابَهُم ﴿26﴾

Онгоҳ ҳисоби онон бар ӯҳдаи Мо аст.

89:1

وَٱلۡفَجۡرِ ﴿1﴾

Аллоҳ савганд мехӯрад ба вақти субҳ

89:2

وَلَيَالٍ عَشۡرٖ ﴿2﴾

ва савганд ба шабҳои даҳгона, даҳ шаби Зулҳиҷҷа, шабҳои пурфайз

89:3

وَٱلشَّفۡعِ وَٱلۡوَتۡرِ ﴿3﴾

ва савганд ба ҷуфту тоқ, аз ҳама ашё

89:4

وَٱلَّيۡلِ إِذَا يَسۡرِ ﴿4﴾

ва савганд ба шаб, чун бигзарад.

89:5

هَلۡ فِي ذَٰلِكَ قَسَمٞ لِّذِي حِجۡرٍ ﴿5﴾

Оё хирадмандонро ин савгандҳо басанда нест?

89:6

أَلَمۡ تَرَ كَيۡفَ فَعَلَ رَبُّكَ بِعَادٍ ﴿6﴾

Эй Расул, оё надидӣ, ки Парвардигори ту бо қавми Од чӣ кард?

89:7

إِرَمَ ذَاتِ ٱلۡعِمَادِ ﴿7﴾

Қавми Ирам, ки соҳиби қоматҳои баланд ва сутунмонанд буданд?

89:8

ٱلَّتِي لَمۡ يُخۡلَقۡ مِثۡلُهَا فِي ٱلۡبِلَٰدِ ﴿8﴾

Ки монанди он дар қувват ва бузургии ҷасад дар ҳеҷ шаҳре офарида нашудааст.

89:9

وَثَمُودَ ٱلَّذِينَ جَابُواْ ٱلصَّخۡرَ بِٱلۡوَادِ ﴿9﴾

Ва чӣ гуна кард бо қавми Самуд, ки дар он водӣ тахтасангҳои бузургро тарошида ва аз он барои худ хонаҳо гирифта буданд?

89:10

وَفِرۡعَوۡنَ ذِي ٱلۡأَوۡتَادِ ﴿10﴾

Ва чӣ гуна кард бо Фиръавн, подшоҳи Миср соҳиби лашкари азим, ки мулкашро устувор ва амрашро қавӣ доштанд?

89:11

ٱلَّذِينَ طَغَوۡاْ فِي ٱلۡبِلَٰدِ ﴿11﴾

Ҳамон касоне, ки дар шаҳрҳо аз ҳад таҷовуз карданд

89:12

فَأَكۡثَرُواْ فِيهَا ٱلۡفَسَادَ ﴿12﴾

ва дар онҳо бисёр фасод карданд,

89:13

فَصَبَّ عَلَيۡهِمۡ رَبُّكَ سَوۡطَ عَذَابٍ ﴿13﴾

пас Парвардигори ту тозиёнаи азобро сахт бар сарашон фуруд овард.

89:14

إِنَّ رَبَّكَ لَبِٱلۡمِرۡصَادِ ﴿14﴾

Эй Расул, ҳамоно Парвардигорат дар камингоҳ аст. Касоне, ки Ӯро нофармонӣ карданд, андаке мӯҳлат медиҳад ва баъд аз он онҳоро ба азоби сахт гирифтор мекунад.

89:15

فَأَمَّا ٱلۡإِنسَٰنُ إِذَا مَا ٱبۡتَلَىٰهُ رَبُّهُۥ فَأَكۡرَمَهُۥ وَنَعَّمَهُۥ فَيَقُولُ رَبِّيٓ أَكۡرَمَنِ ﴿15﴾

Аммо одамиро, чун Парвардигораш биёзмояд ва гиромиаш дорад ва неъматаш диҳад, мегӯяд: «Парвардигори ман маро гиромӣ дошт».

89:16

وَأَمَّآ إِذَا مَا ٱبۡتَلَىٰهُ فَقَدَرَ عَلَيۡهِ رِزۡقَهُۥ فَيَقُولُ رَبِّيٓ أَهَٰنَنِ ﴿16﴾

Ва чун биёзмоядаш ва ризқашро бар ӯ танг гирад, мегӯяд: «Парвардигори ман маро хор доштааст».

89:17

كَلَّاۖ بَل لَّا تُكۡرِمُونَ ٱلۡيَتِيمَ ﴿17﴾

На! Чунин нест, балки гиромӣ доштан бо тоъати Аллоҳ аст ва хорӣ доштан ба нофармонбардории Ӯст, шумо ятимро гиромӣ намедоред.

89:18

وَلَا تَحَـٰٓضُّونَ عَلَىٰ طَعَامِ ٱلۡمِسۡكِينِ ﴿18﴾

ва ҳамдигарро ба таъом додани мискин тарғиб намекунед

89:19

وَتَأۡكُلُونَ ٱلتُّرَاثَ أَكۡلٗا لَّمّٗا ﴿19﴾

ва моли меросро ҳарисона мехӯред

89:20

وَتُحِبُّونَ ٱلۡمَالَ حُبّٗا جَمّٗا ﴿20﴾

ва молро бисёр дӯст доред.

89:21

كَلَّآۖ إِذَا دُكَّتِ ٱلۡأَرۡضُ دَكّٗا دَكّٗا ﴿21﴾

На! Ҳаргиз чунин нест, ки мегӯед, чун замин шикаста шавад ва пора-пора гардад

89:22

وَجَآءَ رَبُّكَ وَٱلۡمَلَكُ صَفّٗا صَفّٗا ﴿22﴾

ва Парвардигори ту барои ҳисобу китоби халқаш ояд ва фариштагон саф - саф ҳозир шаванд.

89:23

وَجِاْيٓءَ يَوۡمَئِذِۭ بِجَهَنَّمَۚ يَوۡمَئِذٖ يَتَذَكَّرُ ٱلۡإِنسَٰنُ وَأَنَّىٰ لَهُ ٱلذِّكۡرَىٰ ﴿23﴾

Ва дар он рӯз ҷаҳаннамро ҳозир оранд, кофир панд гирад ва тавба кунад. Ва чӣ ҷои панд гирифтан бошад?

89:24

يَقُولُ يَٰلَيۡتَنِي قَدَّمۡتُ لِحَيَاتِي ﴿24﴾

Мегӯяд: «Эй кош, ки барои ҳаёти ҷовидонаи худ пешопеш некиҳое мефиристодам». Ва чӣ ҷои пушаймонӣ аст, ки дар дунё пушаймон нашуд ва тавба накард?

89:25

فَيَوۡمَئِذٖ لَّا يُعَذِّبُ عَذَابَهُۥٓ أَحَدٞ ﴿25﴾

Пас дар он рӯзи душвор касе чун азоби Ӯ азоб накунад

89:26

وَلَا يُوثِقُ وَثَاقَهُۥٓ أَحَدٞ ﴿26﴾

ва ҳеҷ кас монанди занҷири Ӯ ба занҷир накашад.

89:27

يَـٰٓأَيَّتُهَا ٱلنَّفۡسُ ٱلۡمُطۡمَئِنَّةُ ﴿27﴾

Гуфта шавад: Эй рӯҳи оромишёфта, ба зикри Аллоҳ

89:28

ٱرۡجِعِيٓ إِلَىٰ رَبِّكِ رَاضِيَةٗ مَّرۡضِيَّةٗ ﴿28﴾

хушнуду писандида ба сӯи Парвардигорат бозгард

89:29

فَٱدۡخُلِي فِي عِبَٰدِي ﴿29﴾

ва дар зумраи бандагони солеҳи Ман дохил шав!

89:30

وَٱدۡخُلِي جَنَّتِي ﴿30﴾

ва ба ҳамроҳашон ба биҳишти Ман дарой!